Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шахрванд Идиев А.
ТАЪИНОТИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе «5» сентябри соли 2016
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.Ш. дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судя Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Идиев Абдусамад бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў 28 марти соли 2016 ба суди ноҳияи Шоҳмансур бо ариза муроҷиат намуда, дар он санади Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳс қарор додааст.
Суди ноҳияи Шоҳмансур бо таъиноти худ аз 30 марти соли 2016 аризаи ўро бинобар сабаби риоя нагаштани талаботи Кодекси мурофиавии гражданӣ ҳангоми пешниҳод шуданаш, бе баррасӣ мондааст.
Баъдан, бинобар норозӣ будан бо таъиноти зикршуда ў ба тариқи назоратӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардааст. Суди Олӣ низ бо таъиноти худ аз 8 июли соли 2016 шикояти назоратии ўро бинобар риоя нагардидани талаботи Кодекси мурофиавии гражданӣ ҳангоми пешниҳоди шикоят, бе баррасӣ монондааст.
Бинобар ин, номбурда поймол шудани ҳуқуқи конститутсионии худро дар маҳдуд кардани озодии шахсӣ ва кафолати ҳифзи судӣ, яъне дар мухолифати қисми 2 моддаи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд.
Чунончи, тибқи қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии гражданӣ нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар муҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо шикоят ва эътирози назоратӣ оварда мешавад.
Қисми 2 моддаи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 пешбинӣ менамояд, ки «Амали талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад».
Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки бинобар аз ҷониби қонунгузор дода шудани қувваи бозгашт ба қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии гражданӣ ҳуқуқи ў оид ба овардани шикояти назоратӣ аз болои санадҳои судӣ поймол гардидааст.
Аз ин рў, муроҷиаткунанда ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро мавриди омўзиш қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Идиев А. агарчи субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо дар дархости номбурда як қатор ҳолатҳое мавҷуданд, ки онҳо оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро истисно менамоянд.
Аз ҷумла, тибқи сархати сеюми қисми 3 моддаи 34 ва сархати шашуми моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 №1083 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони воқеӣ дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон гардидаанд, метавонанд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.
Аз маводҳои ба дархост замиманамудаи муроҷиаткунанда бармеояд, ки меъёрҳои мушаххаси санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунанда дар таъиноти суди ноҳияи Шоҳмансур аз 30 марти соли 2016 ва таъиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2016 нисбат ба ў мавриди татбиқ қарор нагирифтаанд.
Аз ин рў, Суди конститутсионӣ наметавонад меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки нисбат ба муроҷиаткунанда дар парвандаи мушаххас татбиқ нагаштаанд, мавриди баҳс қарор диҳад, зеро масъалаи мазкур аз доираи салоҳияти он берун мебошад.
Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгў набуда, моҳияти талаби муроҷиаткунанда нисбат ба мавзўи мавриди баҳс қарордодаи ў дақиқ нишон дода нашудааст.
Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ масъалаи дар дархости муроҷиаткунанда гузошташударо дар парванда аз рўи муроҷиати шаҳрванд Санокина Л.Г. дида баромада, бо қарори худ аз 9 июни соли 2009 қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ намудааст.
Дар ин маврид, тибқи сархати чоруми моддаи 45 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз асосҳои рад кардани оғози мурофиаи судӣ – ин аз тарафи Суди конститутсионӣ қаблан баррасӣ шудани масъалаи дар дархост зикршуда ва дар ин хусус мавҷуд будани санади судӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, инчунин нисбат ба масъалаи дар дархост гузошташуда қаблан қабул шудани санади дахлдори Суди конститутсионӣ рад менамояд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набудани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост, инчунин нисбат ба масъалаи дар дархостгузошташуда қаблан қабул шудани санади дахлдори Суди конститутсионӣ рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.