Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П.Ибодова

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 30 январи соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П.Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П. Ибодова бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2006 таҳти №10-4-2/2068 тасдиқ шуда буд, тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд.

Тибқи ин тағйироту иловаҳо ба банди 6 Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо» зербанди «в» бо мазмуни зайл илова карда шуд:

«в) хизматрасониии алоқаи мобилӣ. Супорандагони андози аксиз аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ, аз ҷумла ширкатҳое эътироф карда мешаванд, ки хизматрасониҳои зеринро ба сомон мерасонанд:

– хизматрасонии алоқаи мобилӣ;

– хизматрасонии пайвандкунии байнишабакавӣ;

– хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония».

– сархатҳои нав ба мазмуни зерин илова карда шавад:

«Эзоҳ. Алоқаи мобилӣ ҷузъи таркибии алоқаи барқӣ мебошад, ки дастрасии суръатноки хизматрасониҳои алоқавиро тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ таъмин менамояд. Хусусияти асосии алоқаи мобилӣ аз он иборат мебошад, ки имконияти васеи қабули баромадҳоро бо истифода аз шабакаҳо дорад.

Шабакаи алоқаи барқӣ системаҳои интиқол ва таҷҳизоти коммутатсионӣ ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптикӣ ё дигари электронӣ, аз ҷумла шабакоти радифӣ, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва оптикӣ. Ҳамзамон Интерет ва IP-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, ҳамчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд ба истиснои шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда».

Бо ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи андоз ширкатҳоеро, ки ба «хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония» машғуланд, ҳамчун супорандагони андози аксиз аз хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ эътироф намуд.

Ба андешаи муроҷиаткунанда, Кумитаи андоз ваколат ва ҳуқуқи муайян намудани андози нав, аз ҷумла андози аксизро надорад, зеро тибқи Конститутсия ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон додани андозу пардохтро қонун муайян мекунад.

Чунончи тибқи талаботи моддаи 5 Кодекси андоз «андоз пардохти муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад…».

Моддаи 6 Кодекси андоз бошад, дар қисми 2 банди 4 «аксизҳо»-ро ба номгўи андозҳои умумидавлатӣ дохил кардааст.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки дар банди 4 қисми 3 моддаи 240 Кодекси андоз ба сифати супорандагони аксизҳо танҳо «онҳое, ки хизматрасонии мобилиро амалӣ менамоянд», пешбинӣ шудаанд. Дар ин модда ширкатҳоеро, ки ба «хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония» машғуланд, номбар карда нашудаанд.

Бинобар ин, Кумитаи андоз ваколати эътироф намудани хизматрасонии Интернетӣ чун хизматрасонии алоқаи мобилӣ, васеъ кардани номгўй, миқдор ва категорияҳои андозсупорандагонро, ки мазмуни муқаррар намудани меъёрҳои навро доранд ва бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд, надорад. Ҳамчунин ин амали ў ба талаботи қисми 2 моддаи 4 Кодекс андоз, ки тибқи он:

«Ҳеҷ касро дастур додан мумкин нест, ки андозҳои дар ҳамин Кодекс пешбининашударо пардозад» тавъам нест.

Бо ин назардошт, номбурда ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршударо дида баромада, қайд менамояд, ки тибқи банди 7 қисми якуми моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони ҳуқуқӣ оид ба вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои конститутсиониашон нисбати қонун ва санади ҳуқуқии дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқшуда, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парвандаи мушаххаси аз тарафи суд нисбаташон татбиқшуда, метавонанд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.

Бо ин назардошт, Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ буда наметавонад, зеро тибқи талаботи банди зикршудаи Қонуни конститутсионӣ субъекти муроҷиат шахси ҳуқуқие шуда метавонад, ки бевосита дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо Кумитаи андоз қарор дошта, санади мавриди баҳс қарор додашуда тавассути қарор (фармон, амр, ҳалнома) нисбаташ татбиқ карда шуда бошад. Он (субъект) тибқи талаботи зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо» андози аксизиро барои «хизматрасонии интернетӣ ва IP-телефония» пардохт карда бошад.

Муроҷиат, ҳамчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ нест.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон П. Ибодова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати зербанди (в) банди 6-и Тағйиру иловаҳои №2 ба Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо», ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2011 №2-ф тасдиқ шудааст, ба қисми 2 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 42 ва мушаххас ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз тарафи шахси (субъекти) беэътимод пешниҳод шудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов