Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 3 (Нашри сеюм)
Нашрияи мазкур бо дастгирии молиявии Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ нашр шудааст. МТО
Нашрия ройгон тақсим карда мешавад.
АХБОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Нашри сеюм (№3) 2010 Душанбе – 2010
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. (моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)
АХБОРИ СУДИ
КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷаллаи илмию иттилоотӣ
Сармуҳаррир: Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ҳайати таҳририя: Назаров М.Н. Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор © Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010. Маҳкам Маҳмудов Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба истиқболи 15-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия мебошад…
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: 15 СОЛИ ТАШАККУЛ ВА РУШД
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пайдоиши падидаи назорати конститутсионӣ яке аз дастовардҳои нодири замони истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, заминаи ҳуқуқии он бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад ва дар ин асос Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар худ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мустаҳкам ва эълон намуд. Ҳамчунин эълон гашт, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешавад. Онҳо мақсад, мазмун ва тағйири қонунҳо, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти ҳудидоракунии маҳалиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар ин раванд Суди конститутсиониро ҳамчун рукни ногузири чунин давлат дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ муайян намуд.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмо малӣ Раҳмон иброз доштанд, «имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад». Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва демократияи намояндагӣ бо истифода аз унсурҳои демократияи бевосита ҳамчун арзишҳои дар сатҳи байналмилалӣ пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷаҳони имрўзро ташкил менамоянд, муқаррар гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Дар шароити имрўза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули падидаҳои нави демократӣ, аз ҷумла ба таъсиси мақоми нави махсуси назорати конститутсионӣ – Суди конститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати конститутсионӣ ба зиммаи мақомоти махсус – Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст, ки 4 ноябри соли 2010 аз таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол сипарӣ мегардад. Дар тўли начандон дуру дарози фаъолияташ Суди конститутсионӣ мавқеи намоёни худро дар миёни дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ соҳиб гардида, бо санадҳои қабулнамудаи худ дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, қонуният ва тартиботи конститутсионӣ нақши муҳим бозид. Лозим ба ёдоварист, ки падидаи назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз аз соли 1990 бо таъсис гаштани Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўи кор омада буд, ки таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат ба мавҷудияти чунин як падида ва ниҳоди нав дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод. Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияро амалӣ менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Фаъолияти Суди конститутсиониро Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 майи соли 1995 таҳти №238 заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва тибқи он шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шуд. Бевосита фаъолияти худро Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 1995 шурўъ намуд. Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, дар он вазифаҳо, салоҳият, тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирифтанд, муайян карда шуданд.
Рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми ў аз 20 апрели соли 2006 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ёфтаанд, алоқмандии зич дорад. Дар Паём чунин қайд гардид: «Барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ такмил дода шавад. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии мамлакат Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шўрои адлияи Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрўзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд…». Дар асоси ин Паём Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти рақами №271 тасдиқ карда шуд. Дар қисми дуюми ин Барнома чунин омадааст: «Бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти сифатан куллие, ки таи солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар рух доданд, зарур аст, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад. Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба лоиҳаи тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешниҳодҳо ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд». Барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда, пурра ва самаранок ба амал баровардани назорати конститутсионӣ дар мамлакат, 20 марти соли 2008 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, доираи субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ васеъ карда шуданд. Чунончӣ мувофиқи қисми якуми моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд. Тибқи муқаррароти қисми чоруми моддаи зикршуда бошад, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоро оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиқ шудааст, бо тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, муайян менамояд, яъне шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки оид ба масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд. Тибқи моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст. Мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди масъулияти судяи Суди конститутсиониро ба инобат гирифта, якчанд талаботро нисбат ба шахсе, ки ба ин мансаб интихоб мешавад, пешбинӣ намудааст. Яъне номзаде, ки ба ин мансаб пешбарӣ мешавад, бояд таҳсилоти олии ҳуқуқӣ дошта бошад, синну солаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кори касбӣ дошта бошад. Салоҳиятҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ки онҳо аз 3 гуруҳ иборат мебошад: 1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия; 2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо; 3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Таъмин намудани амали бевоситаи Конститутсия, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Мустақиман амал намудани меъёрҳои Конститутсия, ки дар Конститутсия муқаррар карда шудааст. Ин нишондод имконият медиҳад, ки дар ҳолати номувофиқатии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия ва танҳо бо такя ба Конститутсия бевосита меъёрҳои он татбиқ карда шаванд. Дар иҷрои ин вазифа нақши Суди конститутсионӣ муҳим мебошад, зеро танҳо ин мақоми ҳокимияти судӣ қарори қатъиро дар бораи номувофиқатии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия қабул карда метавонад. Таъмини ҳифзи Конститутсия низ вазифаи асосии Суди конститутсионӣ мебошад. Ин фаъолият бо роҳи пешгирӣ намудан, ошкор ва батараф кардани вайронкунии меъёрҳои Конститутсия амалӣ гардида, татбиқи меъёрҳои Конститутсия таъмин карда мешавад. Суди конститутсионӣ оид ба мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тамоми имконияту воситаҳои пешбининамудаи Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқиро истифода мебарад. Дар оғози фаъолияташ Суди конститутсионӣ бо ташаббуси худ оид ба якчанд меъёрҳои ғайриконститутсионии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиавии гражданӣ парванда оғоз намуда, онҳоро баррасӣ карда, ба талаботи Конститутсия мувофиқ гардонида буд. Ба ғайр аз ин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рўи муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ аз болои фаъолияти нодурусти мақомоти гуногун ва аз рўи дигар камбудиҳое, ки зимни таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҳ ёфтаанд, бо мақсади муайян намудани вазъи қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат маводҳоро омўхта, таҳлилу ҷамъбаст менамояд ва натиҷаи он ҳамасола ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нома ирсол мекунад ва дар номаҳои худ диққати онҳоро ба масъалаҳои мубрами рўз ҷалб мекунад, ки ин барои таҳкими вазъи қонунияти конститутсионӣ дар кишвар мусоидат хоҳанд кард. Бо мақсади рушди назорати конститутсионӣ баҳри таҳия ва омода намудани тавсияҳои илман асосноки масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки ба самаранокии фаъолияти Суди конститутсионӣ таъсирбахш мебошад, аз моҳи июли соли 2009 мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои илмӣ-машваратии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби судяҳои таҷрибадори дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони намоёни соҳаи ҳуқуқ дар ҳайати 17 нафар таъсис дода шуд. 4 ноябри соли 2009 дар Суди конститутсионӣ ба истиқболи ҷашни 15-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи ботантанаи Сомонаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Инчунин худи ҳамон рўз аввалин нашрияи Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расид. Мувофиқи нақшаҳои кории Суди конститутсионӣ оид ба сафарҳои хизматӣ, ҷиҳати ҳамкории Суди конститутсионӣ бо мақомоти соҳаҳои гуногун бо мақсади расонидани ёрии амалӣ дар фаъолияташон оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва риояи он, фаҳмонидани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани фаъолиятнокии субъектҳои ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиаткунанда, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳо, инчунин дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянда вобаста ба ин судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Кўлобу Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарҳо карда, мизҳои мудаввар ва дигар вохўриҳо гузаронида, ба саволҳои иштирокдорони ин маҳфилҳо, ки асосан аз судяҳо, рўзноманигорон, ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, кормандони шўъбаҳо ва дигар кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иборат буданд, ҷавобу маслиҳатҳо дода, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии онҳо кўмак мекунанд. Соли равон Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Вобаста ба ин якчанд чорабиниҳо пешбинӣ шудааст, аз ҷумла аз 4-5 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гузаронидани Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» бо иштироки зиёда аз 20 намояндагони судҳои конститутсионии давлатҳои хориҷа баргузор мекунад. Қайд кардан зарур аст, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва лиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони
ваколатдори худро доранд, ки онҳо ҳамеша дар иртибот бо Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон мебошанд. Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
низ сол аз сол вусъат меёбанд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии
доимии Конференсияҳои байналмилалии судҳои зинаҳои олӣ мебошад. Ҳамкории Суди
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳои конститутсионии Иттиҳоди Давлатҳои
Мустақил ва давлатҳои назди Балтика низ инкишоф меёбанд. Аз ҷумла, судяҳои Суди
конститутсионӣ дар семинару конференсияҳои судҳои конститутсионӣ ва шўроҳои
конститутсионӣ, ки дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мешаванд, ширкати фаъолона
доранд. Дар заминаи чунин ҳамкориҳо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Комиссияи Венетсиянӣ оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо (Комиссияи
Венетсиании Шўрои Аврупо) алоқаи зич дорад. Масалан дар тўли як соли охир судяҳои
Суди конститутсионии мамлакат дар конфронсҳои илмӣ ба давлатҳои Арманистон,
Африкои Ҷанубӣ, Қазоқистон, Индонезия, Италия, Молдова, Олмон ва Фаронса сафар
карда бо маърўзаҳо баромад намуданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аъзои Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон
мебошад, ки он тамоми давлатҳои ИДМ-ро муттаҳид месозад. Чунин ҳамкориҳо барои
самараноктар шудани назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат
менамоянд. Инкишофи давлатдории мустақили Тоҷикистон ва ташаккули Суди
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар эъмори давлати
демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳо ба ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд.
Институти назорати конститутсионӣ ҷавобгўи мақсаду вазифаҳои ҷомеаи мо буда,
ташаккулу рушди он баҳри таҳкими қонунияти конститутсионӣ, низому пойдории
давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст.
Дар Тоҷикистон барои таҳкими қонунияти конститутсионӣ тамоми шароитҳо ва заминаҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки институти назорати конститутсионӣ дар ҷумҳурии мо вусъат ёбад ва дар эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ нақши босазо гузорад. Инчунин, дар соли 2009 ва 9 моҳи соли 2010 ба Суди конститутсионӣ зиёда аз 288 муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар шакли аризаю шикоят ва пешниҳоду дархостҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла соли 2009 ва 2010 Суди конститутсионӣ 7 парвандаро баррасӣ намуда мувофиқати онҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда қарорҳои дахлдор қабул кард. Муроҷиатҳо асосан ба Суди конститутсионӣ оид ба масъалаҳои поймол намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, баҳсҳои манзилӣ, иқтисодӣ, молу мулкӣ, шикоят аз болои қарору ҳалномаҳои судҳо, татбиқи қонун дар бораи авф, масъалаҳои нафақа ва вайрон намудани ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро дар бар мегиранд. Дар раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамаҷонибаи низоми ҳуқуқии мамлакат, ривоҷ додани фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ёфтааст, аҳамияти хосаро пайдо менамояд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Суди конститутсионӣ ҳамчун қисми ҷудонопазири ҳокимияти судӣ баҳри ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия нақши арзанда дошта, барои тантанаи адолати конститутсионӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Мустафо Назаров Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
РИОЯИ ҚОНУНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТЇ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Забон дар ҳама давру замонҳо, ҳамчун воситаи шинохти инсоният, инкишофи тамаддун ва ибрози афкору муоширату муносибати байни одамон, байни ташкилоту муассисаҳо, мақомот ва давлатҳо, восита ва омили муҳиму асосии расидан ба истиқлолият, пешравии ҷамъият, ташаккули миллату халқиятҳо хизмат менамояд. Бо ҳамин маънӣ орифи бузург намояндаи миллати тоҷик Нўъмон ибни Собит машҳур ба тахаллуси Абуҳанифа ва ҳазрати Имоми Аъзам бо заҳматҳои фақеҳонаи худ тавонистааст ба он мувоффақ шавад, ки забони тоҷикӣ – ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт пазируфта шавад. Ў таълим медиҳад, ки: «ягонагии мақсад, ягонагии гуфтор ва ягонагии кирдори аҳли ҷомеа шарти бақо ва ҳастии ҳар як миллат аст». Забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ чун парчам, суруди миллӣ ва нишони давлатӣ, яке аз рукнҳо ва рамзҳои асосии муайянкунандаи ҳар як халқияту миллату давлат аст. Дар ин иртибот Сардори давлат зимни суханрониашон ба муносибати Рўзи забони тоҷикӣ аз 21 – июли соли 2007 соли 2008 -ро Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон намуда, аз ҷумла гуфта буд: «Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи инкишофи забони миллӣ, ҳанўз аз замони қудратманд будани Иттиҳоди Шўравӣ эътибор дода мешуд. Ҳанўз 22 июли соли 1989 таҳти рақами 150 Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 37 модда қабул шуда, вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ (форсӣ) ва истифодаи он ба сифати забони давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда буд. Қонуни аввалини забон кафолати ҳуқуқии амали забони русиро, чун забони муоширати байни халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ ва забонҳои миллии дигар халқҳоеро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, таъмин менамуд. Дар ин иртибот рўзи қабули чунин як қонуни муҳими миллӣ, яъне 22 июл ҳамасола ҳамчун рўзи забон таҷлил карда мешуд. Бо вуҷуди заволи давлати абарқудрати Шўравӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон ин қонун бештар аз 20-сол муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи забони давлатӣ ва дигар забонҳо танзим менамуд. Вале бинобар ба амал омадани тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёти ҷамъиятии халқи тоҷик ва ба даст овардани истиқлолияти миллию давлатӣ, гузаштан ба сохти иқтисодии нав иқтисоди бозорӣ, ба кулли тағйир ёфтани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маданӣ – маишӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат зарурияти қабули қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи забони давлатӣ ба миён овард. Ин буд, ки 5 октябри соли 2009 таҳти рақами 553 Сардори давлат Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аз 28 модда ба имзо расонид ва мувофиқан аз ин ва баъд ҳамасола рўзи забон на 22 июл, балки 5 октябр таҷлил карда мешавад. Қонуни мазкур бо риояи меъёрҳои мавҷудаи Конститутсия дар бораи забон вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд, зеро қонуни пештара пеш аз қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ба ғояҳои давлатдории ҳозира пурра ҷавобгў набуд. Тибқи қонуни нав ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз забону миллаташ вазифадор гардид, ки забони давлатиро донад. Ин иқдом ба ғайр аз аҳамияти сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ғайра аз лиҳози иқтисодӣ низ имконият медиҳад, ки миллионҳо сомонӣ аз ҳисоби истифода нашудани хизмати тарҷумонҳо дар фаъолияти корбарии мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ сарфа гардад. Давлат истифода, ҳимоя ва рўшди забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ба ўҳдаи худ гирифт. Қонуни нав ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабиро ҳатмӣ ҳисобид. Дар ин раванд дар сатҳи зарурӣ омўзонидани тамоми хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассилини муассисаҳои касбӣ техникӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ва тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ тақозои вақт аст. Қонуни нави забон ҳуқуқи истифодаи озоди забони модарии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳоеро, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, муқаррар кардааст. Тибқи қонуни мазкур аз ин ба баъд коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он ба забони давлатӣ сурат мегирад. Умуман истифодаи ҳатмии забони давлатӣ дар соҳаҳои маориф (таҳсил), илм, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои фарҳангӣ, эълону реклама, иттилоот ва коммуникатсия, мукотиба, номгузории ташкилотҳо, лавҳаю овезаҳо, номгузории маҳалҳо (вилояту шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳаҳо), кўчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, забони матни мўҳру тамғаҳо, бланкаҳо, нархномаҳо, дигар маводи иттилоотӣ, қоғазҳои қиматнок ва ғайра муқаррар гардид. Истифодаи забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла дар гуфтушунидҳо, мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар баробари забонҳои расмии онҳо сурат мегирад. Гарчанде дар қонуни нави забон ба истифода, рушду такомули забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат диққати ҷиддӣ дода шуда бошад ҳам, дар баробари ин барои истифода ва инкишофи озоди забони модарии тамоми халқияту миллатҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта низ шароити мусоид фароҳам овардан таъкид шудааст, яъне онҳо дар баробари донистани забони давлатӣ метавонанд аз забони модариашон истифода намоянд, онро тараққӣ диҳанд. Дар баробари қабули қонуни нави забон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009 №11 ба ҳамаи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мактабҳои олӣ, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати таъмин ва татбиқи талаботи меъёрҳои он, истифодаи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми соҳаҳои муқарраршуда дастуру супоришҳои мушаххас дода буд. Дар ин асос, ҷиҳати татбиқи талаботи Қонуни мазкур ва иҷрои супоришҳои аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Сардори давлат бароянда, дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, ба амал бароварда шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Суди конститутсионӣ омўзиши пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси дар ин бора баргузоргардида ба амал бароварда шуда, омўзиши амиқ ва риояи дақиқи он таҳти назорати доимӣ қарор дода шудааст. Бо вуҷудуди ин ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009, №11 Амри Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2009 таҳти №72-СК ирсол карда шуда, дар самтҳои зерин фаъолият бурдан мушаххас нишон дода шудааст: Омўзиши забони давлатӣ дар Суди конститутсионӣ ба роҳ монда шавад. 1. Маҷлису машваратҳо бо забони давлатӣ баргузор карда шаванд. 2. Қоидаҳои имлои забони давлатӣ риоя карда шаванд. 3. Коргузорӣ дар Суди конститутсионӣ ба забони давлатӣ сурат гирифта, бланку варақаҳои расмӣ ба забони давлатӣ таъмин карда шавад.
4. Ҷавоби мактубу муроҷиатҳои ба Суди конститутсионӣ воридшуда ба забони давлатӣ фиристода шавад. Бояд ибороз кард, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вазифаи муҳиму пурмасъулиятро бо роҳи ба амал баровардани салоҳияташ, ки дар моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дода шудаанд, ба иҷро мерасонад. Ба амал баровардани салоҳияти Суди конститутсионӣ ва расидан ба мақсадҳои дар назди ин ниҳод гузошташуда дар мавриде имконпазир гардида метавонад, ки агар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ҳаматарафа, босифат, бо забони содда ва равону фаҳмо истифодаю интишор гардида бошанд. Онҳо бояд мақсаднок, мухтасар, мушаххас, бомазмун содда ва оммафаҳм тартиб дода шуда бошанд ва дастраси ҳар як шаҳрванд шуда тавонанд. Яке аз шартҳои муҳими талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба риояи ҳатмиашон ин бо забони давлатӣ, яъне бо забони нобу поку беолоиши шоиронаи тоҷикӣ таҳия шудани онҳо мебошад. Зеро агар қонун бо истифодаи калимаҳои ғайр, лаҳҷавӣ, духураю номаълум ва ҷумлаҳои дуру дарози печ дар печи норавшан навишта шуда бошаду дар он услуби расмии забони далатӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ риоя нашуда бошад, аввалан он завқи хонандаро мекўшад, хоҳиши омўхтанашро бедор намекунад. Сипас агар худро маҷбур карда омўзад ҳам, ба маънояш сарфаҳм намеравад, мақсад ва таъиноти қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ ба ҳадаф намерасад. Ҳар як истилоҳи санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мазмуни ягона дошта бошад ва як маъниро ифода намояд. Забони давлатӣ ҳамчун шиносномаи миллат-давлатро муаррифӣ карда, он яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо ба ҳисоб меравад. Мо бояд риояи талаботи ин забонро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифода ёфтаанд, қатъиян таъмин намоем. Коргузориро дар тамоми соҳаҳои ҳаётамон бо забони соддаву фасеҳи тоҷикӣ ба роҳ монем ва онро рушду такомул диҳем. Дар баробари ин мо бояд забони коргузориро аз забони илм, фарҳанг, адабиёт, санъат ва ғайра фарқ намоем. Бояд тазакур дод, ки истифодаи пурраи забони давлатӣ дар коргузории Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали таъсис ва ба фаъолият шурўъ намуданаш ба роҳ монда шуда, он ҳамчун арзиши конститутсионӣ мунтазам риоя мешавад. Чунончӣ тамоми коргузорӣ, аз ҷумла маҷлисҳои судии конститутсионӣ, таҳияи санадҳои судӣ, номаҳои ҳарсола дар бораи вазъи қонунияти конститутсионӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳо, ҷавобномаҳо ба мактубҳо, дархостҳо, муроҷиатҳо ва дигар мактубҳо ва ҳуҷҷатнигориҳо ба забони давлатӣ сурат мегирад. Дар баробари ин, меъёрҳои конститутсионӣ дар хусуси «Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад» ва дар бораи он, ки: «Ҳамаи милатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд» пурра риоя карда мешавад. Масалан, шаҳрванд Санокина дар мурофиаи судии конститутсионӣ аз соли 2009 бемаҳдудият аз забони модариаш истифода намуда, тибқи хоҳишаш намояндаи ваколатдораш ҳуқуқшиноси шинохта Зоиров суханронии дигаронро ба ў тарҷума карда дод. Чунин мисолҳо хеле зиёданд. Инчунин тамоми қарорҳои баровардаи хусусияти моҳиятӣ доштаи Суди конститутсионӣ мунтазам ба забони русӣ тарҷума гардида, дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаи «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд. Инчунин дар баъзе мавридҳо қарорҳо, дигар санадҳо ва хабарҳо аз фаъолияти Суди конститутсионӣ ба забонҳои англисӣ низ аз чоп мебароянд. Риоя шудани забони давлатӣ дар фаъолияти Суди конститутсионӣ яке аз омилҳои муҳими мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ба шумор меравад.
Ва баръакс ба таври бояду шояд риоя нашудани талаботи забони давлатӣ дар навишти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, яъне риоя нашудани забони қонунгузорӣ, техникаи қонунгузорӣ, норавшанию ношафоффӣ сифати қонунро коста намуда, боиси нофаҳмию нодурустфаҳмиҳо мегардад. Аз таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти Суди конститутсионӣ ба мо маълум аст, ки субъектҳо зимни татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъзан аз норавшании забони қонунгузорӣ ба нодурустфаҳмӣ дучор гардида, дар бораи муайян намудани мувофиқат доштан ё надоштани меъёри ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионӣ муроҷиат менамоянд. Суди конститутсионӣ низ баъди бо ҳаммуқоисакуниҳо ва таҳлилу таҳқиқи ҳаматарафаи муроҷиат дар маҷлиси судӣ ба хулоса меояд, ки дар масъалаҳои гузоришшуда номувофиқи ба Конститутсия ҷой надошта, балки носаҳеҳию норавшанӣ дар техника ва забони қонунэҷодкунӣ роҳ ёфта, боиси нофаҳмии шахсоне, ки меъёри мазкур нисбаташон татбиқ шудааст ё татбиқшаванда аст ва ё нофаҳмию гуногунфаҳмӣ аз ҷониби мақомот ё шахсони татбиқкунанда ба амал омадааст. Бинобар ин ба ғайр аз хулосае, ки дар қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба конститутсионӣ донистан ё надонистани меъёри мавриди баҳс қарор гирифта нишон дода мешавад, боз дар баъзе қарорҳо, инчунин дар як ё ду банд дар хусуси ислоҳ намудан, равшанӣ андохтан ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он аз мақомоти қонунгузор хоҳиш карда мешавад ва ё ба сабаби ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набудани муроҷиат, масъалаи гузоришшуда қатъ карда мешавад. Бояд гуфт, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз ҳамон вақт риоя ва мувофиқи таъиноташон иҷро мешаванд, ки якум агар техникаи қабул, яъне сабку услуби эъҷоди онҳо, тартиби таҳияи лоиҳаи онҳо, тартиби истифодаи мафҳумҳои ҳуқуқӣ, қоидаҳои татбиқи забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мураттабию пайдарҳамӣ ва алоқамандии ҳар як меъёр бо ҳамдигар, ба тамоми санад ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя шуда, дуруст ҷо ба ҷо гузошта шуда бошанд, ғояҳои умумии қонунгузорӣ дар меъёрҳо таҷассум ёфта бошанд, муносибатҳои якхелаи ҷамъиятӣ дар ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо калимаю ибораҳои якхела ва якмаъно, истилоҳи маъмулу ягонаи ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда бошанд ва боз бисёр масъалаҳои ба техникаи қонунгузорӣ хос ҳалли воқеии худро ёфта бошанд, дуюм қоидаҳои навиштани он, бо забони соддаву оммафаҳм, бо ибораю калимаҳои маъмул мавриди истифодаи ин ё он мафҳуми барои ҳама равшану фаҳмо ифода гардида бошанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ набояд бо забони гуфтугўии халқӣ, лаҳҷавӣ, ифодаи пуробу ранг, мафҳумҳои пурмаъниву ҳаммаъно, калимаву ибораҳои мураккабу бегона ва ғайра ифода шаванд. Бояд ҳар хонанда ва татбиқкунанда ба моҳияту мазмунашон бе душворӣ сарфаҳм равад. Дар тамоми соҳаҳои қонунгузорӣ зимни истифодаи масъалаҳои якрангии соҳаҳои якхела, танзими муносибатҳои якҷинса, масалан қонунҳои мурофиавии гражданӣ ва мурофиавии иқтисодӣ ва ғайра бояд мафҳумҳои якхела истифода бурда шавад. Масалан дар баъзе мавридҳо як мафҳум бе зарурият дар як санади ҳуқуқи «амвол» истифода шуда бошад, дар санадҳои дигар «молу мулк», «мол», «ашё» ва «чизу чора» ифода шудааст ва ё дар як санад «қонуну қоида» истифода мешавад, дар дигар ҷо «қавонину қавоид», дар як ҷо «субъект» дар ҷои дигар «муроҷиаткунанда» ва ғайраву ҳоказо ба кор бурда мешавад. Бояд дар тамоми санадҳои ҳуқуқӣ калимаву ибораҳо бо истилоҳи расмие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Комиссияи татбиқи забон тасдиқ шудаанд, истифода шаванд. Хонанда бояд аз он бе душворӣ дарк намояд, ки ин ё он меъёр ё санади ҳуқуқӣ кадом муносибати ҷамъиятиро ба танзим медарорад, чӣ аҳамият дорад, чӣ гуна ҳуқуқу ўҳдадориҳоро пешбинӣ мекунад, ба кӣ тааллуқ дорад, кӣ онро татбиқ менамояд, ба Конститутсия, асноди байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ то кадом андоза мувофиқат мекунад, чӣ гуна алоқамандӣ дорад ва боз кадом ҳолатҳоро ифода менамояд. Ин ҳолатҳо дар мавриде пурра ошкор мегарданд, ки агар матни санади ҳуқуқӣ бо забони возеҳу равшани давлатӣ-тоҷикӣ аниқ ифода ёфта бошад. Вале мутаассифона баъзан дар баъзе қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ калимаҳоеро дучор меоем, ки на танҳо аниқ нестанд ва мардуми авом ё аз соҳаи ҳуқуқ дур, балки ҳуқуқшиноси таҷрибадор ба маънояш сарфаҳм намеравад, моҳияташро намефаҳмад. Масалан, маънои калимаҳои эмансипатсия, ядак, сертификати фитосанитарӣ, инҳисорӣ, эксгуматсия, бонус, роялтӣ, рекспорт ва боз даҳҳо ва ҳатто садҳо калимаю ибораҳои дигарро ба ғайр аз мутахассисони ҳамин соҳаҳо каси дигар намефаҳмад. Пас чӣ гуна онро риоя кунад ва волоияташро таъмин созад??? Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои инсон ва шаҳрванд бояд хизмат намоянд, бояд онҳо фаҳманд, ки ҳуқуқу озодиҳояшон аз чӣ борат аст, чӣ маъно доранд ва онҳо чӣ тавр ҳифз карда мешаванд, чӣ гуна амал мекунанд… магар забони мо он қадар камбағал аст, ки онҳоро иваз карда наметавонад ва ё мазмуни онҳоро дар қавсайн нишон додан имкон набошад.
Каримов К. М. Судя-котиби Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои сиёсӣ
Аз ТАЪРИХИ РУШДИ ИНСТИТУТИ ЗАХИРАИ КАДРҲО
Дар ҳама давру замон идоракунии ҳайат ҳамчун низом, раванд, сохтор, маҷмўи муносибатҳо, механизм, шакл ва методҳои таъсиррасонӣ ба ташаккул, инкишоф ва талабгор будан ба имкониятҳои касбии корманд арзёбӣ мегардад. Ташаккули якуним муносибати илмиро ба идоракунии имкониятҳои инсон ба Ф.У. Тейлор (1856-1915) ва мактаби ў «идоракунии илмӣ» нисбат медиҳанд. Соли 1911 китоби ў бо номи «Принсипҳои идоракунии илмӣ» нашр гардид ва бо ҳамин консепсияи идоракунии илмии идоракунии ҳайат ҳамчун соҳаи мустақили донишҳои илмӣ эътироф гардид. Тейлоризм минбаъд аз тарафи пайравони ў Г. Эмерсон, Г.Форд инкишоф дода шуда, Анри Файоль (1841-1925) шохаи дигари мактаби идоракунии илмиро бо номи «мактаби маъмурӣ» кор карда баромад. М.Вебер, Э. Дюркгейм ва В.Парето намояндагони мактаби «идоракунӣ аз мавқеи низоми иҷтимоӣ» мебошанд. Элтон Мэйо (1880-1949) мактаби «муносибатҳои инсонӣ»-ро (солҳои 30 асри 20) ташкил дода, дар заминаи он А.Маслоу (1908- 1970) солҳои 40-60 асри ХХ назарияи далелноккуниро (теория мотивация) кор кард. Давраи сеюми инкишофи назарияи идоракунии ҳайатро ба солҳои 50 асри ХХ нисбат медиҳанд, ки он назарияи «идоракунии инсон» ном гирифт. Таърихи зиёда аз садсола доштани илми идоракунии ҳайат, албата мазмуни онро надорад, ки дар таърихи давлатдорӣ ва идоракунии давлатӣ, мавҷудияти дастгоҳи давлатӣ ва шаклҳои гуногуни мутаҳидкунандаи фаъолияти меҳнатӣ-коллективии инсон (аз қабили: мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассиса, корхона, сех, коргоҳ, қитъа, фабрика, хочагӣ ва ғ.) идоракунии ҳайат (корманд, хизматчӣ ва ғ.) вуҷуд надошт ва ҳайат ба таври стихиявӣ давлатро идора мекарда бошад. Агар ин тавр мебуд, оё мо ба сатҳи баланди девонсолорӣ дар давраи Сосониён ва Сомониён (дигар давлатҳо низ), инкшофи илм, фарҳанг, маданият, хоҷагии кишлоқ, шаҳрсозӣ, меъморӣ ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии манфиатбахш мерасидем? Алабата не! Як чизро бояд ёдовар шуд, ки масъалаи вобаста ба идоракунии ҳайат ва технологияи кадрӣ, аз қабили: адои хизмати давлатӣ ё пешбурди фаъолияти меҳнатӣ, озмун барои интихоби мансаб, баҳодиҳӣ ба фаъолияти ҳайати кормандон ё корманди алоҳида (аттестатсия), захираи кадрҳо, муайян намудани кафолати иҷтимоӣ барои ҳайат ва ғайра қисми ҷудонопазири сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар қаринаи (контексти) дастгоҳи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор дода мешуданд. Амалияи идоракунии ҳайат, аз ҷумла ниёзмандӣ ба ҳайати касбии, тайёрии пухтадошта, салоҳиятнок ва кордон то ташаккул ёфтани илми ҳайати идоракунӣ (Тейлоризм) мавҷуд буда, он ҳам ба подшоҳу вазир ва ҳам ба дигар табақаи меҳнатӣ нисбат дода мешуд. Таҳлилу тадқиқи идоракунии ин ё он давлат аз хусусияти дастгоҳи давлатӣ, ҳайати дастгоҳ ва хизматчиёни идоракунии онҳо башорат медиҳад ва барои тасдиқи фикр ба таърихи идоракунии аҷдодони худ ва дигар халқҳо рў меорем. Агар бархе аз давлатҳо дар тадқиқи таърихи идоракунӣ, хизмати давлатӣ ва идоракунии ҳайат пеш рафта бошанд, давлатҳои дигар низ вобаста ба шароити таърихӣ пайи тадқиқи таърихи рушди институтҳои зикршуда корҳои назаррасеро ба сомон мерасонанд. Дар илми ватанӣ (тоҷик) таърихи хизмати давлатӣ ва идоракунии ҳайат масъалаҳои вобаста ба кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо, гузаронидани озмуну имтиҳонҳо ва ташаккул додани захираи кадрҳо масъалаҳое мебошанд, ки бояд ба таври дахлдор мавриди омўзишу тадқиқ қарор гиранд, зеро аҷдодони мо дар таърихи давлатдории худ назария, таҷриба ва амалияи маъмурӣ- идоракунии худро кор карда баромаданд. «Пўшида нест, ки тоҷикон аз аҳди бостон дар таъйиди муҳимтарин равандҳои таърихии машриқзамин ва бадин васила ҷомеаи башарӣ нақши умда ва созанда доштанд. Аз зикри далоили фаровон дар таърихи қадиму ҷадид худдорӣ варзида, фақат ин нўқтаро гўшзад меоварем, ки дастгоҳҳои муназзам ва комилиёри идорӣ, ки Сомониён бунёд ниҳоданд, дар тўли чанд қарни баъдина барои силсилаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ғайра сармашқ ва чароғи ҳидоят буд» . Ҳанўз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафию иҷтимоӣ ва динии аҷдодони мо «Авесто» мазмуни фаъолияти инсони мўътақид дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян гардида, ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ғайримўътақид муқобил гузошта шуд . Ин таълимоти бузург ба хизматгорони «даҳью»- вилоят, мамлакат ё дар маънои имрўза ба хизматчиёни давлатӣ низ дахл дошт ва имрўз ҳам мазмуни фаъолияти хизматчии давлатӣ аз ҳар вақта дида ба рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек ниёз дорад. Хизматчии давлатӣ бояд дорои фарҳанги волои умумиинсонӣ ва миллӣ бошад ва фаъолияти ў бо як андоза – созандагию бунёдкорӣ – чен карда шавад. Дар китоби Авесто воҳидҳои асосии сохтории ҷомеа, ки аз чор сатҳи идоракунӣ: «нмана»- хона, оила, «вис»- авлод, «занту» – қабила мафҳуми «даҳью»- вилоят, мамлакат иборат буд, аз мавҷудияти сатҳи (иерархияи) идоракунии давлат ва ҷомеа дарак дода, шоҳид ба онанд, ки аҷдодони мо ба идоракунии давлат ва ҷомеа аҳамияти зарурӣ медоданд. Мувофиқи таълимотии Авесто дар идоракунии қабилаҳо нақши маҷлиси халқӣ- шўрои кўҳансолон бо номи «ханҷамана» ва «вьяха» «хирадмандон дар додани маслиҳат» хело калон аст. Ба ғайр аз ин як қатор мансабҳо, аз қабили «висья» – роҳбари динии авлод, «зантума»- роҳбари динии қабила, «даҳьюма» роҳбари динии вилоят ва ғайраҳо номбар мешаванд, ки аз мавҷудияти иерархияи мансабҳо дар низоми динӣ ва дар маҷмўъ дар низоми идоракунии давлат шаҳодат медиҳанд, зеро нақш ва нуфузи мансабдорони зикр давлат низ хело калон буд.
