Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 4) 2012

Нашрия аз ҷониби Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкорӣ
ва рушд тавассути Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқбунёд дар Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон
«Deutsche Gesellschaft Internationale Zusammenarbeit
(GIZ) GmbH» (Ҷамъияти олмонии ҳамкории
байналмилалӣ) маблағгузорӣ шудааст.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№4) 2012

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади

илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори

илмҳои ҳуқуқ, профессор

Маҳмудов М.А.- Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики АИ ҶТ,

доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – КАФИЛИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ (РОҶЕЪ БА БАЪЗЕ ПАҲЛЎҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР СОЛИ 2012)

Миллати тоҷик дорои таърихи бою рангин буда, саҳифаҳои пурғановати заррини он аз фарҳангу маърифати волои ниёгони мо башорат медиҳад. Онҳо дар фазои дўстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, адлу инсоф, эҳтироми қадру манзалати инсонӣ ҳаёт ба сар бурда, барои дар руҳияи инсондўстиву ватандустӣ ба воя расидани насли наврас кўшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Дар масири таърих бе ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ рушд ва ташаккули давлату миллатҳо душвор буда, дар ин раванд хоҳу нохоҳ омезиши фарҳангҳои гуногун зиёд ба чашм мерасад, ки ин ҳолат ба мафкураву фаҳмиши ҳар як инсон бе таъсир намемонад.

Роҳбарияти олии сиёсии кишвар аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сиёсати рушди давлати муосири миллиро дар вобастагӣ бо арзишҳои умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ пиёда намуда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва бунёди давлати озоду соҳибмақоми пешрафта, ки дар он ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар ҳукмфармо мебошад, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро пеш мебарад. Эҳтирому арҷгузорӣ ба ғояи ваҳдати миллӣ, ки дар он муносибати некбинона нисбат ба ҳамаи халқиятҳо бо дарназардошти арзишҳои милливу маънавӣ ҷой дошта, дар ба воя расонидани насли ҷавону наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, инсондўстиву меҳнатпарастӣ ва равнақи худшиносии миллию маърифати ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, роҳи бузургеро тай намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш ба ҳайси Сарвари давлат бо садоқату самимият ба халқу ватани худ содиқона хизмат намуда, арзишҳои миллии моро ҳифз намуда, онҳоро муқаддас мешуморад. Ҳамчунин бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳон ва раванди ҷаҳонишавӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, арҷ гузоштан ба афзалиятҳову дастовардҳои даврони истиқлолият, эмин нигоҳ доштани расму оинҳои миллии ниёгонамон ва пос доштани хотираи бузургони халқи тоҷик иброзӣ андеша намуда, баҳри пешрафти Ватани азизамон ҳамагонро ба муттаҳидиву ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамоянд.

Соли 2012 низ ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як соли пешрафт дар ҳама самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳо, расидан ба ҳадафу ормонҳои волои созандаи мардуми кишварамон ва соли музаффарияту комёбиҳо маҳсуб ёфта, ҳамчун соли бобарор ва рўйдодҳои бузурги сиёсию фарҳангӣ ва ба амал баровардани сиёсати самараноки байналмилалӣ дар таърихи миллати тоҷик боқӣ мемонад.

Дар ин соли таърихӣ мардуми кишвар дар руҳияи ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ 100-солагии матбуоти тоҷик, Ҷашни байналмилалии Наврўз, 15-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, рўзи забон ва парчами давлатии худро ботантана таҷлил намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд, ки ин раванди нек барои рушди муътадили низоми иқтисоди миллӣ ва боз ҳам баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми меҳнатқарини диёрамон мусоидат намуда, дар заминаи он бо дарназардошти арзишҳои умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ муносибатҳои дўстонаи анъанавӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон раванди тоза пайдо мекунанд.

Ифтитоҳи иншооти бузурги аср-нақби «Шаҳристон» низ идомаи мантиқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баровардани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионӣ ба шумор меравад.

Ин дастовардҳо, ки насиби мардуми меҳнатдўсти кишвар гардидааст, шаҳодати тинҷию оромӣ, сулҳу ваҳдат, боло рафтани худшиносии шаҳрвандони мамлакат ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда, нигаҳ доштан ва афзун намудани онҳо, заминаи боэътимоди суботи минбаъдаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба шумор меравад.

Бояд зикр кард, ки устувории давлат ба фаъолияти босуботу адолатноки ҳокимияти судӣ – судҳои нерўманду мустақил ниёз ва вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, дар баробари қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.

Дар Тоҷикистон танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки қазия ва баҳсҳои гуногунро ҳаллу фасл карда, аз номи давлат ҳукму ҳалнома ва қарор бароварда, кафолати ҳифзи судӣ доштани ҳар як кас ва адолату баробариро дар назди қонун ва суд воқеъбинона ва беғаразона таъмин созад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, баҳри таъмини волоият, амалӣ бевоситаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис дода шудааст ва баҳри ҳифзи арзишҳо ва музаффариятҳои миллӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Дар Суди конститутсионӣ дар соли 2012 вобаста ба пешниҳод ва дархости шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ мебошанд, бобати муайян намудани номутобиқатии санадаҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нуздаҳ адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, нисбат ба чортои онҳо, ки дар мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, қарор ва нисбати понздаҳтои он таъинотҳои дахлдор қабул карда шудаанд.

Ин нишондиҳанда шаҳодати он аст, ки фаъолияти Суди конститутсионӣ дар соли сипаришуда нисбат ба солҳои пешина дучанд гардида, бори аввал чунин миқдор санадҳои судӣ қабул гардидаанд.

Чунончӣ, Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Одинаев Ё.Д.-ро дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, бо қарори худ аз 17 феврали соли 2012 меъёрҳои зикршударо ба Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд. Дар як вақт, тибқи муқаррароти моддаи 47 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати мақомоти дахлдори давлатӣ ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истеҳсолӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ки аз ҷониби иҷрочиёни суд нисбати Одинаев Ё. роҳ додашуда буданд, ҷалб карда шуд.

Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Бобоев Ҷ.-ро дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати ҳаштуми қисми 2 моддаи 42 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17 ва 21 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, бо қарори худ аз 15 майи соли 2012 меъёрҳои зикршударо ба Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд. Дар баробари ин, диққати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи бе чуну чарои талаботи моддаи 18 Конститутсия, ки тибқи он «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад», инчунин ба ошкор кардани ҷинояти зикршуда ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон ҷалб карда шуд.

Суди конститутсионӣ дархости шаҳрвандон Шарипов А.П. ва Романов С.Т.-ро дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 №32 ба моддаҳои 21 ва 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, бо қарори худ аз 19 октябри соли 2012 меъёрҳои зикршударо ба Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд.

Дар як вақт диққати мақомоти прокуратура ва Вазорати адлия ба назорат ва таъмини иҷрои муқаррароти қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои маҳкумшудагон, андешидани чораҳои дахлдор ҷалб карда шуд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар баррасӣ ва таҷдиди назар намудани тартиби мавҷудаи аз тарафи маҳкумшудагон истифода бурдани ёрии адвокат, ки дар қисми 5 моддаи 91 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки муҳимтарин ҳуқуқу озодии конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Раҷабов А.А.-ро дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, қайд намуд, ки ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои зикршудаи онҳо аз ҷониби марҳилаҳои судӣ мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзи судии муқаррарнамудаи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмила­лии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории мурофиа­вӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ бо қарори худ аз 20 декабри соли 2012 қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятиро ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ ҳисоб намуд.

Бояд зикр кард, ки тамоми қарорҳои қабулшудаи Суди конститутсионӣ сари вақт дар нашрияҳои расмии кишвар, аз ҷумла «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шудаанд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» нисбат ба понздаҳ парванда бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансубият надоштани масъалаи дар онҳо дарҷгардида, таъинот дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судӣ бароварда шуда, дар як вақт дар баробари ин диққати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти онҳо ҷойдошта ва таъмини қонуният ва тартиботи конститутсионӣ ҷалб карда шуд.

Дар ин муддат ба Суди конститутсионӣ зиёда аз 540 (соли 2012 – 250) нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ тариқи шифоҳию хаттӣ ва тавассути почтаи электронӣ оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки онҳо вобаста ба салоҳият ва тобеият мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шуданд.

Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон, муроҷиатҳои шифоҳии 370 нафари шаҳрвандон бевосита аз ҷониби Раис, муоивни Раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ қабул карда шудааст. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ бисту панҷ дархост, чилу ҳашт ариза, се quot;serifҲайати таҳририя:quot;; mso-bidi-font-family/p: пешниҳод ва як шик Ҷумҳурии Тоҷикистон)Ҳайати таҳрири/pя:оят аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ ворид /pгардидаанд, ки онҳо низ ба шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда шомил мебошанд.

Таҳлилу омўзиши муроҷиатҳои воридшуда ба Суди конститутсио­нӣ муайян намуд, ки шумораи зиёди онҳо оид ба норозигӣ бо ҳалномаҳои зинаҳои гуногуни судӣ, баҳси манзил, замин, баҳсҳои меҳнатӣ ва таъмини нафақа, расонидани кўмаки моддӣ ва дигар масъалаҳо мебошанд. Дар асоси гузаронидани суҳбату вохўриҳо бо шаҳрвандони муроҷиаткунанда муайян гардид, ки одатан шаҳрван­дон бо сабаби дар маҳалҳо сари вақт ба онҳо кўмак нарасонидан ба мақомоти болоӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ муроҷиат мекунанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Суди конститутсионӣ дар маҷмуъ ба истиснои муроҷиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ 1761 ҳуҷҷат ворид гардидааст, ки нисбат ба он чораҳои дахлдор андешида шуда, саривақт иҷрои онҳо таъмин карда шудааст.

Дар ин муддат тавассути ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ 762 (соли 2011 – 807, соли 2010 – 609) мактуб оид ба масъалаҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Шумораи мактубҳо оид ба масъалаҳои гуногун вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионӣ, ки соли сипаришуда тавассути почтаи электронии Суди конститутсионӣ ворид гардидаанд, 448 (соли 2011 – 332) ададро ташкил медиҳанд. Инчунин, тавассути почтаи электронии Суди конститутсионӣ 291 адад (соли 2011 – 345) мактубҳо вобаста ба фаъолияти ин мақомот ба дохил ва хориҷи кишвар ирсол карда шудааст.

Дар ин давра се адад нашри шуморавии маҷаллаи илмӣ – иттилоотии Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он фаъолияти Суди конститутсионӣ инъикос гардида, маърўзаю мақолаҳои судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ гирд оварда шудаанд, аз чоп баромад.

Инчунин, китоби маҷмўаи қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1996-2011, ки дар худ фаъолияти Суди конститутсиониро дар ин давра таҷассум намуда, 25 қарор ва 40 таъинотро бо ду забон фаро гирифтааст, аз чоп бароварда шуд. Бинобар зарурати корӣ, маҷмўаи санадҳои ҳуқуқии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китоби ҷашни бо номи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – зодаи Истиқлолияти давлатӣ низ иловатан рўи чоп оварда шуд.

Дар муддати соли сипаришуда ба сомонаи интернетии Суди конститутсионӣ мунтазам ахбороти нав, ки паҳлуҳои муҳими фаъолияти Суди конститутсионӣ, аз ҷумла маълумот оид ба мурофиаҳои судии доиргардида, вохўрии роҳбарият ва судяҳои суди конститутсионӣ бо меҳмонони хориҷӣ, сафарҳои хизматии роҳбарият ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба дохилу хориҷи кишвар ва дигар ахбороти муҳим бо се забон, забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ворид карда шудаанд. Амали мазкур дар як вақт ба дилхоҳ шахсони воқеию ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки аз фаъолияти шаффофи Суди конститутсионӣ тавассути сомонаи интернетии он огоҳ бошанд. То ба имрўз дар маҷмўъ 42 301 (чилу ду ҳазору сесаду як) нафар ашхос бо сомонаи Суди конститутсионӣ шиносоӣ пайдо намуда, аз маълумоти дар он гирдовардашуда ба таври васеъ истифода бурдаанд. Ин нишондиҳандаи хуб барои муаррифии Суди конститутсионӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз аҳамият холӣ нест.

Ҷиҳати ғанӣ гардонидани китобхонаи Суди конститутсионӣ, дар давраи ҳисоботӣ 208 адад китоб, 25 маҷаллаҳои гуногуни илмӣ ба китобхонаи идоравӣ ворид карда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода баранд.

Соли сипаришуда бо мақсади иҷрои бандҳои 12 ва 13 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2011 № 13 вобаста ба масъалаи ташкил намудани семинарҳои омўзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар масъалаи риояи талаботи механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои шиканҷаи маҳбусон, ки айни ҳол мавзўи мубрами рўз гардидааст, аз ҳисоби намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурўҳи корӣ таъсис дода шуд.

Дар заминаи протоколи маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир намудани семинару вохўриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Перизиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2012 Нақша-чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳои мазкур 22 феврали соли 2012 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурўҳи корӣ семинари омўзишӣ дар мавзўи «Механизмҳои байналмилалӣ ва миллии вобаста ба пешгигии ҳолатҳои шиканҷа» бо иштироки кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид.

Дар маҷмуъ аз ҷониби гурўҳи корӣ дар вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мухталифи кшвар бо иштироки зиёда аз се ҳазор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба шиканҷа суҳбату вохўриҳо гузаронида шуда, ба онҳо мавқеи роҳбарияти сиёсии кишвар дар ин самт муаррифӣ карда шуд.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки вобаста ба масъалаи пешгирии ҳолатҳои шиканҷа соли сипаришуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришгари вежаи СММ оид ба шиканҷа, ҷазо ва навъҳои дигари рафтори бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда Хуан Е. Мендез ташриф овард. Зимни сафари ҷаноби Хуан Е. Мендез ба Тоҷикистон дар асоси хоҳиши ў 11 майи соли 2012 дар Суди конститутсионӣ вохўрии ў бо Раиси Суди конститутсионӣ доир гардид.

Зимни суҳбат, тарафҳо оид ба механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, ки шарти зарурии фаъолияти муътадили низоми сиёсии давлат мебошад, сухан ронда, дар хусуси мавқеъ ва нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуданд.

Дар давоми сол роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузории кишвар аз 20-уми апрели соли 2012, фаҳмондадиҳии аҳамияти Рўзи Ваҳдати миллӣ дар пойдории сулҳу субот, арҷгузорӣ ба падидаи муқаддас чун Истиқлолияти давлатӣ, фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои меъёрҳои Конститутсия ва аҳамияти Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олӣ дар пойдории ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз қабили шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода, Қайроққум, Қўрғонтеппа, Исфара, Конибодом, Роғун, Ваҳдат, Чкалов ва ноҳияҳои Айнӣ, Бохтар, Восеъ, Колхозобод, Қубодиён, Мўъминобод, Шўрообод, Файзобод, Шаҳристон, Ғончӣ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ба сафарҳои хизматӣ баромада, бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигии онҳо суҳбату вохўриҳо анҷом доданд.

Ҳамчунин дар рафти суҳбату вохўриҳо мазмуну муҳтаво ва аҳамияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҷамъомадагон фаҳмонида шуда, ба саволҳои сершумори онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Судяҳо ва кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тавассути шабакаҳои гуногуни телевизиони ҷумҳурӣ, доир ба мавзуҳои зикршуда баромад карда, дар матбуот хабару мақолаҳои зиёде ба чоп расонида, тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ амали мазкурро идома диҳанд.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки ҳангоми суҳбату вохўриҳо бо аҳли ҷамоатчигии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон, онҳо аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қаноатмандӣ намуда, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси худро барои кўмак ва дастгирии ҳамаҷониба, муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва ғамхории падаронаашон баён намуданд.

Инчунин, соли сипаришуда аз ҷониби Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба шарофати таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олӣ ва 15-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рўзномаю маҷаллаҳои расмии кишвар ва нашрияҳои илмии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мақолаҳо ба чоп расонида шуданд.

Дар ин муддат бобати омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳ ба ҷумҳуриҳои Арманистон, Корея, Қазоқистон, Латвия, Олмон, Туркия, Украина, Ҳиндустон ва Шветсария сафарҳои корӣ анҷом додаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли сипаришуда дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина, ки соли 2011 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Украина ба имзо расида буд, бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Суди конститутсионии Украина ва густариши ҳамкориҳои тарафайн, кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба Ҷумҳурии Украина сафари хизматӣ анҷом доданд. Чунин сафарҳо барои баланд бародоштани донишу малакаи касбӣ ва беҳтар гардидани фаъолияти меҳнатӣ аз манфиат холӣ нест.

Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи саъю кўшиши роҳбарияти Суди конститутсионӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди консти­тут­сионии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамко­рӣ ба имзо расид, ки ин амал барои густариши ҳамкориҳо байни мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар таккони ҷиддӣ дод.

Ҳамин аст, ки дар доираи санади мазкур моҳи феврали соли 2013 бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Туркия ва густариши ҳамкориҳои тарафайн, намояндагони дастгоҳи Суди конститут­сионӣ ба Ҷумҳурии Туркия ба сафари хизматӣ фиристода шуданд.

Илова бар ин, аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол ба якчанд Судҳои конститутсионии далатҳои дигар аз қабили: Латвия, Литва, Эстония, Молдова ва дигар давлатҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тарафайн лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои мувофиқа ирсол карда шудааст, ки аз тарафи онҳо амали мазкур бо қаноатмандӣ дастгирӣ ёфта, тарафҳо омодагии худро барои ба имзо расонидани он изҳор доштанд.

Ҳамчунин, натиҷаи сафарҳои Раис ва судяҳои Суди консти­тутсионӣ ба давлатҳои хориҷи кишвар боиси он гардид, ки ҳам­кориҳои пайвастаи Суди конститутсионӣ бо мақомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳо густариш ёфта, эътибори ин мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои исон ва шаҳрванд на танҳо дар дохили кишвар, ҳамчунин берун аз он низ боло рафта истодааст.

Чунин ҳамкориҳо ва сафарҳои корӣ, инчунин табодули иттилоот ба хотири омўзиши таҷрибаи мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои дар ин самт пешрафта, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Ин имконият медиҳад, ки Суди конститутсионӣ тамоми дастовардҳои дар самти танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти назорати конститут­сионии давлатҳои дар ин самт пешрафтаро ба хотири ҳифзи музаффарият­ҳои истиқлолияти миллӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат мавриди барҳрабардорӣ қарор диҳад.

Ҳамчунин, бобати густариши муносибатҳои байналмилалӣ, соли сипаришуда вохўрии Раиси Суди конститутсионӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим Огли Гасанов, бо сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Финляндия хонум Лаура Рейнил, Президенти Суди Олии маъмурии Финляндия доктор Пекка Холбер, намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (УВКПЧ) дар Осиёи Марказӣ Армен Арутюнян, мушовири намояндагии домии СММ дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон Лиля Захариева, намояндагони фонди Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – доктор Штефан Хюлсхорстер ва дигар шахсони расмӣ доир гардид.

Аз 1 то 3 феврали соли 2012 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷиҳати гузаронидани семинари омўзишӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши назариявию амалии кормандони Суди конститутсионӣ дар мавзўи «Фаъолияти судҳои конститутсионии Олмон: қонунгузорӣ ва амалия», ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Франчсека Верт – судяи Суди замини молиявӣ, корманди илмии Суди конститутсионии федеролии Олмон, Йорг Пуделька – роҳбари минтақави Барномаи дастгирии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ GIZ, Ольга Аметистова – роҳбари Барономаи мазкур дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони масъули Барнома ташриф оварда, аз ҷониби онҳо дар муддати се рўз семинари омўзиши гузаронида шуд.

Ҳамчунин, дар давраи гузашта, дар Суди конститутсионӣ бахшида ба 15-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар мавзўи «Ваҳдату ягонагӣ омили муҳими давлатдорӣ», ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ дар мавзўи «Иртиботи Конститутсия ва Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинару мизҳои мудаввар бо доираи васеи олимону мутахассисони мамлакат ва дигар чорабиниҳои муҳим, ки ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ, Рўзи забони давлатӣ ва дигар ҷашнҳои муҳими сиёсӣ гузаронида шуданд.

Дар маҷмуъ агар ба фаъолияти солонаи Суди конститутсионӣ назар афканем, Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми махсуси низоми ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия, таъмини волоияти меъёрҳои он дар қаламрави давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд баҳри рушду нумўи ҷомеаи шаҳрвандӣ, қонунияти конститутсионӣ, тартибот ва маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми бевоситаи худро мегузорад.

Дар тўли фаъолияти худ Суди конститутсионӣ ба ҳайси мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ ва падидаи нави давлати ҳуқуқбунёду демократӣ тўли фаъолияти таърихиаш зарурат ва аҳамияти худро дар бунёди давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, ҳамчун пояи марказии низоми судии мамлакат муаррифӣ гардида, барои таҳкими ҳокимияти судӣ нақши муассир мебозад.

Каримов К.М.- судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ

Конститутсия ва фарҳанги
конститутсионӣ

Олами воқеӣ ва объективӣ аз зуҳуроти гуногуни табиат ва ҷамъият иборат аст, ки онҳо дар раванди рушд ва таҳкими худ ба қонуниятҳои хос тобеъ буда, аз иродаи касе вобастагӣ надоранд. Аммо, ин зуҳурот ва падидаҳо метавонанд аз тарафи инсоният дарк карда шуда, ба манфиати гузашта, имрўза ва ояндаи он бошуурона мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Вобаста ба ин, проблемаи озодии шахсият, таъмини ҳуқуқҳои фитрӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолати иҷтимоӣ, баробар- ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, идоракунии давлат, ташаккули низоми ратсионалии ҳокимият ва таҷзияи он аз зумраи падидаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқие арзёбӣ мегарданд, ки дар тўли таърихи дароз предмети аҳамияти махсуси илмӣ дошта ба ҳисоб мерафтанд ва новобаста аз фарогирии васеъ ва коркарди чуқури консепсуалӣ, назариявӣ ва амалии онҳо аз тарафи илмҳои фалсафа, назарияи давлат ва ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва ғ. имрўзҳо низ ҳамчун масъалаҳои актуалӣ боқӣ мемонанд.

Чунин аҳамияти махсус ба масъалаҳои зикршуда ва ба ин монанд масъалаҳо ва проблемаҳои ҳаёти ҷомеа аз он бармеоянд, ки дигаргуниҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳар ҷомеа ба таври объективӣ тағйироти ҷиддиро дар муносибати байни шахсият, ҷомеа ва давлат ва байни инсон ва ҳокимият муқаррар менамоянд. Зеро нишондиҳандаи асосии таърих ва қонуниятҳои пешбарандаи он инкишофи босуръати ҷомеаи башарӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт аст ва инсоният дар ҳама давру замон ба озодӣ, истиқлолият ва ҷомеаи адолатпарвар ниёз дошт ва дорад.

Аз ҷониби дигар, равандҳои таърихӣ ва дарки таърихӣ самтҳои гуногуни ба ҳам зид доранд ва чуноне, ки М.А. Барг қайд мекунад: «агар равандҳои таърихӣ аз имрўза ба оянда нигаронида шуда бошанд, он гоҳ идрок ба хотири имрўзу фардо аз имрўза ба гузашта нигаронида шудааст».[1]

Падидаи «конститутсия» низ чун дусад сол пеш аз ин аз зумраи мавзуҳои актуалии замони мо ба ҳисоб меравад ва имрўзҳо, ки мо дар арафаи ҷашнгирии 18-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) кишвари худ қарор дорем, кушодани мафҳум ва моҳияти ин санади муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ аз манфиат холӣ нест. Зеро ҳар қадар, ки мо аз давраи қабули Конститутсияи кишвари худ дур меравем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав рўи кор меорад. Мо ҳамон қадар ба ақлу хиради азалии халқи азизамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи роҳбари навинтихоби давлат Э. Раҳмон муттаҳид гардида, онро қабул карда, ба бақои миллат ва давлат асос гузоштанд, ҳамду сано хонда, сари таъзим фуруд меорем.

Ҳамон қадар ба ҳастӣ, мавҷудият ва ҳузури Конститутсия дар ҳаёти ҳарррўзаи худ, риояи бечуну чаро, таъмини устуворӣ ва ҳифзу ташаккули он вобаста ба рушду таҳкими давраҳои таърихии ҷомеа ва давлатамон итминони комил ҳосил менамоем. Дар баробари ин, зиракии сиёсиро нисбати манфиатҷўиву сиёҳдилии иддае аз «ҳомиёни давлату миллат ва конститутсия», ки дар ҳар лаҳзаи ногувор сару садо бардошта, дастовардҳои назарраси дар муддати кутоҳтарин ба даст омада, нақши конститутсия дар таъмини суботи сиёсию иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти созандагиву бунёдкоронаи давлату миллатро нодида мегиранд, аз даст намедиҳем. Ҳамчунин аз хотир намебарорем, ки халқи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи давлатдориаш қонуни асосии давлат-сарнавишти худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардааст ва аз ин рў, эҳтироми иродаи халқ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Аз ҷониби дигар, беэътиноӣ ба арзишҳои умумибашарии эътирофнамудаи инсоният, коста гаштани тартибот ва низоми байналмилалӣ, дахолати рўйирост ба корҳои дохилии давлатҳои алоҳида, ки истиқлолият ва тамомияти арзии онҳоро зери хавфу хатар мегузорад, фаъол гаштани созмонҳои террористиву ифротгароӣ ва ҷиноятпешаи трансмиллӣ ва ҳар чӣ бештар ба зери тассаруфи онҳо даромадани минтақаҳои гуногуни дунё, зиёд гаштани муноқишаҳои дохилӣ, ки ба таври оммавӣ ба поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оварда расонидаанд, ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки натиҷаи рушди чандинҳазорсолаи афкори фалсафӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷонбозиҳои беназири насли инсоният мебошанд, хавфу хатари ҷиддиро ба бор меоранд.

Ба эътибор нагирифтани конститутсияҳои давлатҳои алоҳида, ирода ва манspan style/span=quot;;фиатҳоspan style=и қисмати зиёди аҳолӣ, байрақ намудани «ҳуқуқи инсон» вspan style=span style=а «фалоquot;;катҳои гуманитарӣ», бисёрстандартӣ дар ҳалли масоили умдатарини байналмилалӣ ба хотириquot;serif ноил шудан ба мақсадҳои геополитикӣ, яроқноккунӣ ва дастгирии қисмати шаҳрвандони зери нуфузи идеология ва ғояи бегона афтида дар мубориза бар зидди ҳокимият солҳои охир фалокатҳои фоҷиабори зиёди конститутсиониро рўи кор оварданд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он низ, тавассути дасти душманони миллати мо бо истифода аз фарҳанги пасти сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи худшиносиву худогоҳии баъзе аз шаҳрвандони мамлакат ба ҳаводиси барои ҷомеаи мо номатлуб кашида мешаванд…

Дар замони муосир популизми иддае аз сиёсатмадорон, ки барои дар миёни ҷомеа соҳиб шудан ба обрў ва эътибори «хасакӣ» аз минбарҳо, инчунин аз воситаҳои ахбори омма васеъ истифода бурда, эътибори давлат ва ҳокимиятро бо танқидҳои беасос ва бе замина коста гардонида, ҳолати вуҷуднадошаро дар чашми аҳолӣ воқеъият ва ҳақиқат нишон медиҳанд, бениҳоят нақши манфиро касб намудааст. Аксаран андеша ва танқидҳои онҳо ба авзои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат тавъам нест, демократияро берун аз конститутсия, қонунгузорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дидан мехоҳанд.

Аз ин рў, мо бори дигар ба мафҳум, моҳият, эволютсия, заминаи устувории ҷомеа будани боэътимодии ин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, инчунин аҳамияти таърихии он барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии мо рў меорем.

Андеша ва ғояи конститутсионӣ ин моли инсоният аст, ин натиҷаи рушди афкори фалсафию сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки дар пайдоиш, побарҷоӣ ва расидан то ба дараҷаи назария, консепсия, амалия ва санади навишташуда нақши олимону муттафакирони ҳамаи халқҳои олам, аз ҷумла фарзандони баруманди миллати мо низ ҳаст.

Пайдоиши калимаи лотинии «конститутсия», ки мазмуни он барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст, илман муайян карда нашудааст. Ақидаҳое ҳастанд, ки ин истилоҳ аз гардиши техникии «rem publicam constitutire», ки санадҳои императорҳои римӣ сар мешуданд, гирифта шудааст.[2]

Ба андешаи аксар олимон ин истилоҳ ҳанўз дар асрҳои VI-VII пеш аз милод, яъне давраи ҷомеаи ғуломдорӣ дар шаҳрҳои Юнони қадим маълум буд. Дар империяи Рим фармонҳои императориро, ки тартиби фаъолияти институтҳои оммавиро (сиёсӣ) ба танзим медароварданд, конститутсия ном мебурданд. Дар баъзе аз давлатҳои феодалӣ онро хартия, ки созиши миёни ҳокимияти королӣ, феодалҳо ва шаҳрҳоро инъикос мекард ва санадҳо оид ба шаҳрҳои (минтақаҳо) федералиро низ конститутсия меномиданд.[3]


[1] Барг М.А. Категории и методы исторической науки. М.: Наука.1984. С. 128-129.

[2] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. и доп. М.: Проспект, 2010. С.72.

[3] Ниг. Советское государственное право: Учебник. Под ред. С. С. Кравчука. М., 1985. С. 34.

Дар давраҳои ибтидоии ташакулёбӣ, конститутсия, инчунин бо истилоҳи «қонуни асосӣ» (Lexfundamentals)[1] ва «қонунҳои конститутсионӣ» низ истифода мешуд.

Чунончи Гобсс дар китоби «Левифан» истилоҳи «қонуни асосиро қонуне меҳисобид, ки бекор кардани он давлатро вайрон намуда, ба анархия бурда мерасонад».[2]

Ба андешаи олими немис Г. Еллинек «мазмуни қонуни асосӣ дар асосҳои ибтидоии ташкили давлат ва салоҳияти он, яъне дар муқаррароти он принсипҳое ифода меёбад, ки тибқи онҳо эътирофи ҳуқуқи табаа ташаккул ёфтааст.»[3]

Аббат Сийэс дар рафти Инқилоби бузурги буржуазии Фаронса қайд мекунад, ки «Агар мо хоҳиши дар худ як қатор қонунҳои мусбиро, ки метавонанд танҳо аз иродаи миллӣ бароянд, дуруст тасаввур карда тавонем, он гоҳ мо дар сафи пеш қонунҳои конс­титутсиониро мебинем, ки ба ду қисм тақсим мешаванд: баъзе аз онҳо ташкил ва фаъолияти ҳайати қонунгузорӣ, дигарҳояш ташкили дигар муассисаҳои фаъолро танзим менамоянд. Ин қонунҳо на бо он мазмун қонунҳои асосӣ ҳисоб меёбанд, ки онҳо метавонанд аз соҳибихтиёрии давлат боло бошанд, балки барои он қонуни асосӣ ҳисоб меёбанд, ки муассиси дар асоси онҳо арзи вуҷуд дошта ва амалкунанда наметавонад ба онҳо дахолат намояд».[4]

Аббат Сийэз «қонунҳои конститутсионӣ» гуфта, конститусияро дар назар дошт ва ин анъана қариб то нимаи аввали асри XX идома ёфтааст.[5]

Аксари муҳаққиқони конститутсионализм пайдоиши конститутсияро ба давраи ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани буржуазия ва муборизаи он ба муқобили феодализм ва мутлақият нисбат медиҳанд ва зимни таҳлили ин масъала аз инқилоби буржуазӣ дар Британияи Кабир (1640-1649), ки нисбат ба дигар давлатҳо пештар ба вуқуъ пайвастааст, ёдовар мешаванд.

Ғояи конститутсияи навишташуда дар Британияи Кабир ба вуҷуд омадааст, аммо дар ин давлат то ҳол конститутсияи навишташуда вуҷуд надорад. Ба ин нигоҳ накарда, дар он ҷо як қатор ҳуҷҷатҳо, ба монанди: Хартияи бузурги озодӣ (1215), Олоти идоракунӣ (1653), Санади корпуси Хабеас (1679), Санад оид ба таъмини беҳтари озодии табаагӣ ва пешгирии маҳбускунӣ берун аз баҳрҳо (1679), Билл оид ба ҳуқуқҳо (1689), Санад оид ба валиаҳд (1701) ва Санад оид ба иттифоқ бо Шотландия (1706) ва ғ. қабул карда шудаанд, ки аксари онҳо хусусияти конститутсионӣ дошта, то имрўз эътибори худро гум накардаанд.

Г.Г. Арутюнян* сарчашмаҳои ибтидоии дар воқеияти арманӣ татбиқ шудани истилоҳи «конститутсия»-ро аз андешаҳои Мовсес Хоренатси (асри V) оид ба Маҷлиси Аштишат (соли 365) таъкид менамояд, ки тибқи онҳо аз ҷониби «конститутсияи динӣ» (кано- ническая конституция) «раҳму шафқат» муқаррар карда шудааст.

Ҳамчунин Г.Г. Арутюнян қайд менамояд, ки «конститутсия» дар забони арманӣ дар навбати аввал на маънои «муқаррар намудан», балки «муқаррар намудани ҳад»-ро доштааст.

Барои тақвияти андешаҳои худ аз Конститутсияи Акоп ва Шаамир Шаамирянҳо ёдовар мешавад ва қайд мекунад, ки Шаамирҳо соли 1773 конститутсияи барои Арманистони соҳибихтиёр навиштаи худро «Дом мондан ба шуҳратпарастӣ» (Западня тщеславия) ном монданд.Онҳо дар конститутсияи худ на танҳо барои «озодиҳо», балки барои «шуҳратпарастӣ ва мағрурӣ» низ «ҳадди муайян» муқаррар намуда, чунин андеша доштанд, ки «чӣ қадар ба мо некиҳои зиёде даркор аст, ки ҳаёти худро бо қонунҳо ва озодиҳо таъмин карда тавонем» ва ин қонунҳо бояд аз «мутаносибии ҳаёти инсонӣ, тибқи хоҳиши руҳи бошууронаи мо» бароянд.[6]

Олимони қазоқ низ қайд мекунанд, ки таҷрибаи конститутсионии мамлакати онҳо давраҳои таърихии инкишофи онро инъикос мекунад ва дар рушди таърихии онҳо санадҳои конститутсионии зерин, ба монанди «Роҳи тайкардаи Қосимхон» (асри XVI), «Жетi жаргы» Таукхон (асри XVII) ва лоиҳаҳои конститутсионии ҳукумати Алаш ва конститутсияҳои давраи шўравии Қазоқистон 1917, 1926, 1937, 1978 ва 1999 нақши муҳим бозидаанд.[7]

Афкори фалсафию сиёсию иҷтимоии халқи тоҷик низ аз мавҷу- дияти чунин санадҳои конститутсионӣ холӣ нест ва чуноне, ки Э. Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Аз ин рў, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ ҷой доданд».

Аммо аз замоне, ки Конститутсия дар фаҳмиши имрўза ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ ва институти демократӣ ба фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ ворид гардид ва дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши аввалиндараҷа ва калидиро касб кард, зиёда аз 225 сол сипарӣ мегардад. Ин сана аз соли 1787 аз қабули аввалин конститутсияи навишташуда дар ИМА оғоз меёбад, ки бо қабули он конститутсия ба қонуни асосии давлат табдил ёфт.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар рушд ва таҳкими ҳуқуқи конститутсионӣ ва конститутсионализм нақши Эъломияи истиқлолият (1776) дар ИМА ва Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (1789) дар Франсия махсус қайд карда мешавад. Бори аввал дар Эъломияи истиқлолият дар сатҳи санади меъёрии ҳуқуқӣ қайд гардид, ки сарчашмаи ҳокимият танҳо халқ мебошад, давлат ва ҳукумат танҳо дар он ҳолат ҳуқуқи мавҷудият доранд, ки агар онҳо ба инсон хизмат намуда, манфиатҳои ўро ҳифз намоянд.

Масъала дар хусуси қабули санади олии ҳокимият, ки иродаи тамоми миллат ва халқро ифода карда тавонад, дар лоиҳаи амалинашудаи «созишномаи халқи»-и Кромвел (1653) низ пешбинӣ шуда буд, ки тибқи он шарти қабули санади олии ҳокимият аз тарафи тамоми халқ ба имзо расидани он буд.

Баъдан файласуфи франсуз Ж.Ж. Руссо нақши халқро дар ба имзо расонидани конститутсия дастгирӣ ва тақвият дод. Ў қайд мекунад, ки муқаррар намудани конститутсия розигии ҳамаи шаҳрвандонро тақозо дорад. Он бояд натиҷаи қарори якдилона буда, бояд аз тарафи тамоми шаҳрвандон ба имзо расонида шавад ва мухолифони конститутсия дар миёни шаҳрвандон бояд хориҷиён ҳисобида шаванд.[8]

Ин моҳияти махсуси конститутсия то имрўз мавқеи ҳукмфармоии худро дар назария ва амалияи конститутсионӣ гум накардааст ва бо «Мо, халқи… ҳамин конститутсияро қабул мекунем ва эълон медорем», оғоз шудани тамоми конститутсияҳои олам, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасодуфӣ нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба ин хусусияти муҳими конститутсия, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл карда, дар иҷлосияи XVII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардаанд, ки «Хусусияти асосӣ ва муҳими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурўҳи одамон қабулшуда, балки аз тарафи аксарияти халқ қабул карда шудааст. Аксарияти аҳолӣ ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба ҳисоб меравад».[9]

Дар Эъломияи фаронсавӣ аз 26 августи соли 1789 бори аввал қайд карда мешавад, ки халқе, ки кафолати ҳуқуқ ва озодӣ ва принсипи таҷзияи ҳокимиятро намедонад, конститутсия надорад. Ғояи асосии Эъломияи зикршударо консепсияи баробарҳуқуқӣ ва озодӣ, ки ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд дахл дорад, ташкил медиҳад.

Ҳамин аст, ки Эъломия то имрўз пояи ҳуқуқи конститутсионии франсузиро ташкил медиҳад. Вай дар Конститутсияи Фаронса аз 4 октбяри соли 1958 тасдиқи худро ёфтааст. 16 июли соли 1971 Шўрои конститутсионии Фаронса Эъломияро ҳуҷҷати эътибории ҳатмии ҳуқуқӣ дошта эълон намуда, вайрон намудани онро ба ғайрикон- ститутсионӣ будани санадҳо баробар намуд.

Соли 2003 бошад, ЮНЕСКО ҳуҷҷатро ба Феҳристи «Ёддоштҳои ҷаҳон» ворид намуд.

Бо ин назардошт, конститутсия санади талаботи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа гардид ва 3 майи соли 1791 дар Полша, 3 сентябри соли 1791 дар Фаронса, соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо конститутсияҳо пайи ҳам қабул гардиданд. Ғоя дар хусуси он, ки конститутсия бояд дар ҳама давлат вуҷуд дош­та бошад, дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид.

Конститутсия чунин санади умумии (универсалӣ) ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гардид, ки дар он муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои афкори сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ, аз қабили: бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, тақсими ҳокимияти давлатӣ, сарчашмаи ягонаи ҳокимият будани халқ, демократияи намояндагӣ, тавассути раъйпурсиву интихобот ташкил кардани ҳокимият, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон, ҳуқуқ ба моликият ва ҳифзи он, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷомеа, дар асоси қонун таъсис ва фаъолият намудани дастгоҳи давлатӣ ва мақомоти давлатӣ, ўҳдадории мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд гирд оварда шудаанд, ки он ба мафҳуми лотинии конститутсия – «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан» – мувофиқ гардид.


[1] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Дар ҳамон ҷо. С.72.

[2] Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд. Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С 62.

[3] Ниг. Еллинек Г. Право современного государсва. СПБ.,1998. Т.1 С.391.

[4] Ниг. Достиев А.С. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: История разработки, принятия и основные положения. Душанбе, АО «Матбуот», 2001. С.28.

[5] Ниг. Достиев А. С. Дар ҳамон ҷо.

[6] *Эзоҳ: Арутюнян Г.Г.- Раиси Суди конститутсионии Арманистон, Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав, узви Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, доктори илмҳои хуқуқшиноси, профессор.

Арутюнян Г.Г. Конституционализм как фундаментальный принцип права в правовом государстве. Конституционное правосудие. Вестник Конференции органов конституционного контроля стран новой демократии 1 (55) 2012. С.8.

[7] Телембаев Ж. Конституция как основа для развития Казахстанской государственности и стабильного поступательного развития страны. Зангер. Вестник права Республики Казахстан № 8 (133)Тамыз/август 2012. С.83

[8] Ниг. Козлова Е.И., Кутафин О.Е. Конституционное право России. Учеб.-4-е изд., перераб. И доп.-М.:Проспект, 2010. С.67.

[9] Ниг. Рахмонов Э. Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин.Душанбе,1996. С 146.

Итоатгари қонун будан, волоияти қонунро таъмин кардан, ки муттаффакирони тамоми давру замон таъкид бар он доштанд, бо мурури замон «ба волоияти Конститутсия», «арзиши олӣ ва эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсия», «риояи бечуну чарои Конститутсия ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он» ва ғ. табдил ёфт.

Чуноне, ки файласуф ва ҳуқуқшиноси маъруфи Юнони қадим Хилона таъкид мекард: «Итоатгари қонунҳо бош, аввалан худро шинос. Ба ҳарфи қонунҳо нисбат ба он, ки ба нотиқон гўш медиҳӣ, бисёртар гўш андоз, зеро беқонунӣ ба парокандагӣ ва барҳамхурии ҷамъият бурда мерасонад».

«Шоҳон ва ҳокимон, – қайд мекард файласуфи Юнони қадим Суқрот, – онҳое мебошанд, ки ҳукмфармоӣ карда метавонанд, аммо на бо роҳи зўроварӣ, балки бо ёрии қонун».

Риояи қатъии қонунҳо аз ҷониби мутафаккири бузург, ходими сиёсӣ ва математики машҳур Пифагор некўкории олӣ ҳисобида мешуд.[1]

Вобаста ба чунин санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буданаш, мафҳум ва моҳияти калимаи конститутсия дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ бо паҳлў ва тобишҳои гуногун рушд кард, ки дар миёни онҳо: «санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ва асоси ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа будани Конститутсия», «танзимкунандаи асосҳои ташкили давлат ва муносибати давлат ва инсон будани Конститутсия», «бархурдор будани Конститутсия аз суботу устувории махсус», «тибқи Конститутсия ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳдуд кардани ҳокимияти давлатӣ», «маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқии давлат будани Конститутсия ва ба меъёрҳои он мувофиқат намудани меъёрҳои ҳуқуқии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «таъминкунандаи суботи сиёсӣ ва тартибу низом дар давлат ва ваҳдати сиёсии халқ будани Конститутсия»[2] ва ғ. нақши муайянкунанда доранд.

Тибқи консепсияи конститутсионализм, назарияи таҷзияи ҳоки- мият ва ҳуқуқҳои фитрии инсон – мақсади қабули конститутсия муқаррар намудани ҳадди ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ, маҳдуд намудани он дар чорчўбаи муайян, дар вақти амалӣ намудани ҳокимият роҳ надодан ба худсарӣ нисбати шохаҳои алоҳидаи ҳокимият, инчунин нисбати шахсиятҳои алоҳида мебошад.[3]

Ба андешаи А.Д. Градовский «Хусусияти асосӣ ва умумии шакл- ҳои конститутсионӣ он аст, ки онро маҳдудкунии ҳокимияти давлатӣ номидан мумкин аст».[4]

Олимони англис Е. Уэйд ва Г. Филлипс қайд мекунанд, ки «Зери мафҳуми конститутсия одатан ҳуҷҷати дорои аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, ки тибқи он асосҳои ташкилӣ ва функсияи мақомоти идоракунии давлат муайян карда шуда, присипҳои муайянкунандаи фаъолияти ин мақомот ташаккул меёбанд».[5]

Ф.Лассал дар маърўзаи худ «Моҳияти конститутсия» қайд менамояд, ки «конститутсияи воқеии мамлакат-ин амалан таносуби қувваҳои дар мамлакат мавҷудбуда мебошад, конститутсияи навишташуда он вақт устувор аст ва аҳамият дорад, ки таносуби воқеии қувваҳои ҷомеаро инъикос карда тавонад».[6]

Ҳамин тариқ, конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 конститутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон намуд.

Қабули Конститутсия ба давраи шикасти низоми авторитарӣ-тоталитарии идоракунии шўравӣ, саъю кўшиш ва талоши роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад ва чуноне ки Э.Раҳмон қайд намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда… орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».[7]

Конститутсия давлатро зери ҳукмронии ҳуқуқ тобеъ намуда, фаъ­олияти тамоми шохаҳои ҳокимият, дастгоҳи давлатӣ ва роҳбарияти сиёсии кишварро ба маҷрои конститутсионӣ равона намуд. Давлат тамоми имконият ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сафарбар намуд.

Натиҷаҳои фаъолияти конститутсионии зикршударо дар баробари расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ, инчунин рушду инкишофи асосҳои давлату давлатдорӣ, обрў ва эътибори байналмилалӣ ва фаъолияти назарраси созандагию бунёдкории давлати соҳибистиқлол ташкил медиҳад.

Бояд зикр кард, ки таъмини волоияти конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи қоидаи амал ва рафтори навиштаи давлат ва ҷомеа бе фарҳанги волои конститутсионӣ ғайри имкон аст.

Фарҳанги конститутсионӣ аз муносибати давлат, ҳокимият, шах- сони мансабдор ва ҳар узви ҷомеа ба Конститутсия, риояи бе чуну чарои меъёрҳо ва принсипҳои он ва тайёр будани давлат ва ҷомеа барои зистан дар фазои конститутсионӣ баҳо дода мешавад.

Дар ин замина аҳамияти фарҳангии Конститутсия барои давлат ва ҷомеа, ҳамчунин таъсири фарҳанг ва анъанаҳои ташаккулёфтаи миллӣ ба конститутсия ва дар навбати худ таъсири конститутсияро дар рушд ва таҳкими фарҳанги миллӣ махсус бояд қайд кард.[8]

Ҳақ бар ҷониби Д. Левин аст, ки дар тадқиқоти худ бахшида ба 200-солагии Конститутсияи ИМА муҳимияти махсуси ин санад­ро нишон дода, қайд менамояд, ки «Конститутсия – ин на матн, ин низоми арзишнок аст, арзишҳое, ки зинда буда, такрор мешаванд ва ҳаёти ҷомеаро пеш мебаранд».[9]

Роджер Голдман се хусусияти асосии фарҳанги конститутсионии амрикоиро қайд менамояд:

– таъкид кардани ҳуқуқ (акцентирование прав) аз ҳисоби ўҳда- дориҳо;

– нақши марказии ҳокимияти судӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон;

– эҳсоси Конститутсияи амрикоӣ ҳамчун «ҳуҷҷати зинда»-и инки- шофдиҳандаи воқеият.[10]

Фарҳанги конститутсионӣ – мафҳуми абстрактӣ набуда, дар ҳама ҷабҳаҳои моддии ҷомеаи иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳамчунин он аз мавҷудияти конститутсияи навишташуда ва иродаи ҳокимиятдорон вобаста набуда, дар заминаи мустаҳками арзишҳо ва ғояҳои маънавӣ ва моддии коркардашуда, побарҷомонда ва баркашидашуда пайдо шудааст.

Хусусияти фарҳанги конститутсионӣ дар он ифода меёбад, ки «қонуни асосӣ» бояд дар худ ҳама гуна низоми эътирофшудаи арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирад, ҳифзи боэътимодноки онҳоро кафолат дода, устуворӣ ва пешравии мамлакатро махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои замони муосир, ки инсоният ба онҳо рў ба рў шудааст, таъмин карда тавонад.

Вобаста ба ин, солҳои охир дар адабиёти илмӣ қайд карда мешавад, ки сатҳ ва моҳияти конститутсионализмро на мавҷудияти конститутсия дар ҷомеа муайян мекунад. Балки конститутсионализм – ин мавҷудияти низом ва арзишҳои конститутсионии ҳаёти воқеии ҷомеа мебошад, ки инъикоси худро дар низоми ҳуқуқӣ ёфтаанд.

Ҳамин тариқ, фарҳанги конститутсионӣ – низоми муайяни ар- зишҳои таърихан ташаккулёфта, ақидаҳо, тасаввурот, идроки ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқии муътадили аз таҷрибаи наслҳо ва тамоми инсоният бойгардида арзёбӣ мегардад, ки барои дар ҷомеаи иҷтимоӣ муқаррар намудани кафолати ризоияти ҷомеа ва қоидаҳои асосии рафтори демократӣ ва ҳуқуқӣ замина мегузорад.

А. Имомов қайд менамояд, ки «Гузаштан ба низоми конститут-сионӣ дар таърихи ҳама гуна давлат худ ба худ зуҳуроти мусбӣ аст, аммо ин ба тариқи автоматӣ ба ташаккули шуури конститутсионӣ оварда намерасонад. Ба ин ҳадаф бояд ба тадриҷ расид ва ин роҳ метавонад як давраи томро дар бар гирад».[11]

Имрўзҳо, ки мо дар арафаи 18-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақта дида ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омўзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллии худ: ватану ватандорӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем. Аз хотир набарорем, ки устувории конститутсия-ин устувории ҷомеа ва давлат буда, устувории ҷомеа ва давлат-устувории конститутсия мебошад.

Расидан ба ҳадафҳои зикршуда аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бо низоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазириро нисбат ба қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳама гуна мақомот ва кормандони онҳо, ки тавассути қарорҳои ғайриқонунии онҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вайрон гардида, боиси сарсонию саргардонии онҳо мегарданд, тақозо дорад.

Садсолаҳо паси ҳам сипарӣ мешаванд. Мо итминони комил дорем, ки шаҳрвандони мамлакат қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро дар фазои худшиносиву худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ ва якпорчагии давлати ҳақиқатан иҷтимоию шаҳрвандӣ пешвоз мегиранд. Меъёрҳои онро бо мазмуни нав ва воқеияти таърихӣ кафш ва дарк менамоянд, таҳким мебахшанд ва дар роҳи инкишофи давлати мутамаддини худ чароғи ҳидоят менамоянд.


[1] Общая теория государства и права. Академический курс в двух томах. Учебник для вузов. Том 1. Ответ.ред. проф. М.Н. Марченко. М., «Зерцало», 1998. С. 381.

[2] Достиев А.С. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: История разработки. Принятия и основные положения. Душанбе, АО «Матбуот». 2001. С.3-6.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон. Зери таҳрири Академики АИ ҶТ М.А. Маҳмудов. Душанбе. Шарқи озод. С.15-17.: Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд., Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С. 61-68.

2. Конституционное право зарубежных стран. Учебник для вузов, 2-ое изд. Под общ.ред. М.В. Баглая, Ю.И. Лейбо и Л.М. Энтина. М.: Норма, 2005. С.61-68.

[3]3. Градовский А.Д. Государственное право важнейших европейских держав. СПб.,1985 с.3.

[5] Уэйд У., Филлипс Г. Конституционное право. М.1950. С.3.

[6] Лассал Ф. Сущность конституции: Что дальше? СПб.,1905. С.33-34.

[7] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» Душанбе 3-4 ноябри соли 2010. Ахбори Суди конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4, 2010. С.7.

[8] Ниг. Сотиволдиев Р.Ш. Аҳамияти байналмилалӣ ва фарҳангии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, 2009. С.24-30.

[9] Арутюнян Г.Г. Слагаемые конституционализма: верховенства права стабильное развитие. Вестник Конференции органов конституционного контроля стран новой демократии 1 (55) 2012. С.9.

*(Британияи Кабир, Шветсия, Зеландияи нав, Исроил дар назардошта шудаст, ки конститутсияи навишташуда надоранд).

[10] Дар ҳамон ҷо. С.9.

[11] Имомов А. Управление государственности и создание гражданского общества в Таджикистане.Душанбе- 2003. С.82.

Имомов А.- мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи АИ ҶТ, н.и.ҳ., дотсент

Шаҳрвандӣ: тобеъият ё робитаи устувори ҳуқуқӣ-сиёсии инсон ва давлат

Дер боз дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори омма бо ҳар сабаб оид ба мафҳум ва мазмуни падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои мухталиф баён мегарданд. Воқеан на ҳар як маводи таҳлилию тафсирии дар воситҳои ахбор ба чоп расида, сарчашмаи боэътимоди илмӣ мебошанд. Аммо дар баъзеи онҳо дар хусуси масъалаҳое андешаҳои барғалат ё норавшане баён мегарданд, ки дар сатҳи қонунҳо мазмун ва таъиноти онҳо кайҳо муайян шудаанд. Дар хусуси ин мавзуҳо фикру андешаи худро дуруст ё нодуруст ифода кардан ба сатҳи маърифати соҳиби қалам вобаста аст, вале таърифи онҳо ба афкори ҷомеа зарар дорад. Дар доираи қонунҳои муайянкарда дуруст тафсир намудани онҳо ба баландшавии сатҳи донишу маърифати мардум мусбӣ мусоидат мекунад. Баръакси ин дур шудан аз ин доира ва падидаи ҳуқуқиро мувофиқи тасаввур ва феъли худ ба қалам додан боиси иштибоҳ ва ноқисии ахбор мегардад. Хусусан, падидаҳои ҳуқуқие, ки дарки мазмуни онҳо имрўз барои ҳар як фард зарур ва муҳим мебошад, бояд дар сатҳи қонунҳои амалкунанда тафсири худро ёбад.

Яке аз чунин падидаҳои ҳуқуқӣ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мазмун ва таъиноти ҳуқуқии он дар Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баъзе дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар ва танзим шудааст. Қонуни конститутсионии мазкур ба ҷойи қонуни пешина «Дар бораи табаияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (27 июни соли 1991) қабул шудааст. Вақте ки дар соли margin-bottom: .0001pt; text-align: justify; text-indent: 35.45pt;/spanохири мавҷудияти ҳокимияти шўравӣ қабули қонун дар бораи шаҳрвандӣ зарур гардид, қонунгузорони ҷумҳурӣ тавсияи дар хусуси бебозгашт қабул кардани ибораи «span style=шаҳрвандӣ» паз ируфта нашуд ва ба ҷойи он ибораи «табаият» маъқул д href=quot;Times New Roman Tjониста шуд. Ҳол он, ки ин ибоspan style=ра ба#_ftnref8 сохти ҷумҳуриявии давлат моҳиятан рост намеомад.

Тарафдорони ба ҷойи шаҳрвандӣ ба кор бурдани ибораи «табаият» дар он ақида мебошанд, ки одам доим дар тобеи давлат мебошад ва робитаи ў бо давлат дар итоаткорӣ ифода меёбад. Азбаски дар давраи шўравӣ аксари падидаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар сатҳи иттифоқ бо забони русӣ даставвал ифода меёфтанд, соҳибони забони миллӣ ба пайдо кардани ибораҳои ҳамарзиши «гражданият» кўшиш накарда, тарҳи русии онро дар ҳама ҳолат истифода мекарданд. Хусусан, дар забони тоҷикӣ чунин ибораҳо ба монанди «гражданият», «гражданин» ва «гражданинҳо» ба ҷойи ибораҳои тоҷикии шаҳрвандӣ, шаҳрванд ва шаҳрвандон афзал шуморида мешуд. Вақте имкони ба асли хеш баргаштани миллат ва баргардонидани забони хеш оғоз ёфт, соҳибони забони тоҷикӣ ба барқарор кардани забони модарӣ бо гаронӣ рағбат зоҳир карданд. Аз ин рў, ибораи шаҳрвандӣ дар забони қонунҳои Тоҷикистон бо душворӣ ба худ роҳ ёфт.

Онҳо ба озодии шахс, қобилияти шуурнокона ва мустақилона амал кардан ва мухторияти ўро эътироф намекунанд. Дар симои одам субъекти мустақили ҳуқуқ, иштирокдори фаъоли муносибатҳои ҳуқуқӣ-сиёсиро дарк кардан намехоҳанд. Инсон аз диди онҳо объекти ҳокимияти давлатӣ буда, қувваю идроки бунёдкорона надорад. Тибқи чунин мавқеъ онҳо ҳокимияти давлатиро мутлақ медонанд, вобастагии онро ба халқ сарфи назар мекунанд. Дар асл ингуна хулосагирӣ ба давраи сохтори мутлақият хос буда, инсоният мунтазам барои аз чунин мавқеъ ва сохтори сиёсӣ озод кардан ҷидду ҷаҳд кардааст. Дар натиҷа дар қонунгузории аксари давлатҳои мутамаддин робитаи байни давлат ва инсон аз руйи эҳтимоли эътирофи қадру қиммати инсон муқаррар ва танзим ёфтааст. Фақат дар давлатҳое, ки ба онҳо низоми тоталитарӣ ё авторитарии идора хос аст, аз ҷумла давлатҳои сотсиалистӣ дар сатҳи қонун вобастагии инсонро ба давлат ва берун аз он арзиш надоштани ўро муқаррар кардаанд. Дар давраи шўравӣ қонунгузории иттифоқӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ низ дар ҳамин замина қарор гирифта буданд.

Дар луғати энсиклопедии ҳуқуқии нашри охирини давраи шўравӣ, ки соли 1987 ба чоп расида буд, дар асоси қонуни ИҶШС дар бораи шаҳрвандӣ, дар зери мафҳуми шаҳрвандӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таалуқ доштани шахс ба давлати умумихалқии шўравии сотсиалистӣ дониста шуда буд. Яъне сухан фақат аз тааллуқ доштани шахс ба давлати шўравӣ мерафт. Ба шаҳрванд тааллуқ доштани ҳуқуқу озодиҳо дар сатҳи конститутсия ва қонунҳо гарчи эълон гашта буд, аммо онро ҳамчун аз тарафи давлат ба шахс вогузор карда шуда дониста мешуд. Вобаста ба ин, мавқеи ҳуқуқҳои инкорнашавандаи фитрии инсон дар низоми ҳуқуқу озодиҳои эълоншуда чандон усутувор набуд.

Дар солҳои бозсозӣ аллакай ғалат будани ин гуна эҳтимол ошкор гашта, дар сарчашмаҳои илмии ҳуқуқӣ даст кашидан аз ин мавқеъ тавсия карда мешуд. Бо вуҷуди ин, қонуни охирини давраи шўравии Тоҷикистон дар ин мавзўъ «Дар бораи табаияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида шуд. Ба ин муносибат дар бораи фарқи мафҳуми «шаҳрвандӣ» аз «табаият» қадре таваққуф намудан зарур аст.

Таърихан дар забони адабии тоҷикӣ ибораи шаҳрвандӣ ба кор намерафт, зеро ки пайдоиши ин мафҳуми сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба давраи муайяни таърихии рушди давлат алоқаманд аст. Далели ин фикр он аст, ки дар китоби нодири «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 2 (Аз асри Х то ибтидои асри ХХ). – М: 1969. – 578) калимаи «шаҳрванд» тафсир дода нашудааст. Вале калимаҳои «шаҳрӣ» ҳамчун «сокини шаҳр» ва «шаҳрнишин» дода шудааст. Оид ба «табаа» ҳамчун «тобеъ» шарҳ дода шудааст (с. 292). Тоҷикон, ки дар таърихи навини худ аз давлатдории миллии худ маҳрум ва дар ҳайати сохти идораи аморату ҳокимияти подшоҳӣ ва минбаъд дар сохтори шўравӣ ҷойгир буданд, барояшон ғояи шаҳрвандӣ ноошно ва онро дар аслаш истифода намекарданд. Ба онҳо калимаҳои «табаа» ба маънои тобеъ; «табаият» ба маънои тобеъ шудан, тобеият; «табаъ» ба маънои тобеъ, пайрав бештар ошною фаҳмо буд. Дар забони тоҷикӣ калимаи «шаҳрвандӣ» мавқеи хоса пайдо накарда буд. Тибқи ин фасли дуюми Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 «Давлат ва шахс», аз бобҳои «5. Гражданияти РСС Тоҷикистон. Баробарии гражданинҳо» ва «6. Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии гражданинҳои РСС Тоҷикистон» иборат буд.

Истилоҳи «табаият» (дар маънои «дар тасарруф», хислати таърихӣ дорад), падидаи қаблии ҳуқуқӣ-давлатии паҳнгардидае буд, ки робитаи фардии ҳуқуқии шахсро бо сохтори мутлақият инъикос мекард. Дар сохтори мутлақияти шоҳӣ, итоати пурраро ба иродаи шоҳ ифода мекард, ки метавонист ба табаа ҳуқуқҳо тўҳфа намояд ва аз он маҳрум созад (ҳатто тобеинро аз ҳаёт маҳрум карда метавонист). Фақат татбиқи баъзе заминаҳои сохторӣ конститутсионӣ ба тобеин додани кафолати ҳадди ақали ҳуқуқ ва озодиро мумкин гардонид. Вазъи табаият дар риояи вазифаи итоат ба ҳокимияти давлатӣ (на фақат ғайрифаъолона, балки фаъолона ба иҷро расонидани вазифаҳо, ба монанди вазифаи ҳарбӣ, супурдани андоз ва ғайра) ва риояи садоқат ба давлат ва ҳоказо ифода меёбад. Баромадан аз табаият бо розигии шоҳ ҷой дошта метавонист, баромадан бе розигии ў ҷиноят ба ҳисоб мерафт.

Бекоршавии падидаи «табаият» бо таъсири инқилоби кабири франсузӣ (асри XVIII) ва қабули аввалин конститутсияҳои буржуазӣ сурат гирифтааст. Минбаъд раванди гузариш ба сохтори конститутсионӣ дар аксари давлатҳо ба падидаи табаият хотима гузошт ва ҷойи онро падидаи «шаҳрвандӣ» бебозгашт ишғол кард. Ҳатто дар давлатҳои ҳозираи подшоҳӣ низ раванди даст кашидан аз падидаи табаият мунтазам ба худ роҳ ёфта, падидаи шаҳрвандӣ мақбул ва дар сатҳи қонунгузорӣ танзим ёфта истодааст. Зеро ки падидаи шаҳрвандӣ сатҳи баланди робитаи байни шахс ва давлатро ифода карда, дар заминаи ҳуқуқу ўҳдадориҳои тарафайн қарор ёфтааст. Конститутсияи ҶТ маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро, танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунад (қисми сеюми моддаи 14 Конст. ҶТ).

Дар асл падидаи шаҳрвандӣ тобеияти шахсро ба давлат тақозо намекунад, балки робитаи дар заминаи қонун қарордоштаи давлат ва шахсро ифода мекунад. Бинобар ин, асосҳои пайдо кардани шаҳрвандӣ ва қать гардидани он аксаран бо ташаббуси худи шаҳрванд сурат мегирад. Маҳз бо ин сабаб дар Қонуни ҶТ ва қонунҳои дигар давлатҳо дар бораи шаҳрвандӣ меъёр дар хусуси аз тарафи давлат маҳрум кардани шахс аз шаҳрвандӣ ҷой надорад.

Дар моддаи 16 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шудааст, ки «ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад». Дар боби сеюми Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои қатъ гаштани шаҳрвандии ҶТ, мавридҳои баромадан аз шаҳрвандии ҶТ, маҳрум гаштан аз шаҳрвандии ҶТ, тартиби бекор кардани қарори қабул шудан ба шаҳрвандии ҶТ муайян карда шудаанд. Аммо дар онҳо бо ташаббуси давлат маҳрум намудани шахс аз шаҳрвандии ҶТ пешбинӣ нашудааст. Мавридҳои маҳрум гаштани шахс аз шаҳрвандии ҶТ, ки қонуни мазкур муқаррар кардааст, ба амал ва ё беамалии шаҳрванди ҶТ дар хориҷи кишвар алоқаманд аст. Аз ҷумла, дар давлати хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ, хадамоти амният, полис, мақомоти адлия ва мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ба кор гузаштан, дар давоми панҷ сол дар хориҷа доимӣ зиндагӣ карда, бе сабабҳои узрнок аз қайди консулӣ нагузаштан касро аз шаҳрвандии ҶТ маҳрум месозад. Тавре ки дида мешавад, қонун асоси дигареро муқаррар накардааст, ки он ба давлат ҳуқуқи маҳрум гардонидан аз шаҳрвандии Тоҷикистонро дода бошад.

Аммо худи қонун ба шаҳрванди Тоҷикистон имкон пешбинӣ кардааст, ки унвони шаҳрвандии худро ҳифз намояд. Яъне, аз тарки шаҳрвандӣ худдорӣ намояд, ба аз даст додани шаҳрвандии худ роҳ надиҳад, ҳуҷҷатҳои қабул гаштан ба шаҳрвандиро бенуқсон пешниҳод намояд, дар интихоби шаҳрвандии худ бо андеша амал кунад.

Падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва сиёсии шаҳрвандӣ ба робитаи шахс ва давлат таъсири ҳалкунанда дорад. Ва ин робита дар заминаи чунин асосҳо қарор мегирад:

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд;

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқи шаҳрвандӣ ҳуқуқи дахлнопазири инсон мебошад;

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад;

Халқи Тоҷикистонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд;

Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф карда, ҳифз карда мешаванд;

Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд бевосита амалӣ гашта, ба воситаи ҳокимияти судӣ ва сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон кафолат дода мешавад;

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд танҳо дар асосҳои пешбиникардаи конститутсия ва қонунҳо, ҷой дошта метавонад;

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шарномаи тарафайн сурат мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи шаҳрвандӣ дорад. Касеро аз шаҳрвандӣ ё ҳуқуқи тағйир додани он маҳрум кардан мумкин нест;

Собиқ шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, бо дархости онҳо дар шаҳрвандӣ барқарор шуда метавонанд;

Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар норавост, ба истиснои мавридҳои қонун ва шартномаҳои байнидавлатӣ муқарраркарда;

Берун аз ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ кардани шаҳрванди Тоҷикистон, шаҳрвандии ўро қатъ намегардонад;

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд;

Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад.

Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон фақат бо давлати Русия шартномаи душаҳрвандӣ дорад. Ҳамин омил асос додааст, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони иҷбории меҳнатии аз Тоҷикистон ба Русия рафта, шаҳрвандии ин мамлакатро пайдо карда, бо аҳли оилаи худ барои зиндагии муқимӣ маскуни он ҷой шудаанд. Ғайр аз ин, ҳазорҳо оилаҳои ҷавони касбу кор доштаи тоҷик муддати солҳост, ки ба тариқи бозии лотереи гринкартҳои Ийолоти Муттаҳидаи Амрикоро бурд карда, ба он сўи уқъёнус барои зиндагии муқимӣ кўчида мераванд.

Ҳар як кас дар ягон умумияти ҳамзистии инсоние қарор дорад, ки бо қоидаҳои дохилии худ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳамон умумияте боиси таваҷҷуҳу эҳтиром ва дастгирии инсонҳост, ки дар он дар ҳадди муайян меъёрҳои одобию ахлоқӣ, қоидаҳои ҳуқуқӣ ва интизомӣ риоя гашта, муҳити баробарҳуқуқӣ ва озодии шахс ҳукмфармост. Давлат низ чунин умумияти ҳамзистии бузурги одамон мебошад, ки дар он нисбат ба ҳар як умумияти дигар бештар қонуну қоидаҳои ҳуқуқӣ, самтҳои асосии ҳастӣ ва фаъолияти одамон ва иттиҳодияҳои онҳо, ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор муайян карда мешавад. Яъне давлат нисбат ба ҳар фарде ё иттиҳоде бештар ба қонун вобастагӣ дорад, зеро ки сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ иродаи халқ буда, он асосан дар қонунҳо ифодаи худро меёбад. Албатта, дастгоҳи давлатӣ дар эҷоди таҳияи қонунҳо саҳми бештаре дошта, манфиати ҳокимияти давлатиро ҳарчи зиёд инъикос менамояд. Вале дар ҳар ҳолат ҳам онҳо бар хилофи иродаи халқ амал карда наметавонанд. Аз ин рў, қонун бояд ифодакунандаи манфиати халқ, давлат ва шаҳрвандон бошад. Маҳз ба ҳамин муносибат ҳар яке аз онҳо субъектони мустақили ҳуқуқи конститутсионӣ мебошанд.

Тибқи ин омилҳо ҳар як субъекти ҳуқуқ дорои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад. Фақат дар доираи онҳо давлат ва шаҳрванд бо якдигар робита намуда, нисбати якдигар ҳуқуқу вазифа доранд. Ин қоидаи эътирофшудаи давлати демократӣ мебошад ва аз он дур гаштан хилофи моҳияти расму қоидаҳои демократӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Маҳз дар ҳамин заминаҳо шаҳрванд дар тобеъяти давлат набуда, балки дар робитаи устувори ҳуқуқӣ-сиёсӣ бо он қарор дорад ва дар муайян сохтани ҳадди ин робита нақши фаъолонаю бунёдкоронаи шаҳрванд низ омили муҳим мебошад.

Ба таври анъанавӣ дар илм ва қонунгузории конститутсионӣ, инчунин ҳуқуқи байналмилалӣ яке аз асосҳои пайдо кардан ё қатъ гаштани шаҳрвандӣ ҳуқуқи интихоби он дониста шудааст. Мувофиқи он шахс дар шаҳрвандӣ мондан ва ё қать кардани онро бо ихтиёри худ мустақилона ҳал менамояд.

Дар адабиёти ҳуқуқии конститутсионӣ, ҳуқуқи интихоби шаҳрвандиро шакли осонкардашудаи интихоб ва қать гаштани шаҳрвандӣ (оптатсия) меноманд. Ҳуқуқ ба интихоби шаҳрвандӣ ва қатъ кардани шаҳрвандӣ дар сурати мувофиқи шартномаи байналмиллалӣ аз таркиби як давлат ба давлати дигар гузаштани ҳудуди муайян пайдо мешавад. Яъне ин ҳуқуқ фақат ба он сокиноне, ки дар марзи муайяни аз ҳудуди як давлат ба давлати дигар гузаштаистода муқимӣ истиқомат доранд, тааллуқ дорад.

Ҳуқуқи интихоби шаҳрвандӣ асоси байналмиллалӣ дорад. Мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳар кас ҳуқуқи интихоби озоди маҳалли зист дар қаламрави давлати мазкур, тарки ҳар кадом давлат, аз ҷумла давлати худ ва бозгашт ба он дорад (моддаи 13). Айнан чунин ҳуқуқ дар Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз соли 1966 (моддаи 12), Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳоии асосии инсон аз соли 1995 (моддаи 22) ва дигар санадҳо бахшида ба шаҳрвандӣ муқаррар карда шудааст.

Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи шарт­номаи байналмиллалии Тоҷикистон дар ҳолати тағйирёбии сарҳади давлатӣ, шахсони дар ҳудуди мансубияти давлатиаш дигаршудаистода истиқоматдошта, мувофиқи тартиб ва муҳлати муқарраршуда ҳуқуқ ба интихоби шаҳрвандӣ доранд. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шаҳрвандӣ» яке аз асосҳои пайдо кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи интихоби шаҳрвандӣ (оптатсия) мебошад, ки дар сурати тағйирёбии мансубияти сарҳади давлатии ҳудуди муайян ба вуқўъ мепайвандад. Дар асоси моддаи 26 қонуни мазкур агар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ тағйир ёбад, шахсони сокини ҳудуде, ки мансубияти давлатиаш тағйир ёфтаст, ҳақ доранд мутобиқи тартибу муҳлати дар шартномаи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида шаҳрвандии Тоҷикистон ё шаҳрвандии дигар давлат­ро интихоб намоянд. Ҳамзамон қонуни мазкур яке аз асосҳои қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ муқаррар кардааст (банди «д» моддаи 27).

Қонуни конститутсионии мазкур мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳалли корҳо оид ба шаҳрвандиро дар ихтиёр доранд ва ваколатҳои онҳоро нишон додааст. Аз ҷумла, ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии ҶТ-ро муайян кардаанд. Вале дар ваколати ҳеҷ як аз онҳо ҳалли масъалаҳои вобаста ба интихоби шаҳрвандӣ дар сурати тағйир ёфтани сарҳади давлатии ҶТ пешбинӣ нашудааст. Дар Низомномаи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии ҶТ, ки бо фармони Президенти ҶТ аз 21 ноябри соли 1996, №611 тасдиқ шудааст, низ тартиби баррасии масъалаи интихоби шаҳрвандӣ дар сурати тағйир ёфтани сарҳади ҶТ муқаррар карда нашудааст. Дар қонуни конститутсионии мазкур ва ин низомнома оид ба тартиби ҳалли ин мавзуъ як навъ холигӣ (пробел) ба назар мерасад.

Мувофиқи анъана ва тартиби муқарраршуда дар ҳуқуқи байналмилалӣ интихоби шаҳрвандӣ (оптатсия) дар он суръат ҷой дошта метавонад, ки агар як қисми ҳудуди давлати ҳамсоя ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ гардад, ҳамчун қоида шахсони дар он марз сукунат дошта бе муроҷиати махсуси онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, баъди гузаштани муҳлати муайяншуда, шаҳрвандии ҶТ-ро пайдо мекунанд. Ба даст овардани шаҳрвандии Тоҷикистон бо додани шиносномаи шаҳрванди ҶТ расмӣ гардонида мешавад. Аммо чунин муроҷиат аз номи шахсе, ки шаҳрвандии ҶТ-ро пайдо кардан намехоҳад, бояд дар муҳлати муқарраршуда дар шакли аризаи хаттӣ пешниҳод карда шавад. Дар ин сурат ин шахс ҷойи истиқомати худро тарк менамояд ва ба ҷойи дилхоҳи худ ба дохили мамлакат кўч мебандад.

Агар мувофиқи шартномаи байнидавлатӣ ҳудуди муайяне аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати давлати дигар ҳамроҳ карда шавад, шахсони дар он истиқоматдошта мувофиқан аз шаҳрвандии ҶТ мебароянд. Муроҷиати махсус дар ин хусус ба мақомоти давлатии Тоҷикистон зарур нест. Аммо агар сокини ин ҳудуд хоҳиши шаҳрвандии ҶТ-ро нигоҳ доштан дошта бошад, ў бояд ба тарзи фардӣ дар муҳлати муқарраршуда дар ин хусус ариза пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат ў ба минтақаи дохили ҷумҳурӣ кўчонида мешавад.

Тартиби махсус ва муҳлати интихоби шаҳрвандӣ дар сурати тағйири ҳудудӣ, дар шартномаи байналмилалии ҶТ муайян карда мешавад. Бо гузаштани муҳлати дар шартнома муайяншуда имкони бо роҳи оптатсия тағйир додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.

Танзими ҳуқуқии тартиби ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ вобаста ба тағйирёбии сарҳади давлатӣ масъалаи рўзмарраи сиёсӣ ва муҳим мебошад. Зарур аст, ки қаблан тартиби ҳалли онҳо муайян карда шуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии воҳиди марзию маъмурии наздисарҳадӣ онҳоро азхуд намоянд ва дар ҳолати зарурӣ онро дуруст татбиқ карда тавонанд.

ҚАРОРҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Раҷабов А. А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 20 декабри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

тарафҳо:

Раҷабов Абдуназар Абдуғафорович бо намояндаи ваколатдори худ адвокат Раҳимов Ориф Пирович – тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;

Илолов М.И.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони ваколатдори тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни ҷонибдорикарда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Исҳоқов А.Н.- муовини аввали Раиси Шўрои адquot;;span style=лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мирсаев Ҳ.С.- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Холова С.Ҳ.- раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бадриддинова Р.- Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Тавуров А.Ғ.- муовини сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Раҷабов А.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев Л.И., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Раҷабов А. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 19 марти соли 2005 миёни мототсикли ў – тамғаи ИЖ Юпитер-4 рақами давлатиаш 97 87 СБЗ ва автомашинаи тамғаи ВАЗ 21213 рақами давлатиаш АЕ 5702 РТ 01, ки таҳти идораи шаҳрванд Бобоназаров А. қарор дошт, садамаи нақлиётӣ рўй дод.

Оид ба ин садама аз тарафи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шаҳри Турсунзода баъди гузаронидани ҳаракатҳои санҷишии дахлдор, якчанд маротиба қарор дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда шудааст.

Ў аз қарорҳои дар солҳои 2007-2010 дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ, алалхусус аз қарори 31 декабри соли 2010 дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ баровардаи шуъбаи тафтишотии ШКД-и шаҳри Турсунзода норизо гардида, 10 январи соли 2011 оид ба бекор намудани қарори номбаршуда ба прокуратураи шаҳри Турсунзода бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.

Баъдан, муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки бинобар аз тарафи прокурор қонеъ нагаштан ва дар давоми 1,5 моҳ баррасӣ нагардидани шикояташ, ў бо дастрасии талаботи моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди шаҳри Турсунзода муроҷиат карда, аз суд хоҳиш намудааст, ки қарори шуъбаи тафтишотӣ аз 31 декабри соли 2010 бекор карда шавад.

Суди шаҳри Турсунзода шикоят ва маводи ба он замимашударо ҳаматарафа баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 20 апрели соли 2011 қарори шуъбаи тафтишотии ШКД-и шаҳри Турсунзода аз 31 декаб­ри соли 2010-ро дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ асоснок ҳисоб намуда, аз болои қарори баровардаи худ манъ будани шикоят ё эътирозро ба ў фаҳмондааст.

Ба андешаи муроҷиаткунанда, муқаррароти қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Ба қарори судя, ки мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад», кафолати ҳифзи судӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии ўро барои овардани шикоят аз болои қарори суд маҳдуд намуда, садди роҳи баррасии парвандаи ў дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ гардидааст.

Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки оид ба дархости ў мурофиаи судии консти­тутсионӣ оғоз карда, мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионӣ масъалаи мавриди баҳс қарордодаи Раҷабовро ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки адолати судӣ яке аз самтҳои аввалиндарҷаи фаъолияти суд оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд маҳсуб ёфта, ба амал баровардани он аз низоми муътадили ҳокимияти судӣ вобастагии амиқ дорад ва бо ин хусусият дар таркиби салоҳияти ҳокимияти судӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд.

Бо ин назардошт, дастрасӣ ба адолати судӣ яке аз муҳимтарин дастоварди афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб рафта, неъмати асосиест, ки онро бояд давлат барои шаҳрвандони худ таъмин намояд. Ҳамчунин дастрасӣ ба адолати судӣ омили асосии кафолати ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва дар як вақт яке аз шартҳои зарурии ҳифзи ҳуқуқии шахсият буда, хусусияти он аз пешниҳод намудани ҳуқуқҳои васеи конститутсионӣ ба шахс ва мавҷудияти воситаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқии онҳо иборат мебошад, ки сарчашмаи онро санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Чунонки, моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 пешбинӣ менамояд: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».

Тибқи моддаи 14 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966: «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ў дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад».

Қисми 5 моддаи 14 Паймони мазкур бошад эълон медорад, ки: «Ҳар касе, ки барои ягон ҷиноят маҳкум шудааст, ба он ҳақ дорад, ки маҳкумият ва ҳукмномаи ў аз тарафи маҷраи суди болоӣ аз нав баррасӣ карда шавад».

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кафолати ҳифзи судӣ бетафовут набуда, дар моддаи 14 пешбинӣ менамояд, ки: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».

Тибқи моддаи 19 Конститутсия бошад: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».

Ҳифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия, ки тибқи он: «Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», нисбати муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ низ татбиқ мегардад, ки тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Мувофиқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда шуда, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноят ва судҳо, ки ба салоҳияти онҳо пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судӣ вогузор карда шудааст, аз саҳву хатоҳо истисно нест ва вобаста ба ин шикоят намудан ва эътироз овардани санадҳои судӣ ба марҳилаҳои болоии судӣ, ки онҳо маҳз барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти марҳилаҳои пешинаи судӣ вуҷуддошта ташкил карда мешаванд, аз муҳимтарин принсипҳои демократии мурофиаи судии ҷиноятӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин кафолати ҳифи судӣ – ин дастрасии субъектони ҳуқуқ ё тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро ба адолати судӣ тавассути ба онҳо дастрас будани тамоми марҳилаҳои судии пешбининимудаи қонунгузории мурофиавӣ ва тартиби муроҷиат ба онҳоро дар назар дорад ва ҳама марҳилаҳои судии тавассути қонунгузорӣ ташкилшуда дар доираи салоҳиятҳои ба онҳо додашуда суди босалоҳият, мустақил ва беғараз мебошанд.

Бинобар ин, ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни муро­фиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ҳифзи боъэтимоди ҳуқуқҳои зикршудаи онҳо мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзии судии муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва қонунгузории мурофиавии он ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки марҳилаҳои кассатсиониву назоратӣ бо табиат ва таъиноти ҳуқуқии худ танҳо дар ҳолати маҳдуд кардан ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мавҷуд будани хатоҳо дар марҳилаҳои аввали судӣ, ки ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни мурофиаро ҷиддан вайрон кардаанд, мавриди амал қарор мегиранд. Ин марҳилаҳо, ҳамчун кафолати иловагии санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судӣ дар ҳолате имконпазир мегарданд, ки агар то ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судӣ ҳамаи имкониятҳои пешбинамудаи қонунгузории мурофиавӣ аз тарафи шахсони манфиатдор ва мақомоти судӣ пешбинӣ нашуда, хатоҳои марҳилаҳои пешинаи судӣ бартараф нагардида бошанд.

Ба андешаи муроҷиаткунанда Раҷабов А. ҳангоми санҷиши садамаи нақлиётии бо ў рўйдода аз тарафи мақомоти тафтишот, прокуратура ва суди марҳилаи аввал ҳолатҳои садама ҳамаҷониба, пурра ва холисона мавриди санҷиш қарор нагирифтаанд. Чораҳое, ки қонун барои холисона ҳал гаштани мавод пешбинӣ намудааст, риоя нашудаанд, ки бартараф намудани ҳолати зикршуда дахолати марҳилаҳои болоии судӣ ва шикоят аз болои қарори суди марҳилаи аввалро тақозо дорад.

Суди конститутсионӣ, инчунин таъкид менамояд, ки дар рафти тафтиши ҷиноят масъалаҳои мурофиавие пеш меоянд, ки онҳо метавонанд минбаъд мавриди муҳокимаи судӣ қарор гирифта, ҳаллу фасли ниҳоии худро ёбанд, ки дар чунин ҳолат зарурати аз ҷониби суд назорат намудани онҳо вуҷуд надорад. Вале масъалаҳое ҳастанд, ки мустақиман ҳал намудани онҳо ва аз назорати судӣ дур мондани онҳо метавонад ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии шахсро поймол намоянд, ки аз тарафи мақомоти дахлдор рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз зумраи чунин масъалаҳо мебошад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ муқаррароти қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи он ба қарори судя дар бораи қонеъ намудани шикоят, бекор кардани қарор, бенатиҷа гузоштани шикоят ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ арзёбӣ менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 124 Кодекси зикршударо ба муқаррароти моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар моддаҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд.

Дар асоси ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 32, 33, 36, 45, 46, 47, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р к а р д:

1. Қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он ба қарори судя дар бораи қонеъ намудани шикоят, бекор кардани қарор, бенатиҷа гузоштани шикоят ё қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳамин модда бароварда шудааст, шикоят ё эътироз оварда намешавад, ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надорад.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов


ТАЪИНОТҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 30 октябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ Каримов К.М.-ро оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофи- авии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Азимов Б.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 16 сентябри соли 2010 Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи даъвогии Осоишгоҳи «Шифо»-и шаҳри Қайроқумро бо ҷавобгарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум, ҳамҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд ва ҳамҷавобгарии ўро дар бораи беэътибор донистани шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 № 176 ва суратҷаласаи муассисони ҶДММ «Тавҳид» аз 4 апрели соли 2002 №6 дида баромада, бо ҳалномаи худ қарори Коммиссияи қонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва ҳуҷҷатҳои зикршудаи мавриди баҳс қарордодашударо бе эътибор дониста, 705,9 метри мураббаъ биноҳо ва 4524,0 метри мураббаъ қитъаи заминро ба ҳолати аввала баргардонида, аз моликияти ў берун намуданд.

Суди зикршуда аризаи даъвогаррро бе иштироки ў дида баромада, ҳуқуқҳояшро ба моликият поймол намуда, ўро бе манзили истиқоматӣ ва фарзандони ў – Азимов П. ва Азимовро бе мерос мондааст.

Шикоятҳои ў аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди зикршуда аз 12 ноябри соли 2010 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи 2011 бе қаноат мононда шудаанд.

Бинобар ин, номбурда моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисо- дии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки «Баррасии парванда ҳангоми пешниҳод накардани изҳори назар ба аризаи даъвогӣ, далелҳои иловагӣ, ҳамчунин дар ғоибии шахсони иштироккунандаи парванда» номгузорӣ шуда, дар ғоибии даъвогар ва ҷавобгар барррасӣ намудани парвандаро пешбинӣ менамояд, ба моддаҳои 12, 17, 19quot;,quot;serif, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Кон quot;serifститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолиф ҳисоб менамояд.

Аз ин рў, ў аз Суди коMsoNormalMso/pquot;Times New Roman TjNormalнститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Азимов Б.Н. агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости ў далел ва асосҳо дар бораи номутобиқатии моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нагардидааст.

Ҳамчунин дар талаби ў оид ба номутобиқатии моддаи 155 Кодекс ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он санҷиши конститутсиониро талаб намуда, боиси оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ гардад.

Баъдан, моддаи 155 Кодекси зикршуда аз 5 қисм иборат буда, якчанд масъалаҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки муроҷиаткунанда бе мушаххас намудани қисми дахлдори модда, тамоми матни онро ба моддаҳои номбаршудаи Конститутсия номутобиқ ҳисоб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Суди конститутсионӣ, инчунин қайд менамояд, ки масъалаи дар ғоибии муроҷиаткунанда аз тарафи суд баррасӣ намудани парванда ва баҳодиҳӣ ба дурустӣ ва қонунӣ будани санадҳои судҳои иқтисодӣ на ба салоҳияти Суди конститутсионӣ, балки ба салоҳияти марҳилаҳои болоии судҳои иқтисодӣ маҳсуб мебошад, ки муроҷиаткунанда метавонад масъалаи мазкурро дар судҳои зикршуда мавриди баҳс қарор диҳад..

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ аз рўи дархости мазкур оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро бо асосҳои зикршуда рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Азимов Б. Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992, №577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 29 ноябри соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Гулзорова М.М. ва Абдуллоев Л.И.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ- Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судӣ гузориши судя-котиб Каримов К.М.-ро оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992, №577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

муайян кард:

Намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд Шеров С.С. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки бинои исти-қоматии № 68, ки аз 36 ҳуҷраҳои истиқоматӣ иборат аст, дар маҳалаи 13-и шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағгузории хусусии саҳомони ҷамъият сохта шуда, 8 ҳуҷраи он ба ҷамъияти саҳомии «Қолинҳои Қайроқум», панҷ ҳуҷра ба кормандони худи ҷамъият ва се ҳуҷра ба кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд дода шудааст.

Соли 1993 кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд аз ҶСШП «Бинокор» дар бораи муваққатан дар хуҷраҳои холӣ ҷойгир намудани гурезагони аз ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ ба шаҳри Хуҷанд омада дархост намуд, ки ҷамъият розӣ шуда, муваққатан ҳуҷраҳои холии худро ба ихтиёри комиҷроия вогузор намуд.

Баъдан, ҳуҷраҳои барои зисти муввақатӣ ба гурезагон вобаста кардашуда бе розигии саҳмдорони ҶСШП «Бинокор» бо қарорҳои комиҷроияи шаҳри Хуҷанд № 9, 101, 171, 309, 344, 351, 356, 437, 532, 595, 623 ва 872 ба шаҳрвандон хусусӣ ва бегона карда шуданд. Аз қарорҳо ва фармоишҳои комиҷроия бармеояд, ки комиҷроия бо салоҳдиди худ хонаҳоро соҳибӣ намуда, онҳоро ихтиёрдорӣ намудааст.

ҶСШП «Бинокор» борҳо ба комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, КВД «Баистифодабарии манзил»-и шаҳри Хуҷанд, комиссияи манзили коммуналӣ ва Идораи сохтмони капиталӣ оид ба моликияти ҶСШП «Бинокор» будани бинои истиқоматии 68 ва худдорӣ кардан аз додани ордерҳо ва хусусӣ гардондани онҳо муроҷат карда бошад ҳам, аммо мақомоти зикршуда муроҷиати ўро ба инобат нагирифтанд.

Санҷиши прокурорӣ низ ғайриқонунӣ будани қарорҳои зикршудаи мақомоти маҳаллиро тасдиқ карда, Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиати ўро бо таъиноташ аз 4 феврали соли 2011 рад кард.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, муроҷиаткунанда қарори ҳукумати шаҳри Хуҷандро аз 21 августи соли 1992 № 577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаи 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф ҳисоб намуда, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати қарори зикршударо ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсия муайян намояд.

Суди конститутсионӣ дархости зикршударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар талаби гузоштаи ў, яъне муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 № 577 ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номуайянӣ дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ асос гардад.

Аз ҷониби дигар, баҳсҳои манзилӣ оид ба эътирофи моликият, аз ҷумла қонунӣ тақсим намудани фонди манзил ва ғ. баҳсҳои манзилӣ ба салоҳияти судҳои умумӣ ё иқтисодӣ дахл доранд, ки муроҷиаткунанда метавонад масъалаи худро дар судҳои зикршуда мавриди баҳс қарор диҳад.

Ҳамчунин суд муайян намуд, ки санади татбиқи ҳуқуқии мавриди баҳси муроҷиаткунанда қарордошта на «қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 № 577», балки «қарори Шўрои депутатҳои халқи шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 № 577 «Оид ба тасдиқи санади қабули комиссия дар хусуси барои истифода қабул намудани биноҳои таъиноти манзилӣ-шаҳрвандӣ» ном дорад, ки бо ин сабаб дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаҳои 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Ҳамин тариқ, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 таҳти №577 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ набудани масъалаи дар дархост гузошташуда ва аз ҷиҳати шакл ва мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда мешавад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992, таҳти №577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохтмони бинои б7 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ набудани масъалаи дар дархост гузошташуда ва аз ҷиҳати шаклу мазмун мутобиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

НАВИДҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Н А В И Д Ҳ О И


СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2 ноябри соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Иртиботи Конститутсия ва Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шўрои адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, бо маърўзаҳо баромад намуданд.

Дар оғози кори мизи мудаввар Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, сараввал ҳозиринро бо ин идҳои муқаддасу фархунда барои миллати тоҷик табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо ҳасоси кишвар доир гардид, ин пеш аз ҳама таъмини сулҳу суботи комил дар тамоми қаламрави кишвар, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва қабули як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, ки дар ташаккули минбаъдаи низоми давлатдорӣ нақши босазо бозиданд, ба шумор меравад.

Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон низ дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он маҳсуб меёбад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз қабул карда шуд, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ ва усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ таҷассуми худро пайдо намуданд.

Дар рафти кори мизи мудаввар ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки бинобар дар он мавзуҳои пурмуҳтаво оид ба аҳамияти Иҷлосияи таърихӣ дар бунёди давлатдории навин ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози миллӣ дар пойдории қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат шунида шуданд, онҳо дар нашри навбатии Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шаванд.

Аз 7 ноябри соли 2012 то 11 ноябри соли 2012 бо мақсади иҷрои банди 10 Протоколи ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 20- солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Суди конститутсионӣ барои соли 2012, бо мақсади тарғибу ташвиқи аҳамияти таърихии Иҷлосия дар пойдории ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат, фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои меъёрҳои Конститутсия, ки ҳамчун санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ дар бунёди давлати муосири демократию ҳуқуқбунёд заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст, сафари кории Раиси Суди конститутсионӣ – Маҳмудов М.А., муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Назаров М. ва судяҳои Суди конститутсионӣ – Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Ғончӣ, Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир гардид.

Зимни сафари мазкур ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд, прокуратура, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳру навоҳии номбурда баҳри фаҳмондадиҳии аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, ки дар бунёди давлатдории навин, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар кишвар, таҳкими худшиносии миллӣ ва қабули як қатор санадҳои ҳуқуқии муҳим, ки дар ташаккули минбаъдаи давлати муосири демократию ҳуқуқбунёд нақши муҳим бозидаанд ва ҳамчунин оид ба муқаррароти Конститутсияи мамлакат, ки дар таърихномаи миллати тоҷик ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз сабт гардидааст, суҳбату вохўриҳои доманадор анҷом дода, ба саволҳои сершумори ширкаткунандагони вохўриҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Баргузории суҳбату вохўриҳои мазкур, ки бо мақсади фаҳмон­дадиҳии аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи давлати муосири Тоҷикистон равона гардида буд, дар як вақт барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.

21 ноябри соли 2012 вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. бо намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (УВКПЧ) дар Осиёи Марказӣ Армен Арутюнян ва мушовири намояндагии дои­мии СММ дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон Лиля Захариева доир гардид.

Зимни суҳбат, ҷонибҳо оид ба таъмини амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба шумор меравад, ибрози андеша намуданд.

Дар рафти мулоқот Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов зикр намуд, ки мақсаду мароми ҳар як давлати муосир, аз ҷумла Тоҷикистон сохтани ҷомеае мебошад, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал буда, таъмини амалишавии онҳо кафолат дода мешавад.

Вобаста ба ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидааст ва ин падида ба арзишҳои умумибашарӣ ва санадҳои байналмилалӣ, хусусан Эъломияи умумии ҳуқуқи башар такя мекунад. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф намуда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, махсус дар Паёми навбатии худ ба мақоми олии қонунгузории кишвар 20 апрели соли 2012 ҳокимияти судиро бори дигар вазифадор намуданд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд.

Тарафҳо вохўрии дуҷонибаро судманд арзёбӣ намуда, ҷонибдории худро оид ба вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Дар вохўрӣ судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Л.И. ҳузур дошт.

23 ноябри соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлилMsoNormalи иди Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистоquot;serifн маҷлиси кормандони Суди конститутсионӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо ин ҷашни муҳими миллӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бистсола дошта, ҳанўз дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, ба Конститутсия дар бахши рамзҳои давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш Парчами миллиро ҳамчун рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос номида, изҳор дош­танд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо ин рамзи муқаддаси давлати миллию соҳибихтиёри худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ба ҷо биёрем.

Зимни маҷлис ҳамчунин оид ба аҳамияти Парчам ҳамчун нишонаи соҳибихтёрии давлати тоҷикон муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров М. ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионӣ Нурляминова Г.А. бо маърўзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

20 декабри соли 2012 таҳти раисии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парванда оид ба дархости шаҳрванд Раҷабов А.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ ва мутахассисону коршиносони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Суди конститутсионӣ масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноят ва судҳо, ки ба салоҳияти онҳо пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судӣ вогузор карда шудааст, аз саҳву хато истисно нест ва вобаста ба ин шикоят намудан ва эътироз овардани санадҳои судӣ ба марҳилаҳои болоии судӣ, ки онҳо маҳз барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти марҳилаҳои пешинаи судӣ вуҷуддошта ташкил карда мешаванд, аз муҳимтарин принсипҳои демократии мурофиаи судии ҷиноятӣ арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин, ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ҳифзи боъэтимоди ҳуқуқҳои зикршудаи онҳо мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзии судии муқаррарнамудаи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории мурофиавӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» номутобиқ ҳисоб намуд.

8 январи соли 2013 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамбастӣ оид ба фаъолияти Судиконститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 доир гардид.

Дар оғози маҷлис, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Маҳмудов М.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки соли 2012 ба шарофати заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як соли пешрафт дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафу ормонҳои волои созандаи мардуми кишварамон, соли баргузории рўйдодҳои бузурги сиёсию фарҳангӣ ва музаффарияту комёбиҳои кишварамон маҳсуб меёбад.

Дар соли сипаришуда дар Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, 15-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсияи мамлакат ва дигар ҷашнҳои муҳими сиёсии давлатӣ, ки дар ташаккули низоми давлатдории муосир, пойдории сулҳу суббот ва мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии мамлакатамон нақши муҳим бозидаанд, ба шукуҳу шаҳомати хоса ва фазои идона таҷлил карда шуданд.

Дигар воқеаи муҳиме ки соли 2012 дар таърихи миллати кўҳанбунёди тоҷик ба вуқўъ пайваст, ин ба аъзогии яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шудани Тоҷикистон ба шумор меравад. Бояд ёдовар шуд, ки воридшавии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ барои рушди муътадили низоми иқтисоди миллӣ ва боз ҳам баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуда, боз як қадами устувор барои баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Барои Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли сипаришуда боз як соли пешрафт ва дастовардҳо маҳсуб ёфта, ба ин мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ муяссар гардид, ки дар фаъолияти касбӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, муносибатҳои дўстонаро ба мақоми назорати конститутсионии давлатҳои хориҷи кишвар боз ҳам қавитар гардонад.

Инчунин, дар рафти маҷлис оид ба фаъолияти Суди конс­титутсионӣ дар соли 2012 судя-котиби Суди конститутсионӣ – Каримов К.М., дар хусуси фаъолияти Дастгоҳи Суди конститутсионӣ роҳбари Дастгоҳ – Ҳошимов Д.Д. ва дар самти фаъолияти шуъбаҳои Суди конститутсионӣ сардорони шуъбаҳо Нурляминова Г.А., Гулов А.А. ва Муҳаббатов Ҷ.Х. баромад намуданд.

ХИСЛАТҲОИ НЕК ИНСОНРО
ҶОВИДОН МЕГАРДОНАД

19 январи соли ҷорӣ қалби яке аз ҳуқуқшиноси варзидаи кишвар, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Назаров баъди бемории начандон тўлонӣ аз тапиш бозмонд.

Мустафо Назаров – соли 1949 дар ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз овони хурдсолӣ дар руҳияи инсондўстиву ватанпарастӣ, меҳнатдўстиву донишомўзӣ ва нексириштиву хушмуомилагӣ тарбия ёфтааст.

Ў соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиносӣ гардид. Маҳз ҳамин ихтисос ўро ба роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини риояи волоияти қонуну таҳкими адолати судӣ ҳидоят намуд ва марҳум фаъолияти меҳна­тиашро пас аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси ҳимоячӣ оғоз намуда, сипас ба ҳайси мудири машваратхонаи ҳуқуқии шаҳри Кўлоб кору фаъолият намудааст.

Заҳматҳои шабонарўзӣ ва донишу малакаи баланди касбиаш буд, ки Мустафо Назаров барои фаъолияти минбаъда ба мақомоти судии мамлакат ҷалб гардида, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла солҳои 1987-1995 дар вазифаҳои судяи суди вилояти Кўлоб ва судяи суди вилояти Хатлон ҳамчун мутахассиси варзидаю пуртаҷриба кору фаъолият намудааст.

Соли 1995 Мустафо Назаров ба мансаби судя – котиби Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2006 ба мансаби муовини Раиси Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ дар ин вазифа самаранок фаъолият намуд.

Ў ҳаёти пурбаракати хешро ба таҳкими низоми мустақили судии кишвар, алалхусус Суди конститутсионӣ равона намуда, барои баланд бардоштани ин мақоми судӣ саҳми созгоре гузоштааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ ифтихорманд аз он аст, ки марҳум аз аввалин рўзҳои фаъолияти худ дар ин мақом баҳри баланд бардоштани мартабаи он, ки баҳри ҳифзи Конститутсия, таъмини волоият ва амали бевоситаи он дар қаламрави давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд таъсис гардида буд, кўшиш ба харҷ додааст.

Шодравон Мустафо Назаров ҳамчун ҳуқуқшиноси соҳибмаълу­мот, дорои донишу маърифат ва малакаи баланди касбӣ ва ахлоқу одоби намунавӣ барои такмили адолати судӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде таҳия намудааст, ки онҳо барои рушду такомул ва тақвият ёфтани ҳокимияти судӣ нақши арзанда гузоштанд.

Ў андешаи равшан дошта, масъалҳои кориро возеҳ баён мекард ва баҳри ҳалли онҳо доимо кўшиш ба харҷ дода, барои ҳалли мушкилиҳои муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медод.

Дар тўли фаъолияташ дар Суди конститутсионӣ соҳиби эҳтироми хоса гардида, дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ ва қонуният нақши муҳим бозид. Ў дар бораи ташаккули низоми судии мамлакат сухан ронда, борҳо таъкид мекард, ки судя бояд дар фаъолияти худ танҳо қонун ва меъёрҳои ахлоқиро ба роҳбарӣ гирифта, кўшиш намояд, ки тантанаи адолат дар низоми судӣ ҳамеша дар мадди аввал бошад.

Худ низ доимо мекўшид, ки дар қабули қарор ба иштибоҳ роҳ надиҳад ва танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо такя мекард. Ин буд, ки доимо бо масъулияти баланд ва омодагии хуб дар чорабиниҳои гуногуни судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои судӣ баромад намуда, таклифҳои ҷолиби диққат пешниҳод мекард.

Яке аз хислатҳои наҷиби Мустафо Назаров он буд, ки қадру манзалат ва эҳтироми инсониро аз ҳама воло гузошта, камтарин кореро, ки дигарон анҷом медоданд, қадр мекард ва хоксорона ба эшон кўмак мерасонд.

Дили мисли ойина софу шаффоф дошта, байни ёру дўстон, ҳамсабақону ҳамкасбон ҳамчун шахсияти дорои муомилаи хуб, маърифати баланди инсонӣ ва ақлу заковати комил муаррифӣ гардида, эътибори хосаро касб намудааст. Ҳар фарде, ки боре ҳам дар фазои суҳбати ў ҳамнишин мегардид, дарк менамуд, ки ин инсони шарафманд бо садоқати баланд оид ба нақши мақомоти судӣ дар мамлакат, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ҳарф мезад.

Мустафо Назаров ҳамчун судя ва дар як вақт узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионӣ барои ҳалли масъа­лаҳои баҳсноки зимни ба амалба­рории салоҳияти Суди конститут­сионӣ ба миёномада, таклифу хулосаҳои ҷолиби диққат медод.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки марҳум назарияи илми ҳуқуқи конститут­сиониро низ хуб аз бар намуда, дар ин ҷода барои такмили донишу худ доимо кўшиш ба харҷ медод ва зимни маърўзаю баромадҳояш дар чорабиниҳои гуногун паҳлуҳои назариявии илми мазкурро таҳлил ва пешкаши ҳамагон менамуд.

Ў тавассути қалами сеҳрофарин мақолаҳои илмию амалии зиёде оид ба фаъолияти мақомоти судӣ ва тарбияи ҳуқуқии мутахассисони соҳа нашр намудааст. Дар як вақт панду андарзҳои насиҳатомези зиёде рўйи чоп овардааст, ки барои тарбияву беҳдошти ахлоқи ҳамида ва ба воя расидани насли ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз ватандорӣ равона гардидаанд.

Аз дастгириву мададҳои холисонаи ин марди бомаърифат садҳо ҷавонон бархўрдор шуда, аксари онҳо ба қуллаҳои умед расида, айни ҳол дар вазифаҳои баланди мақомоти судӣ, адвокатура, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ кору фаъолият менамоянд.

Агар ба зиндагинома ва фаъолияти касбии Мустафо Назаров назар афканем, маълум мегардад, ки аз хурдсолӣ дар вуҷудаш хислатҳои неки инсонӣ ва дўстдориву содиқи ба касбаш зуҳур гардида буд. Ҳамин буд, ки яке аз чеҳраҳои намоён ва мутахассиси варзидаи илми ҳуқуқшиносӣ маҳсуб ёфта, ҳеҷ вақт, ҳатто дар мушкилтарин давраҳо касби дўстдоштаашро иваз накарда, ба он содиқ боқӣ мондааст.

Мустафо Назаров дар бароба­ри он, ки дар вазифаҳои гуногуни мақомоти судии ҷумҳурӣ фаъолият намудааст, ҳамчун судяи дараҷаи олии тахассус барои фаъолияти пурсамар бо мукофотҳои давлатӣ унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардидааст.

Номи ҳамкасбу дўсти меҳрубон дар қалби ёру дўстон ва наздикону пайвандон ҳамчун инсони комилу хушрафтор ва ҳуқуқшиноси барҷаста ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Коллективи

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мундариҷа

Мамудов М.А. Суди конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон – кафили таъмини волоияти Конститутсия 5

Каримов К.М. Конститутсия ва фарҳанги конститутсионӣ 17

Имомов А. Шаҳрвандӣ: тобеъият ё робитаи устувори
ҳуқуқӣ-сиёсии инсон ва давлат 31

Қарорҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Раҷабов А. А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 декабри соли 2012 41

Таъинотҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тутсионӣ оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» аз 30 октябри соли 2012 49

2) дар хусуси рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тутсионӣ оид ба дархости намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Бинокор»-и шаҳри Хуҷанд «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз 21 августи соли 1992 № 577 оид ба тасдиқ ва қабул намудани сохт­мони бинои б7 ба моддаҳои 32 ва 36 Конститутсияи (Сар­қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 ноябри соли 2012 53

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 58

Yandex.Metrica