Қарор аз рўи дархости шахрванд Муллочонова Ф.
Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз рўи дархости шаҳрванд Муллоҷонова Ф. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 22 майи соли 2015
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ѓаниев Ҷ.,
тарафҳо:
1. Шаҳрванд Муллоҷонова Ф. – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст ва адвокати ў – Ёров Б.;
2. Азимзода Т.С. – намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулкардаи он мавриди баҳс қарор дода шудааст.
Даъватшудагон:
1. Осимзода М. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Муродов Б. – раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Пулоди М.К. – муовини раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Нусратзода И. – муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Иномов А. – сардори Раёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Ҳотамбекова М.У. – сардори шуъбаи Раёсати назорати қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Турсунов Ш.Х. – сарнозири Сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Ҳасанов А.С. – сардори шуъбачаи амалӣ-маъмурии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Солиев А.У. – сармутахасиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Муллоҷонова Ф. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Муллоҷонова Ф. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ садамаи нақлиётии миёни автомашинаи шахсии ў тамѓаи «Тайота-Превиа» ва автомашинаи Қурбонов А. тамѓаи «Мерседес-Бенс», ки 14 октябри соли 2011 дар чорроҳаи кўчаҳои Рудакӣ-Бухорои шаҳри Душанбе рўй дода буд, бо айбдории ў ба расмият дароварда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои баррасӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод кардаанд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи маъмурии нисбати ў баанҷомрасидаро баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 7 июни соли 2012 ўро бо қисми 1 моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 175 сомонӣ ҷарима намудааст.
Муллоҷонова Ф. бо қарори зикршудаи суд розӣ нашуда, дар заминаи ҳолатҳои нав ошкоршуда бо ариза барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва баъдан, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди шаҳри Душанбе ва суди марҳилаи назоратӣ аризаи ўро беқаноат монондаанд.
Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки ў се нафар шоҳиди садамаи нақлиётиро пешниҳод кардааст, ки онҳо ҳамчун ҳолати навошкардашуда бояд аз тарафи суд ба инобат гирифта шуда, мавриди пурсиш қарор мегирифтанд. Аммо марҳалаҳои зикршудаи судӣ қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас карда, асосҳои пешниҳоднамудаи ўро бинобар ҳамчун ҳолати нав ошкоршуда муқаррар нашуданашон дар моддаи номбурдаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба инобат нагирифта, аз баррасӣ кардани аризаҳои ў худдорӣ кардаанд.
Муллоҷонова Ф. чунин мешуморад, ки тибқи амалияи мавҷуда яке аз роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии поймолшудаи шаҳрвандон, ин аз нав баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ошкор гардидани ҳолатҳои нав мебошад. Аммо ҳолатҳои овардаи ў аз тарафи марҳалаҳои судӣ бинобар дар қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ нашудан, ҳамчун асос барои аз нав сар кардани баррасии парванда ба инобат гирифта намешаванд.
Қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда, ҳолатҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
– дидаю дониста нишондоди бардурўѓ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, ки боиси қабули қарори ѓайриқонунӣ ё беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;
– амали ҷинояткоронаи суд, прокурор, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки боиси қабули қарори ѓайриқонунӣ ва беасос шудаанд ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) муқаррар шудаанд;
– аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани қонуне, ки суд, прокурор, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) зимни барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии мушаххас татбиқ намудаанд.
Ба андешаи муроҷиаткунанда, меъёри қисми 2 моддаи 197 Кодекси номбурда ҳуқуқҳои конститутсионии ўро ба ҳифзи судӣ ва ҳимояи шаъну шарафи инсонӣ, ки бо муқаррароти моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, банди 1 моддаи 14 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ кафолат дода шудаанд, маҳдуд месозад.
Бо дарназардошти ин, Муллоҷонова Ф. қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф шуморида, аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шуда, мувофиқати қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалияи судӣ ҳаматарафа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ба кафолати ҳифзи судӣ ва шаъну шарафи инсонӣ мавқеи марказиро ишѓол менамоянд.
Чунин кафолат аз хусусияти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў дар сатҳи Конститутсия арзиши олӣ эътироф шудаанд, маншаъ гирифта, бе амалӣ намудани он бунёди ҷомеаи воқеан адолатпарвару озод ѓайриимкон мебошад.
Кафолати амалишавии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва пешбурди одилонаи мурофиаи судӣ воситаи муҳими таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ, иҷрои бечунучарои расмиёти мурофиаи судӣ, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди суд ва қонун, амалишавии ҳуқуқ ва кафолатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, ҳамчунин имконияти шикоят намудан аз болои санадҳои судӣ ба шумор меравад, ки он тавассути муроҷиат ба мақомоти судӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ҷониби дигар дастраси ба адолати судӣ имконияти муқарраркардаи Конститутсия ва қонунҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқу мафиатҳои қонунии поймолшудаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва воситаи муҳими амалишавии уҳдадориҳои конститутсионии давлат дар назди шаҳрвандон ба шумор меравад.
Зеро тибқи моддаи 14 Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Моддаи 17 Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд кафолат дода, пешбинӣ менамояд, ки давлат ба ҳар кас ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Моҳияти ҳуқуқии Конститутсия дар зарурати таъмини кафолати ҳифзи судӣ ба ҳар шахс зоҳир ёфта, дар моддаи 19 пешбинӣ шудааст: «… Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».
Бинобар хусусияти ҳифзкунанда, барқароркунанда ва пешгирикунанда доштани ҳуқуқ ба кафолати ҳифзи судӣ, он мавриди танзими амиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ қарор дода шудааст.
Чунончи, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 дар моддаи 8 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».
Мутобиқи муқаррароти моддаи 14 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966: «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ў дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беѓаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад».
Ҳокимияти судӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд, дар қатори мурофиаи судии ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, инчунин фарогири муносибатҳои мурофиавии маъмурӣ мебошад, ки аз парвандаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бармеоянд ва тартиби пешбурди онҳоро қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз вазифаҳои асосии он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбад, дар қисми 1 моддаи 9 пешбинӣ менамояд: «Ба ҳар шахс ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниаш кафолат дода мешавад. Ҳар шахс метавонад оид ба ҳимоя кардани ҳуқуқҳои вайронгаштааш ба суд муроҷиат намояд ва ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».
Кодекси номбурда дар баробари ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ муқаррар кардани баррасии санадҳои судии марбут ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин дар қисми 2 моддаи 197 асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда пешбинӣ намуда, онҳоро мавриди танзими қонунӣ бахшидааст, ки онҳо ҳамчун идомаи мантиқии амалишавии ҳамаҷонибаи ҳуқуқи конститутсионии шахс ба ҳифзи судӣ ва воситаи муҳими барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда арзёбӣ карда мешаванд.
Ҳолатҳои нав ошкоршуда, ки қонунгузори зимни мавҷуд будани онҳо аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкуниро муқаррар кардааст, ба субъектони ҳуқуқ имконият медиҳад, ки бегуноҳии худро дар содир кардани ин ё он амалӣ бо қонунманъшуда бори дигар бо пешниҳоди далелҳои нав, ки зимни пешбурди парванда ва ё баррасии он дар мурофиаи судӣ маълум набуданд, ё маълум буда наметавонистанд собит намоянд.
Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми 1 моддаи 202 муқаррар менамояд: «Аз нав баррасӣ кардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба манфиати шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, бо ҳеҷ гуна муҳлат маҳдуд карда намешавад», ки ин меъёр низ воситаи ҳуқуқии таъмини бемамониати амалишавии кафолати ҳифзи судӣ дар ҳар маврид ба шумор меравад.
Қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дархосткунанда онро мавзўи баррасии судии конститутсионӣ қарор додааст, асосҳоеро пешбинӣ менамояд, ки онҳо ба сифати ҳолатҳои нав ошкоршуда маънидод гардида, зимни мавҷудияти онҳо, пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад аз нав сар карда шавад ва аз ин лиҳоз муқаррароти қисми 2 ин модда ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳуқуқи шахсро ба ҳимояи судӣ маҳдуд намояд, балки ба шахс имконият медиҳад, ки тавассути мубоҳисаҳои судӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бегуноҳии худро исбот намояд.
Ҳолатҳои мушаххасе, ки дархосткунанда ҳамчун ҳолати нав ошкоршуда ба зинаҳои судӣ бобати аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ манзур кардааст, ба эҳтимолияти тахминии ў асос ёфта, бинобар пешбинӣ нашудан дар муқаррароти қонун, наметавонанд аз ҷониби судҳо ҳамчун асос ва меъёри ҳуқуқӣ барои ба миён омадани оқибати мушаххаси ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шаванд. Зеро санадҳои судӣ наметавонанд ба эҳтимолияти тахминии муроҷиаткунанда асос ёбанд.
Суди конститутсионӣ, инчунин таъкид менамояд, ки қарорҳои суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), марбут ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ зимни мавҷуд будани ҳолатҳои нав, ки ҳамчун асос барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳайси меъёри мушаххаси татбиқи ҳуқуқ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ инъикос гардидаанд, бекор карда шаванд ва пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.
Аз ин рў, дар меъёри санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим нашудани ин ё он муқаррарот наметавонад ҳамчун конститутсионӣ ё ѓайриконститутсионӣ будани меъёри ҳуқуқӣ арзёбӣ гардад. Ин ҳолат, мумкин аст номукаммалии қонунгузорӣ ном бурда шавад ва бо дастрасии таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ тавассути ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ба инобат гирифта шавад ё қабули он рад карда шавад.
Бо дарназардошти ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меъёрҳои қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати онҳо ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси шубҳа ва баҳси муроҷиаткунанда қарор дода шудааст, поймол ва маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои шахсро ба ҳифзи судӣ ва ҳимояи шаъну шарафи инсонӣ ошкор накард. Меъёрҳои қисми 2 моддаи зикршудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои умумии муайянкунандаи асосҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда мебошанд. Онҳо дорои хусусияти ҳуқуқтатбиқкунӣ буда, зимни баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дархосткунанда аз ҷониби судҳо мавриди дастрасӣ ва татбиқ қарор дода шудаанд.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ менамояд.
Ҳамзамон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини принсипи конститутсионии кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ҷиҳати боз ҳам мушаххас ва мукаммал намудани ҳолатҳое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асос мегарданд, аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар қарор додани қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи мақсад мешуморад.
Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 34, 38, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
қ а р о р к а р д:
1. Қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 14, қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини принсипи конститутсионии кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ҷиҳати боз ҳам мушаххас ва мукаммал намудани ҳолатҳое, ки барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асос мегарданд, қисми 2 моддаи 197 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷдиди назар қарор диҳанд.
3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Ҳошимзода