Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 1) 2013

Нашрияи мазкур бо дастгирии Барномаи «Мусоидат
ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ (Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилаллӣ)
нашр шудааст.

Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH (Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилаллӣ) барномаи мазкурро бо супориши Вазорати федералии ҳамкорӣ ва рушди Олмон (BMZ) иҷро менамояд.

Хулосаҳо, ақидаҳо ва интерпретатсияҳои дар нашрияи
мазкур зикргардида мавқеи муаллифон буда, бе ягон шарт мавқеи GIZ ё BMZ-ро инъикос наменамоянд.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№1) 2013

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ. Узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2013.

Сотиволдиев Р.Ш.- мудири кафедраи назария ва

таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети

ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои

ҳукуқшиносӣ, профессор

МОДЕЛИ АВРУПОИИ ТАФТИШИ
СУДИИ КОНСТИТУТСИОНЇ

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар бештари кишварҳои ҷаҳон паҳн мегардад. Лекин таърихи ташаккули амалияи судии тафтиши конститутсионӣ дар Аврупо дар миёнаҳои асри XIX ташаккул меёбад. Тафвути модели аврупоӣ аз модели амрикоӣ дар хусусиятҳои зерини модели аврупоӣ ифода мегардад: 1) агар тибқи модели амрикоӣ ҳамаи судҳо салоҳияти тафтиши судии конститутсиониро дошта бошанд, пас дар модели аврупоӣ бо мақсади ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ оид ба конститутсионӣ будани санадҳои ҳуқуқӣ мақомоти махсуси судӣ таъсис дода мешавад; 2) мақомоти махсуси тафтиши судии конститутсионӣ ваколати хешро дар шакли мурофиаи судии конститутсионӣ амалӣ мекунанд; 3) мурофиаи судии конститутсионӣ аз мурофиаи гражданӣ, ҷиноӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ фарқ мекунад.

Хусусияти муҳими модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар он аст, ки асоси назариявии онро назарияи ҳукуқшиноси номдори Австрия ва ИМА Ганс Кельзен ташкил медиҳад. Г. Келзен поягузор ва муаллифи назарияи «софи ҳуқуқ» маҳсуб мешавад. Ин назария бо мақсади ҷудо намудани таҳлилҳои ҳуқуқӣ аз падидаҳои идеологиву сиёсӣ пешбарӣ гашта, амалияи судиву маъмуриро чун роҳҳои мустақили ташаккули ҳуқуқ эътироф мекунад. Назарияи мазкур шакли позитивизми ҷадид буда, дар он кўшиши ба шароити нав мутобиқ намудани позитивизми классикии ҳуқуқӣ ба харҷ дода шудааст. Модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро модели Келзен низ меноманд. Ба ин хусусияти модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ ҳамаи муаллифон ишора мекунанд[1].

Таҷрибаи тафтиши судӣ дар Австрия дар фаъолияти суди империявӣ зимни амали Конституцияи соли 1848 ташаккул меёбад. Таъсиси расмии тафтиши судии конститутсионӣ ба соли 1920 рост меояд. Пас аз ташкили давлати федеративӣ соли 1920 Суди Конститутсионии Австрия таъсис дода мешавад. Қонуни федералии конститутсионии (Конституцияи) Австрия соли 1920 меъёри зеринро муқаррар мекунад: агар суд «дар татбиқи қарор бо сабаби ғайриқонунӣ буданаш шубҳа намояд, пас вазифадор аст, ки пешниҳодро дар хусуси бекор кардани ин қарор ба Суди конститутсионӣ пешкаш намояд» (м. 89).[2]

Ҳамин тариқ, Қонуни федералии конститутсионии (Конститутсияи) Австрия соли 1920 ба ташаккули модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ асоси ҳуқуқӣ мегузорад. Тибқи Конститутсияи Австрия аввалин Суди конститутсионӣ дар Аврупо таъсис дода мешавад. Конститутсия меъёри махсусро оид салоҳияти Суди конститутсионӣ дар соҳаи тафтиши конститутсионии санадҳо пешбинӣ мекунад.

Тибқи Конститутсия ва амалияи конститутсионии Австрия, Суди конститутсионии Австрия салоҳияти зеринро дар бахши тафтиши судии конститусионӣ амалӣ менамуд: 1) конститутсионӣ будани қонунҳои федератсия ва заминҳоро (субъектҳои федератсияро) муайян мекард; 2) масъаларо оид ба конститутсионӣ будани созишномаҳои давлатӣ баррасӣ менамуд; 3) масъалаҳоро оид ба талаботи амволӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ менамуд; 4) баҳсҳои байни субйектҳои федератсия, байни федератсия ва субйектҳои он, байни мақомоти судӣ ва идоракуниро ҳал менамуд; 5) масъалаи конститутсионӣ будани интихоботро зимни эътироз ҳаллу фасл менамуд; 6) ҷавбгарии конститутсиониро дар асоси айби эълоншуда баррасӣ мекард; 7) шикоятҳоро ба қарорҳои мақомоти идоракунӣ оид ба халалдор гаштани меъёрҳои ҳуқуқ баррасӣ менамуд[3].

Тавре мушщҳида гардид, Суди конститутсионии Австрия дар соҳаи тафтиши судии конститутсионӣ салоҳияти васеъ дошт. Санҷиши конститутсионии қонунҳо, созишномаҳои давлатӣ, қарорҳои мақомоти идоракунӣ, ҳалли баҳсҳо оид ба доираи салоҳият, муайян намудани сатҳи қонунии раванд ва натиҷаи интихобот салоҳияти Суди конститутиониро ташкил медоданд. Минбаъд масъалаҳои зикршуда мазмун ва моҳияти тафтиши судии конститутсиониро муайян мекунанд. Чунин модели тафтиши судии конститутсионӣ минбаъд дар кишварҳои дигар паҳн мешавад. Таҷрибаи Суди Конститутсионии Австрия дар ҷаҳон тез паҳн мешавад.

Чунончи, модели австриягии тафтиши судии конститутсионӣ дар Чехословакия (с. 1920), Юнон (с. 1927), Испания (с. 1931), Ирландия (с. 1937) ва Миср (с. 1941) таъсис мегардад[4]. Модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ бо суръати баланд пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон паҳн мегардад. Аз ҷумла, модели аврупоӣ дар Бирма, Япония, Италия (с. 1947), Олмон, Таиланд, Ҳиндустон (с. 1949), Сурия, Люксембург (с. 1950), Уругвай (с. 1952), Кипр (с. 1960), Туркия (с. 1961), Алҷазоир, Югославия (с. 1963), Юнон (с. 1968), Португалия (с. 1976), Испания (с. 1978), ҳамчунин дар як қатор кишварҳои Осиё, Африка, Америкои Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода мешавад[5].

Тавре маълум мегардад, модели аввал австриягӣ ва сипас, аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар бештари давлатҳо, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ҳатто дар кишварҳои исломӣ низ паҳн мешавад. Модели австриягӣ модели аслӣ маҳсуб ёфта, сипас, дар шакли молели аврупоӣ паҳн мешавад. Конститутсияи Австрия (с. 1920) заминаи ҳуқуқиро ва таҷрибаи Суди конститутсионии Австрия, ки соли 1920 таъсис гашта буд, асоси амалии модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро ташкил медиҳанд. Назарияи Г. Келзен чун асоси илмӣ-назариявии модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар ҷаҳон паҳн мешавад. Тибқи модели аврупоӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон мақомоти махсуси судӣ дар соҳаи тафтиши судии конститутсионӣ таъсис дода мешаванд. Мурофиаи судии конститутсионӣ чун шакли мустақили мурофиаи судӣ ва тартиби махсуси фаъолияти мақомоти тафтиши конститутсионӣ эътироф мешавад.

Табиист, ки бо пешрафти ҷомеа, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ такмил меёбад ва бо назардошти хусусиятҳои кишварҳои мухталиф татбиқ мешавад. Аз ҷумла, салоҳияти мақомоти судии конститутсионӣ васеъ мегардад. Чунончи, Суди конститутсионии Федералии Олмон масъалаҳоро оид ба маҳрум намудан аз ҳуқуқҳои махсус, зиддиконститутсионӣ будани ҳизбҳо, дар хусуси шикоятҳо ба қарорҳои Бундестаг роҷеъ ба ҳаққонияти интихобот, ё аъзогӣ ба Бундестаг, оид ба айбдории Президенти федералӣ, дар хусуси тафсири Қонуни асосӣ, мувофиқати ҳуқуқи федералӣ ё ҳуқуқи субйекти федератсия ба Қонуни асосӣ, оид ба ихтилофот дар соҳаи ҳуқуқ ва вазифаҳои федератсия ва субйектҳои он, роҷеъ ба шикоятҳои конститутсионӣ, айбдории судяҳо, таҳлили меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ чун ҷузъи ҳуқуқи федералӣ баррасӣ мекунад[6].

