Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба мурочиати шахрванд Миргулов О.К.

ТАЪИНОТ

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­қати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус»

ш. Душанбе «30» марти соли 2017

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Мусулмонов С.Ш.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­қати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Миргулов О.Қ. бо дархост ба Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон муроҷиат наму­да, дар он қайд менамояд, ки шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. ҳамсари фарзандаш Миргулов Ф. ба шумор рафта, ақди никоҳи онҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 16 октябри соли 2010 ба расмият дароварда шудааст. Баъд аз бастани ақди никоҳ онҳо дар манзили истиқоматии муроҷиаткунанда воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Маяковский, хонаи №63, ҳуҷраи №70 истиқомат менаму­данд. Дар муддати истиқомат дар ин манзил онҳо 11 июли соли 2011 соҳиби фарзанд Миргулова Н. гардидаанд. Сипас муносибати келинаш Паҳлавонова Л.Г. бо муроҷиаткунанда вайрон гардида, охирин аз ў хоҳиш намудааст, ки манзили истиқоматиашро холӣ

намояд. Бинобар ин, аз соли 2013 шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. бо шавҳараш Миргулов Ф. дар дигар манзили истиқоматӣ зиндагонӣ доранд ва дар ин муддат соҳиби фарзанди дуюм низ гардидаанд.

Шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. 11 ноябри соли 2016 нисбат ба муроҷиат­кунанда бо аризаи даъвогӣ оид ба маскун намудан ба манзили истиқома­тиаш ва ба қайд гузоштан дар он ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст ва парвандаи мазкур то ба ҳол дар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Маяковский, хонаи №63, ҳуҷраи №70 ба ў ҳамчун моликияти хусусӣ тааллуқ дошта, шаҳрванд Паҳлавонова Л.Г. танҳо як муддати муайян дар он истиқомат намудааст. Паҳлавонова Л.Г. дар ари­заи даъвогиаш қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба асос гирифта, бо писари ў дар никоҳи расмӣ будан, доштани ду фарзанди ноболиғ ва дар манзили истиқоматии зикршуда муддати се сол истиқомат намудан бо пешбурди хоҷагии умумиро иброз доштааст.

Тибқи қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Аъзои оилаи молик ҳамсар ва фарзандони ҳамроҳашон доимӣ суку­натдошта ҳисоб меёбанд. Волидони зану шавҳар ва фарзандони онҳо, ки соҳиби оилаи худ мебошанд ва бо молик муқими зиндагӣ мекунанд, танҳо бо розигии тарафҳо метавонанд аъзои оилаи молик дониста шаванд». Аммо, Паҳлавонова Л.Г. дар манзили истиқоматии ў се сол зиндагонӣ накарда, бо ў хоҷагии умумиро пеш набурдааст.

Муроҷиаткунанда ҳамчунин иброз мекунад, ки Паҳлавонова Л.Г. муҳлати уму­мии даъворо низ, ки тибқи моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон ба муҳлати се сол муқаррар шудааст, гузаронидааст. Чунончи тибқи моддаи 223 Кодекси граждании Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон гузашти муҳлати даъво асос барои рад намудани даъво аз ҷониби суд мебошад.

Ҳамин тавр шаҳрванд Миргулов О.Қ. пешниҳоди аризаи даъвогиро аз ҷониби Паҳлавонова Л.Г. ва қабулу баррасии онро аз ҷониби суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз номутобиқатии қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон мебинад.

Бинобар ин, номбурда ба Суди кон­сти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муро­ҷиат намуда, хоҳиш намуд­а­аст, ки мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодек­си граждании Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муайян карда шуда, вобаста ба ин масъала тафсири расмӣ дода шавад.

Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он зами­машу­даро мавриди омўзиш қарор дода, бо асосҳои зерин оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. рад менамояд:

1. Баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи шаҳрванд Миргулов О.Қ. дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон ва вобаста ба ин масъала додани тафсири расмӣ ба салоҳияти Суди конститут­сионӣ мансуб набуда, мавзўи баҳси кон­сти­тутсионӣ намебошад. Тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон ва мод­даи 34 Қонуни конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» Суди консти­тут­сио­нӣ на масъа­ла­ҳои ба ҳам мувофиқ будан ё набудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва додани тафсири расмӣ ба онҳо, балки дар асоси дар­хости субъектҳои ҳуқуқ масъалаи мутобиқати санад­ҳои меъёрии ҳуқу­қиро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

2. Суди конститутсионӣ масъа­лаи дар дархости муроҷиатку­нанда гузошташударо дар парванда аз рўи дархости шаҳрвандон Маҳмудов М. ва Маҳмудов Э. дида баромада, бо қарори худ аз 3 октябри соли 2011 моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 32 Консти­тутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ намудааст.

Дар ин маврид, тибқи сархати чоруми моддаи 45 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» яке аз асосҳои рад кардани оғози мурофиаи судӣ – ин аз тарафи Суди конститутсионӣ қаблан баррасӣ шудани масъалаи дар дар­хост зикршуда ва дар ин хусус мавҷуд будани санади судӣ мебошад.

3. Муроҷиат аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Суди кон­сти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набуда, ҳолат ва далел­ҳои ба Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муво­фиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро ба он бояд асоснок намояд, дар муроҷиат пешниҳод нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­қати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус» бинобар ба салоҳияти Суди консти­тутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, нисбат ба масъалаи дар муроҷиат гузошташуда қаблан қабул шудани сана­ди дахлдори Суди конститутсионӣ, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани муро­ҷиат, рад менамояд

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Миргулов О.Қ. «Дар хусуси муайян намудани мутоби­қати қисми якуми моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани тафсири расмӣ дар ин хусус» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи дар муроҷиат гузошташуда, нисбат ба масъалаи дар муроҷиатгузошташуда қаблан қабул шудани санади дахлдори Суди консти­тутсионӣ, инчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни консти­­тут­­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани муро­ҷиат, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.