Зимни сафари корӣ Раиси Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истарав­шан Ашурзода Абдулҳафиз 5 декабри соли 2020 (рӯзи шанбе) муроҷиатҳои сокинони шаҳри Истаравшанро якҷо бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода қабул ва баррасӣ намуданд.

Аз ҷониби Раиси Суди конститутсионӣ зикр гардид, ки баррасии холи­сона ва саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, махсусан аз ҷониби роҳ­барони аввали сохторҳои давлатӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгу­зори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамзамон, ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати пурра, ҳаматарафа, холисона ва саривақт баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳо дастурҳои мушаххас доданд.