Таъинот аз рўи муроҷиати Мирзоев Ғ.Р.

Т А Ъ И Н О Т
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи Суди конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Мирзоев Ғ.Р. дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 17, 27, 29, 30 ва 335 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   моддаи 10, қисмњои 1 ва 3  моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

         ш. Душанбе                        4 апрели соли 2006

    Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси-кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Алиев З.М., судяҳо: Фатҳиллоев С., Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Комилова Х.Р., Муқбилшоев Б.,  Назаров М.,
    бо котибии Рауфов М.,
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Мирзоев Ғ.Р.-ро  баррасӣ намуда,  маърўзаи судя Абдуллоев Л.И. –ро  шунида,

м у а й я н    к а р д:
Шаҳрванд Мирзоев Ғ.Р. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд намудааст, ки пас аз оғоз ёфтани мурофиаи судӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории ў ва дигарон иштироки Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Ю.А.-ро дар мурофиаи судӣ ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ба манфиати адолати судӣ созгор надонистааст, зеро ки ҳарчанд парванда бо айбдории ў сирри махфидошта  эътироф шуда бошад ҳам, лекин дар матбуот  аз рафти тафтишоту ҳолатҳои кор даҳҳо мақолаҳо чоп шудааст, аммо Раҳмонов Ю.А. ҳамчун роҳбари гурўҳи тафтишотии  кори ҷиноятии мазкур оиди фош нашудани  сирри махфии тафтишот чора  наандешидааст, ягон арзу шикояти айбдоршавандаро қонеъ накардааст ва боз дар асоси чандин қонуншиканиҳои дигар нисбаташ раддия изҳор намудааст.
    Аммо суд раддияҳои ўро нисбати Раҳмонов Ю.А., раисикунандаи маҷлиси судӣ, машваратчиёни халқӣ ва дар алоҳидагӣ нисбати  тамоми  ҳайати суд қонеъ нагардонидааст.
    Дар ин иртибот Мирзоев Ғ.Р. дар дархосташ бо чунин асос, ки гўё ў мувофиқи талаботи моддаи 335 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шикоят карданро аз болои таъинотҳои дар моддаҳои 17, 27, 29, 30  ҳамин Кодексро надошта бошад, талаботи моддаҳои зикршударо ба моддаи 10, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ҳисобида, ғайриконститутсионӣ донистани онҳоро аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намудааст. Зеро ба ақидаи вай меъёрҳои дар боло овардашуда ҳуқуқҳои ўро дар хусуси ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси  баробарии тарафҳо  сурат гирифтани мурофиа ва шикоят намудани таъинотҳои судӣ,  халалдор намудаанд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи пешниҳодгардидаро омўхта, ба хулосае омад, ки талаботи дархосткунанда мувофиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Суди конститутсионӣ мансуб намебошад ва оғози мурофиаи судии конститутсиониро нисбати дархости мазкур бо асосҳои зерин рад мекунад.
Мувофиқи моддаи 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионӣ оғози мурофиаро дар мавриде рад мекунад, ки агар дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 ҳамин Қонуни конститутсионӣ мувофиқ набошад. Мутобиқи моддаи 40 Қонуни мазкур дар дархост бояд асоснокнамоии мушаххаси мавқеи дархосткунанда оиди ғайриконститутсионӣ будани санади меъёрии мавриди баҳс қароргирифта зикр шуда бошад, вале ин ҳолат ба таври возеҳу равшан дар дархост ифода нашудааст.
Аз мўҳтавои дархост бармеояд, ки шаҳрванд Мирзоев Ғ.Р. на мавзўи баррасии конститутсионӣ, балки аз болои ҳаракатҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ, назорати прокурорӣ ва судӣ шикоят овардааст.
    Бо назардошти он ки парванда бо айбдоркунии Мирзоев Ғ.Р. дар айни замон дар пешбурди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввали баррасӣ қарор дорад, Мирзоев Ғ.Р. метавонад дар рафти мурофиаи судӣ дархостҳои худро ба суд пешниҳод кунад ва пас аз  ба итмом расидани баррасии парванда  ў ҳуқуқ дорад ба тариқи кассатсионӣ ба Коллегияи судӣ  оид ба корҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мавриди баҳс қароргирифта,  шикоят пешниҳод намояд.
    Суди конститутсионӣ масъалаи боҷи давлатиро баррасӣ намуда, ба хулоса омад, ки мувофиқи қисми 5 моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» боҷи давлатӣ дар мавриди қабул  нашудани муроҷиат барои баррасӣ дар Суди конститутсионӣ ба шахси муроҷиаткунанда баргардонида мешавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаҳои 14, 34, 41, 42 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Суди конститутсионӣ

т а ъ и н    к а р д:
1.Оғоз намудани мурофиаи Суди конститутсиони аз рўи  дархости шаҳрванд Мирзоев Ғ.Р. рад карда шавад.
    2.Боҷи давлатӣ, ки бо супориши пулӣ таҳти рақами 87113 аз  16 феврали соли 2006 ба  шўъбаи №05 Амонатбонки ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба миқдори 12 (дувоздаҳ) сомонӣ супорида шудааст, аз қабулкунанда Шўъбаи молияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба шаҳрванд Мирзоев Ғ.Р. баргардонида шавад.
     3.Таъинот қатъӣ мебошад ва нисбати он шикоят оварда намешавад.

    Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                        З.Алиев

    Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М.Назаров