Мебояд зикр намуд, ки модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ шаклҳои гуногун дорад. Дар як қатор давлатҳо мақомоти махсуси судӣ – судҳои конститутсионӣ таъсис дода шуданд. Дар давлатҳои дигар (Франсия, Алҷазоир) мақомоти ғайриссудии тафтиши конститутсионӣ ташкил шудаанд. Аз ҷумла, мақоми тафтиши судии конститутсионии Франсия Шўрои конститутсионӣ мебошад, ки дар бахши конститутсионии қонунҳо ва санадҳои меъёрии дигар назорати олӣ мебарад. Илова бар ин, чунин назорат ҳам дар давраи муҳокимаи лоиҳаи қонун дар парламент, ҳам нисбат ба санадҳои қонунгузории қабулшуда бо мақсади муайян намудани қабули меъёрҳои онҳо дар доираи салоҳияти ҳукумат анҷом мепазирад[7]. Шўрои конститутсионӣ масъалаи мувофиқати санадҳои меъёриро ҳам ба Конститутсия ва ҳам ба қонунҳои органикӣ, ҳамчунин принсипҳои аввалиндараҷаи низоми ҳуқуқиро баррасӣ мекунад.

Ҳамин тариқ, мувофиқати санадҳои меъёрӣ ба Конститутсия, қонунҳои органикӣ ва принсипҳои аввалиндараҷаи низоми ҳуқуқии Франсия санҷида мешавад. Ба ибораи дигар, волоияти Конститутсия. Қонунҳои органикӣ ва принсипҳои аввалиндараҷаи низоми ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.


[1] Масалан, ниг.: Медушевский А. Кельзеновская модель конституционного правосудия и изменение конституций в странах Восточной Европы // Конституционное правосудие в постсоветских странах: Сб. докл. М.: Центр конституционных исследований МОНФ, 1999. С. 18.

[2] Ниг.: Федеральный конституционный закон от 10 ноября 1920 г. // Конституции государств Европейского Союза. М., 1997. С. 57 – 58.

[3] Ниг.: Австрийская Республика. Конституция и законодательные акты / Сост. Т.Г. Морщакова. М.: Прогресс, 1985.

[4] Витрук В.Н. Конституционное правосудие. Судебно-конституционное право и процесс: Учебное пособие. 3-е изд. С. 60.

[5] хамон ҷо. С. 60 – 61.

[6] Ниг.: Основной Закон Федеративной Республики Германии // Конституции государств Европы / Под общ. ред. Л.А. Окунькова. Т. 1. М.: Прогресс, 2001.

[7] Ниг.: Франция. Конституция и законодательные акты. М.: Прогресс, 1989.

Дар Франсия тафтиши конститутсионӣ дар бахши татбиқи ҳуқуқ низ амалӣ мешавад. Яъне Шўрои конститутсионии Франсия конститутсионӣ будани раванди татбиқи ҳуқуқ, конститутсионӣ будани санадҳои татбиқи ҳуқуқро месанҷад.

Салоҳияти Шўрои конститутсионии Франсияро ҳамчунин масъалаҳои конститутсионӣ будани дастурҳои палатаҳои парламент, шартномаҳо ва созишномаҳои байналхалқӣ, гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот ташкил медиҳанд.

Салоҳияти муҳими Шўрои конститутсионии Франсия бэътибор эълон намудани санадҳои меъёрӣ мебошад. Шўрои конститутсионии Франсия ҳақ дорад санадҳои меъёрии зиддиконститутсиониро беэътибор эълон намояд.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи тафтиши судии конститутсионии Франсия (ҳамчунин як қатор давлатҳои дигар) ншон медиҳад, ки модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар ду шакл роҳандозӣ мешавад. Тибқи модели муқаррарӣ судҳои конститутсионӣ ташкил мешаванд. Зимни модели дигар бошад, мақомоти ғайрисудӣ таъсис дода мешаванд. Ҳар ду намуди мақомот дар асл мақомоти махсуси тафтиши судии конститутсионӣ буда, айни замон метавонанд судӣ ё ғайрисудӣ бошанд.

Ҳамзамон, як қатор муаллифон ақида доранд, ки мақомоти ғайрисудии тафтиши конститутсионӣ ба модели аврупоӣ мансуб нестанд. Чунончи, ба андешаи М.Ф. Чудаков, ташкили мақомоти махсуси ғайрисудӣ мансуб ба моделҳои амрикоӣ ва аврупоӣ нест[1].

Дар адабиёти илмӣ ақидаҳои дигар низ ҷой доранд. Чунончи, ба андешаи А.А. Клишас, хусусияти модели аврупоии тафтиши конститутсионӣ ин аст, ки дар заминаи он мақомоти тафтиши конститутсионии ҳам махсус ва ҳам махсуснагашта ташкил мешаванд. Дар ин замина муаллиф шаклҳои тафтиши конститутсионии махсус ва махсуснагаштаро дар дохили модели аврупоӣ ҷудо мекунад. Ҳамчунин далел ба ду намуди мақомоти тафтиши конститутсионии Франсия – Шўрои конститутсионӣ ва Шўрои Давлатӣ ишора мешавад. Шўрои конститутсионии Франсия чун мақоми махсуси тафтиши конститутсионӣ тавсиф мешавад. Ҳамзамон қайд мешавад, ки Шўрои Конститутсионии Франсия оид ба мувофиқати ҳамаи қонунҳо то имзои онҳо аз ҷониби Президент, ҳамчунин дастурҳои палатаҳои парламент пеш аз қабулашон хулоса медиҳад. Шўрои Конститутсионӣ ҳамчунин масъалаҳоро вобаста ба интихобот, раъйпурсии умумимиллӣ, ихтилофоти ҳуқуқӣ зимни ташкили парламент (интихоби вакилон) баррасӣ мекунад. Шўрои Давлатии Франсия бошад, санадҳои меъёрии ҳокимияти иҷроияро пас аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудан онҳо мавриди санҷиш қарор медиҳад[2].

Чунин салоҳияти Шўрои конститутсионии Франсия ва мақомоти кишварҳои дигар хусусияи фарқкунандаи модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро муайян мекунад. Дар ҳамин асос муҳаққиқон кўшиш мекунанд, ки тафовути модели аврупоӣ ва амрикоии тафтиши конститутсиониро муайян намоянд. Аз ҷумла, ба андешаи С.В. Боботов, яке аз сабабҳои дар Аврупо татбиқ нагаштани модели амрикоӣ дар он аст, ки «дар ИМА Конститутсия муқаддас буда», дар Аврупо бошад, «қонуни ба Конститутсия ва присипҳои умумии ҳуқуқ асосёфта муқаддас аст»[3].

Дар адабиёти илмӣ сабабҳои дигари амалӣ гаштани модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ низ таҳлил мешаванд. Аз ҷумла, тибқи андешаи бештари муҳаққиқон, таҳаввули режимҳои парламентӣ ва нимпарламентӣ дар самти афзоиши ҳокимияти иҷроия ва дастгоҳи ҳизбии сиёсӣ боиси ҷори гаштани назорат аз болои мақомоти қонунгузор гаштааст[4].

Бояд зикр намуд, ки тафтиши судии конститутсионӣ дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҳамчунин сохтори давлати ҳуқуқбунёд паҳн мешавад. Дар таҳлилҳои илмӣ тафтиши судии конститутсионӣ чун талаби ё нишонаи давлати ҳуқуқбунёд арзёбӣ мешавад. Дар адабиёти илмӣ, алалхусус дар назарияи давлат ва ҳуқуқи пасошўравӣ низ волоияти Конститутсия, қонунияти конститутсионӣ ё тафтиши судии конститутсионӣ чун ншонаи давлати ҳуқуқбунёд тавсиф мегардад. Аз ин ақида В.С. Нерсесянс, С.С. Алексеев, А.В. Малко ва бештари муаллифон дигар ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ибораи дигар, тафтиши судии конститутсионӣ чун нишона ё талаби давлати ҳуқуқбунёд дар бештари кишварҳои ҷаҳон паҳн мешавад.

Модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ чун сохтори ҳатмии давлати ҳуқуқбунёд дар ҳамаи давлатҳои Аврупои Ғарбӣ паҳн шуда, хусусияти ҳамагонӣ пайдо мекунад. Тибқи андешаи як қатор муаллифон, омилҳои зерин боиси бо суръати баланд ва тез паҳн гаштани модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ гаштаанд: 1) зиёд шудани миқдори қонунҳо ва санадҳои меъёрии дигар дар натиҷаи тақвият ёфтани фаъолияти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо ва ошкор гаштани ихтилофоти онҳо бо конститутсияҳо; 2) ихтилофот ва баҳсҳои ҳуқуқӣ дар натиҷаи васеъ амалӣ гаштани гуногунсиёсӣ, ҳамчунин дар натиҷаи ихтилофоти марбут ба сохти давлатии федеративӣ[5].

Тафтиши судии конститутсионӣ тибқи модели аврупоӣ самтҳои гуногун дорад. 1) тафтиши пешакии тағйироти конститутсионӣ, шартномаҳои байналхалқӣ ва санадҳои меъёрӣ то эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани онҳо; 2) тафтиши баъдинаи абстрактӣ ва мушаххас дар асоси муроҷиати судҳо ва шикоятҳои фардӣ; 3) тафсири расмии конститутсия, қонунҳо ва санадҳои меъёрии дигар; 4) ҳалли ихтилофот ва баҳсҳои ҳуқуқӣ байни мақомоти давлатӣ (субъектони федератсия, байни онҳо ва федератсия); 5) назорат аз болои ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсии дигар; 6) муайян намудани конститутсионӣ ва қонунӣ будани раъйпурсӣ, интихобот; 7) тасдиқи мансаби вакилони интихобшуда; 8) муайян намудани вазъи ҳуқуқӣ ва салоҳияти хизматчиёни давлатӣ; 9) ҳалли масъалаи аз вазифа барканор намудани сарвари давлат ва шахсони мансабдори дигар; 10) тасдиқи ҳолатҳои ҳуқуқӣ ва дигар, ки заминаи пароканда гаштани мақомоти намояндагӣ, аз он ҷумла парламент мегарданд[6].

Дар адабиёти илмӣ ба хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ эътибор медиҳанд. Аз ҷумла, О.В. Брежнев хусусиятҳои зерини модели зикршударо муайян мекунад: 1) таъсиси мақоми махсуси тафтиши конститутсионӣ – суди конститутсионӣ, ки ба низоми судӣ дохил намешавад ё дар низоми судӣ мавқеи мухтор дорад; 2) тафтиши судии конститутсионӣ барои мақомоти тафтиши конститутсионӣ ваколати асосӣ мебошад; 3) тартиби ташкили судҳои конститутсионӣ аз тарзи ташкили мақомоти судии дигар фарқ мекунад; 4) тартиби махсуси мурофиавии фаъолияти судҳои конститутсионӣ дар шакли мурофиаи конститутсионӣ; 5) қарорҳои мақоми тафтиши конститутсионӣ на танҳо барои тарафҳои парвандаи конститутсионӣ, балки барои ҳамаи субйектҳои ҳуқуқ ҳатмист[7].

Бояд зикр намуд, ки О.В. Брежнев зимни муайян намудани хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ фаъолияти судҳои конститутсиониро ба асос мегирад. Вале тавре маълум аст, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ шаклҳои гуногун дорад, аз ҷумла, дар шакли ташкили судҳои конститутсионӣ ва мақомоти ғайримудӣ истифода мешавад. Аз ин рў, таҳлили мавсуф хусусиятҳои танҳо як шакли модели аврупоии тафтиши судии конститутсиониро муайян мекунад.

Муаллифони дигар зимни муайян намудани хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ ҳамин ҳолатро, яъне гуногуншаклии модели зикршударо ба назар мегиранд. Аз ҷумла, А.А. Клишас, зимни таҳлили хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ ба ҳолатҳои зерин эътибор медиҳад.

Якум, мақомоти аврупоии тафтиши конститутсионӣ дар баробари муайян намудани мувофиқати санадҳои меъёрӣ бо конститутсия, ҳамзамон чун инстансияи судӣ нисбат ба шахсони мансабдори олимақом (дар Австрия ва Олмон) баромад мекунанд.

Дуюм, мақомоти аврупоии тафтиши конститутсионӣ ҳамчун суди интихобӣ ҳангоми гузаронидани раъйпурсии умумимиллӣ (дар Франсия ва Италия) фаъолият мебаранад.

Сеюм, мақомоти аврупоии тафтиши конститутсионӣ масъалаҳои конститутсионӣ будани ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятиро ҳал мекунанд[8].


[1] Ниг.: Австрийская Республика. Конституция и законодательные акты / Сост. Т.Г. Морщакова. М.: Прогресс, 1985.

[2] Ниг.: Чудаков М.Ф. Конституционное государственное право зарубежных стран. Минск: Харвест, 1998. С. 222 – 224.

[3] Ниг.: Клишас А.А. Ас. иш. С. 128, 137, 140.

[4] Боботов С.В. Конституционная юстиция. С. 55.

[5] Витрук В.Н. Конституционное правосудие. Судебно-конституционное право и процесс: Учебное пособие. 3-е изд. С. 60.

[6] Ниг.: Клишас А.А. Указ. соч. С. 120 – 129; Сафьян М. Роль конституционных судов в процессе создания конституционного права // Конституционное правосудие на рубеже веков. Материалы международной конференции, посвященной 10-летию Конституционного Суда Российской Федерации (1 – 2 ноября 2001 г., г. Москва). М., 2002. С. 127; Ильинский И.П. Парламент Австрии // Парламенты мира: Сб. М., 1991. С. 10 12; Чиркин В.Е. Конституционное право зарубежных стран. М., 1999. С. 123 и др.

[7] Ниг.: Брежнев О.В. Брежнев О.В. Судебный конституционный контроль в России: проблемы методологии, теории и практики: Дис. … д-ра. юрид. наук. М.: МГУ, 2006. С. 72 – 73.

[8] Ниг.: Клишас А.А. Указ. соч. С. 129 – 130.

Муайян намудани хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ аз он вобаста аст, ки муҳаққиқ то кадом андоза гуногуншаклии онро ба эътибор мегирад. Чунончи, А.А. Клишас зимни ҷудо намудани мафҳумҳои «тафтиши конститутсионӣ» ва «адолати судии конститутсионӣ» мафҳумҳои тафтиши конститутсионии махсус ва махсус нагаштаро фарқ мекунад. Ҳамин ҳолат ба мавсуф имкон медиҳад, ки ҳангоми муайян намудани хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ ҳолатҳои алоҳидаро низ ба эътибор гирад.

Боиси зикр аст, ки ҳангоми таҳлили хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ гуногуншакалии онро ҳатман ба эътибор бояд гирифт. Якум, фаъолияти мақомоти судӣ (судҳои конститутсионӣ) ва мақомоти ғайрисудии тафтиши конститутсионӣ (шўрои конститутсионӣ ва диг.) хусусиятҳои хос худро доранд. Дуюм, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар кишварҳои алоҳида бо назардошти шароити он (хусусиятҳои низоми ҳуқуқӣ, низоми судӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, амалияи судӣ ва м.и.) татбиқ мешавад.

Аз ин рў, хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ ба ду гуруҳ бояд ҷудо карда шаванд: а) хусусиятҳои умумӣ, ки ба ҳамаи шаклҳои модели мазкур мансуб буда метавонанд; б) хусусиятҳои мушаххаси модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ, ки дар робита бо шаклҳои гуногуни модели мазкур ва шароитҳои татбиқи он муайян мешаванд. Ба назар гирифтани чунин таснифи хусусиятҳои модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ муҳим аст. Чунончи, дар як қатор кишварҳои Аврупо одатан судҳои конститутсионӣ ба низоми судӣ дохил карда намешаванд. Агар дохил карда шаванд ҳам, вале мавқеи мухтор доранд. Барои ҳамин муаллифон (О.В. Брежнев, А.А. Клишас ва диг.) чунин ҳолатро ҳамчун хусусияти модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ мепазиранд.

Ба назар гирифтани ин хусусияти модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Тоҷикистон муҳим аст. Чунончи, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ ба низоми судӣ дохил карда мешавад. Аз ин рў, хусусиятҳои умумии модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар кишварҳои алоҳида бо назардошти шароитҳои ин кишварҳо татбиқ гашта, ҳамчун хусусияти мушаххаси модели аврупоӣ баромад мекунад.

Дар шароити аз байн рафтани низоми ҷаҳони сотсиалистӣ, модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар собиқ давлатҳои сотсиалистӣ низ истифода мешавад. Чунончи, имрўз модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ (Полша, Венгрия, Словения, Болгария, Руминия, Ҷумҳурии Чехия, Ҷумҳурии Словакия) истифода мешавад.

Кишварҳои пасошўравӣ низ аз модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ истифода намуданд. Дар онҳо хусусиятҳои умумии модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ бо назардошти шароити мушаххаси онҳо ба назар гирифта мешаванд.

1. Дар кишварҳои пасошўравӣ ду шакли маълуми модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ татбиқ мешавад. Дар бештари давлатҳои аъзои ИДМ мақомоти махсуси тафтиши конститутсионӣ – судҳои конститутсионӣ таъсис дода мешаванд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, Шўрои конститутсионӣ амал мекунад, ки дар заминаи Суди конститутсионии пештара таъсис дода шудааст.

2. Дар бештари кишварҳои пасошўравӣ судҳои конститусионӣ ба низоми судӣ чун мақомоти ҳокимияти судӣ дохил карда мешаванд. Ин хусусияти хоси татбиқи модели аврупоии тафтиши судии конститутсионӣ дар кишварҳои пасошўравӣ мебошад, чунки дар як қатор кишварҳои Аврупои Ғарбӣ судҳои конститутсионӣ ба низоми судӣ дохил карда намешаванд. Ин ҳолатро бештари муаллифон чун хусусияти модели аврупоӣ эътироф мекунанд.

3. Ҳамин ҳолат аз тарафи кишварҳои пасошўравии алоҳида ҳангоми истифодаи модели аврупоӣ ба назар гирифта мешавад. Чунончи, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Молдова ба низоми судӣ дохил карда намешавад.

4. Дар Қазоқистон бошад, агарчанде шакли дигари модели аврупоӣ (ба мисли Франсия) истифода шавад ҳам, вале дар як қатор таҳлилҳои илмӣ Шўрои конститутсионӣ ба қатори мақомоти амаликунандаи адолати судии конститутсионӣ дохил карда мешавад. Айни замон на ҳамаи муаллифон бо чунин нуқтаи назар розӣ мебошанд[1]. Ақидаи дигар низ ҷой дорад, ки Шўрои конститутсионии Қазоқистон мақоми ғайрисудии тафтиши конститутсионӣ буда, қарорҳон он хусусияти тавсиявӣ доранд[2].

5. Ҳайат ва тартиби ташкили мақомоти тафтиши конститутсионӣ дар кишварҳои ИДМ гуногун аст. Чунончи, раис ва панҷ судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Белорус аз тарафи Президент таъин мешаванд, боқимонда шаш судяҳо аз тарафи Сенат мутобиқан ба 11 сол интихоб мешаванд. Суди конститутсионии Украина аз 18 судяҳо иборат аст, ки аз тарафи Президент, Радаи Олӣ ва съезди судяҳои Украина (мутобиқан шаш нафарӣ) таъин мешаванд. Панҷ нафар аъзои Суди конститутсионии Арманистонро Маҷлиси Миллӣ ва боқимонда чор судяро Президет таъин мекунанд. Дар Ҷумҳурии Молдова судяҳои Суди конститутсиониро Парламент, Президент ва Шўрои олии магистратура (мутобиқан ду нафарӣ) таъин мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Сенат ва Раиси Маҷлис ду нафарӣ аъзои Шўрои конститутсиониро таъин мекунанд. Дар кишварҳои дигари пасошўравӣ тартиби ташкили судҳои конститутсионӣ хусусиятҳои дигар дорад.

Ҳамчунин синни судяҳои мақомоти тафтиши конститутсионӣ ва муҳлати фаъолияти онҳо дар кишварҳои ИДМ фарқ мекунанд. Ҷунончи, синни ниҳоии аъзоёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Белорус, ба муҳлати 11 сол таъин ва интихоб мешаванд, 75 аст. Судяи Суди конститутсионии Украина ба муҳлати 9 сол бе ҳуқуқи таъини дубора ба ин вазифа таъин мешавад, Раиси Суди конститутсионӣ бошад, дар маҷлиси махсуси пленарии суд зимни овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати се сол интихоб мешавад. Дар Ҷумҳурии Арманистон принсипи ивазшавии судяҳо ва аъзоёни Суди конститутсионӣ амал намуда, айни замон судя то синни 65 ва аъзои Суди конститутсионӣ то синни 70 фаъолият бурда метавонанд. Судяҳои Суди конститутсионии Молдова ба муҳлати шаш сол таъин мешаванд. Муҳлати фаъолияти аъзои Шўрои конститутсионии Қазоқистон шаш сол буда, айни замон собиқ Президентҳо аъзои якумра мебошанд.

Конститутсияҳои кишварҳои ИДМ ҳамчунин талаботи дигарро ба аъзои мақомоти тафтиши конститутсионӣ пешкаш мекунанд. Аз ҷумла, дар соҳаи ахлоқ, стажи кории касбӣ ва ғ. Чунончи, судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Белорус бояд мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳукуқ буда, бояд унвони илмӣ дошта бошанд.

Дар адабиёти илмӣ бо чунин ҳолат таваҷҷўҳ зоҳир мешавад, ки дар кишварҳои пасосотсиалистӣ ва тараққикунанда моделҳои тафтиши конститутсионии Аврупои Ғарбӣ вобаста ба шароити маҳал татбиқ гашaта, тағйир меёбанд. Дар як қатор кишварҳои пасосотсиалистӣ чунин мутобиқгарди зимни наздикии ҷуғрофӣ ё маблағгузории имтиёзноки хориҷӣ анҷом меёбад. Ҳамзамон дар як қатор кишварҳои пасосотсиалистии Аврупои Шарқӣ тафтиши конститутсионӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Чунончи, назорати конститутсиониро дар Полша Трибунали конститутсионӣ, дар Руминия Палатаи конститутсионӣ амалӣ мекунанд. Судҳои конститутсионии Болгария, Венгрия, Чехия, Словакия, Сербия ва Черногория вазъи ҳуқуқии мухтор дошта, ба низоми таҷзияи ҳокимият дохил карда намешаванд[3].

Дар кишварҳои тараққикунанда бошад, моделҳои собиқ метрополияҳо истифода мешаванд. Чунончи, дар Алҷазоир модели франсавии тафтиши конститутсионӣ дар самти таъсиси Шўрои конститутсионӣ истифода мешавад[4].

Адабиёт

1. Австрийская Республика. Конституция и законодательные акты / Сост. Т.Г. Морщакова. М.: Прогресс, 1985.

2. Андреев И.А. Политические институты и конституционное право Польши // Иностранное конституционное право / Под ред. В.В. Маклакова. М.. 1996.

3. Алексеенко И.Г. Восточная Европа: революция в конституционном праве. Днепропетровск, 1997.

4. Боботов С.В. Конституционная юстиция. М.: ЕАВ, 1994.

5. Брежнев О.В. Судебный конституционный контроль в России: проблемы методологии, теории и практики: Дис. … д-ра. юрид. наук. М.: МГУ, 2006.

6. Витрук Н.В. Конституционное правосудие. Судебно-конституционное право и процесс: Учеб. пособие. 3-е изд., пераб. и доп. М.: НОРМА, 2011.

7. Витрук Н.В. Конституционное правосудие: Учеб. пособие. М., 1998.

8. Ильинский И.П. Парламент Австрии // Парламенты мира: Сб. М., 1991.

9. Конституционное правосудие на рубеже веков. Материалы международной конференции, посвященной 10-летию Конституционного Суда Российской Федерации (1 – 2 ноября 2001 г.; г. Москва). М., 2002.

10. Конституция Российской Федерации: Энциклопедический словарь / В.А. Туманов, В.Е. Чиркин, Ю.А. Юдин и др. М., 1997.

11. Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии: Сб. нормативных документов / Отв. ред. М.А. Митюкова. М., 1998.

12. Ковешников Е.М., Марченко М.Н., Стешенко Л.А. Конституционное право стран Содружества Независимых Государств: Учебник для вузов. М.: Изд. группа НОРМА – ИНФРА, 1999.

13. Клишас А.А. Конституционная юстиция в зарубежных странах. М., 2004.

14. Латинская Америка и Карибы. Политические институты и процессы / Отв. ред. З.В. Ивановский. М., 2000.

15. Медушевский А. Кельзеновская модель конституционного правосудия и изменение конституций в странах Восточной Европы // Конституционное правосудие в постсоветских странах: Сб. докл. М.: Центр конституционных исследований МОНФ, 1999.

16. Мартинович И.И. Закон о судоустройстве в статусе судей в Республике Беларусь // Государство и право. 1996. № 8.

17. Основной Закон Федеративной Республики Германии // Конституции государств Европы / Под общ. ред. Л.А. Окунькова. Т. 1. М.: Прогресс, 2001.

18. Орлов А.Г. Высшие органы государственной власти стран Латинской Америки. М., 2001.

19. Сафьян М. Роль конституционных судов в процессе создания конституционного права // Конституционное правосудие на рубеже веков. Материалы международной конференции, посвященной 10-летию Конституционного Суда Российской Федерации (1 – 2 ноября 2001 г., г. Москва). М., 2002.

20. Федеральный конституционный закон от 10 ноября 1920 г. // Конституции государств Европейского Союза. М., 1997.

21. Франция. Конституция и законодательные акты. М.: Прогресс, 1989.

22. Чиркин В.Е. Конституционное право зарубежных стран. М., 1999.

23. Чудаков М.Ф. Конституционное государственное право зарубежных стран. Минск: Харвест, 1998.

Исмоилов П.- ёрдамчии судяи Суди
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи (САРҚОНУНИ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмилали

То қабули Конститутсия бори нахуст оид ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 (Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати 12-ум) сухан рафтааст. Баъдан, изҳороти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 9 сентябри соли 1991) қабул гардида, тавасути ин санад истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Дар моддаи 1 Эъломияи мазкур, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷи» маънидод шудааст.

Ин санади муҳим барои 6 ноябри соли 1994 қабули Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати худро ба принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байнахалқӣ изҳор намуд.

Чунончи, қисми 3 моддаи 10 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмиллалӣ амал мекунанд».[5]

Ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳо­дат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷро намудани ўҳдадориҳои байналхалқии худ кўшиш намуда, онро яке аз вазифаҳои асосӣ меҳисобад. Айни замон узви комилҳуқуқи созишномаҳои бисёртарафаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла: Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Ҳамкории Авруосиё (ЕврАзЭс) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон, инчунин бо давлатҳои алоҳида низ созишномаҳои дутарафа ба имзо расонида, дар давлатҳои хориҷӣ сафорату муассисаҳои консулии худро кушодааст. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон узви паймонҳои СММ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад.

Дар қисми 4 моддаи 11 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Давлат бо ҳамватанони берунмарзи ҳамкорӣ мекунад». Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият барои ба роҳ мондани робитаҳо бо ҳамватанони берунмарзӣ саъйю кўшиш менамояд ва дар рўзҳои истиқлолият доир намудани форуми тоҷикон ба ҳукми анъана даромадааст. Ба роҳбарии Президенти мамлакат то ҳол дар ин форум садҳо тоҷикон ширкат варзидаанд. Ташаккули диаспораи точикон дар хориҷа, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва мувофиқи қонунгузории кишвари сукунаташон, ба расмият даровардани онҳо, амалисозии ҳуқуқи диаспораҳо барои озодии раводид ҷузъи ин сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад.

Ба ҷуз қонуни Асосӣ дар ҳар як кишвар қонуни алоҳида дар бораи бастан, иҷро кардан ва бекор кардани шартномаи байналхалқӣ қабул мешавад, ки он сарфи назар аз хусусияту шакл ва номи шартномаҳои байналхалқӣ танзимгари тамоми ҷараёни марҳилаҳои бастани шартномаҳои байналхалқии давлати алоҳида мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 Қонун «Дар бораи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст, ки тибқи моддаи 6 ин Қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин вобаста ба вазифаашон ва бе зарурати пешниҳоди ваколаташон муаррифкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд: а) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади содир намудани ҳамаи амалҳое, ки бо бастани шартномаҳо вобастаанд; б) Сарвари намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сарвари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмони байналхалқӣ бо мақсади гузаронидани гуфтушунид барои қабули матни шартнома мутобиқан бо давлати маскун ё дар доираи созмони байналхалқии дахлдор.

Дигар сарчашмаҳои муҳими ҳуқуқи байналхалқиро принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳанд, ки дар моддаи 11 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. Тибқи он, асоси сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳанд, ё ба ибораи дигар гўем, Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хориҷии хешро бо воситаи ин принсипҳо муайян менамояд. Эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсонро муқаддас шуморида, риоя ва ҳифзи онро дар қаламрави хеш таъмин мекунад. Баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии тамоми халқу миллатҳоро эътироф менамояд.

Зарурати таҷассуми принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ аз ҷониби зиёда аз 137 давлати ҷаҳон эътироф шудааст ва Конститусия санади ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқии давлатро дар дохилу дар хориҷ муайян менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои берунаи хеш аз дахолат кардан ба корҳои дохилии давлати дигар, истифода бурдани қувва дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ худдорӣ менамояд. Ҳамкориҳои байналхалқиро дар асоси эътирофи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо ва дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ мемонад ва ин принсипҳоро чун асоси муайянкунандаи муносибатҳои хориҷии худ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамояд.

Дар моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд на танҳо аз тарафи Конститутсия ва қонунҳои дохилӣ, балки аз тарафи санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ низ таъкид шудааст. Ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ арзишҳое мебошанд, ки ба хотири нигаҳдории онҳо маҳдудсозии ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд раво дониста мешаванд. Бояд таъкид намуд, ки чор омили маҳдудкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандон ба талаботи демократия оид ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳои мухталиф пурра ҷавобгў мебошанд ва як қатор санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф намудааст, дар ин бобат нишондодҳои мушаххас низ дорад. Аз ҷумла, дар моддаи 22 санади байналмилалии зикршуда таъсиси иттиҳодия бо дигарон ба хотири ҳифзи манфиатҳои худ зикр шуда, дар қисми дуюми ҳамин модда таъкид мешавад, ки «истифода аз ҳуқуқи мазкур таҳти маҳдудият қарор дода намешавад, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбини шудаанд ва дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи саломати ва ахлоқи аҳолӣ ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд».[6]

Ҳуқуқ ба ҳаёт – муҳимтарин ҳуқуқи инсон, ба ибораи дигар, ҳуқуқи фитрӣ ва чудонопазири ҳар шахс эътироф шудааст. Ҳар шахс аз лаҳзаи таваллуд ҳаққи зиндагӣ дорад ва ин ҳуқуқ бо кафолатҳои ҳуқуқӣ, ки дар моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар қонунгузории соҳавӣ сабт шудааст, таъмин карда мешавад.


[1] Ниг.: Мартинович И.И. Закон о судоустройстве в статусе судей в Республике Беларусь // Государство и право. 1996. № 8. С. 92.

[2] Ниг.: Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии: Сб. нормативных документов / Отв. ред. М.А. Митюкова. М., 1998. С. 44.

[3] Ниг.: Ковешников Е.М., Марченко М.Н., Стешенко Л.А. Конституционное право стран Содружества Независимых Государств: Учебник для вузов. М.: Изд. группа НОРМА – ИНФРА, 1999. С. 372.

[4] Ниг.: Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии: Сб. нормативных документов / Отв. ред. М.А. Митюкова. М., 1998. С. 44.

[5] Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994.

[6] Ниг.: Витрук Н.В. Конституционное правосудие: Учеб. пособие. М., 1998. С. 208.

Муқаррароти конститутсионӣ оид ба ҳаққи зиндагии ҳар кас ба санадҳои муҳими байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро расман эътироф намудааст, низ мувофиқат мекунанд. Чунончи тибқи моддаи 3 Эъломияи ҳуқуқи башар; «Ҳар як фард ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахси ҳуқуқ дорад». Тибқи моддаи 6 Паймони байналмилали оид ба ҳуқуқхои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бошад, «ҳуқуқ ба хаёт хаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути конун хифз карда мешавад. Ҳеч кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад. Дар ин ду санади байналхалқӣ назарияи таббии ҳуқуқи инсон ба ҳаёт эътироф шуда, расмиёти худро ёфт, ки тавассути он эълон намудани ҳуқуқ ба ҳаёт барои мустаҳкам намудани кафолати байналмилалӣ чунин як ҳуқуқи арзишманд аз ҷониби давлатҳо дар шартномаҳои байналмилалии (умумӣ) ва минтақавӣ мустаҳкам гардонида шудааст.[1] Мувофиқи моддаи қисми 2 моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии шахс кафолат дода шуда, дар баробари ин муқаррар карда шудааст, ки нисбати ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Моддаи мазкур, инчунин муайян намудааст, ки инсонро мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додан мумкин нест. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба таври пурра риоя карда шудаанд.

Аз нигоҳи ҳуқуқи байналхалқӣ, истифодаи шиканҷа нисбати инсон яке аз намудҳои дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, он набояд ба ягон ҳолат нисбати шахс роҳ дода шавад. Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақи инсон буда, набояд дар ягон ҳолат маҳдуд карда шавад. Ба ҳамин мақсад, Эъломияи ҳуқуқи башар дар моддаи 5 пешбинӣ менамояд, ки «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва муносибат ё ҷазоидиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанда қарор гирад».[2]

Дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ муқаррар шудааст, ки «ҳар кас ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад». Бо дарназардошти ин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатии дахлнопазирии шахсро муқаррар намудааст, ки он давоми мантиқии ҳаққи шахс ба зиндагӣ мебошад.

Моддаи 19 Конститутсия пурра ба мазмуни ду моддаи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» ва Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҷавобгў мебошад. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омдааст, ки: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад». Дар моддаи «Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» бошад оид ба ин мавзўъ гуфта шудааст, ки: «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд, ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ў эълон мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ў дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад». Дар ин меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ сухан маҳз дар бораи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи судӣ меравад, ки ў ҳақ дорад дар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳояш, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян намудаанд, онро истифода намояд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар моддаи 10 Конститутсия афзалияти санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ нисбат ба қонунгузории дохилӣ зикр шудааст ва тамоми фаъолияти қонунгузории ҷумҳурӣ дар масалаи пешниҳоди ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз Паймони мазкур, инчунин Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сарчашма гирифтаанд. Моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи ҳамин ақида мебошад ва дар мавриди таъмини ҳуқуқи инсон барои муттаҳид шудан ва иштирок кардан дар ҳаёти сиёсии ҷомеа имконияти пурра муҳайё месозад.

Дар баробари дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳуқуқи башар ва Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ «ба ҳар кас озодии сухан кафолат дода шудааст». Дар моддаи 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад». Мувофиқи моддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад, ин ҳуқуқ бе мамоният нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, ба ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳади давлати ҷустуҷў, дастрасу интишор намудани маълумоту ғояҳоро дар бар мегирад». Инчунин оид ба озодии сухан дар Паймони байналмиллалии оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ба таври муфассал нишон дода шудааст, ки «ҳар як инсон ҳақ дорад, ақидаҳои худро бе мамоният пайравӣ намояд, ҳар инсон ҳақ ба изҳори озодонаи изҳори худ ҳақ дорад: ки ҳақ озодии ҷустуҷў кардан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва ғояро, сарфи назар аз марзҳои давлатӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ, ё тавассути матбуот, ё шаклҳои бадеии изҳор ё дигар усулҳо бо интихоби худ дар бар мегирад».

