Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиониоид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳањои бахши электроэнергетика»

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2009 оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар ҶСК Ориёнбонки шаҳри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе №15 аз 29 июли соли 2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 18 сентябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро дар бораи дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2009 оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар Муассисаи мазкур дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009 ва қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Маркази идораи лоиҳаҳои Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар ҶСК Ориёнбонки шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» (минбаъд – Марказ) Усмонов У.Ю. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки моҳи июни соли 2009 мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази онҳо риояи қонунгузории андозро мавриди санҷиш қарор дода, нисбати мушовирони байналхалқии Ширкатҳои байналхалқӣ 2 843 508, 17 сомонӣ андоз муайян намудаанд.

Вобаста ба натиҷаи санҷиш, Раиси Кумитаи андоз аз 28.07.2011 таҳти № 11/2-2-205 дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Марказ қарор баровардааст. Аммо Марказ бо назардошти он, ки Ширкатҳои байналхалқӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқии алоҳида танҳо бо фармоишгар-ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба иҷро намудани хизматрасониҳои мушовирӣ шартнома дошта, бо Марказ шартнома надоранд, санадҳои қабулнамудаи Кумитаи андозро ҳамчун санадҳои беасос бе иҷро монондааст.

Бинобар ин, Кумитаи андоз бо мақсади ситонидани маблағи зикршуда, бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намудаст, вале суд даъворо ба манфиати Марказ ҳал кардааст.

Кумитаи андоз ба ҳалномаи суди марҳилаи аввал қаноатбахш нагардида, бо шикояти апеллятсионӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, суди мазкур 2 феврали соли 2011 дар бораи қисман, яъне ба маблағи 1 560 560 сомонӣ рўёнидани қарзи андоз қарори нав қабул кардааст.

Марказ ин қарорро бе асос шуморида, онро ба марҳилаи кассат- сионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намуда, суди номбурда қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанберо тағйир дода, дар хусуси аз мушовирони маҳаллӣ ба фоидаи буҷаи давлат ҳамчун андози иҷтимоӣ рўёнидани маблағи 103 827 сомонӣ қарор баровардааст.

Шикояти назоратии Марказ аз болои қарори марҳилаи кассатсионӣ аз тарафи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, он бо таъинот аз 11 августи соли 2011 бе тағйир мононда шудааст. Сипас тибқи қарори Раиси кумитаи андоз аз суратҳисоби Марказ маблағи 103 827 сомонӣ ба таври инкассавӣ рўёнида шудааст.

Масъалаи мазкур дар асоси муроҷиати Марказ аз тарафи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, аз андоз озод будани маблағҳои қарзи грантии лоиҳаҳои сармоягузориро тасдиқ намуда, ба Марказ тавсия додаанд, ки баррасии баҳси мазкурро дар суд идома диҳад.

Директори Марказ чунин мешуморад, ки санадҳои ҳуқуқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои судии марҳилаҳои гуногуни Суди Олии иқтисодии мамлакат ба талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд.

Бинобар ин, номбурда аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, мутобиқати:

– санад аз 24 июни соли 2009оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар давраи аз 01.01.2006 то 01.01.2009;

– қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар ҶСК «Ориёнбонки» шаҳри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205;

– фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ дархости пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо сабабҳои зерин рад менамояд:

муроҷиаткунандан агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститут- сионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо талаби дар дархост пешнmargin-bottom: .0001pt; text-align: justify; text-indent: 35.45pt;иҳодгардида мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ нест ва ба салоҳияти он дохил намешавад:

мувофиқи талаботи меъёрҳои моддаҳои 187 ва 188-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ҳуқуқи муроҷиат ба суди иқтисодӣ бо ариза дар бораи беэътибор донистани санаду амалу беамалии зикршуда, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ дахл мекунанд аз тарафи суди иқтисодӣ аз рўи тартиби умумӣ бо истеҳсолоти даъвогӣ, ки кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, бо назардошти хусусиятҳои муқарраркардаи ин боб (боби 22 Кодекси мазкур) баррасӣ карда мешаванд.

Суди конститутсионӣ бошад, мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд, ба шарте, ки вайронкунии ин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии муроҷиаткунандагон боис шуда бошад.

Аз тарафи дигар, санадҳои мавриди баҳс қарордодаи муроҷиат-кунанда мавзўи муайян намудани мутбиқати онҳо ба талаботи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон буда наметавонанд, зеро дар ҷумлаи дуюми қисми 3 моддаи 10 Конститутсия сухан дар бораи қонунҳо ва мутобиқати онҳо ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида меравад.

Дар баробари ин, аз дархост бармеояд, ки Марказ аз ҳисоби андозҳо дар назди мақомоти андоз ягон сомонӣ қарздор намебошад ва мушовирони маҳаллие, ки гўё аз ҳисоби андози иҷтимоӣ қарздор бошанд, корманди Марказ нестанд ва бо Марказ шартномаи ҳамкорӣ низ надоранд. Зиёда аз он, мувофиқи фасли 4.06 Созишномаи байналмилалии Кредитӣ, барои маблағгузории Лоиҳа оид ба Таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба имзорасида, воситаҳо аз кредит ба ҳеҷ ваҷҳ барои пардохти ҳама гуна андоз ва боҷҳо, ки тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, истифода бурда намешавад.

Дар ин маврид Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва судҳои иқтисодиро мебоист амали бевосита доштани меъёри конститутсиониро дар хусуси он, ки агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ихтилоф дошта бошанд, он гоҳ санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд, ба асос мегирифтанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ тибқи талаботи қисми 5 моддаи 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вайронкунии мушаххаси талаботи Созишномаи байналмилалӣ ва зарурияти бартараф намудани он ҷалб менамояд.

Ба ҳамин тариқ бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати Санади тартибдодаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.06.2009 оид ба санҷиши ҳуҷҷатии маҷмуии (комплексии) андозҳо дар Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар давраи аз 01.01.2006 то 01.012009, қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика дар ҶСК Ориёнбонки шаҳри Душанбе аз 28.07.2011 №11/2-2-205 ва фармоиши инкасавии нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе №15 аз 29.07.2001 ба моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дахл надоштанаш, рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов