Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иш­тироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба – Рўзи Конс­титут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар ташаккули низоми қонунгузории миллӣ” маҷлиси тан­танавӣ доир гардид.

Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки ҳамасола 6 ноябр ҳамчун санаи таърихб дар саросари кишвар бо шукӯҳу шањомати хоса таҷлил карда мешавад. Зеро 27 сол му­қад­дам халқи Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷи­кистони соҳибистиқлоли давлати худро қабул  намуда, оромонҳои гузаштагони худро амалӣ намуданд.

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори дав­латдории навин беҳамто буда, он ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз таҳассумгари ғояҳо ва арзишҳои миллии мо мебошад.

Ин санад барои эҳёи таъриху маданияти миллати тоҷик нақши му­ҳим гузошт. Руҳияи идонаю ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гу­заштагон, арҷгузорӣ ба фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фа­зои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия шањодат медиҳад.

Бисту ҳафт соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамад­дунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул на­мояд, ки он ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бо­низоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Ин санади ояндасоз барои фаъолияти бузурги созандагию бунёд­корӣ шароит муҳайё карда, Ватани моро ба шоњроњи бузурги дигар­гунињои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳидоят менамояд.

Боварӣ изҳор карда шуд, ки Конститутсия солиёни зиёд барои дав­лату миллати азизамон хизмат намуда, чун рамзи озодиву соњибихтиёрӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ, ободию созандагӣ, худогоҳиву ватандустӣ пойдору ҷовидон хоҳад монд.

Сипас судяҳо ва кормандони дастгоҳи Судро табрик намуда, барои онҳо хонаободиву сарбаландӣ ва ба кишвари азизамон тинҷиву оромӣ ва фазои сулҳу беғубор таманно намуд.

Баъдан судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н. дар мавзӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили рушди босуръати кишвар” ва судя Аб­дураҳимзода Д.Р. баромад намуда, оид ба санади сарнавиштсоз ва бахт­номаи мил­лат бу­дани Конститутсия ибрози назар намуда, қабули онро ифодаи дастгирии халқ  аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки  татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сул­ҳу ваҳдат, соҳиби обрўву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат менамояд.

Yandex.Metrica