1 Абдуллоев С. Амир Исмоили Сомонӣ. Хуҷандж. 1998.С.12.
Истрория Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. Душанбе 1998. С.236
Мафҳумҳои «азата»- олиҳиммат донишманд ва «асна»- донишманд аз эътибори донишманд дар ҷомеа ва ба донишмандону хирадмандон ниёз доштани аҷдодони гузаштаи мо дарак медиҳад. Оини давлатдорӣ ва идоракунии аҷдодони мо дар замони Сосониён ба авҷи аъло расид ва чуноне ки муҳаққиқон қайд мекунанд «замони Сосониён, бахусус, давраи авҷи қудрати онҳоро метавон марҳалаи рушду камоли давлатдории халқҳои ориёӣ дар адвори мо қабли ислом мавсум кард. Дар ин давра девонсолорӣ ба ҳайси як низоми мураттаби идорие басту тавсеа ёфт, ки фаъолияти кулли сохторҳо ва дастгоҳҳои маҳаллии ҳукуматиро инсиҷому тамаркуз мебахшид ва бад ин васила замина ва дарунмояи истеҳкоми давлат ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онро фароҳам меоварад. Мазиятҳои мазкур буд, ки давлатдорӣ ва сиёсати Сосониёнро, ки мабнӣ бар ҷаҳоншиносии зардуштӣ (ё ба қавли муслимин-маҷусӣ) ёфта буд, баъди футуҳоти исломӣ ба оинаи ибрат ва сармашқи соири кишварҳои машриқзамин мубаддал гардонид. Ҳамин мазиятҳо буд, ки дар масири таърихи башар умри оинҳои давлатдории Сосониёнро тўлонитар аз умри худи Оли Сосон гардонид. Далели барҷастаи ин матлаб эътирофи аъломаи араб Ҷоҳиз (ваф. 869) аст, ки навишта буд «… ва мо ойин ва қавонини кишвар ва кишвардорӣ ва тар тиб додани табақоти вижагон ва хавос ва соири табақоти оммаро аз онҳо (Сосониён- С. А) гирифта ва сиёсатмадорӣ ва мардумнавозӣ аз онон омўхтам».
Чизи дигаре, ки аз сатҳи баланди донишҳои касбии идоракунии аҷдодони мо дарак медиҳад, ин ба идоракунии девонҳои таъсисдодаи аъроб ҷалб гаштани хизматчиёни иронӣ буд. Ва қайд карда мешавад, ки «ҳатто баъд аз нақли коргузории девонҳо ба забони арабӣ, ки мақсади аъроб аз он ҷилвагарӣ аз нуфузи фарзонагони Аҷам ва рўҳонияти миллии онҳо созмони идораи хилофат буд, донишварони ин сарзамини адабпарвар ба зудӣ ба забони араб тасаллут ёфта, девонҳои навтаъсиси арабиро таҳти нуфузи худ қарор доданд».2 Сомониён дар идоракунии давлатӣ аз анъанаи давлатдории гузаштагони худ, махсусан Сосониён истифода бурда, низоми мукаммали идоракунӣ ба вуҷуд оварданд. Чуноне ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд «давраи эҳёи маданият, фарҳанг ва рушди илму адабиёт ва шукўҳи иқтидори давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст.
1 Абдуллоев С. Амир Исмоили Сомонӣ. Хуҷандж. 1998.С.132. 2 Дар ҳамон ҷо. С.145.
Ин давронро метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташакули шахсиятҳои барўманд номид. Нирўи ақлу заковат ва созандагиву эҷодкорӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид» . Дар асрҳои баъдина низ масъалаи идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии он, нақши шахсони донишманду босалоҳият дар идоракунӣ аз мадди назари олимону сиёсатмадорони тоҷик дур набуд ва таҳлилу тадқиқи проблемаҳои гуногуни сиёсию фалсафӣ то андозае ба ин падидаи назарияи идоракунии сиёсӣ равшанӣ андохта, дар инкишофи он саҳмгир гардиданд. Дар ин ҷода афкори сиёсӣ ва фалсафии Абунаср Муҳаммад ибни Тархон, ки ба тахаллуси Абунасри Форобӣ маълум аст (853-950), Абуалӣ ибни Сино, Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ машҳур ба Низомулмулк (1018-1092) назаррас арзёбӣ гардиданд. Асарҳои Абунасри Форобӣ (зиёда 160 адад ном мебаранд) ба илми фалсафа ва дигар мавзўҳои иҷтимоию сиёсӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла проблемаи сарвари сиёсӣ ва мавқеи шахсият дар давлат ва низоми идоракунӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки онро берун аз давлат ва ҷомеа таҳлилу тадқиқ намудан имкон надорад. Худи конспепсия ва назарияҳои гуногуни тадқиқоти сарвари сиёсӣ, аз қабили: сарвари сиёсӣ- «ин шахси нуфўз ё таъсир дошта»; «ин идоракунӣ»; «ин қабули қарор» ва «касе ки ба пеш мебарад» бешак дар омўзиш, таҳлил ва тадқиқи давлат, дастгоҳи давлатӣ, идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ ё ҳайати идоракунанда бо методологияи илмии худ бе таъсири мусбӣ намонданд. Дар таълимоти Форобӣ масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, алалхусус пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шаклҳои давлаторӣ ва некахлоқӣ мавқеи муҳим дорад. Мутафаккир такомули ҷамъиятро бо «нуфузи меъёр дар байни аъзои он алоқаманд мекунад. Хирадмандиро сифати баланди ахлоқ дониста, ягонагии онро ба рафтор ва амал, эҳтироми тарафайни аъзои ҷамъият, аъдолат, муҳаббат, ростгўӣ, дурандешӣ зикр мекунад» .
1 Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. С.9-10
Форобӣ шакли такомулёфтаи ҷамъиятро шаҳр ҳисоб мекард ва шаҳри ў ба маънои давлат низ фаҳмида мешуд. Шаҳрро ў намунаи идоракуние меҳисобид, ки ба одамон хушбахтӣ мебахшад. Роҳбари шаҳри накўкор ба андешаи ў бояд дорои сифатҳои неки инсонӣ бошад ва бо шахси комил, фозил буданаш аз дигар шаҳрвандон фарқ намояд. Тибқи таълимоти ў, муносибати байниҳамдигарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон ва сарвар дар раванди фаъолияти муштарак дар навбати аввал ба воситаи боварикунонӣ ва маҷбуркунонӣ, дар навбати дуюм танҳо бо роҳи боварикунонӣ, таълими рўҳӣ ва тарбия, ки ба боварӣ, эътироф ва дастгирии роҳбар аз аз тарафи омма, ба даст меояд. Абуалӣ ибни Сино чунин андеша дошт, ки пайёмбар роҳбари ҷомеаи одилона ва таъмини файзи илоҳиро дар рўи замин ба ўҳда дорад. Пайёмбар барои иҷроиши вазифаҳои корҳои давлатӣ бояд аз ҳисоби шахсони шоиста ҷонишин дошта бошад. Сарвари кишварро ў бо чор сифат: далерӣ, адл, ҳусни тадбир ва хирад кафш намуд.
Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ машҳур ба Низомулмулк (1018- 1092) шахсест, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва мадании халқҳои тоҷику форс бо эҷод намудани «Сиёсатнома» мавқеи босазоеро ишғол намудааст ва муҳаққиқон «Сиёсатнома»-и ўро бе ҳуда дастуруламали сиёсии хонадони Салҷуқиён наменоманд. Низомулмулк борҳо хотирасон менамуд, ки дар кори идораи давлат мавқеи одамони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор бузург аст. Баҳри амалӣ кардани чунин таълимоти худ Низомулмулк чораҳои зиёде мебинад. Маҳз бо саъйи шахсии ў дар Бағдод, Нишопур, Исфаҳон ва ғайраҳо мадрасаҳо кушода, кори таълиму тарбия намудани одамони зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Дигар ин, ки вай исроркорона тавсия мекунад, ки сарварони давлат бо одамони дар асоси таълиму тарбия ва бо мурури замон бавоя расида бо мулоҳизаву эҳтиёткорӣ рафтор кунанд: «Бандагоне, ки парварда бошанд ва бузург карда, нигоҳ бояд дошт, ки умре дигар аз рўзгори мусоид бояд, то бандаи шоиста ва озмуда ба даст ояд».
1 Муҳаббатов А. Нуриддинов Р. Асосҳои сиёсатшиносӣ. Душанбе « Ирфон» 2006. С.39. 2 Дар ҳамон ҷо. С.43.
А. Крымский ба фаъолияти вазири оқилу дона баҳо дода, қайд мекунад, ки «бо шарофати Низомулмулк, аз як тараф, давлати дар натиҷаи задухўрди байниҳамдигарӣ ва тохтутози зиёди сулолаи Салҷуқиён хароб ва бесарусомон гашта каму беш ба тартиб оварда шуда бошад, аз тарафи дигар, иқтисодиёти давлат ба по гузошта мешавад».
Инкишофи институти идоракунии давлатӣ, албата ба рушди дастгоҳи давлатӣ ва ҳайати дар он фаъолияткунанда бе таъсир намемонад. Аз тарафи дигар маҳз ҳамон ҳайати идоракунии касбӣ, яъне хизматчиёни давлатии сарсупурда буданд, ки оини давлатдорӣ ва идоракунии аҷдодони мо дар замони Сосониён ва Сомониён ба авҷи аъло расид ва девонсолорӣ ба ҳайси як низоми мураттаби идоракунӣ тавсия ёфт. Ба таърихи афгори сиёсии халқҳо дигар оид ба масъалаи идоракунии давлат ва нақши шахсият дар ин раванд назар афканем, мебинем, ки дар ҳама давру замон донишманд, шахси босалоҳият, бомаърифат ва соҳибкасб дар идоракунии давлат мавқеи хоса дошт. Масалан, дар сархати 133 ва 134 фасли VII Қонуни Ману омадааст: «133) Подшоҳ вафот кунад ҳам, набояд аз донишмандони Веда андоз ситонад. Донишманди Веда, ки дар мамлакати ў зиндагӣ мекунад, набояд аз гуруснагӣ вафот кунад. 134) Подшоҳе, ки дар мамлакати ў донишманди Веда аз гуруснагӣ мемурад, аз ҳамин гуруснагӣ мамлакати ў зуд мемирад» . Давлатдорони рус низ чун дигар халқҳои дунё дар давлатдории худ ба идоракунии давлатӣ ва идоракунии ҳайат аҳамияти ҷиддӣ медоданд, ки сарчашмаҳои зиёди таърихию ҳуқуқӣ шаҳодат бар онанд. Дар солҳои 1548-1555 (замони ҳукмронии Ивани IV) 36 мақомоти (приказҳо) соҳавӣ ва ҳудудӣ таъсис дода шуд, ки яке аз онҳо бо номи «Прикази дараҷавӣ» барои танзими идоракунии ҳайат пешбинӣ гардид.
1 Низомулмулк. Сиёсатнома. Душанбе. Адиб.1989. С8 2 Крымский А. История Персии её. лит. Москва, 1990.С.180
Хохлышева О.О. Практикум по истории международных отношений. Часть первая. Н.Новгород 1999. С.15.
Ин приказ ба интихоб ва ҷобаҷогузории ҳайат машғул буда, шахсони алоҳидаро ба хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандӣ ва дарборӣ номнавис ва масъалаи бо замин ва музди меҳнат таъмин намудани онҳоро танзим менамуд. Приказ 20 ҳазор хизматгорони шоҳӣ дошта, аз онҳо 3 ҳазорашон ба «рўйхати хизматии москвагӣ» дохил карда шуда, захираи номенклатуриро ташкил медоданд. Аз ҳисоби ин захира (3 ҳазор) «одамони хизматгор» аз ҷониби шоҳ ба мансабҳои масъули давлатӣ таъин гардиданд . Тибқи ислоҳоти Пётри I масъалаи ташаккул ва фаъолияти ҳайати хизматчиёни шаҳрвандӣ ба ихтиёр ва идоракунии мақоми дуюм баъд аз шоҳ Сенат вогузор гардид. Сенат мақоми назорати судӣ ва идоракунии маъмурӣ ба ҳисоб мерафт. Сенат барои ҳалли масъалаи идоракунии ҳайат мақоме бо номи «мизи дараҷавӣ» таъсис дода, сипас соли 1722 онро ба мақоми нисбатан калон, босалоҳият ва дорои функсияи васеъи идоракунии ҳайат бо номи «Контораи Герольдмейстер» табдил дод. Ин идора ба сифати хадамоти кадрӣ тамоми асри XVIII фаъолият намуд. Дар замони Александри 1 идоракунии ҳайати хизмати давлатӣ ба салоҳияти департаменти якуми Сенат вогузор гардид. Дар замони Николайи 1 ба идоракунии ҳайат ба зиммаи мақоми нав Департаменти нозироти Идоракунии шаҳрвандӣ вогузор гардид, ки он дар асоси фармони Николайи I аз 5 сентябри соли 1846 фаъолият менамуд. Ба ташаккули захираи кадрҳо махсусан дар замони фаъолияти департаменти якуми Сенат ва Департаменти нозироти Идоракунии шаҳрвандӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Дар ин мақомот захираи кадрҳо ташакул дода шуда, ба тайёркунии касбии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медоданд. Барои ишғоли мансаб, кадрҳо аз ду моҳ ва зиёда он ба тайёркунӣ фаро гирифта мешуданд. Ин масъала дар фармони Сенат аз декабри соли 1841 «Оид ба номзадҳо ба ҷойҳои губерниягӣ» махсус қайд карда шудааст. Дар фармон омадааст, ки бо мақсади пешгирӣ намудани «оқибатҳои зараровари аз бе таҷрибагии шахсони ба мансабҳои сардорони губернияҳо таъиншуда» руйхати захираҳо ташкил шуда, кадрҳо барои мансабҳои зарурӣ тайёр карда шаванд.
Управление персоналом. Учебник под. ред. А.И. Турчинова. М. Из – во РАГС 2003. С.186.
Дар давраи тайёрӣ шахсони дар захираи кадрҳо буда мебоист муфассал ба доираи ўҳдадориҳои ояндааш шинос карда шуда, ҳаҷм ва мазмуни кори губернатор ва идоракунии губерния, палатаҳо, комиссияҳо ва дигар мақомоти идоракунии онро аз худ мекарданд. Давраи тайёрӣ бо супоридани имтиҳон дар коллегияи Вазорати корҳои дохилӣ ба анҷом мерасид. Ба мансаб таъин таъин намудани шахс он вақт ба амал меомад, ки Коллегия шахсро ба мансаби барои он аз тайёрӣ гузашта, тайёр меҳисобид ва ўро барои ишғоли мансаби дахлдор тавсия медод. Муҳаққиқони хизмати давлатии Россия кам будани санадҳои меъёрии ҳуқуқии имрўзаи Россияро нисбати давраи тоинқилобӣ қайд мекунанд. Дар аввалҳои асри XX дар Россия 200 санадҳои меъёрии гуногун (қонунҳо, фармонҳои шоҳӣ, қарорҳои ҳукумат, оинномаҳо ва ғ.) ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз инкишофи заминаҳоиҳуқуқии ин институт дар Россия шаҳодат медиҳанд.
Ба ташаккули захираи кадрҳо низ дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд. Ҳанўз соли 1922 КМ ПКР (б) дар мактуби худ «Дар хусуси ба ҳисоб гирифтани захираи кормандон» диққати роҳбарони ҳизбию советӣ ва хоҷагиро ба зарурарати ҷоннок намудани кор дар самти ташаккули захира ҷалб намуд. Бо ин мактуб КМ роҳбарони мақомоти маҳаллиро вазифадор намуд, ки ҳисоботи махсуси захираи кормандони масъулро аз рўи соҳаҳои гуногун: ҳизбӣ, давлатӣ ва иттифоқҳои касаба пеш баранд, онҳо гурўҳбандӣ намуда, ба гурўҳҳои дахлдори тахассусӣ вобаста намоянд. Ба захира дохил кардан дар ҷаласаҳои бюрои кумитаи вилоятӣ ва губериниявӣ тасдиқ мегардид. Ҳамин тариқ, фаъолияти мақомоти ҳизбию советӣ оид ба ташаккули захираи кадрҳо хусусияти системавиро касб намуд. Вай дар худ чунин элементҳоро ба монанди омўзиши худфаъолиятӣ, дарёфти ташкилотчиёни қобилиятнок, баҳисобгирии кормандони ояндадор барои пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дигар мансабҳои баланди ҳизбию давлатӣ, санҷиши сифатҳои ҳизбӣ ва кордониро дар бар мегирифт.
