Дар бораи рад намудани оѓози мурофиаи судии конститутсионї оид ба дархости шаҳрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе                                                                                  5 марти соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис М. Назаров, судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ботирова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Назаров М. ва судя Гулзорова М.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Нуров Мансур Шералиевич ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Нуров М.Ш., ки бо моддаҳои 185 қисми 1 ва 306-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардида, дар муассисаи ислоҳии №3/1 шаҳри Душанбе ҷазоро адо карда истодааст, ба воситаи адвокати ваколатдор Одинаев Б. ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намуда, дар он нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 764 «Дар бораи авф» изҳори норизогӣ баён намудааст.

Ў қайд менамояд, ки қисмҳои 1 ва 2 моддаи 10 Қонуни номбурда, ки тибқи онҳо:

«- парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки дар исёнҳои мусаллаҳонаи моҳҳои июн – ноябри соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб ва шаҳри Турсунзода, инчунин дар ҳуҷуми мусаллаҳонаи моҳи ноябри соли 1998 дар вилояти Суғд иштирок намудаанд ва айни замон пешбурди ин парвандаҳо нисбати онҳо дар асоси бандҳои 1 ва 3 қисми 1 моддаи 195 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2009) боздошта шудаанд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона, қатъ карда шаванд;

– парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз ҷониби судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд;», ба қисми 3-и моддаи 10 Қонуни мазкур, ки тибқи он:.

«-шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки онҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум карда шудаанд, агар аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо карда бошанд, озод карда шаванд», мантиқан мутобиқ нестанд.

Яъне аз қисми 3-и моддаи 10 Қонун «Дар бораи авф» бармеояд, ки шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум карда шудаанд ва онҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ дар ҳолати адои ҷазо қарор доранд, нисбат ба шахсоне, ки ба муқобили онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуда, онҳо дар кофтукоб мебошанд, хавфноктар ба ҳисоб мераванд.

Беадолатии қисми 3 моддаи 10 Қонун «Дар бораи авф» боз дар он ифода меёбад, ки шахсони пешбининамудаи ҳар се қисмҳои моддаи 10 Қонун агарчӣ як намуди ҷиноятро содир карда бошанд ҳам, лекин шахсони дар қисмҳои 1 ва 2 пурра аз ҷазо озод карда шуда, шахсони дар қисми 3 моддаи 10 Қонун пешбинигардида қисман, яъне баъди адои аз ду як ҳисаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 7, қисмҳои 1, 2 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14-и Қонуни мазкур, шахсоне, ки парвандаҳои онҳо аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд қатъ карда шудаанд, доғи судӣ нагирифта, доғи судии шахсоне, ки нисбати онҳо авф қисман татбиқ, мегардад, бардошта намешавад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда беадолатии дар қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати як ҷиноят ва шахсони онро содирнамуда рухдода ба муқаррароти моддаҳои 14, 17, 19 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ҳифз менамоянд, ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад ва ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд гунаҳгор дониста намешавад, мухолиф мебошанд.

Бинобар ин, номбурда ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости зикршударо ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дар Конститутсия дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба авф пешбинӣ нашудааст, ки мўҳтавои он дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди танзим қарор гирифта, предмети муқоиса бо меъёри дахлдори Конститутсия шуда тавонад.

Авф кардан ва ба Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи Қонун дар бораи авф – ин ҳуқуқи истиноии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад ва чунин амал яке аз шаклҳои бахшидани гуноҳи ҷинояткорон ва ифодаи муносибати инсондўстонаи давлат ба шахсони ҷиноят содирнамуда арзёбӣ мегардад.

Авф нисбати доираи мушаххас номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад, ки номгўи ҷиноятҳо ва шахсони ба авф меафтидаро давлат бо назардошти як қатор омилҳои сиёсию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ ва ғ. ба амал мебарорад.

Ба авф наафтидани баъзе аз ҷиноятҳо ва категорияҳои ҷиноятко- рон, барои баъзе аз ҷиноятҳои якхела авф гаштани танҳо ноболиғон ё занон ё муйсафедон ва авф нагаштани дигар категорияҳои ҷинояткорон – ин мазмуни вайрон намудани баробарҳуқуқии ҳамаро дар назди қонун ва суд надорад.

Ҳамчунин тартиб ва мўҳлатҳои адои ҷазои ҷиноятӣ, ки барои авфи ҷинояткорон асос мегардад, аз тарафи мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ муайян карда шуда, онҳо мавзўи шикоят ё норозигии ягон субъекти ҳуқуқ шуда наметавонанд.

Аз ин рў, номутобиқатии мантиқии ба андешаи муроҷиаткунанда дар Қонуни зикршудаи авф мавҷудбуда, мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ маҳсуб намеёбад ва Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости зикршуда рад менамояд.

Ҳамзамон таъиноти мазкур барои маълумот ба Маҷлиси намо- яндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Бо назардошти моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 34, 40, 41 ва 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Нуров М. Ш. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Одинаев Бедилхон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба моддаҳои 14, 17 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост пешниҳодшуда рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов