Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Гулов С.

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости директори Ассосиатсияи нақлиёти автомобилии мусофир­барии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов С. «Дар бораи муайян намудани муто­биқати моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи нақлиёт» ба моддаҳои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 12 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ғаниев Ҷ.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди консти­тут­сионӣ Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости дирек­тори Ассосиатсияи нақлиёти автомобилии мусофир­барии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов С. «Дар бораи муайян намудани муто­биқати моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи нақлиёт» ба мод­даҳои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори Ассосиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муро­ҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти соҳибкорон яке аз вазифаҳои асосии давлат арз­ёбӣ мешавад, зеро соҳибкории хурду миёна аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқти­содиёт мебошад.

Мутаассифона, қайд мекунад ў, солҳои охир дар сохтори идо­ракунии фаъолияти нақлиёти автомобилии истифодаи умум тағйироти зиёде ба вуқўъ пайвастааст, ки ба андешаи ў дар баъзе ҳолатҳо ба пеш­равии фаъолияти корхонаҳои нақлиётӣ монеа­ҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумла такрори функсияҳои назо­ратӣ дар байни мақомоти давлатӣ ва зиёд гаштани теъдоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок кардан дар раванди ҳаракат дар роҳ боиси монеа ба фаъолияти соҳибкорӣ гардида, шумораи ронандагони ба Ассосиатсия шомилбуда кам шуда истодааст.

Муроҷиаткунанда зикр менамояд, ки Ассосиатсия соли 2012 оид ба ҷой доштани ҳуҷҷатҳои ҳаммонанд, аз ҷумла сертификати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон ва талони муоинаи техникӣ, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳхат, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори Вазорати нақлиёт дода мешаванд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи мактуб муроҷиат намуда буд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 20 апрели соли 2012 ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 27 апрели соли 2012 таъкид шуда буд, ки такроршавии функсияҳои назоратӣ истисно ва миқдори ҳуҷҷатҳои ҳаммонанд, ки боиси монеа ба соҳибкорӣ мегарданд, сабук ва кам карда шаванд.

Чунончи, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 4 марти соли 2002 №93 гузаронидани сертификатсиякунонии сифати техникии воситаҳои нақлиёт ба зиммаи базаҳои технологӣ вогузор шудааст, ки он пештар мустақилона дар корхонаҳо гузаронидамешуд. Баъд аз таъсис дода шудани КВД «Маркази сертификатсиякунонӣ» сертификат­сия­кунонӣ аз зиммаи база­ҳои технологӣ гирифта шуда, он ба зиммаи КВД мазкур гузаронида шуд. Дар натиҷа нархи хизматрасонӣ се маротиба боло рафт.

Ҳол он, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» ронан­дагон аз гирифтани сертификати сифати техни­кӣ озод карда шудаанд.

Ғайр аз ин имрўзҳо КВД «Маркази сертификатсиякунонӣ» аз ҳамаи корхонаҳо ва ронандагон талаб карда истодааст, ки барои хизматрасонӣ сертификати мутобиқ гиранд, ки чунин ҳолатҳои мушкилу мураккаб боиси он гашта истодааст, ки аксари ронандагони мо тарки кор карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд.

Дархостдиҳанда, инчунин қайд менамояд,ки терминалҳои истгоҳҳои вилояти Суғд қонуни аз эътибор соқитшударо, ки дар санаи 28 декабри соли 2013 таҳти № 1050 ба имзо расидааст татбиқ намуда истода, ба ронандагон зарари моддӣ мерасонанд, ки ҳуҳуқҳои конститутсионии онҳоро маҳдуд менамояд.

Бинобар ин, дархосткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақ­лиёт» ба моддаҳои10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сарқонун) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қа­рор дода, қайд менамояд, ки тибқи талаботи банди 7 қисми 1 моддаи 40 Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ассосиатсияи нақлиёти автомобилии мусорфирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мазкур субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда наметавонад, зеро субъекти муроҷиат шахси ҳуқу­қие шуда метавонад, ки бевосита дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор дошта, санади мавриди баҳс қарор додашуда тавассути қарор (фармон, амр, ҳалнома) нисбаташ татбиқ карда шуда бошад.

Дар муроҷиати мазур ягон ҳолати дар парвандаи мушаххас татбиқ гаштани моддаи 12 ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 таҳти №1050 «Дар бораи нақлиёт» пешниҳод карда нашуд, ки дар он асосҳои баррасии дархост дар мурофиаи суди конститутсионӣ пешбинӣ шуда бошад.

Вобаста ба ин, дархост, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест, яъне ҳолат ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия муво­фиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси мавриди баҳс қарордодашуда, ки муроҷи­аткунанда талаб ва далелҳои худро ба онҳо асоснок менамоянд, аниқ ва мушаххас нишон дода нашудаанд. Татбиқи нодурусти қо­нун­гузорӣ ва муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла тат­биқи қонуни аз эътибор соқиткардашуда масъалае ме­бошад, ки ҳаллу фасли онҳо бояд дар судҳои умумӣ, иқтисодӣ ё мақомоти дахлдори вако­латдори давлатӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гиранд.

Ҳамчунин дар масъалаи номувофиқатии моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» ба модда­ҳои 10-12 ва 42-и Конс­титутсияи (Сақонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» номуайяние дида наме­шавад, ки он предмети муайян намудани мувофиқати меъёрҳои зикр­шуда ба моддаҳои дахл­дори Конститутсия гардида, пешбурди сан­ҷиши консти­­тут­сиониро тақозо намояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз на­му­дани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» Суди консти­тутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори Ассосиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов С. «Оид ба муайян намудани мувофиқати моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи нақлиёт» ба моддаҳои 10-12 ва 42-и Конститутсияи (Сақонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Боҷи давлатӣ аз 28 октябри соли 2014, ки дар «Амонат­бонк» филиали №77 воқеъ дар ш. Душанбе, ба маблағи 400 (чор­сад) сомонӣ пардохт шудааст, ба муроҷиаткунанда- директори Ассосиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбарии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Гулов С. баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов