Қарор дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон
Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе «4» феврали соли 2016
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Њошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ѓаниев Ҷ.,
Азимзода Т.С. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи тарафе, ки дар асоси пешниҳодаш мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст,
даъватшуда – Раҳимӣ Ф., намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М., хулосаи тараф ва баромади даъватшударо шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки лоиҳаи таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаҳои 9 ва 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.
Таѓйиру иловаҳои ба Конститутсия пешбинигардида тавсеаю тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар мамлакат, рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва боло рафтани авзои иқтисодию иҷтимоии онро инъикос карда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон арзёбӣ мегардад.
Ба андешаи муроҷиаткунанда зарурати ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсия, инчунин аз мушаххас намудани меъёрҳои он, аз ҷумла шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба шаҳрвандӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, масъулияти падару модар, интихоб ва таъин шудани аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тафсири Конститутсия, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулияти аъзои Њукумат ва судяҳо иборат буда, онҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳким ёфтани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд.
Лоиҳаи таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зерин пешниҳод гардидааст:
1. Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
– қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;
– қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
3. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд.».
4. Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 8:
– дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;
– қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблаѓгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.».
6. Дар моддаи 14:
– дар қисми дуюм калимаҳои «маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд;
– дар қисми сеюм калимаҳои «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд» ва «сохти конститутсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 15:
– қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рўзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.»;
– дар қисми дуюм пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад;
– қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».
8. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад.
9. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми чоруми моддаи 27 калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад.
12. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.».
13. Ба қисми сеюми моддаи 32 баъд аз калимаҳои «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» ва калимаҳои «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.
14. Қисми дуюми моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиѓу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.».
15. Дар моддаи 37 калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад.
16. Дар қисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 40:
– дар қисми якум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад;
– дар қисми сеюм калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шавад.
18. Дар қисми якуми моддаи 45 калимаҳои «Додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» мувофиқан ба калимаҳои «Супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 49:
– ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;
– қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»;
– қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;
– қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.».
20. Дар қисми сеюми моддаи 51 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ,» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» иваз карда шаванд.
21. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 56 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 61:
– дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шаванд;
– қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.».
23. Дар қисми дуюми моддаи 64 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад.
24. Дар моддаи 65:
– қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.»;
– қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.».
25. Дар моддаи 69:
– дар банди 7 калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда шаванд;
– банди 12 хориҷ карда шавад;
– аз банди 13 калимаҳои «бо пешниҳоди Шўрои адлия» хориҷ карда шаванд;
– дар банди 18 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;
– бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд.
26. Ба моддаи 71 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.».
27. Дар моддаи 73:
– қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аъзои Њукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»;
– қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, баъд аз калимаҳои «Аъзои Њукумат» калимаҳои «бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо» илова карда шаванд.
28. Дар қисми якуми моддаи 74 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
29. Номи боби шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«МАҚОМОТИ МАЊАЛЛИИ ЊОКИМИЯТИ ДАВЛАТЇ ВА ХУДИДОРАКУНЇ».
30. Дар моддаи 76 калимаҳои «Њокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 78:
– қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.»;
– дар қисми дуюм калимаи «марзӣ» ба калимаи «ҳудудӣ» иваз карда шавад;
– дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;
– дар қисми шашум калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад.
32. Дар қисми якуми моддаи 79 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад.
33. Дар моддаи 84:
– дар қисми сеюм калимаҳои «Тарзи ташкил» ба калимаҳои «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шаванд;
– дар қисми панҷум калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шавад.
34. Моддаи 85 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ў аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ў аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.».
35. Дар моддаи 86 калимаҳои «бо пешниҳоди Шўрои адлия» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шаванд.
36. Дар моддаи 89:
-қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ў аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.»;
– қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.»;
– қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, ба банди 1) баъд аз калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;
– қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад.
37. Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
38. Дар моддаи 93 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
39. Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
40. Дар МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛЇ:
-қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Њукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд».
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудааст, ки мувофиқати лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба он солҳои 1999 ва 2003-ум таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст.
Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ, дахлнопазир ва дар ин замина халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, онро ҷиҳати рушду таҳкими минбаъдаи давлатдории навин дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъулу вазифадор медонад.
Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ менамояд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Конститутсия ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти васеъ муҳайё карда, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ин ниҳодҳои демократӣ таъмин менамояд.
Таѓйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд. Онҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд, тақвият бахшида, дар маҷмўъ ба таҳкими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Бо дарназардошти меъёри конститутсионии асоси ҷамъият эътироф шудани оила, таѓйиру иловаҳо, масъулияти падару модарро барои таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиѓу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар баланд бардошта, мақсад аз онҳо фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон мебошад.
Бо ин таѓйиру иловаҳо ҳамчунин тартиби додани тафсири расмии Конститутсия, ки дар фаъолияти меъёрэҷодкунии давлат нақши муҳим дорад, равшан муайян мегардад.
Таѓйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, барои ташаккули минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меоранд ва идомаи мантиқии меъёрҳои амалкунандаи Конститутсия ба шумор мераванд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки таѓйиру иловаҳои ба Конститутсия пешниҳодшуда инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд.
Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ҳисоб менамояд.
Бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон , моддаҳои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон », Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,
Қа р о р к а р д:
1. Лоиҳаи таѓйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабулаш эътибори қонунӣ пайдо менамояд.
3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Њошимзода Д.Д.