Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев Умедҷон

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев Умедҷон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ»

шаҳри Душанбе «3» майи соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев Умедҷон «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Мирзоев Умедҷон бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 29 ноябри соли 2011 ў бо ҳамроҳии Муртазоев Искандархон ва Қаҳҳоров Бахтовар дар содир намудани дуздии як адад телефони мобилии шаҳрванд Қурбоналиева З. Э. гумонбар дониста шуда, аз ҷониби кормандони Шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир гардида, нисбаташон бо бандҳои «б, в» қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

2 декабри соли 2011 муфаттиш нисбати ў бо дархост дар хусуси гирифтани иҷозат оид ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ба суд муроҷиат карда, дархосташро бо қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«…Нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан танҳо мутобиқи вазнинии ҷиноят татбиқ карда шуданаш мумкин аст…» асоснок намудааст. Яъне, гўё ў ҷинояти қасдона содир намуда, дар сурати дар озодӣ монданаш ба рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии парванда дар суд халал мерасонда бошад.

Бо ин амал муфаттиш бар хилофи талаботи қисми 2 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«…Дар қарор дар бораи пешниҳод кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан асос ва сабабҳое, ки аз рўи он зарурати ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ба миён омадааст ва интихоби дигар чораи пешгирӣ ғайриимкон аст, дарҷ карда мешавад. Ба қарор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдиқ менамояд, ҳамроҳ карда мешавад…», барои ба ҳабс гирифтани ў иҷозат гирифтааст.

Номбурда чунин мешуморад, ки аз тарафи суд додани иҷозат барои ба ҳабс гирифтани ў бо асоси вазнинии ҷиноят ба муқаррароти моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад» мухолиф мебошад.

Ҳамчунин муроҷиаткунанда ваҷҳҳои худро ба моддаи 11 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, ки тибқи он:

«Ҳар як инсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста мешавад, ҳақ дорад то замоне бегуноҳ дониста шавад, ки гуноҳаш дар мурофиаи ошкорои судие, ки дар он барои ҳимояи ў тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, бо тартиби қонунӣ исбот нагардидааст»;

қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, ки тибқи он:

«Ҳар як шахси бо гуноҳи ҷинояткорӣ ҳабсшуда ё боздоштгардида ба таври таъҷилӣ ба назди судя ё дигар шахси мансабдоре, ки мувофиқи қонун ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимияти судӣ ба ў тааллуқ дорад ва барои дар мўҳлати қобили қабул анҷом додани бозрасии судӣ ё озод кардан ҳуқуқ дорад, ҳозир карда мешавад. Дар ҳабс нигоҳ доштани ашхосе, ки интизори баррасии судӣ мебошанд, набояд қоидаи умумӣ бошад, аммо озод кардан метавонад аз пешниҳоди кафолати ҳозир шудан ба суд, ҳозир шудан ба мурофиаи судӣ дар ҳар марҳилаи дигари он ва дар сурати зарурат, ҳозир шудан барои иҷрои ҳукмнома, вобаста бошад»;

ва қисми 2 моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966, ки тибқи он:

«Ҳар каси ба содир намудани ҷиноят айбдоршаванда ҳақ дорад то вақте, ки гунаҳгории ў мувофиқи қонун исбот нашавад, бегуноҳ дониста шавад», асоснок намудаст.

Бо ин назардошт, Мирзоев У. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар талаби гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба моддаи 20 Конститутсия ва қисми 3 моддаи 9 Паймони зикршудаи байналмилалӣ номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ асос гардад.

Боби 12 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ чораҳои пешгириро мавриди танзим қарор дода, онҳоро амалҳои маҷбурие арзёбӣ менамояд, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда барои пешгирии аз тарафи онҳо содир шудани ҷиноят ё халалдоркунандаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин барои таъмини иҷрои ҳукм татбиқ карда мешаванд.

Чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба монанди дигар чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла гирифтани забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат, кафолати шахсӣ, гарав, ҳабси хонагӣ ва ғайра дар заминаи асосҳои умумии пешбининамудаи моддаҳои 102 ва 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ татбиқ гардида, барои таъмини кафолати муқаррарнамудаи моддаи 20 Конститутсия, яъне эҳтимолияти бегуноҳӣ равона карда шудааст.

Бе татбиқ ва пешбинӣ намудани чораҳои пешгирӣ дар ҳолатҳои пешбинамудаи қонунгузории мурофиавӣ, ба ҳамаҷониба, пурра, холисона ва беғаразона муайян намудани ҳолатҳои кор ва ба амал баровардани адолати судӣ ва дар маҷмўъ ба исботи эҳтимолияти гуноҳ, ки он бо ҳукми суд дар рафти мурофиаи ошкорои судӣ муайян карда мешавад, расидан ғайриимкон мебошад.

Дархости муроҷиаткунанда дар хусуси аз тарафи муфаттиш нодуруст татбиқ намудани қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва ба ҳабс гирифтани ў ба салоҳияти мақомоти прокуратура ва судҳои умумӣ маҳсуб буда, баҳодиҳӣ ба татбиқи дуруст ё нодурусти қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи субъектони ваколатдори ҳуқуқ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест.

Дархости Мирзоев У. аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои пешниҳоди дархостҳои субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардидааст, мувофиқат намекунад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев У. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 3 моддаи 9 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ» бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост пешниҳодшуда ва аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов