8- уми январ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамоиш доир гардид.

Дар кори ҳамоиш судяҳо, хизматчиёни давлатӣ ва дигар корман­дони Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.

Ҳамоишро Ашурзода А.А. – Раиси Суди конститутсионӣ ҳусни иф­титоҳ бахшида, зикр кард, ки дар Паёми навбатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ҳолат ва дурнамои вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат баррасӣ гардид.

Зикр карда шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.

Бинобар ин, сол 2024 барои мо кормандони Суд  дар  самти тарғибу ташвиқи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи  “Барномаи та­ълим ва  тар­бияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сол­ҳои 2020-2030”  соли махсус ва масъулиятнок ба ҳисоб меравад.

Баъдан, Каримзода К.М.- муовини Раис дар бораи  аҳмияти таъ­рихию сиёсии паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ- ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷ­тимоӣ ва фарҳангӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки паём бо диди масъала ва проблемаҳо, таҳлили муқоисавӣ ва масъалагузориҳо бо моҳияти худ як навъ ҳисоботи роҳбари дав­лат дар назди  ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Он бо таҳлилҳои муша­ххас ва пешгӯиҳо рушди иқтисодию ичтимоии мамлакат ҳуҷҷҷати му­камали илмию амалиро мемонад.

Баъдан, Нурляминзода Г. А. ва Бобоева Ш. дар бораи сохтор ва фак­ту рақамҳои иқтисодиёти миллӣ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занон ва ҷавонон суханронӣ намуда, дар кушодашавии мазмуну мундариҷаи паём андешаҳои худро баён намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд.

Дар бунёди иншооти муҳими аср- неругоҳи  барқи обии “ Роғун” 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истоданд.

Бо ҳамин, дар назди судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон ва  соли маърифти ҳуқуқӣ вазифаҳои дахлдор гузошта шуд.

Yandex.Metrica