ИСТАРАВШАН

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори заминҳои кишо­вар­зӣ, истифодаи самараноки замин, тақвияти чораҳои санитарию зиддиэпи­демикӣ, љоннок намудани фаъолияти муасси­са­ҳои маорифу тандурустӣ,  тақвияти корҳои омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, захираи кофии молу маҳсулот ва бартараф намудани мушкилиҳои мављуда дар ин самт, аз 1 то 8 июли соли ҷорӣ ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода шуд.

Зимнан, мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан бо ҳисси баланди ватандўс­тиву ифтихори миллӣ дар партави сиёсати созан­даю бунёд­коро­наи Асосгу­зори сулҳу ваҳ­дати миллӣ – Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­­тон, муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон бобати анҷом додани корҳои ободо­нию созандагӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти дав­латии шаҳр 1637 муроҷиат, аз ҷумла 1378 адад муроҷиатҳои хаттӣ ва 259 адад муро­ҷиатҳои шифоҳӣ оид ба масъалаҳои гуногун ворид гарди­даанд. Аз ин теъдод муроҷиатҳо, 1552 адади он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ гардида, ба муаллифони онҳо ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шудаанд. Ҳамзамон 85 адад муроҷиатҳо дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна дар шаҳри Истаравшан 13906 нафарро ташкил мекунад, ки аз ин 13068 нафар шахсони воқеӣ ва 838 шахси ҳуқуқӣ мебошанд. Ҷиҳати дастгирии соҳибкорони хурду миёна аз ҷониби бонкҳои шаҳр дар нимсолаи якум ба маблаѓи 129 млн.232,4 ҳазор сомонӣ  қарзҳои бонкӣ дода шудааст, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 11 млн. 654,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр шаш лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаҳои барқарор­созии системаи обтаъминкунӣ, дастрасӣ ба маблаѓгузории сабз ва рушди деҳот, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, таѓйирёбии иқлим, интиқоли қувваи барқ ва таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ гардида истода, маблаѓи умумии азхудкардашуда дар доираи лоиҳаҳои зикргардида 3,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст.             

Дар шаҳри Истаравшан 47 корхонаҳои саноатии хурду калон фаъо­лият намуда, бобати рушди соҳаи саноатии шаҳр саҳми босазои худро мегу­зоранд.  Дар нимсолаи якум 6 адад корхонаҳои истеҳсолӣ,  аз корхо­наҳои истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ, пойафзоли тобистона, истеҳсоли обҳои ташнашикан, дўхти либоси бачагона,  дўхти либоси занона ва мардона ва истеҳсоли маҳсулоти бетонии симчўбҳои барқӣ таъсис дода шуда, дар онҳо 60 ҷойи кории нав ташкил карда шуд.       

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар нимсолаи якум аз тарафи соҳибкорон сармояи мустақим ба маблаѓи умумии 2 миллион сомонӣ ҷалб гардидааст.

Дар ин давра маҷмўи маҳсулоти саноа­тӣ афзоиш ёфта, ба маблаѓи 241 млн. 805,4 ҳазор сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузшта 9 млн. 528,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад) маҳсулот истеҳсол гардид, ки 104,1 %  ташкил мекунад. Тамоми корхонаҳои саноатӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми истеҳ­соли маҳсулот аз иқтидорҳои мавҷуда то 30% ва зиёд намудани шумораи коргарон то 10% дар оянда уҳдадориҳо қабул намуданд.

Дар соҳаи маориф 13 муассисаи томактабӣ, 1 муас­сисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 74 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда, дар онҳо 1506 кўдак ва 58633 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 

Дар иртибот ба масъалаи  пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт, бо амри Раиси шаҳри Истаравшан аз 28 январи соли 2020, №12 ситоди шаҳрии доимоамалкунанда оид ба пурзўр намудани чораҳои санитарию зиддиэпи­демикӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси навъи COVID-19 таъсис дода шудааст. Инчунин бо фармоиши сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан аз 3 феврали соли 2020, №10 дар назди маъмурияти бемор­хонаи марказии шаҳр ситоди доимо­амал­кунанда иборат аз 18 нафар таш­кил карда шуда, фаъолияти он дар асоси нақша-чорабиниҳои алоҳида, ки иборат аз 19 банд мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори госпиталии шаҳр 1020 кати табобатӣ ва дар бахши хусу­сии тандурустии шаҳр 480 кати табобатӣ мавҷуд мебошад. Барои табобати гирифторони бемории сироятӣ 143 кати хоб ва барои назорату ба реҷаи карантин фаро гирифтан 245 кати хоб, дар маҷмўъ 388 кати хоб омода карда шудааст.

Аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббии шаҳр корҳои фаҳмонда­диҳӣ байни аҳолӣ бобати пешгирии бемории сироятӣ ба таври фаъол ба роҳ монда шуда,  тавассути телевизион (15 маротиба) ва радиои маҳаллӣ (36 маротиба) баромадҳо доир гардида, мунтазам шаш намуд роликҳои махсуси омодашуда пахш карда шуда, бо аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва дига­р сокинони шаҳр ба таври доимӣ суҳбатҳо гузаро­нида мешаванд. Дар рўзномаву маҷал­лаҳои шаҳрӣ 24 мақо­лаҳо чоп гардида, 8445 варақаҳои тиббӣ ва брашураҳо ба аҳолӣ, ташки­лотҳои ҷамъиятӣ ва корхо­наву муас­си­саҳои шаҳрӣ тақсим ва дар ҷойҳои намоёну серодам насб карда шудаанд. Ҳамчунин дар байни аҳолӣ 416 лексия ва 45641 маротиба суҳбат гузаро­нида шудааст.

Табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ гардишҳои тиббии хонагиро ҷоннок намуда, аз ҷониби онҳо 2936204 маротиба термометрияи аҳолӣ гузаро­нида шудааст. Дар гузаргоҳи назди сарҳадӣ низ аз ҷониби масъулин нав­бат­дории доимӣ ва бригадаи зудамали тиббӣ ташкил карда шудааст. 

Дар нуқтаҳои хўроки умумӣ, бозорҳо, марказҳои фарҳангию фаро­ѓатӣ, нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ, муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо мунтазам корҳои безарар­гардонӣ анҷом дода шуда, дар корхонаҳои истеҳсолӣ бобати захираи маҳлулҳои безараргардонӣ корбарӣ шуда истодааст ва ин самт зери таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва сохторҳои дахлдори шаҳр қарор дорад. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳр дар асоси шарт­нома ҳамарўза баъд аз соати корӣ аз ҷониби масъулин корҳои безарар­гардонӣ анҷом дода мешаванд.

То ба имрўз бо истифода аз 3236,6 литр гипохлориди натрий ва 640 кг хокаи хлор дар масоҳати 4194606,8 м2 корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд ва ин амал идома дорад.

Муассисаҳои тандурустии шаҳр барои табобати беморон омода буда, бо миқдори зарурии маводи хўрока ва доруворӣ таъмин мебо­шанд. Дар беморхонаҳои шаҳрӣ 13 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ мавҷуд мебошад.

Ҳамзамон бо мақсади омода будани муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр барои қабули беморон ва бо лавозимоти аввалиндараҷаи тиббӣ, аз ҷумла либоси махсуси муҳофизатӣ ва маҳлулҳои кимёвии безарар­кунанда дастрас будани онҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома доранд. 

Дар соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Истаравшан 53335 га замин­ҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, аз онҳо 24122 га заминҳои киштшаванда мебо­шанд. Тибқи маълумот ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 113 млн 277 ҳазору 200 сомониро ташкил намудааст, ки ин 106,9% иҷрои нақшаро дар бар мегирад.

Дар ихтиёри аҳолии ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан 1694 га заминҳои Президентӣ, ки аз он 314 га обӣ ва 1380 га лалмӣ мебошанд ва 2955 га заминҳои наздиҳавлигӣ, ки аз он 955 га обӣ ва 2000 лалмӣ мебо­шанд, қарор доранд ва онҳо самаранок истифода карда мешаванд. 

Кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар маҷмӯъ шудгори заминро      ба­рои кишти баҳорӣ дар майдони 24150 га замин гузаронидаанд, ки ин иҷрои нақшаро 101% дар бар мегирад. Дар майдони 140 гектар кишти такрории ғалладонагӣ, картошка, сабзавот, полезӣ ва хӯроки чорво гузаро­нида шуда­­аст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 гектар зиёд мебошад.

Дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади татбиқи дурус­­ти сиёсати аграрӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 18151,7 га замин кишти баҳории зироат­­ҳо гузаронида шавад, ки ин 13054,7 га ғал­ладона, 185 га зироатҳои техникӣ (пахта, зағир ва ғ.), 1900 га картошка, 1849 га сабзавот, 400 га полезӣ, 1 га сабзавоти тухмӣ ва 1710 га зироатҳои хӯроки чорворо дар бар мегирад.  

Тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи якум аз теъдоди умумии май­дони зикршудаи кишт, дар майдони 19148 га заминҳои кишоварзӣ кишти баҳории зироатҳо гуза­ронида шуд, ки ин нақшаи иҷ­­ро­и­ш­­­ро 102,8% ташкил меку­над. Аз ҷумла 14139 га ғалла­дона, 2559,9 га сабзавот, 481 га зироатҳои полезӣ, сабзавоти тухмӣ 1 га ва 1483 га хӯроки чорворо ташкил мекунад. 

Дар нимсолаи якум дар заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ 1845 га ва дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, инчунин заминҳои Президентӣ 923 га, дар маҷмуъ дар 2768 га замин кишти картошка гузаронида шуд, ки ин 101% иҷрои нақшаро ташкил мекунад. Нақшаи умумии кишти кор­то­ш­ка аз ҳисоби кишти барзиёди он дар заминҳои назди­ҳав­лигии аҳолӣ ва заминҳои Президентӣ иҷро шудааст.

Дар ин давра 30,5 га боғу токзорҳои нав бунёд гардиданд, ки иҷрои нақшаро 132% ташкил мекунад. Инчунин дар ин муддат 85 га майдони боғу ток аз нав барқарор карда шуд. Дар маҷмӯъ майдони боғу токзор ба 6137 га расонида шудааст, ки аз он 2118 га боғ ва 3601 га токзор мебошад.

16 адад гармхона бо масоҳати умумӣ 1,67 га фаъолият намуда, дар чор­ моҳи соли ҷорӣ дар онҳо барои таъмини аҳолӣ 20 тонна сабзавот истеҳ­сол ва ба фурӯш бароварда шуд. Теъдоди сардхона 3 ададро ташкил намуда, боз сохт­мони як сардхонаи дигар идома дорад.

Дар тамоми секторҳои хаҷагӣ дар нимсолаи якум 5623 тонна ғалладо­нагӣ, 1075 тонна картошка, 2035 тонна сабзавот ва 10 тонна мевагӣ истеҳ­сол карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та ба миқдори 496 тонна ғалладонагӣ, 32 тонна картошка, 70 тонна сабза­вот ва 8 тонна мевагӣ зиёд мебошад. 

 Дар ҳудуди шаҳр заминҳои бекорхобида ва боир мавҷуд намебошанд.

 Дар шаҳри Истаравшан ҳаҷми майдони манзили истиқоматӣ ба ҳар як сари аҳолӣ 9 м2 рост меояд ва дар нимсолаи якум маблағи умумии ҳаҷми фонди ба истифода дода шуда 34 млн 585,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 баробар зиёд мебошад. 

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ 30557 метри мураббаъро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,9%-ро дарбар мегирад.  

Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати амалисозии «Нақшаи чора­би­ниҳои мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти давла­тии шаҳри Иста­равшан оид ба кор­ҳои ободо­ниву созан­дагӣ ба ифти­хори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқ­­лолияти давлатии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон», ки аз 450 банд иборат мебошад, корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

То ба имрӯз аз 450 банди «Нақшаи чора­би­ниҳои мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти давла­тии шаҳри Иста­равшан оид ба кор­ҳои ободо­ниву созан­дагӣ ба ифти­хори таҷлили ҷашни 30-сола­гии Истиқ­­лолияти давлатӣ», 301 банди он (соли 2018 – 112, соли 2019 – 155, нимсолаи якуми соли 2020 – 34 банди нақша) иҷро гардида, объектҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бо ҷалби соҳибкорон ва дигар ман­баҳо ба мабла­ғи умумӣ 154 млн 752 ҳазору 035 сомонӣ сохта ва таъмиру азнавсозӣ гардида, дар онҳо 1022 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар доираи 34 банди нақшаи чораби­ниҳои иҷрогар­дида, ҳашт адад иншооти соҳаи тандурустӣ, як муассисаи иҷтимоӣ, як адад муассисаи томактабӣ, се адад марказҳои савдою хизмат­расонӣ, ду адад толор ва майдончаи варзишӣ, инчунин нуздаҳ адад иншо­оти гуногун сохтаю таъмир гардида, ба истифода дода шуданд. 

Иншооти мухталиф, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маорифу тандурстӣ, корхо­наҳои саноатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ, ҳаммом ва дигар объектҳо бо сифати хуб ва сатҳи баланди меъморӣ сох­таву таъмир гардидаанд, ки ба шаҳр ҳусни зебо бахшида, дар онҳо соки­нони маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва музди меҳнат таъмин шуданд. 

Дар муддати солҳои 2018, 2019 ва нимсолаи якуми соли 2020 – 42,99 километр роҳҳои мошин­гарди маҳаллӣ бо ҷалби соҳибкорон ва дигар ман­баҳо таъ­ми­ру барқарор карда шуданд, ки аз ин 35,49 километр роҳ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 7,5 километр роҳ таъмири ҷорӣ карда шудааст ва ҳамзамон кор дар ин самт идома дорад.  

Yandex.Metrica