Мельников В.П., Нечипоренко В.С. Государственная служба в России. М. Издательство РАГС. 2004. С.355.
Аз ҳисоби ҳамин захира бо қарори КМ ва ШКХ солҳои 1921- 1922 барои кўмаки мақомоти ҳизбию советии Осиёи Миёна 1 165 нафар кормандон фиристода шуданд . Соли 1923 дар шаҳри Ленинград зиёда аз 10 ҳазор коргарони фаъол дар назди мақомоти ҳизбию советӣ ба захира гирифта шуданд. Дар зарфи ду сол зиёда аз се ҳазор шахсони дар захирабуда баъди санҷиши онҳо дар иҷрои супоришҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба мансабҳои дахлдори хизбию давлатӣ ва хоҷагӣ ба кор гузаштанд.
Хусусияти асосии захираи кадрҳои хизмати давлатии даврони Иттиҳоди Шўравӣ ҳизбӣ-номенкалатурӣ будани он арзёбӣ мегардад «ва дар ҳисоботи намояндагони элитаи сиёсӣ (ҳизбӣ-номенкалатурӣ), ки ба қуллаи баланди пирамидаи сиёсӣ баромада буданд, дигар арзишҳо, дигар фаҳмишҳо оид ба қарз, виҷдон, ахлоқ, сифатҳои касбӣ ва шахсии кадрҳои идоракунӣ мавҷуд буданд».
Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он ҳамчун ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон мустаҳкам намудани ҳуқуқ ба идоракунӣ ва ба хизмати давлатӣ ба дигаргуниҳои сохторӣ заминаи мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати хизмати давлатӣ таъсис дода шуд. Ба ваколати ин мақом ба амал баровардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ вогузор гардид. Бо пешниҳоди Раёсат барои иҷро ва тақвияти фаъолияти қонунии он, бархурдорӣ аз донишҳои назариявӣ ва амалияи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, амалияи маъмурӣ-идоракунии ҷаҳонӣ, инчунин таърихи инкишофи зуҳуроти зикргардида Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис ёфта, ба кори худ шурўъ намуд. Дар назди олимони ин донишкада, аз ҷумла тадқиқи таърихи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва идоракунии ҳайат низ гузошта шуд.
Мельников В.П., Нечипоренко В.С. Государственная служба в России: отечественный опыт организация и современность. М. Из-во РАГС 2004. С.304. 2 Ниг. Дар ҳамон ҷо. С.305
См. Понеделков А.В. Политическая элита: Генезис и проблемы её становления в России. Ростов-на-Дону.: АО «Книга». 1995. С.127.
Тадқиқгарони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ чунин ҳисоб мекунанд, ки хизмати давлатӣ дар баробари чунин зуҳуротҳо ба монанди давлат, ҳокимияти давлатӣ, дастгоҳи давлатӣ, идоракунии давлатӣ қарор дошта, бо онҳо алоқаманд мебошад ва бинобар ин танҳо бо роҳи таъсиррасонӣ ба онҳо зуҳур мекунад, амалӣ ва таҳлил мегардад ва баҳо дода мешавад».
Чунин ақида албата бесабаб нест ва зимни омўзиши фанни идоракунии ҳайат, аз ҷумла падидаи захираи кадрҳо бояд онҳо аз мавқеи давлат, ҳокимияти давлатӣ, дастгоҳи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар раванди дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мавриди тадқиқу таҳлил карор дода шаванд.
Атаманчук Г. В. Сущность государственной службы: история, теория, закон, практика: Монография. М.: РАГС, 2004. С. 199.
Ҳошимов Д. Д. Роҳбари Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАфҲУМИ ОЪЕКТҲОИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНЇ
ПОНЯТИЕ ОБЪЕКТОВ ГРАЖДАНСКИХ ПРАВ
Развитие рыночных отношений приводит к появлению новых средств удовлетворения потребностей людей, а следовательно, и новых видов объектов гражданских прав. Кроме того, развитие данных отношений приводит к тому, что в их сферу вовлекаются объекты, которые раннее либо не признавались объектами гражданских прав, либо не учитывались в гражданском обороте. Поэтому данная статья будет посвящена в основном понятию и системе объектов гражданских прав в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Ключевые слова: объекты гражданских прав, объекты гражданских правоотношений, правоотношения, благо, материальные благо, имушественные права и личные неимущественные права, вещи.
OBJECTS’ CONCEPTION OF CIVIL RIGHTS
The development of the market relations results in appearance of the new means of the satisfaction of people’s needs, also for consequently and new types object of civil rights. Besides, development of the given relations results in that in their sphere are involved objects, which earlier did not confess the object of the civil rights, or were not taken into account in civil circulation. So the given article will be a devoted to the main conception and system of objects civil rights in accordance with legislation of the Republic Tajikistan. Key words: objects of civil rights, objects of civil legal relationship, legal relationship, welfare, material welfare, right of propertys and non-property right, thing.
Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ яке аз мавзўи баҳсноки ҳуқуқи гражданӣ ба ҳисоб меравад. Новобаста аз мавҷуд будани адабиёт ва ақидаҳои гуногуни илмӣ оид ба намудҳои алоҳидаи объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, дар масъалаҳои умумии ин мавзўъ, аз қабили: мафҳум, система, ҷои он дар сохтори ҳуқуқ в.ғ. тадқиқоти илмӣ, ба истиснои корҳои В.А. Лапач камтар ба чашм мерасанд.
Ниг: Лапач В.А. Система объектов гражданских прав: теория и судебная практика. СПб.: Юрид. ЦентрПресс, 2002.
Танзими ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ бо ҳамин ном дар боби 6 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикситон, ки аз панҷ параграф: (§ 1. Муқаррароти умумӣ, § 2. Ашё, § 3. Амал (беамалӣ), § 4. Пул ва қоғазҳои қиматнок, § 5. Неъматҳои ғайримоддӣ ва ҳифзи онҳо) иборат мебошад ифодаи худро ёфтааст. Намудҳои алоҳидаи объектҳои ҳуқуқи гражданӣ, инчунин бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» в.ғ. ба танзим дароварда шудаанд. Барои дуруст ва амиқ дарк намудани мафҳуми объектҳои ҳуқуқи гражданӣ ду масъала: фаҳмиши ҳуқуқ ба маънои объективӣ ва ё субъективӣ ва муайян намудани таносуби мафҳумҳои «объекти ҳуқуқи гражданӣ» ва «объекти муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ» зарур мебошад, ки оиди он дар адабиёти ҳуқуқӣ андешаҳои гуногун ҷой доранд. Дар номи боби 6 Кодекси зикршуда равшан дида мешавад, ки су- хан оид ба ҳуқуқҳои субъективӣ меравад, на ин ки дар бораи ҳуқуқ ба маънои объективӣ. Сабаби чунин маънидодкуниҳо дар он аст, ки як истилоҳ ба ду мазмун истифода гардида, боиси нофаҳмиҳо мегардад. Ин ҳолат дар ҳуқуқи англисӣ, ки дар он ҳуқуқ ба маънои объективӣ бо истилоҳи «Law» ва ҳуқуқи субъективӣ бо истилоҳи «right» истифода мегардад, дида намешавад. Дар маҷмўъ ҳуқуқ ҳамчун система ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Бинобар ин, ақидаи умумиэътирофшудае мавҷуд аст, ки объекти ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки аз тарафи ҳуқуқ ба танзим дароварда мешаванд , аммо предмети батанзимдарории ҳуқуқиро муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд. Предмети ҳуқуқи гражданӣ асосан муносибатҳои мулкии ба молу мулк вобаста ба ҳисоб мераванд.
Ба сифати объекти ҳуқуқи гражданӣ ҳамчунин муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии ба он вобаста набуда баромад мекунанд.
1 Ниг.: Алексеев С.С. Об объекте права и правоотношения // Вопрос общей теории совет- ского права. М., 1960. С. 285, 289, 305; Венгеров А.Б. Теория государства и права: Учеб. для юрид. вузов. М., 1998. С.402.
Дар чунин тарзи масъалагузорӣ, ҳангоме ки мафҳуми «объекти ҳуқуқ» бо мафҳуми «предмети батанзимдарории ҳуқуқӣ» амалан мутобиқат менамояд, яке аз мафҳумҳо нолозим мегардад. Албатта чунин мафҳум «объекти ҳуқуқ» мебошад. Аз ин рў, дар қонунгузорӣ ва дар адабиётҳо истифода нашудани ин мафҳум боиси тааҷуб нест. Мувофиқан ҳангоми истифодаи мафҳуми «объектҳои ҳуқуқи гражданӣ» ҳуқуқҳои субъективӣ дар назар дошта мешавад. Таносуби мафҳуми «объектҳои ҳуқуқи гражданӣ» ва «объектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ» бошад, аз муайян намудани мафҳуми «муносибати ҳуқуқи гражданӣ» ва «ҳуқуқи субъективӣ» вобастагӣ дорад. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ, инчунин ақидаи умумиэътирофшудае мавҷуд аст, ки тибқи он ҳуқуқи субъективӣ бо ўҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар алоқамандии ногусастанӣ қарор дорад. Ҳуқуқ бе ўҳдадорӣ ва ўҳдадорӣ бе ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад ва ҳуқуқ, ки ўҳдадориро ба миён меорад, муносибати ҳуқуқӣ мебошад. Мутобиқан объекти ҳуқуқи субъективӣ – дар як вақт объекти ўҳдадории ҳуқуқӣ ва объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамин тавр, мафҳумҳои «объектҳои ҳуқуқи гражданӣ» ва «объектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ» – синоним мебошанд. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ҳамчунин мафҳуми «объектҳои муомилоти гражданӣ (молу мулкӣ)» истифода мешавад. Ин мафҳум қариб, ки ҳамаи объектҳои ҳуқуқи гражданиро (муносибатҳои ҳуқуқӣ), ба истиснои муносибатҳои шахсии ғайримолу мулкӣ, ки бегона карда намешаванд, дар бар мегирад. Мафҳуми «объектҳои муомилоти гражданӣ» ба мафҳуми «объектҳои ҳуқуқи молу мулкӣ» ҳаммонанд мебошад. Мутобиқан мафҳуми объекти ҳуқуқи гражданӣ (объекти муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ) нисбат ба объекти муомилоти гражданӣ васеътар мебошад . Аз назари В.А. Лапач муқаррар намудани объекти ҳукуқ ҳачун неъмат, ки бо ҳуқуқ таъмин карда мешавад аҳамияти умумӣ дошта, метавонад нисбат ба дилхоҳ соҳаи батанзимдарории ҳуқуқӣ татбиқ карда шавад, ҳамчунин муносибатҳое, ки бо соҳаҳои ҳуқуқи мурофиавӣ ба танзим дароварда мешаванд, истисно намебошанд .
1 Ниг.: Лапач В.А. Указ. Соч. С.71.
Ниг.: Гражданское право. Т.1: Учебник. 2 – е изд. / Отв. ред. Е.А. Суханов. М.: БЕК. 1998. С.295.
Мафҳуми объекти муносибати ҳуқуқӣ аз он тартибе, ки муносибати ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, вобастагӣ дорад. Агар ин муносибати ҷамъиятие бошад, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ ба танзим дароварда шудааст, дар ин ҳолат объекти ин муносибати ҳуқуқӣ воқеӣ ва мушаххас мебошад. Агар ин муносибати нави ҳуқуқии мафкуравӣ (идеологӣ) бошад, дар ин ҳолат аввалан дар ду муносибат бояд ду объект бошад; дувумин дар муносибати мафкуравӣ объект низ идеалӣ мешавад, ки он бо муносибатҳои воқеии ҷамъиятӣ алоқаманд нест. Объекти муносибати ҳуқуқӣ – ин ирода ва шуури шахси ўҳдадор, объекти ҳуқуқ бошад – ин маҳсули дарки илмии (ғояи ҳуқуқии сатҳи болотарини муттаҳидӣ) қонуниятҳои фаъолияти системаҳои ҳуқуқӣ (меъёрӣ) мебошад, ки решаҳои он дар неъматҳои молу мулкӣ ва иҷтимоӣ, ки асоси иқтисодии ҳастии инсон ва ҷамъиятро ташкилнад, ҷойгир мебошад .
Муносибати ҳуқуқӣ – ин муносибати ҷамъиятие мебошад, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ ба танзим дароварда шудааст, бинобар ин объект бояд воқеӣ ва мушаххас бошад. Унсурҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ: ҳуқуқи субъективӣ, ўҳдадориитивӣ (мазмуни муносибатҳои ҳуқуқӣ), субъект ва объект мебошанд. Таҳти мафҳуми объекти муносибати ҳуқуқӣ одатан он чизе фаҳмида мешавад, ки ба он муносибати ҳуқуқӣ равона карда шудааст ва таъсири муайян мерасонад. Оид ба масъалаи он, ки аниқ ба сифати объекти муносбати ҳуқуқи гражданӣ чӣ баромад мекунад, ду назария ҷой дорад: плюралистӣ (назарияи бисёробъектӣ) ва монистӣ (назарияи объекти ягона). Вобаста ба назарияи бисёробъектӣ ба сифати объектҳо неъматҳои гуногуни моддӣ ва ғайримоддӣ баромад мекунанд, ки номгўи онҳо пешниҳод карда мешавад.
1 Ниг.: Лапач В.А. Указ. Соч. С.59. 2 Ниг.: Ҳамон ҷо. С. 108, 111 -112.
Масалан, Н.М. Коркунов чор категоряи объектҳоро номбар менамояд: 1) қувваҳои шахсӣ, 2) қувваҳои табиӣ, 3) қувваҳои шахсони дигар, 4) қувваҳои ҷамъият .
Ба ақидаи И.В. Михайловский ин1) шахсияти худи субъект; 2)ашё, 3) ҳаракати одамон ва 4) одамон мебошад . Г.Ф. Шершеневич бошад се намуди объектҳоро ҷудо мекунад: ашё, ҳаракат ва шахсон . В.М. Хвостов гурўҳбандии зерини ҳуқуқи гражданиро вобаста ба объекти онҳо пешниҳод менамояд: 1) ҳуқуқ ба шахсияти субъект; 2) ҳуқуқ ба ашё (ҳуқуқҳои ашёгӣ); 3) ҳуқуқ ба ҳаракатҳои шахси дигар (ҳуқуқи ўҳдадорӣ); 4) ҳуқуқ нисбат ба шахсони дигар (ҳуқуқҳои оилавӣ); 5) ҳуқуқҳои меросӣ . В.И. Майер ҳамчунин се намуди объектҳои ҳуқуқро ҷудо менамояд: ҳуқуқи ҳокимият, ҳуқуқи ашёгӣ ва ҳуқуқи ўҳдадорӣ . В.И. Синайский ба сифати объектҳо ашё ва ҳуқуқро номбар менамояд6. Чунин нуқтаи назар дар адабиётҳои муосири ҳуқуқӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Масалан ба ақидаи В.К. Бабаев объектҳои муносибат ҳои ҳуқуқӣ чунин неъматҳо мебошанд: 1) предмети олами моддӣ; 2) маҳсули эҷодиёти маънавӣ; 3) неъматҳои шахсии мулкӣ; 4) рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ;
4) натиҷаи рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ7.
А.В. Мицкевич ба объектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ предметҳои олами моддӣ, ҳаракатҳои шахси ўҳдадор ва натиҷаи ҳаракатҳои шахси ўҳдадорро дохил мекунад8.
В.В. Лазерев ва С.В. Липень ба он ақидаанд, ки объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ
метавонанд: неъматҳои моддӣ, яъне предметҳои олами
моддӣ, арзишҳои гуногуни ғайримоддӣ маҳсули эҷодии зеҳнӣ, маънавии одамон,
неъматҳои шахсии ғайримолу мулкӣ; ҳаракати субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ё
натиҷаи ин ҳаракатҳо ва ҳуқуқҳои субъективӣ бошанд1.
1 Ниг.: Коркунов Н.М. Лекции по общей теории права // Хропанюк В.Н. Теория носударства и права: Хрестоматия. М.: Интерстиль, 1998. С. 778. 2 Ниг.: Михайловский И.В. Очерки философии права // Ҳамон ҷо. С. 804. 3 Ниг.: Шерневич Г.Ф. Общая теория права. Вып. 3 // Ҳамон ҷо. С. 876. 4 Ниг.: Хвостов В.М. Обшая теория права // Ҳамон ҷо. С. 863 – 866. 5 Ниг.: Майёр Д.И. Русское гражданское право: В 2 ч. Ч. 1 М.: Статут, 1997. С. 225 – 226. 6 Ниг.: Синайский В.И. Русское гражданское право. М.: Статут, 2002. С. 123.
Ниг.: Общая теория права: Курс лекций / Под ред. В.К. Бабаева. Нижний Новгород, 1993. С. 422 – 425. 8 Ниг.: Проблемы общей теории права и государства. Учеб. для вузов / Под ред. В.С. Нерсесянца. М.: НОРМА, 2001. С. 382 – 383.
Ба ақидаи С.С. Алексеев объекти муносибати ҳуқуқӣ предмете, ки оламро иҳота намудааст, яъне неъматҳои моддӣ ва ғайримоддие, ки вобаста ба он муносибати ҳуқуқӣ ба миён омадааст, мебошад . Чунин фаҳмиши объектҳо дар адабиётҳои муосири сивилисти- ка низ паҳн гардидаанд . Назарияи дуюм – монистӣ (назарияи объекти ягона) – дар он зоҳир мегардад, ки ба сифати объекти ҳуқуқ метавонад танҳо як намуди мавҷудияти ашёӣ баромад намояд. Як гурўҳи муаллифон бар он ақидаанд, ки ягона объект ин ашё аст , дигарон – рафтор ва ё ҳаракати шахсон , сеюмин – режими ҳуқуқӣ6. Чуноне ки аз ин андешаҳо бармеояд, байни ин нуқтаи назарҳо нисбат ба фарқият умумияти бештар дида мешавад. Тарафдорони назарияи плюралистӣ дар ҳар ҳолат муҳимияти рафтори иштирокчиёни муно сибатҳои ҳуқуқиро эътироф менамоянд. Тарафдорони рафтор ҳамчун объекти ягона дар ҳар сурат дар хусуси рафтор, ки ба неъматҳои гуногуни моддӣ ва ғайримоддӣ равона шудааст, сухан менамоянд. Кўшиши якҷоя намудани ин ду ақида ба назарияҳои созишӣ оварда расонд: объекти тартиби якум (рафтор) ва объекти тартиби дуюм ва ё объекти ҳуқуқӣ (ашё, неъматҳои моддӣ, ҳаракти одамон) , объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқӣ , объекти берунӣ, объекти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа , объекти ҳуқуқӣ ва объекти моддӣ, объекти батанзимдарории гражданӣ – ҳуқуқӣ ҳамчун муқаррароти назариявӣ (рафтори субъектон) ва ҳамчун ифодаи ҳуқуқӣ (ашё) , объекти муносибати ҳуқуқӣ (муносибатҳои ҷамъиятии воқеӣ) ва предмети муносибати ҳуқуқӣ (неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ ва ё рафтори шахс) .
Ниг.: Лазерев В.В., Липень С.В. Теория государства и права: Учеб. для вузов. 2 – е изд. М.: Спарк, 2000. С. 338 – 339. 2 Ниг.: Алексеев С.С. Право: азбука – теория – философия: опыт комплексного исследования. М.: Статут, 1999. С. 72. 3 Ниг., масс.: Гражданское право. Учебник. В 2 т. Т.1 / Отв. ред. Е.А. Суханов. 2 – е изд. М.: БЕК, 1998. С.294- 295; Гражданское право. Учебник. Ч.1 / Под. ред. А.Г. Калпина, А.И. Масляева. М.: Юрист, 1997. С. 50; Гражданское право. Учебник. В 2 ч. Ч.1 / Под. ред. В.Ф. Чигира. Мн.: Амалфея, 2000. С.371. 4 Ниг., мас: Агарков М.М. Объязательство по советскому гражданскому праву // Уч. Тр. ВИЮН. Вып. 3 М., 1940. С. 22. 5 Ниг., мас: Магазинер Я.М. Объект права: Очерки по гражданскому праву. Л., 1957. С. 66; Иоффе О.С. Правоотношение по советскому гражданскому праву (1949) // Иоффе О.С. Избранные труды по гражданскому праву. М.: Статут, 2000. С. 581 -398. 6 Ниг.: Гражданское право. Учебник. Т.1 / Отв. ред. Е.А. Суханов. 2 – е изд. М., 2000. С.294- 295.
Ҳамин тавр, дар ҳар сурат бевосита ва ё бавосита (ба воситаи рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ) неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ ҳамчун объекти ҳуқуқҳои субъективӣ (ва ё муносибати ҳуқуқӣ) баромад менамоянд. Объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба монанди дигар кодексҳои граждании ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ) назарияи бисёробъектии ҳуқуқи гражданиро қабул намуда, ба сифати чунин неъматҳо, ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро мустаҳкам намудааст (мод. 140 КГ ҶТ). Дар Кодекси граждании Федератсияи Россия (аз 21 октябри соли 1994) ибораи «неъматҳо» дар модда оид ба объектҳо истифода намешавад, вале ибораи «неъматҳои ғайримоддӣ» истифода мегардад (мод. 128, 150). Чунин тартиб дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Арманистон (аз 5 майи соли 1998) низ мустаҳкам шудааст, ки ин ибора дар моддаҳои 132, 162 истифода мешавад. Тибқи Кодекси граждании Гурҷистон (аз 26 июни соли 1997) молу мулк – тамоми ашё ва неъматҳои ғайримоддии молумулкӣ мебошанд (мод.147). Дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Қирғизистон (аз 8 майи соли 1996) сухан дар бораи неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ меравад (мод.22) ва моддаи махсус «Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ» (мод. 50) ҷой дорад.
1 Ниг.: Тарановская Ф.В. Энцклопедия права // Хропанюк В.Н. Указ. Соч. С. 830- 832. 2 Ниг.: Толстой Ю.К. теории прваоотношения. Л.: Изд – во ЛГУ, 1959. С. 65. 3 Александров Н.Г. Законность и правоотношение в советском обществе. М., 1955. С. 117- 118. 4 Гордон М.В. Советское авторское право. М.: Госюриздат, 1955. С. 57 – 58. 5 Иоффе О.С. Избранные труды по гражданскому праву. М.: Статут, 2000. С. 678 – 681.
Карагусов Ф.С. Ценные бумаг и деньги в системе объектов гражданских прав. Алматы: Жери жарғы, 2002. С. 26-27 7 Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. В.В. Лазерева. М.: Юрист, 1994. С. 149 – 151.
Дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 июни соли 1999) тахмин чунин равиш ҷой дорад (неъматҳо, ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ – мод.140), вале объектҳо ба параграфҳои алоҳидаи боби 6: (§ 2) Ашё, (§ 3) Амал (беамалӣ), (§ 4) Пул ва қоғазҳои қимматнок, (§ 5) Неъматҳои ғайримоддӣ ва ҳифзи онҳо тақсимбандӣ карда шудаанд. Чӣ тавре, ки дар боло зикр гардид, объектҳои ҳуқуқи гражданӣ метавонанд неъматҳо, ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри- молумулкӣ бошанд (қ. 1 мод. 140 КГ). Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 140 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба неъмату ҳуқуқи молу мулкӣ (молу мулк) чизу чора, пул, аз ҷумла асъори хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок, кору хизматҳо, иттилоот, амал, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, номи фирма, тамғаи мол ва воситаҳои дигари фардикунонии маҳсулот, ҳуқуқӣ молу мулкӣ ва молу мулки дигар дохил мешаванд. Ба неъмату ҳуқуқи шахсии ғайримолу мулкӣ ҳаёт, саломатӣ, эътибори шахс, шаъну шараф, номи нек, шўҳрати касбӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқи доштани ном, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии асар ва неъмату ҳуқуқҳои дигари ғайримоддӣ дохил мешаванд». Дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораи «неъмат ва ҳуқуқ», дар кодексҳои граждании дигар давлатҳои аъзои ИДМ бошад, ибораи «неъмат» истифода мешавад. Дар адабиётҳо низ фаҳмиши гуногуни неъмат ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ вомехўрад. Масалан, Е.А. Суханов таҳти объекти муносибатҳои хуқуқи гражданӣ неъматҳои гуногуни моддӣ (аз ҷумла ашёгӣ) ва ғайримоддӣ (идеалӣ) ва ё раванди бавуҷудоии онҳоро мефаҳмад, ки предмети фаъолияти субъектони ҳуқуқи гражданиро ташкил мекунанд . Дар адабиёти илмӣ мафҳуми «неъмат» хело кам мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст ва яке аз ақидаи маъмули ин мафҳум «неъмат зуҳуроте мебошад, ки қобилияти қонеъ намудани ин ё он талаботи одамонро дорад» .
Ниг.: Селиванов Ф.А. Благо. Томск, 1967; Протасов В.Н. Правоотногение как система. М.: Юрид. лит., 1991. С. 89.
Алоқамандиро байни объекти ҳуқуқи
гражданӣ ва неъмат ҳанўз Г.Ф. Шершеневич муайян намуда, менависад, ки: «ҳар қадар
муносибатҳои ҳуқуқи хусусӣ хусусияти молу мулкиро доро бошанд, ҳамон қадар фаҳмиши
ҳуқуқӣ оид ба объекти ҳуқуқ бо фаҳмиши иқтисоди неъматҳо мувофиқ мебошад.
Объектҳои ҳуқуқ – ин неъматҳо дар маънои иқтисодӣ мебошанд. Тадқиқоти бештари
фундаменталии неъматҳо аз назари иқтисодӣ аз тарафи К. Менгер (1840-1921), роҳбари
«мактаби иқтисодии австриягӣ» гузарони гер аз тарафи В.А. Лапач дода шудааст .
Аз тарафи К. Менгер назарияи арзишнокии субъективӣ кор карда баромад шудааст,
ки асоси методологии онро омўзиш дар бораи неъматҳо ба таври умумӣ ва хусусан
дар бораи неъматҳои иқтисодӣ (хоҷагӣ) ташкил мекунад. Барои он, ки предмет
неъмат гардад ва ё бо ибораи дигар барои он, ки вай характери неъматро ба даст
орад, ба ҳам мувофиқ омадани чор шарт зарур аст: а) талаботи инсонӣ; б)
хусусияти предмет, ки онро дар алоқамандии сабаби бо қонеъгар донии ин талабот
мондан фоидаовар мегардонад; в) аз тарафи инсон дарки ин алоқаи сабабӣ; г) имконияти
ихтиёрдорӣ намуда ни ин предмет ҳамон тарз, ки дар ҳақиқат онро барои қонеъ
намудани ин талабот истифода намуд. Аз диди Менгер «неъмат» танҳо ва танҳо ҳамон
вақт неъмат мебошад, ки вай бо қонеъгардонии талаботи инсонӣ алоқаманд бошад:
агар талабот аз байн равад, неъмат низ аз байн меравад.
Ниг.: Шерневич Г.Ф. Общая теория права. Вып. 3. 1911 -1912 // Хропанюк В.Н. Теория государства и права: Хрестоматия. М.: Интерстиль, 1998. С. 876. 2 Ниг.: Менгер К. Основания политической экономии // Австрийская школа в политической экономии: К. Менгер, Е. Бем – Баверк, Ф. Визер. Сер. «Экономическое наследие». М., 1992. С. 39-75. 3 Ниг.: Лапач В.А. Система объектов гражданских прав: теория и судебная практика. СПб.: Юрид. ЦентрПресс, 2002. С. 72-76. 4 Ниг.: Менгер К. Указ. соч. С. 39- 75; Лапач В.А. Указ. соч. С. 73 – 75.
Менгер ҳамчунин неъматҳои ғайримоддиро, ки онҳоро муносибатҳо (фирмаҳо, монополия, ҳуқуқи нашриёт, доираи харидорон в.ғ) ном мебарад, ҷудо менамояд.
Вай чунин ҳисоб мекунад, ки маҷмўи ҳамаи неъматҳоро бояд ба ду категория ҷудо намуд: аз як тараф неъматҳои моддӣ (ба он ҳамаи қувваҳои табиӣ дохил мегарданд, зеро онҳо неъмат мебошанд) ва аз тарафи дигар – ҳаракатҳои фоидаовари инсон (дар ҳолатҳои зарурӣ беҳаракатӣ), ки аз онҳо бештари муҳимиятро меҳнат ташкил мекунад. Дар чунин фаҳмиш неъматҳо маркази системаи фоидаҳо мегардад, ки ба худ зерсистемаи неъматҳои моддӣ ва ҳаракат ҳои фоидаовари инсониро дохил мекунад. Мутобиқан неъматҳо бо талаботи инсонӣ ва қонеъгардонии ин талабот алоқаманд мебошанд. Бинобар ин неъмат ҳама вақт мушаххас аст ва аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ вай метавонад танҳо дар сурати объекти муносибати ҳуқуқӣ баромад намудан арзи ҳастӣ намояд. Аз ин лиҳоз классификатсияи неъматҳо ҳамчун объектҳои ҳуқуқи гражданӣ бояд бо классификатсияи муносибатҳои ҳуқуқӣ алоқаманд бошад. Хуб мешуд, ки тақсимбандии объектҳои ҳуқуқи гражданиро, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шудааст, истифода намоем, яъне неъматҳо ва ҳуқуқ (мод.140 КГ). Тақсимнамоии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ ба неъматҳо ва ҳуқуқ, тақсимнамоии неъматҳоро ба худӣ ва бегона дар назар дорад. Неъматҳои худӣ дар Кодекси гражданӣ ҳамчун неъмат ва неъматҳои бегона ҳамчун ҳуқуқ ба неъматҳои бегона оварда шудааст. Ҳамин тариқ, фаҳмиши дақиқи объектҳои ҳуқуқи гражданӣ имконият фароҳам меорад, ки онҳо вобаста ба моҳияташон дар қонунгузорӣ мавриди танзим қарор дода шуда, гурўҳбандии дурусти онҳо оварда шавад.
ҚАРОРҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
оид ба дархости Кимсанов И. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 7 майи соли 2009
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М. М., Каримов К. М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р.Р., тарафҳо: а) Шаҳрванд Кимсанов И. Ҳ.-тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст; б) Гиёев С. Н. -намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М. И.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ- намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул ва ҷонибдоринамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст; даъватшудагон: Ҳабибуллоева М. Р.- Муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулмадшоев Р. К.-Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Т. Қ. – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Ҷонибек-Сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳотамбекова М. Ў.-Прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи дархости Кимсанов И. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, маърўзаи судяи Суди конститутсионӣ Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Кимсанов И.Ҳ. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки даъвои ў ва ваколатдиҳандаи ў шаҳрванди давлати Исроил Алиев Р. бо ҷавобгарии оилаи Одинаевҳо оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши ду хонаи истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе аввалҳои моҳи апрели соли 2003 оғоз гардида буд. Парванда муддати панҷ сол дар баррасии судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ки он вақт Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири соли 1965 амал мекард. 1 апрели соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифта, парвандаи ў 28 апрели соли 2008 аз тарафи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, беқаноат гузошта шуд. Ў нисбати ҳалномаи Суди ноҳияи Сино ба Суди шаҳри Душанбе шикоят овард, аммо Суди номбурда бо қарори худ аз 21 октябри соли 2008 шикояти кассатсионии ўро қонеъ накард.
Баъдан ў ду маротиба бо назардошти Кодекси амалкунандаи мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои марҳилаи назоратӣ: Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардааст, аммо шикоятҳои ў қаноатбахш карда нашудаанд. Ба андешаи номбурда, моддаҳои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати парвандаи ў татбиқнамудаи судҳо кафолати ҳифзи судии ўро халалдор намуда, садди роҳи баррасии парвандаи ў дар марҳилаи назоратӣ гардиданд. Моддаҳои зикршуда бо мўҳлати кўтоҳи яксолаи мурофиавӣ, нобаробарии мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва номукаммалии худ имконият надоданд, ки ў ҳуқуқҳои конститутсионии худро ба манзил амалӣ намояд. Аз ин рў, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати моддаҳои 365, 371, 372, 373 ва 378 боби 40-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад. Суди конститутсионӣ оид ба дархости Кимсанов И. Ҳ дар хусуси муайян намудани мутобиқати модаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати талаботи боқимондаи Кимсанов И. Ҳ. рад намуд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи И.Ҳ. Кимсановро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, қайд менамояд, ки яке аз дастоварди муҳими афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳангии инсониятин эътирофи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба ҳифзи судӣ ва кафолати ин ҳуқуқи шахсӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсияю қонунгузориҳои миллии давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Сарчашмаи асосии ин ҳуқуқро принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкил медиҳад, ки механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи судӣ пайваста пайи такмил ва инкишоф қарор доранд. Аз ҷумла, моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд, ки «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шуданд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад». Моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри соли 1966 қабул ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиқ шудааст, ин масъаларо васеътар танзим намуда, пешбинӣ менамояд, ки «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ў дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад». Бо назардошти санадҳои зикршудаи байналмилалӣ, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, дар Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳое пешбинӣ шуданд, ки ба ҳифзи судии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва кафолати татбиқи ин ҳуқуқ равона карда шудаанд. Тибқи санадҳои зикршуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор ҳуқуқу ўҳдадориҳои конститутсионӣ буда, онҳоро бо ирода ва бо назардошти манфиатҳои худ ва дар доираи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ ба амал мебароранд. Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳои худ, онҳо аз кафолати ҳифзи судӣ бархурдор буда, «ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онҳоро суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд». Ҳифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибқи он «Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», дар баробари дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати муносибатҳои шаҳрвандӣ низ татбиқ мегардад, ки тартиби иҷрои онҳоро қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд. Чунончӣ, моддаи 1 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи гражданӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамин кодекс, …, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад». Тибқи талаботи модддаи 3 Кодекси мурофиавии зикршуда «Вазифаҳои мурофиаи судии гражданӣ аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарор доштаи шаҳрвандон… иборат аст.» Тибқи моддаи 8 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад «Парвандаҳои гражданӣ дар ҳамаи судҳои марҳилаи якум аз ҷониби судя танҳо…, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси зикршуда аз тарафи як судя аз номи суд, дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣаз ҷониби суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва қонун ба таври дастҷамъӣ баррасӣ мегарданд.» Бо ин назардошт, қонунгузор масъалаҳои вобаста ба мурофиа дар марҳилаи назоратиро дар боби 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди танзим қарор додааст. Тибқи муқаррароти моддаи 371 боби зикршудаи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон судя бо супориши раиси суди дахлдор ё муовини ў шикоят ё эътирози назоратиро баррасӣ намуда, дар сурати ба талаботи моддаҳои 369-370 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани онҳо парвандаи гражданиро талаб карда мегирад. Нисбати парванда ду навъи таъинот: оид ба рад намудани ирсоли парванда ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ ё оид ба ирсол намудани парванда ба суди марҳилаи назоратӣ қабул менамояд. Қисми 2 моддаи 372 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, муқаррар менамояд, ки Раиси Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, раисони судҳои вилоятӣ, Раиси Суди ш. Душанбе, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо ҳақ доранд бо таъиноти судя ҷиҳати рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин ҳолат қонунгузор ба онҳо ҳуқуқ додааст, ки онҳо дар хусуси ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул намоянд. Қонунгузор ба иштирокчиёни мурофиаи судии гражданӣ, инчунин ҳуқуқ додааст, ки онҳо дар давоми сол аз болои санадҳои судии ба қувваи қонунӣ даромада такроран шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод намоянд ва тибқи талаботи қисми 2 моддаи 367 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои қаблан қабулгардидаи судҳои марҳилаи назоратиро дар мўҳтавои шикоят ё эътирози назоратии навашон нишон диҳанд. Тибқи талаботи моддаи 378 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қонунгузор ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат додааст, ки ў бо максади таъмини ягонагии таҷрибаи судӣ ва қонуният ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав дида баромадани санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ эътирози асоснок ирсол намояд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои зикршударо ба эътибор гирифта, тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратӣ пешбининамудаи моддаҳои 371 ва 372 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми якуми моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ҳисоб менамояд, зеро: — марҳилаи назоратӣ бо табиат ва таъиноти ҳуқуқии худ танҳо дар ҳолати вайрон кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ, инчунин мавҷуд будани хатоҳои дар марҳилаҳои пешакии баррасии парванда рухдода, ки ҳуқуқу манфиатҳои дар мурофиаи судӣ ҳифзшавандаи иштирокчиёни мурофиаро ҷиддан вайрон кардаанд, мавриди амал қарор мегирад; — ин марҳила, ҳамчун кафолати иловагии санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судӣ дар ҳолате имконпазир аст, ки агар то ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судӣ ҳамаи имкониятҳои пешбинамудаи қонунгузории мурофиавӣ аз тарафи шахсони манфиатдор ва мақомоти судӣ пешбинӣ нашуда, хатоҳои марҳилаҳои пешинаи судӣ бартараф нагардида бошанд; — вобаста ба ин, марҳилаи мазкур тавре бояд пешбинӣ гардад, ки он бо моҳияти талаб, мўҳтавои муроҷиат, тартиби ба амал баровардан ва дигар масъалаҳои ба ин марҳила хос ба устувории санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдо кардаи марҳилаҳои пешинаи судӣ, баробарии ҳамаи марҳилаҳои судӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва дар маҷмўъ ба фаъолияти мўътадили низоми мақомоти ҳокимияти судӣ таҳким бахшида тавонад. Ҳамин тариқ, тартиби пешакӣ баррасӣ намудани шикоят ва эътирози назоратӣ танҳо аз тарафи як судя аз талаботи қисми 2 моддаи 8 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ки тибқи он «Дар ҳолате, ки агар ҳамин Кодекс ба судя ҳуқуқи танҳо баррасӣ намудани парвандаи гражданӣ ё содир намудани амали ҷудогонаи мурофиавиро дода бошад, судя аз номи суд амал мекунад», бармеояд. Дар ин маврид судя танҳо асоснокии шикоят ва эътирози назоратии пешниҳодшударо баррасӣ намуда, қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи судҳои марҳилаи якум ва кассатсиониро тағйир дода наметавонад. Ин амали судя мазмуни моҳиятан баррасӣ шудани парвандаи назоратиро надорад, ки ин аз устувории санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи марҳилаҳои пешинаи судӣ, баробарҳуқуқии онҳо ва дар маҷмўъ аз мўътадилии низоми ҳокимияти судӣ шаҳодат медиҳад. Новобаста аз ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи мавҷуда мувофиқи мақсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби як судя, мўҳлатҳои дуру дарози баррасии шикоят ва эътирози назоратӣ, инчунин дигар масъалаҳои ба ин марҳилаи судӣ хос пешбининамудаи боби 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омўзиш ва баррасӣ карор диҳад. Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 32, 36, 37, 46-48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор мекунад:
1. Моддаҳои 371 ва 372 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми якуми моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. 2. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад будани тартиби баррасии пешакии шикоят ё эътирози назоратӣ аз ҷониби як судя, мўҳлатҳои баррасии шикоят ва эътирози назоратӣ пешбининамудаи моддаи 371, моддаи 372 ва моддаи 374 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои ба ин марҳилаи судӣ хос пешбининамудаи боби 40 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти таҷрибаи мавҷудаи ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани шикоят ва эътирози назоратӣ дар алоқамандӣ бо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меъёрҳои КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш ва баррасӣ карор диҳад. 3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад. 4. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.
Судя-котиби Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М.
Қ А Р О Р И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба дархостҳои шаҳрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакҷонов з. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди а) моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаҳои 20, 23, 36, қисмҳои 2, 3 моддаи 46, моддаҳои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 17 июни соли 201
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р., тарафҳо: а) Файзиев М –адвокат, намояндаи ваколатдори шаҳрванд Абдурасулов А. – тарафе, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст; Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Мирзоев Х.Б. намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ- намояндагони тарафҳое, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;
даъватшудагон:
Гулматшоев Р.К.-муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоев И. Н.-муовини Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Т.Қ.- Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаров Х.А.- мутахассиси пешбари Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одинаев Р.М.- мутахассиси пешбари Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи дархостҳои шаҳрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакҷонов З. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди а) моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва ба моддаҳои 20, 23, 36, қисмҳои 2, 3 моддаи 46, моддаҳои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда, маърўзаи муовини Раиси Суди конститутсионӣ М. Назаров, баёноти тарафҳо ва даъватшудагонро шунида, маводи парвандаро таҳлилу таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Абдурасулов А. бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў 18 сол дар корхонаи гази шаҳри Исфара, ки тобеи Умури истеҳсолии қубурҳои гази магистралии Фарғонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон «ФЛПУМГ-и Узтрансгаз» карор дошт, кор кардааст.
Дар моҳи феврали соли 2006 корхонаи
мазкур аз тобеъияти «ФЛПУМГ-и Узтрансгаз» ба тобеъияти «Тоҷикгаз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
мегузарад ва ў низ ба вазифаи «оператор»-и дараҷаи 5-уми нуқтаи газтақсимкунии ҶСНК
Исфарагаз ба кор гузашта, дар он то охири моҳи июли соли 2006 фаъолият
намудааст. Баъдан бо сабаби маъюби гурўҳи 2-юм эътироф шуданаш моҳи августи
соли 2006 ба нафақа баромада, ба ў ба андозаи 22 сомонию 80 дирам нафақаи ҳадди
ақали маъюбӣ таъин намудаанд. Аз маблағи нафақаи таъиншуда қаноатбахш
нагардида, соли 2006 ва солҳои минбаъда як чанд маротиба ба Раёсати ҳифзи иҷтимоии
шаҳри Исфара муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки нафақаи ўро аз рўи собиқаи меҳнатиаш
таъин намоянд. Аммо Раёсати мазкур талаби ўро қонеъ намекунад. Комиссияи шаҳрӣ
оид ба таъмини нафақа аризаи навбатии ўро баррасӣ намуда, бо сабаби он, ки
корхонаи хориҷии ў дар он фаъолияткарда ба мақомоти ваколатдор андози иҷтимоӣ
пардохт накардааст, бо протоколи худ аз 27 апрели соли 2009 талаби ўро рад
намудааст. Оид ба ҳамин масъала ба Суди шаҳри Исфара муроҷиат менамояд, вале
Суд низ бо назардошти талаботи банди «а» моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
25 июни 1993 №796 «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
яъне бо сабаби ба ҳисоби мақомоти ваколатдор напардохтани ҳаққи суғурта даъвои
ўро рад мекунад. Суди вилояти Суғд низ шикояти кассатсионии ўро бо асоси дар
боло зикршуда рад карда, ҳалномаи Суди шаҳри Исфараро бе тағйир монондааст. Ҳамин
тавр, шаҳрванд Абдурасулов А. ба қарори Раёсати ҳифзи иҷтимоии шаҳри Исфара, ҳалномаю
таъиноти судҳои зикргардида розӣ нашуда, бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат
намуда, дар он қайд менамояд, ки муқаррароти банди а) моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 25 июни 1993 №796 «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон», ки тибқи он «шахсоне, ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар
асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо,
кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар колхозҳо
ва дигар кооперативҳо кор мекунанд, ба шарте, ки корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти
ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд», ба талаботи моддаҳои 10, 14 ва
39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 20, 23, 258, 259
ва 260 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд, зеро меъёри
номбурда, ҳуқуқу кафолатҳои конститутсионии ў ва дигар шаҳрвандонро ба
таъминоти иҷтимоӣ поймол ва маҳдуд намудааст. Ба андешаи ў, дар вақти
мухолифати қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
пешбининамудаи Конститутсия бевосита амалӣ мешаванд, инчунин тибқи қисми 3
моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои
шаҳрвандон танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ,
ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».
Шарти гузоштаи банди а) моддаи 3 Қонуни зикршуда ба ў ва дигар шаҳрвандон
имконият намедиҳад, ки онҳо ҳуқуқи конститутсионии худро ба кафолати таъмини иҷтимоӣ
пешбининамудаи моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «Ҳар
шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум
шудан аз сарпараст ва мавриди дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати
таъмини иҷтимоӣ дорад», ба амал бароранд. Ҳамчунин номбурда қайд менамояд, ки ҳуқуқи
конститутсионии ў ба таъмини нафақа аз талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии
эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ки тибқи талаботи моддаи 10
Конститутсия онҳо қисми тарикибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба онҳо мутобиқат надошта бошанд, санадҳои ҳуқуқии
байналмилалӣ амал мекунанд. Бинобар ин, дар вазъияти ба амаломада на вай, балки
мақомоти давлатие, ки ҳуқуқи санҷидану тибқи талаботи қонунгузории андоз
масъулияти ба роҳ мондани фаъолияти андозсупории корхонаҳои гайрирезидентиро
дар ҳудуди Тоҷикистон доранд, ҷавобгар мебошанд. Мебоист онҳо нисбати ҳуқуқҳои
шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар чунин корхонаҳо фаъолият менамоянд, чораҳои
дахлдор меандешиданд. Бо ин назардошт, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
хоҳиш кардааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз
карда, мутобиқати банди а) моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба талаботи моддаҳои 10, 14
ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 20, 23, 258,
259 ва 260 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд. Баъдан шаҳрванд
Абдурасулов А. тавассути намояндаи ваколатдори худ адвокат Амакҷонов З. бо
дархости иловагӣ ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карда, талаби худро нисбатан
васеътар ифода намуда, аз Суди конститутсионӣ инчунин муайян намудани мутобиқати
банди а) моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба моддаҳои 5 ва 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии
Тоҷикистон, моддаҳои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаҳои
36, қисмҳои 2, 3 моддаи 46 ва моддаи 161 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
низ хоҳиш кардаааст. Файзиев М –адвокат, намояндаи ваколатдори шаҳрванд Абдурасулов
А. талаби дар дархостҳои Абдурасулов А. ва намояндаи пешинаи ў адвокат Амакҷонов
З-ро дар рафти мурофиаи судии конститутсионӣ пурра дастгирӣ намуд. Суди
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи
Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў адвокат З. Амакҷоновро ҳаматарафа таҳлил
намуда, қайд менамояд, ки яке аз муқаррароти муҳими санадҳои ҳуқуқии
байналмилалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ -ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва
давлати иҷтимоӣ, инчунин ба ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии
арзанда ва инкишофи озодона ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар моддаи 22 Эъломияи
умумии ҳуқуқи башар, ки бо қатъномаи 217 А(III) Ассамблеяи генералии СММ аз 10
декабри соли 1948 қабул шудааст, пешбинӣ гардидааст, ки «ҳар як инсон ҳамчун
узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ ва татбиқи ҳуқуқ барои шараф ва инкишофи
озодонаи шахсияти ў дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба воситаи саъю
кўшиши миллию ҳамкориҳои байналмилалӣ мутобиқи сохтор ва имкониятҳои ҳар як
давлат ҳақ дорад».
Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки бо қатъномаи
2200 А(ХХI) Ассамблеяи генералии СММ аз 16 декабри соли 1966 қабул ва аз тарафи
Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 1999 тасдиқ шудааст, дар моддаи 9 пешбинӣ
менамояд, ки «Давлатҳои Ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуки ҳар инсонро ба
таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла суғурати иҷтимоӣ эътироф мекунанд». Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо назардошти муқаррароти зикршудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии
умумиэътирофшуда дар Конститутсияи худ вазифаи давлат ва халқи Тоҷикистонро
бунёди ҷомеаи адолатпарвар эълон намуда, дар қисми якуми моддаи 1 муқаррар
намудааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити
зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон як қатор қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул
карда шудаанд, ки онҳо ба танзим ва татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон
ба ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидаанд. Қонуни мазкур тавассути додани нафақаҳои меҳнатию
иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқи таъминоти моддиро кафолат дода, ягонагии шарту
меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзои колхозҳо ва дигар
категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд. Дар моддаи 1 ва 2 Қонуни зикрёфта
ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини нафақаи давлатӣ ва намудҳои нафақа, ки шаҳрвандон
вобаста ба ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун ба гирифтани онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд,
пешбинӣ шудааст. Яке аз шарти муҳими пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақаи меҳнатӣ, ки
аз талаботи банди а) моддаи 3 Қонун бармеояд, ин ҳатман ба мақомоти ваколатдор ҳаққи
суғурта пардохт намудани корхонаю ташкилотҳо ба шумор меравад. Чунин шарт ва
талабот ба тамоми намуди фаъолияти меҳнатию касбӣ ва табақаҳои ҷамъиятӣ якхела
тааллуқ дорад. Қонунгузор ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, дар моддаи 8 Қонуни
зикршуда, ки он ба маблағгузорӣ, таъинот ва манбаи пардохти нафақа бахшида
шудааст, махсус таъкид менамояд, ки «нафақа аз мақомоти ваколатдор дода
мешавад».
Талаботи моддаи мазкур бори дигар шаҳодати дурустии шар ту шароити дар банди а) моддаи 3 Қонуни мавриди баҳс карордодашуда буда, тақвияти он аст, ки мақомоти ваколатдор ба пардохти ҳаққи суғурта ниёз дорад ва пардохти саривақтии ҳаққи суғурта кафолати татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таъминоти иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Бо ин назардошт, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки банди а) моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, зеро барои татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба таъминоти иҷтимоӣ аз тарафи давлат ҳамин гуна тартиботи ҳуқуқӣ муқаррар шудааст. Дар дархости худ шаҳрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакҷонов З. аз Суди конститутсионӣ, инчунин муайян намудани мутобиқати банди «а» моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба моддаҳои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаҳои 20, 23, 36, қисмҳои 2, 3 моддаи 46, моддаҳои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ талаб намудаанд, ки чунин талаб, яъне муайян намудани мутобиқати қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест. Аз ин рў, Суди конститутсионӣ мурофиаи судии конститутсиониро нисбати ин талаби гузоштаи шаҳрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакҷонов З. бинобар дахл надоштан ба салоҳияташ қатъ менамояд. Зимни барассии масъала муайян гардид, ки корхонаи «Узтрансгаз», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода нашудааст, корхонаи ғайрирезидентӣ ё хориҷӣ мебошад ва тибқи талаботи қисми 2 моддаи 20 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон он бояд ба қайди назорати андоз гирифташуда, ба мақомоти ваколатдор ҳақки суғурта пардохт менамуд. Зеро тибқи моддаи 258 Кодекси зикршуда андози иҷтимоӣ маблағсупории ҳатмие мебошад, ки он аз ҷониби супорандагони андози иҷтимоӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз музди меҳнат ё дигар манбаи андоз пардохт мешавад.
