Оид ба дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоки автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Курбонов Х.М.

Дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 27 январи соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Каримов К.М., Гулзорова М.М. ва Абдуллоев Л.И.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ботирова Г.,

дар маҷлиси судӣ гузориши судяҳо Гулзорова М.М. ва М. Назаровро дар хусуси дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

муайян кард:

Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон меросбари ҷамъияти ихтиёрии дўстдорони автомобил «Ронанда» буда, он бо қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 10-майи соли 1973 таҳти рақами 142 ва Анҷумани нахустини ташкилот аз 29-сентябри соли 1973 таъсис дода шудааст.

Иттифоқ 30-юми декабри соли 2007 таҳти рақами 659 «А» ҳамчун иттиҳодяи ҷамъиятӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуда, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият дорад.

Тибқи талаботи оинномааш мақсади асосии ташкилот аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзои ташкилот дар мақомоти давлатӣ, расо- нидани кўмаки ҳуқуқӣ ва машваратӣ ба онҳо, мусоидат ба бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар мақомоти марбута дар самти кор оид ба бехатарии ҳаракат ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт иборат мебошад.

Мавсуф қайд менамояд, ки мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» «Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунон дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ аст…».

Мувофиқи моддаи 34 Қонуни номбурда бошад «назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ амалӣ менамоянд…» ва «мақомоти андоз ба сарчашмаҳои даромади иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, андозаи маблағҳои ба дастовардаи онҳо ва пардохти андозҳоро мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад».

Вале банди 3 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, ки яке аз вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти агентӣ ин «амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ…» мебошад.

Муроҷиаткунанда, инчунин нишон медиҳад, ки вақтҳои охир фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо аз ҷониби сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо ҳадафи санҷиш қарор дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки ташкилоти онҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ намешавад, аммо тамоми намуди андозҳое, ки давлат муқаррар кардааст, пардохт менамояд.

Бар замми ин, аз ҳисоби маблағҳои ташкилот дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба арзиши 35000 сомонӣ майдончаҳои омўзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сохта, ба истифода дода шудаанд.

Муроҷиаткунанда барои тақвияти адешаҳои худ моддаҳои 5, 8, 12, 28 ва 31-и Конститутсия, ки ба арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, эътироф, риоя ва ҳифз шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тарафи давлат, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил додани шаклҳои гуногуни моликият ва ҳуқуқи муттаҳид шудани шаҳрвандон бахшида шудаанд, далел оварда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш кардааст, ки мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршу- даро мавриди санҷиш қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро нисбати он бо асосҳои зерин рад менамояд:

Иттифоқи автомобилчиён тибқи банди 7 моддаи 37 Қонуни кон- ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гарчанде ки субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо дархости пешниҳоднамудаи он предмети баррасии Суди конститутисонӣ нест ва ба салоҳияти он дохил намешавад. Зеро Суди конститутсионӣ на мутобиқати миёни ду қонун ё миёни дигар санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, балки мутобиқати меъёри мушаххаси қонун ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқиро ба меъёрҳои дахлдори Конститутсия муайян менамояд.

Аммо дар дархости пешниҳодшуда сухан дар бораи бо ҳам ихтилоф доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи итти- ҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» меравад, ки баррасии ин ва ба ин монанд масъалаҳо ба салоҳияте мақомоте, ки қонунро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст, дохил мешавад.

Дархост, ҳамчунин аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40-ум Қонуни конститутсионӣ мувофиқ нест, зеро аз тарафи муроҷиаткунанда номутобиқатии мушаххаси меъёрҳои қонунҳои зикршуда ба меъёрҳои Конститутсия нишон дода нашудаанд.

Ҳамин тариқ, дар дархост номуайяние дар масъалаи номуто-биқатии меъёрҳои мушаххаси ду қонуни овардашуда ба Конститутсия, ки барои оғоз намудани мурофиа судии конститутсионӣ асос гардад, муайян карда нашуд.

Бинобар ин, бо назардошти талаботи моддаҳои 14, 37, 41-42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионӣ

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х.М. «Оид ба муайян намудани мувофиқати меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати дахолат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар талаби дар дархост зикрёфта тобеи Суди конститутсионӣ набуданаш рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов