Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат ва «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бах­­­шида ба Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат  ва «Рӯзи Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон» маҷлиси танта­навӣ ва мизи мудаввар бар­гузор гардид, ки дар кори он суд­яҳо, хизматчи­ёни давлатӣ ва дигар кор­мандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ишти­рок на­муданд.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин филмномаеро оид ба фаълияти созадаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат тамошо намуданд.

Сипас, Ашур­зода А.А.– Раиси Суди конститутсоионӣ маҷлисро бо  сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо муносибати ин ҷашн­ҳои таърихӣ ва давлатӣ табрик гуфта, оид ба нақш ва моҳияти Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат, масъала ва қарорҳои таърихии он, оғози  фаъолияти пур­самари Пешвои миллат дар роҳи бун­ёди давлати миллӣ, ободии кишвар ва некуаҳволии халқ ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки 31 сол  муқаддам вакилони мардумии халқ ба авзои бени­ҳоят му­рак­каб ва но­ороми  сиёсию ичтимоии мам­ла­кат нигоҳ на­карда, бо дарки баланди мас­ъулиятшиносӣ вазифа ва қарзи  шаҳ­р­вандию ин­сонии худро ба ҷо оварда, Иҷлосияи XVI тақдирсози мил­латро бар­гузор ва бо ҳамин ба бақои давлату миллат асос гузоштанд. Самараи  ҳа­мин иҷлосияи таърихӣ ва нақши шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо халқи тоҷик аз дастоварду музаффариятҳои беназири даврони соҳиб­­истиқлолӣ меболаду баҳравар мебошад.

 Ин сана 16 ноябри соли 1992 мебошад, ки минбаъд дар таъ­рихи на­­вини дав­­латдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ояндаи дав­лат ва миллатамонро равшан намуда, дар расидан ба ормонҳои гу­заш­та­гонамон дар хусуси бунёди давлатдорӣ ва давлатсози миллӣ заминаи воқеӣ гузошт.

       Ин чорабинӣ ба роҳбарияти сиёсии мамлакат қувва ва нерӯи нав бах­шида, онро ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими идораи давлат ва ис­ло­ҳоти он раҳнамун сохт. Дар дили мардуми ҷафокашида орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фар­зандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеаро бо ҳам муттаҳид кард.

  Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои худ оид ба  мавзуҳои «Иҷло­сияи 16-ум ва нақши он дар давлатдории навини Тоҷикистон», «Пре­зи­дент ҳо­мии Конститутсия ва кафили пойдориву бардавомии давлат», «Пре­­зидент ва музаффариятҳои даврони Истиқлол», «Президент асос­гу­зори сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Президент ка­фили сулҳу ваҳ­дат» ҷанбаҳои таърихии ин ду ҷашни сиёсию давлатӣ ва ало­қамандии ногу­састании онҳо, ба мактаби бузурги сиёсӣ ва фарҳанги идоракунӣ табдил ёфтани  институти Пре­зидент, нақши Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар тарбияи элитаи нави милии сиёсӣ ва дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ махсус қайд намуданд.

Маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар бо  садо додани Суруди мил­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Yandex.Metrica