Мувофиқи моддаи 259 бошад супорандагони андози иҷтимоӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ-корфармоён, аз ҷумла муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳое мебошанд, ки ба шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки ҳамчун коргарони кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, музди кор медиҳанд. Бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи 36 ва моддаи 260 Кодекс низ нозироти андозро барои саривақт бақайдгирии андозсупорандагон ва баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ масъул гардонидааст. Ҳамин тариқ, мақомоти нозироти андоз дар вилояти Суғд бояд муассисаи доимии корхонаи «Узтрансгаз»-ро ба қайд гирифта, пардохти саривақтии ҳаққи суғуртаро аз корхонаю ташкилотҳо назорат ва таъмин менамуд. Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ диққати роҳбарияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба бартараф намудани камбудию норасогиҳо ва такмили масъалаҳо вобаста ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар муассисаву ташкилотҳои ғайрирезидентӣ фаъолият менамоянд,ҷалб менамояд. Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки шаҳрванд Абдурасулов А. дар сурати набудани монеаҳои ҳуқуқӣ метавонад нисбати қарори Раёсати ҳифзи иҷтимоии шаҳри Исфара ва ҳалномаю таъиноти судҳои дар боло зикршударо ба тариқи назоратӣ ба мақомоти дахлдори судӣ шикоят намояд. Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 32, 36, 46, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1.Банди «а» моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи моддаҳои 5, 10, 14, 17, 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2. Мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдораш Амакҷонов З. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди «а» моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаҳои 20, 23, 36, қисмҳои 2, 3 моддаи 46, моддаҳои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набуданаш қатъ карда шавад. 3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва таҳкими қонунгузории мамлакат дар масъалаи зикршуда чораҳои дахлдор андешанд. 4. Шаҳрванд Абдурасулов А. дар сурати мавҷуд набудани монеаҳои ҳуқуқӣ метавонад нисбати қарори Раёсати ҳифзи иҷтимоии шаҳри Исфара, ҳалномаи Суди шаҳри Исфара аз 4 сенябри соли 2009 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 27 октябри соли 2009 ба тариқи назоратӣ ба мақомоти дахлдори судӣ шикоят намояд. 5. Қарор қатъӣ буда, аз вақти эълон намуданаш эътибор пайдо мекунад ва нисбати он шикоят оварда намешавад. 6. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М.
ТАЪИНОТҲОИ СУДИ
КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Шаропов К. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 қисми 4 моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба моддаҳои 1, 5 ва қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 22 апрели соли 2010
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р., дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости шаҳрванд Шаропов Камолиддин «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 қисми 4 моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба моддаҳои 1, 5 ва қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаропов К. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки мақсади муроҷиати ў ба Суди конститутсионӣ ин ҳифз намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ ва шаҳрвандоне мебошад, ки онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд ва баъдан бо мурури замон доғи судии онҳо расман барҳам хурда ё бардошта шуда бошад ҳам, аммо қонунгузорӣ имконияти бевоситаи дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ иштирок намудани онҳоро маҳдуд намудааст.
Аз ҷумла қайд менамояд, ки муқаррароти банди 4 қисми 4 моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ки тибқи он «шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд, новобаста аз гузаштани мўҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон» ҳуқуқи ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ҳуқуқи номзад шуданро надоранд, ба моддаҳои 1, 5 ва қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошад. Зеро тибқи талаботи қисми 4 моддаи 27 Конститутсия танҳо «шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд». Барҳам хўрдан ё бардоштани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад. Бинобар ин шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанду дар асоси талаботи бандҳои «г» ва «д» қисми 3 моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доғи судиашон барҳам хўрдааст ё бардошта шудааст, мебояд бе маҳдудият дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ширкат дошта бошанд. Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионӣ, талаб менамояд, ки нисбати масъалаи дар дархости ўгузошташуда мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда,мутобиқати банди 4 қисми 4 моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба моддаҳои 1, 5 ва қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шавад. Суди конститутсионӣ дархости Шаропов К.-ро ҳаматарафа омўхта, қайд менамояд, ки номбурда субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёфта, талаби дар дархост пешниҳодшуда ба салоҳияти Суди конститутсионӣ тобеъ мебошад. Аммо новобаста аз ҳолатҳои зикршуда, дархост аз ҷиҳати шакл ва мазмун ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгўй нест, зеро он ба Суди конститутсионӣ дар як саҳифа ва бе замима намудани ҳуҷҷатҳои лозима ва супоридани боҷи давлатӣ ворид гардидааст. Муроҷиаткунанда дар дархост бояд номи Суди конститутсионӣ, ном, макон, суроға ва дигар маълумоти зарурӣ дар бораи шахси муроҷиаткарда, шахси мансабдоре, ки санади меъёрии санҷидашавандаро имзо кардааст ё баровардааст, ҳолатҳое, ки тараф талаб ва далели худро ба онҳо асос мекунад ва фактҳои овардаи онҳоро тасдиқ менамояд зикр гардад, номи аниқ, рақам, таърихи қабул, манбаи нашр ва дигар маълумотҳо оиди санади меъёрии мавриди баҳс қароргирифта, асоснокнамоии мушаххаси мавқеи дархостдиҳанда оиди ғайриконститутсионӣ будани санади меъёрии мавриди баҳс қароргирифта, моҳияти талаб, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонуни конститутсионӣ, ки барои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ҳуқуқ медиҳанд, номгўи ҳуҷҷатҳои замимашаванда ва рўйхати шахсоне, ки ба Суди конститутсионӣ даъват карда мешаванд, пешбинӣ намояд. Дар ҳар ҳолат ба дархост бояд нусхаи матни санади меъёрӣ, ки конститутсионӣ будани он мавриди баҳс қарор гирифтааст, замима гардида, ба Суди конститутсионӣ ба миқдори на камтар аз 10 нусха ва бо супоридани боҷи давлатӣ пешниҳод гардад. Риоя нашудани талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рад карда шудани қабули дархост барои баррасӣ дар Суди конститутсионӣ асос мегардад. Дар асоси ҳолатҳои нишондодашуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Шаропов К. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 қисми 4 моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба моддаҳои 1, 5 ва қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набуданаш рад карда шавад. 2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест. 3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.
Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов А. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати амалу рафтори шаҳрванд Fафуров ф.F. ба қонунҳо ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддаҳои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе «2» июни соли 2010
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионӣ Назаров М., судяҳо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р., дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ М. Назаровро оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов А. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати амалу рафтори шаҳрванд Fафуров Ф.F. ба қонунҳо ва Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддаҳои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Ҳасанов А.Ҳ. ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки Суди ноҳияи Шоҳмансур даъвои ў ва даъвои шаҳрванд Ф.F. Fафуровро дар бораи тўҳмату таҳқир ва паст кардани шаъну шарафи онҳо дида баромада, онро ба манфиати Гафуров Ф.F. ҳал намуд.
Шикояти кассатсионии ў аз болои ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз тарафи Суди шаҳри Душанбе низ бе қаноат мононда шуд. Ҳасанов А. Ҳ. аз қарорҳои баровардаи судҳои зикршуда норозӣ буда, аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки рафтору амали шаҳрванд Fафуров Ф.F.-ро, ки бо мақолаҳои беасосаш шаъну шарафи ў ва дигар кормандони масъўли мақомоти давлатиро, ки гўё онҳо бар зарари давлат бо сармоягузории хориҷӣ ба коркард ва истихроҷи тилло дар корхонаи КМ «Зарафшон» сару кор доранд, паст задааст, мавриди баррасӣ қарор дода, мутобиқати онҳоро ба қонунҳо ва Конститутсия муайян намояд. Инчунин ў аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки ҳалномаи қабулнамудаи судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Шодиев Ш. ба моддаҳои 3 ва 5 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ дониста шаванд. Суди конститутсионӣ дархост ва дигар маводи ба он замимашударо омўхта, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати онҳо бо асосҳои зерин рад менамояд: масъалаи дар дархост гузоштаи Ҳасанов А.Ҳ., аз қабили муайян намудани мувофиқати амалу рафтори шаҳрванд Fафуров Ф.F. ба қонунҳо ва Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддаҳои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ буда наметавонад, зеро тибқи банди 6 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ ҳуқуқ доранд оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, муроҷиат намоянд.
Бинобар ин, бо назардошти гуфтаҳои боло мувофиқи моддаҳои 14, 37, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов А. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати амалу рафтори шаҳрванд Fафуров Ф.F. ба қонунҳо ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддаҳои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансубият надоштанаш рад карда шавад. 2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад. 3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М.
Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости маҳкумшуда Мирзоев Ғ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукму таъинот ва дигар санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 4 июни соли 2010
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионӣ Назаров М., судяҳо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р., дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судя Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости маҳкумшуда Мирзоев Ғ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукму таъинот ва дигар санадҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Маҳкумшуда Мирзоев Ғ.Р. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки мақомоти тафтишоти пешакии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ўро барои 60 лаҳзаҳои ҷинояткории дар 172 моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда айб эълон намуда, кори ҷиноятияшро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро ба сифати суди марҳилаи аввал баррасӣ намуда, ўро бо ҳукми худ аз 11 августи соли 2006 якумра аз озодӣ маҳрум кард. Дархостдиҳанда айбҳои ба ў эълонгашта ва ҳукми номбурдаро ғайриқонунӣ ҳисобида, қайд менамояд, ки таҳқиқбаранда, фаттиш, прокурор ва судя вазифадоранд, ки ҳуқуқу озодиҳои шахсро дар тамоми давраҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ ҳимоя намоянд. Ҷиҳати татбиқи онҳо шароити заруриро муҳайё намуда, барои қонеъ гардонидани талаботи қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ чораҳои дахлдор андешанд. Инчунин онҳо ўҳдадоранд, ки ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дақиқ ва ҳатмӣ риоя намоянд. Мутаассифона ҳам дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ ва ҳам дар мурофиаи судӣ ҳангоми таҳқиқу баррасии кори ҷиноятияш қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ риоя нагаштанд. Нисбати далелҳои пешниҳоднамудаи ў ва ҳимоячиёнаш оиди бегуноҳиаш беэътиноӣ зоҳир гардида, айби ғайриқонунии ба ў эълонкардаи мақоми тафтишоти пешакиро, ки дар суд тасдиқи худро наёфт, бидуни тағйирот рўбардор намуда, ба ў ҳукми беасос ва ғайриодилона баровард. Дар ин иртибот, дархостдиҳанда Мирзоев Ғ.Р. қонунвайрокуниҳое, ки ба ақидаи ў дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии парвандаи ў ҷой доштанд шарҳу эзоҳ дода, бо хулоса омад, ки фақат Суди конститутсионӣ метавонад қонуншиканиҳои дар вақти баррасии парванда роҳдодаи судҳои умумиро бартараф намуда, адолати судиро барқарор намояд. Бо ин назардошт, аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки: — ба қонунӣ будани ҳукми Коллегияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷиноятӣ дар хусуси ба ў таъин намудани ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, таъинотҳои марҳилаҳои гуногуни судӣ, ки бар хилофи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў татбиқ намуда, нисбаташ ҳукми айбдоркунанда бароварданд, баҳои ҳуқуқӣ диҳад; — дар ҳолати тасдиқ шудани қонуншиканиҳо Суди конститутсионӣ барои бекор намудани ҳукм ва аз нав пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои навошкоршуда эътирози худро баён карда, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда адолати судиро барқарор намояд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи пешниҳодшударо пурра ва ҳаматарафа омўхта, ба хулоса омад, ки оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дахл надоштани талабҳои дархости Мирзоев Ғ.Р. рад намояд. Тибқи муқаррароти банди 6 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «шаҳрвандон оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушахаси ҳуқуқӣ, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушахаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда» метавонанд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд. Яъне Суди конститутсионӣ мутобиқати қонун, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии судҳои зикршударо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд. Дуруст ё нодуруст татбиқ шудани қонун аз тарафи судҳои номбаршуда, санҷиши асоснокии ҳукму таъинот ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба ҳаракатҳои тафтишотии шахсони ваколатдори мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ мувофиқан ба салоҳияти Судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Дар асоси ҳолатҳои нишондодашуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости маҳкумшуда Мирзоев Ғ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукму таъинот ва дигар санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансубият надоштанаш рад карда шавад. 2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест. 3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М.
Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд Муҳитдинов Л. «Дар хусуси ҳалли баҳси байни мақомоти давлатӣ оид ба муқаррар намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бамиёномада, ин- чунин муайян намудани ҳуқуқи соҳибмулкии фарзандони волидай- ни фавтидае, ки амволашон дар вақти барҳаёт буданашон ба қайд гирифта нашудааст»
ш. Душанбе 5 июни соли 2010
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раи- сикунанда: Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионӣ Назаров М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Одинаева Р., дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ М. Назаровро оид ба муроҷиати иҷрокунандаи вази- фаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд Муҳитдинов Л. «Дар хусуси ҳалли баҳси байни мақомоти давлатӣ оид ба муқаррар намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бамиёномада, инчунин муайян намудани ҳуқуқи соҳибмулкии фарзандони волидайни фавтидае, ки амволашон дар вақти барҳаёт буданашон ба қайд гирифта нашудааст», шунида,
м у а й я н к а р д:
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд Л. Муҳитдинов ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки аз оғози соли 2010 сар карда, дар миёни мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд, Раёсати адлияи вилоят, про- куратураи ноҳия, идораи нотариалии ноҳия ва Суди ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд оид ба тартиби бақайдгирии ҳуқуқи молу мулки ғайриманқул ва дар заминаи он муайян намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ баҳс ба вуҷуд омадааст, ки он боиси нигаронии шаҳрвандони корафто- да гардидаст. Муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба масъалаи мазкур аз тарафи мақомоти зикршуда ҳалли дурусти худро намеёбад. Бо қарори Раиси ноҳия аз 6 январи соли 2005 №3 баҳри ислоҳи ин масъала Комиссия оид ба муқаррар намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқул таъсис гардида, бақайдгирии амволи ғайриманқул ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади муайян намудани қонунӣ будани ташкили комиссия ва тартиби ҷоришудаи бақайдгирии амволи ғайриманқул ба унвони Раёсати адлияи вилояти Суғд мактуб ирсол гардида, баҳои ҳуқуқии масъалаи зикршуда талаб карда шуд, ки қарори зикршудаи Раиси ноҳия ва амалҳои комиссияи таъсисдодашуда мавриди эроди Раё- сат қарор нагирифтанд. Раиси Суди ноҳия дар мактуби ҷавобии худ аз 4 январи соли 2007 №65 қайд намудааст, ки масъалаи мазкур предмети баррасии суд нест, чунки дар он баҳс вуҷуд надорад. Ҳамин тариқ, Раёсати адлияи вилоят, прокуратура, нотари- ат ва суди ноҳия фаъолияти панҷсолаи комиссияи таъсисдодашу- даи ноҳиявиро дуруст шуморидаанд. Аммо прокуратураи вилоят ба қарорҳои иҷроркунандаи вазифаи Раиси ноҳия оид ба тасдиқи санадҳои комиссияи ноҳиявӣ дар хусуси муайян намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқули шаҳрвандон эътироз оварда, бекор кардани онҳоро талаб намудааст. Бинобар ин, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш менамояд, ки ба ҳалли дурусти баҳси байни мақомоти гуногуни ҳуқуқӣ оид ба муқаррар намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба миёномада, инчунин дар бораи муайян намудани ҳуқуқи соҳибмулкии фарзандони волидай- ни фавтидае, ки амволашон дар вақти барҳаёт буданашон ба қайд гирифта нашудааст, дастур диҳад. Суди конститутсионӣ муроҷиат ва маводи ба он замимашударо мавриди омўзиш қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии кон- ститутсиониро нисбати он бо асосҳои зерин рад менамояд: аввалан муроҷиат ва талаби дар он гузошташуда ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансубият надорад, зеро мувофиқи муқаррароти моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конс- титутсионӣ оид ба натиҷаи амал ё иҷрои кори аз тарафи ин ё он мақомот баанҷомрасида, ҳуқуқи додани дастурро надорад; баъдан, роҳи ҳалли масъалаи ба миён гузошташуда бо қонун- гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба танзим дароварда шудааст. Аз ҷумла, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №375 «Дар бораи ба қайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» тамоми масъалаҳои вобаста ба қайдгирии давла- тии молу мулки ғайриманқул мавриди танзим қарор дода шудаанд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентяб- ри соли 2008 №456 «Дар бораи муайян намудани мақомоти махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мақоми мах- суси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии наз- ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Баъдан, мақоми зикршуда вазифадор карда шудааст, ки дар мўҳлати се моҳ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ, инчунин оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи так- мили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 марти соли 2010 №832 дар заминаи Аген- тии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аз ҷавобномаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2010 №1/13.02. 585, ки дар ҷавоби мактуби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2010 сол №325/1-3 ирсол гардидааст, бармеояд, ки то ҳанўз ташкилоти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул муайян карда нашудааст. Бинобар ин, тибқи талаботи банди 3 мод- даи 68 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии дав- латии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар давраи гузариш ва то оғози фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ, бақайдгирии давлатиро мақомоти (ташкилотҳои) давлатие, ки дар лаҳзаи қабули Қонуни мазкур анҷом медоданд, амалӣ месозанд. Аз ҷавобномаи мазкур маълум гардид, ки гарчанде аз вақти қабули Қарори дар боло зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як солу ҳашт моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, лекин бо сабабҳои номаълум супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар мўҳлати се моҳ ташкил намудани ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ амалӣ нашудааст. Ин ҳолат бо- иси рух додани бесарусомониҳо ва нодурустфаҳмиҳо дар масъалаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, баҳсҳо дар байни мақомоти гуногуни давлатӣ ва сарсонию саргардонии шаҳрвандон гардидааст. Бинобар ин, Суди конститутсионӣ дар баробари рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ, инчунин тибқи талаботи қисми 5 моддаи 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати роҳбарияти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳолатҳои ошкоргардида ҷалб намуда, аз роҳбарияти Кумитаи мазкур бартараф намудани камбудиҳои зикршударо талаб менамояд. Ҳамин тавр, бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, мувофиқи моддаҳои 14, 37, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд Муҳитдинов Л. «Дар хусуси ҳалли баҳси байни мақомоти давлатӣ оид ба муқаррар намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба миёномада, инчунин муайян намудани ҳуқуқи соҳибмулкии фарзандони волидай- ни фавтидае, ки амволашон дар вақти барҳаёт буданашон ба қайд гирифта нашудааст», бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансубият надоштанаш рад карда шавад. 2. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2008 №456 «Дар бораи муайян намудани мақомоти махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», ки тибқи он мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул маҳсуб меёбад, дар мўҳлати кўтоҳтарин ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ ва ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд. Дар мўҳлати як моҳ аз хусуси чораҳои андешида ба Суди конститутсионӣ хабар диҳад.
3. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.
4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М.
Т А Ъ И Н О ТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Табаров Х.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 162, қисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 118 ва қисми 5 моддаи 153 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 6 июни соли 2010
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Мустафоқулов F.Ш. дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раи- си Суди конститутсионӣ Назаров М.-ро оид ба пешниҳоди судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Табаров Т.Х.«Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 162, қисми 2 мод- даи 231 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 118 ва қисми 5 моддаи 153 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мод- даи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Табаров Х.Т. бо пешниҳод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки тибқи моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробар эълон шуда бошад ҳам, аммо кафолати ин баробарӣ на дар ҳама соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи мурофиавӣ барои содир намудани як амал риоя карда мешавад. Дар робита ба ин, дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 292 Кодекси муро- фиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дода шудааст, барои риоя накардани тартибо- ти маҷлиси судӣ ва итоат накардан ба амри қонунии раисикунан- да шахси вайронкунандаи тартибот огоҳ карда шуда, дар сурати такрор ёфтани ин амалҳои зикршуда вай аз толори маҷлис берун ё нисбати ў ба андозаи то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 70 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад. Мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 162 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 апрели соли 2008 мав- риди амал қарор дода шудааст, суд ҳуқуқ дорад нисбати ашхосе, ки тартиботи маҷлиси судиро вайрон мекунад, ба андозаи то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 350 сомонӣ ҷарима таъин намояд. Ҳамзамон дар қисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки барои ба таъиноти хусусии суд ё судя саривақт иттилоот надодани шахсони мансабдор онҳо ба андозаи то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста мешаванд. Мувофиқи талаботи қисми 5 моддаи 153 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ, Суди иқтисодӣ метавонад шахсеро, ки дар маҷлиси судӣ тартибро вайрон мекунад ё ба амрҳои қонунии раисикунанда итоат намекунад, бо тартиб ва ан- дозае, ки дар боби 11 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, ҷарима бандад. Дар моддаи 118 боби 11 бошад муқаррар шудааст, ки ҷарима- бандии судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад. Ҳаҷми ҷаримаи судӣ наме- тавонад нисбати шаҳрвандон аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои шахсони мансабдор – бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ташкилотҳо – сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Тибқи моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷум- ҳурии Тоҷикистон бошад, барои аз ҷониби шахси мансабдор бе баррасӣ монондани таъинот (қарор)-и хусусии суд (судя) ё наандешидани чораҳо вобаста ба иҷрои онҳо, инчунин саривақт ҷавоб надодан ба таъинот (қарор)-и хусусӣ, ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамин тариқ, ба андешаи Табаров Х.Т. ҳангоми таҳия ва қабули кодексҳои дар болозикршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи пешбининамудаи меъёри моддаи 17Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ба эътибор гирифта нашудааст ва аз ин рў, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш менамояд, ки меъёрҳои номбаршуда ба та- лаботи моддаи 17 Конститутсия мутобиқ гардонида шаванд. Суди конститутсионӣ талаби гузоштаи Табаров Х.Т.-ро ҳаматарафа таҳлил намуда, гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Назаров М.-ро шунида, оғози мурофиаи судии конститутсиониро бо асосҳои зерин рад менамояд: Судяи Суди гарнизони шаҳри Душанбе Табаров Х. Т. нисбат ба масъалаи пешниҳоднамудаи худ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда наметавонад, зеро тибқи талаботи банди 9 мод- даи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд ё татбиқ менамоянд, ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд. Яъне, Табаров Х.Т. моддаҳои мавриди баҳс қарордодаи кодексҳои зикршудаи мурофиавиро ҳамчун судя дар парвандаи мушаххас мавриди татбиқ қарор надодааст. Аз ин рў, ў субъекти абстракт набуда, балки субъекти мушаххаси муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ба шумор меравад. Аз тарафи дигар пешниҳоди Табаров Х.Т. аз ҷиҳати шаклу маз- мун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон», ки барои пешниҳоду дархостҳои субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст, мувофиқат намекунад. Вобаста ба ин масъала Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди омўзиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии мазкур, Суди конститутсионӣ бо мақсади ҳимояи шаъну эътибори судяҳои Суди конститутсионӣ, иштирокчиёни мурофиа ва таъмини рафти мўътадили мурофиаи судӣ метавонад шахсро аз маҷлис дур карда, шахсони мансабдорро дар ҳаҷми аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шаҳрвандонро аз як то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва шахсони ҳуқуқиро ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима намояд. Гарчанде, ки оғози мурофиаи судии конститутсионӣ нисбати пешниҳоди судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Табаров Х.Т. рад карда шуда бошад ҳам, лекин дар соҳаҳои ҳуқуқи мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалу кирдорҳои якхела андозаҳои гуногуни ҷаримабандӣ боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, Суди конститутсионӣ масъалаи пешниҳоднамудаи судя Табаров Х.Т- ро барои баррасӣ ба мақомоти қонунгузор фиристода, муайян намудан ё мувофиқи мақсад будан ё набудани чунин тартиботи ҳуқуқиро ба ў ҳавола менамояд. Ҳамин тавр, бо назардошти талаботи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14, 37, 40, 41, 42, ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Табаров Х.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 162, қисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 118 ва қисми 5 моддаи 153 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар нисбати масъалаи гузошташуда субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ набудани судя Табаров Х.Т. рад карда шавад.
2. Пешниҳоди судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Табаров Х.Т барои баррасӣ ва таҷдиди назар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад. 3. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад. 4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М.
НАВИДҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Н А В И Д Ҳ О И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
4-5 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15- солагии таъсисёбии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Мақомоти на- зорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори Конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва дар мавзўи «Конститутсия давлати навини тоҷиконро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд» суханронӣ намуд. Дар кори Конфронс Президенти Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) Ҷианни Букиккио, Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон- Раиси Суди конститутсионии Арманистон Арутюнян Г. Г., раисони Судҳои Конститутсионии Латвия, Литва, Молдова, Муғулистон, Раиси Шўрои Конститутсионии Қазоқистон, Раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳайати судяҳо аз Олмон, Федератсияи Россия, Эстония, Туркия, Украина, Озарбойҷон, коршиносони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, инчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони давлатӣ ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумони мамлакат, роҳбарон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаго- ни мақомоти адлия, роҳбарони мактабҳои олӣ, олимони варзидаи илми ҳуқуқ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма ишти- рок намуданд. Дар рафти Конференсия фаъолияти мақомоти назорати конс- титутсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии системаҳои ҳуқуқи муосир, наздикшавии қонунгузории миллии давлатҳо ва ташаккули фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалию минтақавӣ, нақши ин раванд дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷии соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ қарор дода шуд. Конфронс дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо),Барномаи «Дастгирии ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»- Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ ва Институти Кушода»- Фонди Бунёди Мадад дар Тоҷикистон доир гардид.
Маводи конференсия пурра дар шумораи чоруми Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва дастраси хонандагон мегардад.
26 октябри соли 2010 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 16 -солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсия асоси рушди давлати демократӣ» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони беш аз даҳ вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Мизи мудавварро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии То- ҷикистон М. Маҳмудов ифтитоҳ бахшида, фаъолияти давлати соҳиб- истиқлоли Тоҷикистонро дар зарфи 16 соли баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дод. Номбурда қайд намуд, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию фарҳангии мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиятҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Бо қабули Конститутсия ба ташаккули падидаҳои нави демократӣ, аз ҷумла ба таъсиси мақоми махсуси назорати конститутсионӣ-Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд. Муовини Раиси Суди конститутсионӣ М. Назаров ва мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳ.О. Ойев дар бораи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ, қабули қодексҳо ва қонунҳои нав ибрози назар намуда, аз ҷумла таваҷҷўҳи ҳозиринро ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», васеъ гардидани салоҳият ва доираи субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ҷалб намуданд. Дар идомаи сўҳбат, дигар коршиносони масоили ҳуқуқӣ оид ба қонунгузории амалкунанда ҷумҳурӣ андешаҳои хешро баён дошта, баргузории мизи мудавварро муфид арзёбӣ намуданд.
6 сентябри соли 2010 ба муносибати 19-умин солгарди Истиқ- лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Суди кон- ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи: «Истиқлолият ва рушди ҳокимияти судӣ» доир гардид. Дар кори мизи мудаввар Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш.О., Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоназаров С.А., Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёев С.Н., Декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Холиқов К.Н., олимону устодони факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои давлатӣ ва намояндагони дигар таш- килоту муассисаҳо ширкат варзиданд. Мизи мудавварро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ифтитоҳ бахшида, иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ тағйироти ҷиддии созанда ба миён омад ва таъсиси Суди конститутсионӣ низ яке аз дастовардҳои он ба шумор меравад. Саҳми он дар ҳифзи Кон- ститутсияи мамлакат, таъмини волоияти меъёрҳои он дар қаламрави давлат. инчунин дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд калон аст. Дар рафти конференсия 6 маърўзаҳо, аз ҷумла маърўзаи Салимзода Ш.О. дар мавзўи «Таҳаввули мақом ва нақши Прокурату- ра дар партави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ», маърўзаи Холиқов К.Н. дар мавзўи « Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон-бозёфти дав- раи истиқлол» ва дигарон аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар бо таваҷҷўҳи хос шунида шуданд. Масъалаҳои мавриди баррасӣ ва муҳокима қарордодаи мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиёни он муфид арзёбӣ гардиданд.
27-28 августи соли 2010 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи «Конститутсия – асоси инкишофи давлат» доир гардид. Дар кори Конференсия Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венет- сиании Шўрои Аврупо) Ҷианни Букиккио, Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Арутюнян Г. Г., раисон ва судяҳои мақомоти назорати конститутсио- нии зиёда аз 20 давлати ҷаҳон, намояндагони маъмурияти Прези- дент, Ҳукумат, Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони илм ва маориф, кормандони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конференсияи мазкур Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳмудов ва судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М.М. намояндагӣ доштанд. Иштирокчиёни конференсияро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хайра мақдам гуфта, дарназди онҳо бо маъ- рўза баромад намуд.
Дар ҷараёни кори он зиёда аз 30 маърўзаҳо оид ба нақши Конститутсия дар раванди танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи давлатдорӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шунида шуданд. Ҳозирин маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудовро дар мавзўи: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» бо мароқи том гўш карданд. Дар рафти конференсия М. Маҳмудов бо Президенти Комиссияи Венетсианӣ оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо Ҷианни Букиккио, Раисони Судҳои конститутсионии Ҷумҳуриҳои Молдова – Думитру Пулбере, Литва- Кестус Лапинскас, Латвия- Гунарс Кутрис, Муғулистон – Жамсаран Бямбадорж ва судяҳои Судҳои конститутсионии Ўзбекистон ва Булғория вохўрд, ки зим- ни вохўриҳо оид ба доираи васеи масъалаҳо ва таҷрибаи адолати судии конститутсионӣ табодули назар карда шуд.
12-15 июли соли 2010 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия Конференсияи 7-уми мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои Осиё дар мавзўи: «Қонуни интихобот» доир гардид, ки дар кори он раи сон ва намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз 40 давлатҳои Осиё ширкат варзиданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Конферен- сияи мазкур Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов намояндагӣ дошт. Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Ҷумҳурии Индонезия мўҳтарам Сусило Бамбанк Юдҳоёоно хайра мақдам гуфта, дар ҷараёни кори чоррўзаи он зиёда аз 40 маърўзаҳо оид ба нақши Конститутсия ва қонунҳои интихобот дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шунида шуданд. Ҳозирин маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудовро дар мавзўи: «Ҳифзи судии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар қонунҳои интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мароқи том гўш карданд. Дар рафти Конференсия М. Маҳмудов бо Раиси Суди конститут- сионии Ҷумҳурии Индонезия Муҳаммад Маҳфуд МД вохурд. Зим- ни вохурӣ ҳамкориҳои минбаъдаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия, ин- чунин масъалаи ҳамроҳшавии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё мавриди муҳокима қарор гирифт. М.Маҳмудов, инчунин бо раисон ва ҳайатҳои мақомоти назорати конститутсионии Қазоқистон, Ўзбекистон, Миср, Шри Ланка ва дигарон мулоқот намуда, оид ба доираи васеи масъалаҳо ва амалияи адолати судии конститутсионӣ табодули назар карда шуд.
Дар ин сафар М. Маҳмудовро ёрдамчии Раиси Суди конститутсионӣ Ғайбуллоев И.И. ҳамроҳӣ намуд.
8-12 июни соли 2010 дар шаҳри Валмонтони Италия Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи: «Ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон» бахши- да ба омодагӣ ба семинари І Авруосиёгӣ оид ба ҳуқуқи Римӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз давлатҳои Америкаи Лотинӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Руминия, Албания ва Италия иштирок намуданд. Дар кори конфронси мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмудов М.А. – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Али- зода З. – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд. Дар ҷараёни кори серўзаи конфронс зиёда аз 25 маърўзаву баромадҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи: «Принсипҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар анъанаҳои таърихии Тоҷикистон» шунида шуданд. Оид ба такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар давлатҳои худ мубодилаи афкор баргузор гардид. Дар рафти Конфронс вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода З. бо Раиси Суди конс- титутсионии Италия Франческо Амирантӣ баргузор гардид, ки ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои судҳои конститутсионии ду давлат ибрози андеша намуданд.
МУНДАРИҶА
Маҳмудов М.А. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 15 соли ташаккул ва рушд …………………………………………………………..5
Мустафо Назаров Риояи Қонуни забони давлатӣ дар фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ………………………………………………..15
Каримов К. М. Аз таърихи рушди институти захираи кадрҳо …………….. 24
Ҳошимов Д. Д. Мафҳуми объектҳои ҳуқуқи гражданӣ ………………………. 35
Қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
1) Оид ба дархости Кимсанов И. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 371 ва 372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 майи соли 2010 ……………………. 46
2) Оид ба дархостҳои шаҳрванд Абдурасулов А. ва намояндаи ваколатдори ў Амакҷонов З. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди а) моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 10, 14, 17 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1, 22, 23, 25 ва 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаҳои 20, 23, 36, қисмҳои 2, 3 моддаи 46, моддаҳои 161, 258, 259 ва 260 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 июни соли 2010 …………………………………………………………………………………………………………. 54
Таъинотҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
1) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Шаропов К. «Дар бораи муайян намуданимутобиқати банди 4 қисми 4 моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба моддаҳои 1, 5 ва қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 апрели соли 2010 ……………………………………………………………….. 64
2) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов А. Ҳ. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати амалу рафтори шаҳрванд Fафуров Ф.F. ба қонунҳо ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқати ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (судя Шодиев Ш.) аз 24 августи соли 2009 ба моддаҳои 3, 5 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 31, 84 ва 87 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 июни соли 2010 ………………………………………………………………………………… 68
3) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости маҳкумшуда Мирзоев Ғ.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати ҳукму таъинот ва дигар санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 июни соли 2010 ………………………………………………. 71
4) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд Муҳитдинов Л. «Дар хусуси ҳалли баҳси байни мақомоти давлатӣ оид ба муқаррар намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба амволи ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба миёномада, инчунин муайян намудани ҳуқуқи соҳибмулкии фарзандони волидайни фавтидае, ки амволашон дар вақти барҳаёт буданашон ба қайд гирифта нашудааст» аз 5 июни соли 2010 ………………….75
5) Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Табаров Х.Т. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 162, қисми 2 моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1, 4 моддаи 292 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 118 ва қисми 5 моддаи 153 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ва моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 июни соли 2010 …………………………………………………………………………………………….. 50
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ……………….. 86