Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Амир Мухаммад Поянда Мухаммад
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо»
шаҳри Душанбе 15 сентябри соли 2014
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., АбдуллоевЛ.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ –Ғаниев Ҷ.,
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1 – 3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амир Муҳаммад Поянда Муҳаммад тавассути намояндагии адвокатҳои ваколатдор Шарипов А. ва Романов С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки ў ва 9 нафар аъзои оилааш 30 майи соли 2012 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати шахси паноҳҷўянда ворид гардиданд.
12 июли соли 2012 аз тарафи Комиссияи доимоамалкунандаи муштарак оид ба муайянкунии мақоми гурезаи Хадамоти шиносномадиҳӣ-бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи бақайдгирии муваққатӣ дода шудааст.
Ў ва аъзои оилааш баъд аз гирифтани шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирӣ аз 25 июли соли 2012 дар суроғаи ноҳияи Ҳисор ҷамоати Хонақои Кўҳӣ, шаҳраки Искич ба қайд гузошта шудааанд, аммо дар асл онҳо дар суроғаи шаҳри Душанбе кўчаи А. Сино хонаи №136/6 утоқи №31 ҳамчун иҷоранишин истиқомат мекарданд.
Моҳи январи соли 2013 ў ва аъзои оилааш барои гирифтани мақоми гуреза ба Комиссияи доимоамалкунандаи муштарак оид ба муайянкунии мақоми гурезаи Хадамоти шиносномадиҳӣ-бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуданд.
Комиссияи муштарак бо қарори №1 аз 25 январи соли 2013 бо такя ба моддаи 8.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ба ў ва аъзои оилааш додани мақоми гурезаро рад кардааст.
Номбурда ба қарори зикршудаи Комиссия розӣ нашуда, 20 марти соли 2013 нисбати он бо ариза ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки Суди мазкур баъдан бо таъиноти худ аз 20 марти соли 2013 парвандаро бинобар сабаби даст кашидан ў аз аризааш, қатъ намудааст.
Моҳи марти соли 2013 ў ва аъзои оилааш такроран ба Комиссияи доимамалкунандаи муштарак бо дархост оид ба додани мақоми гуреза муроҷиат намуданд, ки Комиссияи мазкур муроҷиати онҳоро баррасӣ намуда, бо қарори №4 аз 25 апрели соли 2013 ба онҳо додани мақоми гуреза рад кардааст.
Комиссияи мазкур қарори худро бо он асоснок кардааст, ки муроҷиаткунандагон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳои муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест»-ро риоя накарданд.
Дархосткунанда қайд мекунад, ки ў ва аъзои оилааш ба қарори номбурда розӣ нашуда, 24 майи соли 2013 қарори аз 25 апрели соли 2013 №4-и Комиссияи зикршударо ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят овардааст.
Бо қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2013 қонеъ намудани аризаи даъвогии ў ва аъзои оилааш оид ба бекор намудани қарори Комиссияи доимамалкунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риоя накардани талаботи қисми 1 сархати 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 рад карда шудааст.
Бо қарори мазкур муроҷиаткунандагон розӣ нашуда, 12 июли соли 2013 бо шикояти кассатсионӣ ба Коллегияи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд.
Бо қарори коллегияи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе, ҳалномаи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2013 бе тағйир мононда шудааст.
Дархосткунанда чунин мешуморад, ки банди 2 қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», ки нисбати ў татбиқ шудааст, ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд.
Ҳамчунин ба андешаи муроҷиаткунанда, банди 2 қисми 1 моддаи 12 Қонуни зикршуда ва Қарори номбаршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, моддаи 2 ва 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965, моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо аз 28 июли соли 1951 низ мухолиф мебошанд.
Чунончи, тибқи қисми 1 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ:
«Ҳар касе, ки дар қаламрави ягон давлат ба таври қонунӣ қарор дорад, дар ҳудуди ин қаламрав ба рафтуомади озодона ва интихоби озоди маҳали зист ҳақ дорад».
Тибқи қисми 3 моддаи мазкури Паймон:
«Ҳуқуқи дар боло зикршуда наметавонад мавзўи ягон навъ маҳдудият қарор гирад, ғайр аз маҳдудияте, ки тавассути қонун пешбинӣ шудаанд ва барои ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ саломатӣ ё ахлоқӣ ё ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд ва бо дигар ҳуқуқ дар ҳамин Паймон эътирофшаванда мувофиқ мебошанд».
Тибқи моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо:
«Ҳар давлати аҳдкунанда ба гурезаҳое, ки қонунӣ дар қаламрави он қарор доранд, ҳуқуқи интихоби маҳалли истиқомат ва ҳаракати озодро дар доираи қаламрави худ бо шарти риояи тамоми қоидаҳое, ки одатан нисбати хориҷиён дар ҳамин ҳолатҳо қобили истифодаанд, медиҳад».
Ҳамин тариқ, дархостдиҳанда иддао дорад, ки қисми 1 банди 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҳуқуқҳои ў ва аъзои оилаашро ҳамчун гуреза барои интихоб кардани ҷои истиқомат ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 оид ба озодии ҳаракати гурезаҳо ва шахсони паноҳгоҳҷўянда маҳдуд менамоянд.
Бинобар ин, дархосткунанда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дархостдиҳанда Амир Муҳаммад агарчи ҳамчун шаҳрванд субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости ў дар хусуси номутобиқатии қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ ва пешбурди санҷиши конститутсионӣ асос гардад.
Ҳамчунин, миёни меъёрҳои зикршудаи Қонун ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевоситаи мантиқӣ ва мавзўӣ дида намешавад, ки он предмети муайян намудани мувофиқати меъёрҳои зикршуда ба Конститутсия гардида тавонанд.
Аз ҷониби дигар, масъалаи муайян намудани мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми 1 моддаи 12-и Қонуни зикршуда ва Қарори номбаршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест. Зеро Суди конститутсионӣ на мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, балки танҳо мувофиқати қонун ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия баррасӣ менамояд.
Дархост, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи сархати шашуми қисми 3 моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, яъне ҳолат ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия мувофиқат надоштани меъёрҳои мушахаси мавриди баҳс қарордодашуда, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро ба онҳо асоснок менамоянд, аниқ ва мушаххас нишон дода нашудаанд.
Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Амир Муҳаммад «Оид ба муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 таҳти №325 «Дар бораи номгўи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷўянда ва гурезагон мумкин нест» ба қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои 1-3 моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи фитрӣ ва сиёсӣ, моддаи 5 Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва моддаи 26 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Боҷи давватӣ, ки 18 июли соли 2014 ба маблағи 40 (чил) сомонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба муроҷиаткунанда баргардонида шавад.
4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов