7 – 8 сентябри соли 2021 видео – конференсияи Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил дар Маркази омузишӣ ва рушди манбаъҳои инсонии Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ба тариқи онлайн дар мавзӯи «Масъалаҳои ҷойдошта ва иҷрои  қарорҳо: адолати судии конститутсионӣ» дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

        Дар конференсияи мазкур намояндагони зиёда аз 26 намояндаи судҳои конститутсионӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Туркия, Босния ва Ҳерсоговиния, Озарбойҷон, Арманистон, Покистон, Тайланд, Корея, Индонезия, Муғулистон,  Косова, Малайзия,  Руминия, Узбекистон, Қирғизистон ва ғайра, иштирок ва суханронӣ намуданд, Доктор Зухту Арслан – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия конференсияро кушода,  иштирокдоронро табрик гуфта, оид ба нақши қарорҳои Суди конститутсионӣ ва иҷрои онҳо сухан кард. Дар конференсия, инчунин ҷаноби Мурат Шен – котиби генералии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия ва ҷаноби Юсел Арслан  – муовини котиби генералии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия  иштирок карда,  кори конференсияро  пеш бурданд.

        Дар конференсияи мазкури Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурляминзода Гулнора Абдулямин – Сардори раёсати  таъминоти ҳуқуқии фаъолоияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзӯи «Масъалаҳо оид ба  иҷрои  қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони англисӣ баромад намуд.

        Дар фарҷоми  кори конференсия  ҷаноби  Юсел Арслан  – муовини котиби генералии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия баромад намуда, ба ҳамаи иштирокдорон миннатдорӣ баён намуд. Изҳори, умед кард, ки пандемияи  короновирус, ки аз он тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зарари равонӣ дидаанд, анҷом меёбад ва фаъолияти минбаъдаи Маркази омӯзишӣ  дар ҳолати қаблӣ давом хоҳад кард.

        Маводҳои конференсияи Ассотсиатсия ҷамъоварӣ гардида, дар шакли китоб ба чоп расонида шуда ва ба иштирокчиён дастрас карда мешавад.

Yandex.Metrica