Дар моддаи 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои байналхалқӣ дар баробари озодии сухан, инчунин озодии нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор низ кафолат дода шудааст.

Дар баробари ҳамаи ин, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар чунин давлат ба таври воқеи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кафолат дода шуда, эътироф риоя ва ҳифзи онҳо маҳакҳои асосӣ ва муайянкунандаи хусусияти ҳуқуқи қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи он мебошад. Дар байни ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан ҷои махсусро ишғол карда, яке аз ҳуқуқҳои муҳими конститутсио dip class=v style=нии инсон ва шаҳрванд ба шумор рафтааст. Инро ба назар гирифта, олими франсавӣ чунин навиштааст «инсон бе озодии иброз доштани ақидаҳои худ ҳеҷ гуна озодӣ дошта наметавонад». Маҳз тавасути ин ҳуқуқ дигар ҳуқуқҳои сиёсии инсон дар ҷомеаи демократӣ амалӣ мегарданд ва ин ҳуқуқ воситаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро дар ошкор намудани камбудию норасоиҳо баёни сухан аҳамияти муҳим дорад. Аз ин ҷиҳат ҷомеа бояд ин ҳуқуқро дуруст ва бомаврид истифода барад, ки сатҳи дурусти истифодабарии ин ҳуқуқро ба дараҷаи шуурнокии ҳуқуқии мардум ва сатҳи маърифати ҷомеа вобаста аст, агар сатҳи шуурнокии ҳуқуқӣ паст бошаду дараҷаи маърифатноки ба талабот ҷавобгўй набошад, дар чунин сурат эҳтимолияти сўистифодаи озодии сухан ба назар мерасад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ кабул гардидааст, принсипӣ «ҳимояи модару кўдакро ҳамчун ғамхории махсуси давлат» эълон намуд.

Ин принсип мантиқан аз ғояҳои асосии Эъломияи ҳуқуқи башар бар меояд, ки дар моддаи алоҳидаи он таҷассум гардидааст чунончи: «Модар»

Ин масъулияти давлат аз андешидани тадбирҳое иборат аст, ки ба устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модар, ҳимояи манфиатҳои ҳама аъзои оила, аз ҷумла модару кўдак ва муҳайё кардани шароите нигаронида шудаанд, ки амалишавии пурраи ҳуқуқи оилавиро кафолат медиҳанд. Инъикоси ин меъёри конститутсионӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳуқуқи миллӣ муқаррароти дахлдори як зумра санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи кўдак ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иктисодӣ, ичтимоӣ ва фархангӣ ва ғайрахо татбиқ шудаанд.

Аз ҷумла, дар моддаи 16 Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 10 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оила ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф шуда, ҳифзи ҳуқуқи кўдак, модарону кўдакон сабт гардида, шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оила пешбинӣ шудаанд. Инчунин дар ин санади ҳуқуқӣ таъкид шудааст, ки модарон дар давраи то таваллуд ва баъди таваллуд бояд бо ғамхории махсус фаро гирифта шаванд. Пешбинӣ намудани чораҳои махсуси ҳимояи модарӣ, бо ҳимояи махсус фаро гирифтани кўдакон ва наврасон, манъи истифодаи меҳнати кўдакон дар ҳолате, ки агар ин меҳнат ба саломатии ҷисмонию руҳии кўдак ва инкишофи ў зарар расонад, аз қабили дигар шаклҳои дастгирии иҷтимоии оила мебошад.

Кўдакон бояд аз истисмори иқтисодию иҷтимои муҳофизат карда шаванд. Дар моддаи 25 Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҳимояи иҷтимоии баробар бархурдор шудани ҳамаи кўдакон, сарфи назар аз он, ки дар ақди никоҳ ё берун аз он таваллуд шудаанд, муқаррар шудааст.

Ҷанбаҳои алоҳидаи принсипҳои ҳимояи модарӣ ва кўдак, ҳифзи ҳуқуқи наврасон дар як қатор эъломияҳо ва конвенсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) ба таври мушаххас инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, дар Эъломияи СБМ «Дар бораи ҳимояи модарӣ» дар давраи ҳомиладори ба занон пешниҳод намудани рухсатии на камтар аз 12 – ҳафтаинаро, ки аз он ақалан 6 ҳафтааш бояд ба давраи баъд аз таваллуд рост ояд, пешбинӣ кардааст.Дар давраи рухсатӣ аз рўи ҳомиладорӣ ва таваллуд фармони аз кор озод намудани занон ғайриқонунӣ эътироф мешаванд.[3]


[1] Тафсири илми оммавии Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

[2] Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» аз 10 декабри соли 1948.

[3] «Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» 16 декабри соли 1966.

Сафаров Д.С.- ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Иштирокчиёни Мурофиаи Судии Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Адолати судӣ ба воситаи мурофиаи судӣ (гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва инчунин конститутсионӣ) ба амал бароварда мешавад. Дар тамоми намудҳои мурофиаҳои судӣ аз тарафи мақомоти судии салоҳиятдор тамоми парвандаҳо, аз қабили: мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва инчунин конститутсионӣ баррасӣ ва ҳал мешаванд. Новобаста ба кадом тарз ё намуд ҳокимияти судӣ ба амал баровада шавад, дар он доираи субъектҳое, ки ҳуқуқ ва ўҳдадории муайянро, ки кодекс ё қонунҳои дахлдор муқаррар кардааст, доро мебошанд.

Мурофиаи судии конститутсионӣ, чун тарзи мустақили ба амал баровардани хокимияти судӣ, мисли дигар намудҳои мурофиаи судӣ, доираи иштирокчиёнеро, ки мувофиқи қонун дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои муайян мебошанд, қонунгузор муқаррар намудааст.

Ҳамин тавр, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар боби махсус, боби 7-ум, ки «Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститут­сионӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо» ном дорад, ҳолати ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсиониро ба танзим даровар­дааст.

Оид ба масъалаи мазкур устод, Холиқов. К.Н тадқиқотҳои зиёди илмӣ гузаронида, адабиётҳои зиёди хориҷиро мавриди таҳлил қарор дода аст[1].

Гуфтан зарур аст, ки тарафҳои мурофиаи судии конститутсионӣ метавонанд шахсони мансабдор, инчунин намояндаи қонунӣ ва ё намоянда аз рўи шартнома бошанд, аммо Дастури Суди конститутсионӣ онҳоро ба категорияи дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар маҷлиси судӣ иштирок мекунанд, дохил менамояд. Ин дар ҳолест, ки Қонуни конститутсионӣ онҳоро ҳамчун тарафи мушаххаси мурофиа эътироф менамояд. Мувофиқи қоидаи умумӣ Қонуни конститутсионӣ шахсони мансабдор ва намояндаи тарафҳоро ваколатдор кардааст, ки бо маводҳои парванда дар баробари иштирокчиёни асосӣ шинос шаванд ва аз ҳамин лиҳоз зарурати аз Дастури Суди конститутсионӣ гирифтани муқаррарот оиди дигар шахсони иштирокчии мурофиа зарур шуморида мешавад.

Масъалаи дигаре, ки диққати моро ба худ ҷалб намудааст, ин истилоҳи: субъектони мурофиаи судии конститутсионӣ ва ё иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ мебошад. Дар аксарияти куллӣ мавридҳо онҳо ибораҳои ба ҳам монанд ба ҳисоб рафта, фақат баъзеҳо ба он ақида мебошанд, ки истилоҳи субъектони мурофиаи судии конститутсионӣ васеътар ба ҳисоб меравад.

Ҳолати дигаре, ки дар тадқиқоти кори мо дида мешавад, ин фарқияти субъектони мурофиаи судии конститутсионӣ аз дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ. Аз ҷумла, олими рус, В.И. Русинов ҳолати мурофиавии шахсонеро, ки дар мурофиаи судии конститутсионӣ иштирок менамоянд, таҳлил намуда, тасдиқ менамояд, ки бо ин хусусияти ба худ хос онҳо ба таври қатъӣ ва обективона аз дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ: гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ғайра фарқ мекунад. Чунончи, ў қайд менамояд, ки иштирокчии мурофиаи судии конститутсионӣ ин шахсе, ки новобаста аз дараҷа ва ангеза ба оқибати ҳалли парванда аз ҷиҳати моҳият манфиати ҳуқуқӣ дорад, ки дар мурофиа аз номи худ бинобар доштани ҳуқуқҳои мурофиавӣ, ки қонун ба ў иҷозат додааст, баромад менамояд.

Иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ на танҳо шахсони воқеӣ, балки шахсони мансабдор, мақомот, ки бо дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз ёфтааст ё ин ки оид ба конститутсионӣ будани амал ва қарори онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз шудааст, ба шумор мераванд.

Вобаста ба ин, дар қонунгузориҳои кишварҳои пасошўравӣ дар аксарияти онҳо истилоҳи «иштирокчиёни мурофиаи конститиутсионӣ» ё ин ки «иштирокчиёни мурофиа» истифода мешавад. Танҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Озорбойҷон дар як вақт истилоҳҳои «иштирокчиён» ё ин ки «субъектони мурофиаи конститутсионӣ» истифода мешаванд.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ вобаста аз критерияҳои гуногун таснифоти намудҳои иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ ҷойдоранд. Чунончи, Киреева Е. Ю. бо такя ба моддаи 52 Қонуни конститутсионии федералии Федератсияи Россия «Дар бораи Суди конститутсионии Федератсияи Россия» иштирокчиёни мурофиаи суди конститутсиониро ба намудҳои зерин ҷудо намудааст:

тарафҳо;

намояндагони тарафҳо;

шоҳидон;

экспертҳо;

тарҷумонҳо.

Бояд қайд намуд, ки ҳамаи таснифоти иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ, ки аз ҷониби ин олимон пешниҳод карда шудааст, аҳамиятнок буда, хизмати махсуси муаллифон дар он аст, ки аксарияти аз онҳо одилона Суди конститутсиониро яке аз иштирокчии асосии мурофиа меҳисобанд, вале мувофиқи қонунгузориҳои кишварҳои мустақили пасошўравӣ аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ дар қонунгузории кишвар ба шумули иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ ворид карда нашудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 7-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионӣ» бевосита ба иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ бахшида шудааст. Боби мазкури Қонуни конститутсионӣ аз ду модда ( 38,39) иборат буда, дар яке аз онҳо доираи иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ муайян карда шуда, (моддаи 38) дар дигараш бошад, доираи ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо зикр карда шудааст (моддаи 39).

Мувофиқи қисми 1 моддаи 38-и Қонуни конститутсионии мазкур иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ эътироф мешаванд:

тарафҳо – шахсон ва мақомоте, ки бо дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз ёфтааст; шахсони мансабдор ва мақомоте, ки дар бораи конститутсионӣ будани амал ва қарори онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз ёфтааст;

намояндагони тарафҳо – намояндагон аз рўи вазифа, намояндагон аз рўи қонун, адвокатҳо;

Хислати хоси ин меъёри Қонуни конститутсионӣ дар он зоҳир мегардад, ки вай дар як вақт: якум, тарафҳоро чун иштирокчии мурофиаи судии конститутсионӣ муқаррар ва дақиқ муайян намудааст, ки онҳо шахсон ва мақомоте мебошанд, ки бо дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз ёфтааст. Дуюм, қонуни конститутсионӣ муайян намудааст, ки ба сифати тарафҳо дар мурофиаи судии конститутсионӣ инчунин шахсони мансабдор ва мақомоте, ки дар бораи конститутсионӣ будани амал ва қарори онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз ёфтааст, баромад мекунанд.

Аз ин ҷо савол ба миён меояд, ки Суди конститутсионӣ ва иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ – конститутсионӣ мусоидат мекунанд, оё мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни мурофиаи суди конститутсионӣ эътироф карда мешаванд? Дар ҳақиқат мувофиқи меъёрҳои Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судии конститутсионӣ» ва Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи судии конститутсионӣ иштирок намуда, нақши муайянкунандаро дар амалигардонии мурофиаи судии конститутсионӣ мебозанд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи таҳлили меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баназаргирии фикру ақидаҳои устоди мо Холиқов К.Н, ки таснифоти иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсиониро ба чор гурўҳ тақсим намудан аз рўи мазмуни кор аст:

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақо­моти ҳокимияти судӣ ва ба амалбарорандаи адолати судии конститутсионӣ;

Тарафҳо ва намояндагони онҳо дар мурофиаи судии конститутсионӣ;

Иштирокчиёни мурофиаи судии конститутсионӣ, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ – конститутсионӣ мусоидат мекунанд;

Дигар шахсоне, ки барои иштирок дар маҷлисҳои Суди конститутсионӣ даъват карда мешаванд[2].

Оид ба масъалаи он ки Суди конститутсионӣ субъекти асосии мурофиаи суди конститусионӣ ба ҳисоб меравад розӣ шудан мумкин аст. Чунки танҳо Суди конститутсионӣ раванди мурофиаро таъмин ва ҳамчун раҳнамокунандаи дигар иштирокчиён ба ҳисоб меравад. Суди конститутсионӣ ҳамчун субъекти муҳим дар мурофиаи суди конститутсионӣ дар фарқият аз дигар иштирокчиён нақши фаъол ва ҳалкунандаро дар баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо мебозад. Маҳз вай, конститутсионӣ будани санадҳои меъёри ҳуқуқиро муайян карда, баҳси байни мақомоти ҳокимияти давлатиро, вобаста ба салоҳияташон низ ҳаллу фасл менамояд. Бо дар назардошти ин фикрҳо зарур мешуморем, ки дар сатҳи қонунгузорӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти асосии мурофиаи судии конститутсионӣ танзим карда шавад.

Оид ба масъалаи Суди конститутсионӣ ҳамчун иштирокчии асосии мурофиаи судии конститутсионӣ чунин андеша дорам, ки дар Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Суди конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарароти алоҳидае оид ба ҳолати ҳуқуқии Суди конститутсионии ҶТ, ҳамчун иштирокчии мурофиаи судии конститутсионӣ пешбинӣ карда шавад, ки ин албатта ба мақсад мувофиқ аст, зеро танҳо Суди конститутсионии ҶТ конститутсионӣ будан ва ё набудани санади меъёри ҳуқуқиро муайян намуда, адолати судии конститутсиониро ба амал мебарорад ва субъеки асосии мурофиа баромад мекунад.

Нуқтаи дигареро қайд кардан ба маврид аст, ки судяҳои Суди конститутсионӣ ҳамчун тарафи муроҷиаткунанда эътироф карда шавад. Аммо дар адабиётҳои ҳуқуқӣ оид ба ин масъала ақидаҳои гуногун пешниҳод карда шудааст. Ба ақидаи баъзеҳо судяҳои Суди конститутсионӣ набояд тарафи муроҷиаткунанда эътироф шаванд, чунки судя оид ба фаъолияти худ наметавонад ташаббускори пешниҳоди ариза оид ба объекти фаъолияти худ бошад. Чунончи, мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионӣ танҳо бо ташаббуси судяи Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаро иҷозат дода шудааст. Аммо судяҳои Суди конститутсионӣ аз ин ҳуқуқи худ худдорӣ мекунанд, ба он хотире, ки ба адолатнокии парванда таъсир нарасонанд.

Дар охир оид ба дигар шахсоне, ки ба маҷлиси Суди конститут­сионӣ даъват карда мешаванд гуфтанием, ки гарчанде дар Дастури Суди конститутсионӣ меъёре оид ба ин гуруҳи иштирокчиёни мурофиаи судӣ зикр шудааст, аммо ҳолати ҳуқуқии ин иштирокчиён ба сифати кӣ баромад намудани онҳо, мақсад аз иштироки онҳо дар мурофиа дар Дастури мазкур танзими худро наёфтааст.

Оид ба дигар шахсоне, ки ба мурофиаи судии конститутсионӣ даъват карда мешавад, аз ҷумла:

– намояндагони мақомотҳои Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия ва ғайра наметавонанд ҳамчун тараф баромад намоянд, ин дар ҳолест, ки онҳо аз вазифаи мақомотии худ ҷудо шуда дар мурофиаи судии конститутсионӣ иштирок менамоянд.

Дар охир ҳаминро қайд кардан зарур мебошад, ки мурофиаи судии конститутсиони вобаста, ба якчанд хусусиятҳои хосси худ аз дигар намудҳои мурофиаҳои судӣ фарқ менамояд, алалхусус бо иштирокчиёни худ. Дар баррасӣ ва ҳалли парванда Суди конститутсионӣ ҳамчун субъекти асосии мурофиаи конститутсионӣ, танҳо ба қонун итоат намуда, адолати судиро ба амал мебарорад.


[1] Маводи консфронси илмӣ – амалӣ бахшида ба 62-юмин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар.

[2] Ниг.: Холиқов К. Н. – Конституционное судопроизводство в Республике Таджикистане. Душанбе 2010;

ҚАРОРҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба дархости шаҳрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 28 марти соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси-кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ- Фирдавсова Г.,

тарафҳо:

Тураев М.М.quot;; mso-fareast-font-family: quot;Times New Roman Tj- тарафе, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсиp class=онӣ оғоз карда шудааст;

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндааш – Буриев Н.Ҳ. – муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндааш – Қурбонов Ҷ.Ҷ. – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

даъватшудагон:

Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мирсайев Ҳ.С.- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гулматшоев Р.К.- муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Юсупов Б. – Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Умаров С.- муовини сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сафаров Х.А.- мудири шуъбаи ҳуқуқи раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муқумов Н. – мудири шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба моликияти зеҳнии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро дар асоси дархости шаҳрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю. баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Тураев М.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў аз 26 сентябри соли 1994 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вази-фаҳои гуногуни соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ фаъолият намуда, 1 ноябри соли 2011 аз он ҷо бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.

5 ноябри соли 2012, яъне баъди як соли аз кор аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» рафтанаш, ў бо назар-дошти муқаррароти банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 №25 (минбаъд-Қоидаҳо), барои ба сифати намояндаи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданаш, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо ариза муроҷиат намудааст.

Сабаби баъд аз як сол ба Маркази зикршуда муроҷиат намудани ў аз талаботи банди 4 Қоидаҳо аз 9 июни соли 2009, № 25 бармеояд, ки тибқи он хизматчиёни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар давоми як соли аз кор озод шуданашон ҳуқуқ надоранд аз аттестатсия гузашта, ба Феҳристи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоотӣ» 20 ноябри соли 2012 ба ў ҷавоб гардонидааст, ки тибқи банди 4 Қоидаҳои зикршуда:

«Шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентӣ дар давраи кор дар Идораи патентӣ ва дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентӣ, ҳуқуқ надоранд, ки аз аттестатсия гузаранд ва дар Феҳрист ҳамчун намояндагони патентӣ ба қайд гирифта шаванд. Пас аз се соли озод шуданашон аз кори Идораи патентӣ, хизматчиёне, ки на камтар аз се соли собиқаи корӣ дар сохтори Идораи патентӣ вобаста ба бақайдгирии объектҳои моликияти саноатӣ доранд, курсҳои такмили ихтисосро дар Идораи патентӣ гузашта, тариқи суҳбат аз аттестатсия мегузаранд ва дар асоси шаҳодатномаи додашуда ба муддати панҷ сол ба сифати намояндаи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳрист ба қайд гирифта мешаванд».

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки ў ҳамчун шаҳрванди Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, ки таҷрибаи 18-солаи бевоситаи корӣ дар ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ дорад, аз тағйири 25 сентябри соли 2012, № 92 ба банди 4 Қоидаҳои вориднамудаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» розӣ нест. Зеро талаботи пешбининамудаи банди 4 Қоидаҳо, ба шаҳрвандони дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» кор карда ва аз он ҷо аз кор рафта имконият намедиҳад, ки онҳо дар давоми се соли пас аз озод шуданашон аз аттестатсия гузашта, ба Феҳристи намояндагони патентӣ ба қайд гирифта шаванд.

Ҳамчунин, барои собиқ кормандони Марказ ва ў барин кор-мандон, ки собиқаи 18 солаи кории бақайдгирии объектҳои моликияти саноатӣ доранд, гузаштани курсҳои такмили ихтисос ва ба таври сўҳбат гузаштан аз аттестатсия ва баъд ба сифати намояндаи патентӣ оғоз кардани фаъолияти меҳнатӣ, ҳамчун вайронкунии ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад. Чунончи, тибқи муқаррароти қисми дуюми моддаи 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «давлат фаъолияти озоди соҳибкориро кафолат додааст».

Ба андешаи ў, банди 4 Қоидаҳо ҳуқуқҳои конститутсионии ўро ба меҳнат пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Консти- тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ поймол ва маҳдуд месозад, зеро тибқи муқаррароти қисмҳои зикршудаи моддаи 35 Конститутсия ҳар кас ба меҳнат ва интихоби касбу кор ҳақ дошта, дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудиятҳо манъ мебошад.

Аз ин рў, ў банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, №25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашударо ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф меҳисобад.

Бинобар ин, Тураев М. аз Суди конститутсионӣ хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, №25 ва тағйири ба он 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашударо ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, қайд менамояд, ки кафолати давлатии фаъолияти озоди соҳибкорӣ муҳимтарин дастоварди сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Чунин кафолат аз шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтани иқтисодиёти Тоҷикистон, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ маншаъ гирифта, бе амалӣ намудани он бунёди ҷомеаи воқеан иҷтимоӣ ва иқтисоди бозоргонии дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ рақобатпазир ғайриимкон мебошад.

Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ифодаи озод будани соҳибкорӣ буда, яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва муҳими иқтисодии инсон ва шаҳрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иқтисодӣ ва аз ҳама муҳимаш имконият ва василаи тадбиқи ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба меҳнат маҳсуб меёбад.

Тибқи он, шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқ доранд, ки бо салоҳдиди худ, ихтиёрӣ ва бе маҳдудият ба тариқи инфиродӣ ё ба тариқи фаъолият дар ташкилоти тиҷоратӣ ба пешбурди ҳама гуна намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ки тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, машғул шаванд, мустақилона соҳаи иқтисодӣ ва намуди фаъолияташонро муайян намоянд, ки интихоби онҳо вобаста ба соҳаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ метавонад аз талаботи тахассусии муайян, малака, собиқа, таҳсилоти дахлдори касбӣ ва ғ. бархурдор бошад.

Давлат фаъолияти озоди соҳибкориро муҳимтарин омили пеш-рафти иқтисодиёти миллӣ ва таъмини некўаҳволии халқи Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №46 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии инкишоф, шаклу усулҳои ҳавасмандгардонию танзими давлатии фаъолияти субъектҳои он ва қоидаҳои умумии ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкориро муқаррар намудааст, ки мақсади он аз амалӣ гардонидани ҳуқуқи истифодаи озодонаи қобилияту амволи худ барои фаъолияти соҳибкорӣ иборат мебошад.

Дар санади ҳуқуқии мазкур мафҳуми соҳибкорӣ ҳамчун фаъоли-яти мустақилона ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба сифати соҳибкор бақайдгирифташуда маънидод карда шуда, амалӣ намудани ҳуқуқҳои озодона истифодабарии қобилияту молу мулки худ аз ҷониби ҳар як шахс дар раванди фаъолияти соҳибкорӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти муайян кардани принсипҳои умумӣ, самтҳои афзалиятнок ва тарзҳои ҳимояву дастгирии давлатии соҳибкорӣ муқаррар карда шудааст.

Бо эътирофи он, ки фаъолияти соҳибкорӣ асоси пешрафти иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, давлат барои дастгирӣ ва ҳимояи он ҳамаҷониба манфиатдор буда, дар моддаи 22 санади меъёрии ҳуқуқии мазкур, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ номгузорӣ шудааст, аз ҷониби давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва баробарҳуқуқии иштирокчиёни фаъолияти соҳикборӣ кафолат дода шуда, муқаррар гардидааст, ки давлат набояд монеаи фаъолияти субъекти соҳибкорӣ шавад.

Дар санади мазкур дар баробари муқаррар кардани як қатор роҳҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон, ба монанди имконияти озодона анҷом додани ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, тибқи тартиби муайяншуда ба ғайр аз намудҳои фаъолияте, ки дар асоси иҷозатнома анҷом дода мешаванд, танҳо бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар кардани номгўи корҳое (хизматрасониҳое, молҳое), ки барои соҳибкорӣ манъ ё маҳдуд шудаанд, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар моддаи 23 Қонуни номбурда ба амал бароварда шудани дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлат дар шахси мақомоти ваколатдор тибқи салоҳияти онҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилӣ-ҳуқуқӣ, молиявию қарздиҳӣ, моддию техникии соҳибкории пешбининамудаи санади мазкур мустаҳкам гардидааст.

Тибқи меъёри ин модда, дастгирии давлатии фаъолияти соҳиб-корӣ тавассути такмили базаи меъёрию ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ барои инкишофи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шартҳои имтиёзноке, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мешуморад, дар заминаи мониторинги рейтинги байналмилалии муҳити соҳибкорӣ муайян намудани роҳҳои минбаъдаи инкишофи бахши хусусӣ дар мамлакат ва як қатор воситаҳои дигарро дар ин самт муқаррар намуда, барои рушди бонизому муътадили соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабулу иҷрои барномаҳои гуногунро пешбинӣ намудааст.

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни мазкур, мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҳуқуқ надоранд, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии субъекти ҳама намудҳои соҳибкорӣ нисбат ба шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои иловагӣ гузоранд.

Мутобиқи қисми 8 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

– агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошад;

– агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ў тааллуқдошта ё аз тарафи ў истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ному-вофиқ бошанд;

– агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфӣ дода шуда бошад.

Аз талаботи ин модда бармеояд, ки гузаштан аз аттестатсия барои намояндаҳои патентӣ муқаррар карда нашудааст.

Қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2000 мавриди амал қарор дода шудааст, дар баробари дигар муносибатҳои гражданӣ, муносибатҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва иштирокчиёни онро ба танзим дароварда, принсипҳои муҳими муносибатҳои гражданӣ, аз қабили: номумкин будани дахолати худсаронаи ҳар кас ба корҳои хусусӣ, зарурати татбиқи бемонеаи ҳуқуқи гражданӣ ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо азму хоҳиш ва ба манфиати худ ба даст даровардан ва амалӣ намудани ҳуқуқи гражданиро муайян менамояд, ки тибқи он муносибатҳои озоди соҳибкорӣ кафолат дода мешавад.

Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки воситаҳои муҳими баамалбарории қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии шахс ба шумор рафта, метавонад бевосита аз ҷониби ҳар як шахс мустақилона ба амал бароварда шавад.

Дар моддаи 23 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон номум-кин будани маҳрум сохтан ё маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амали шаҳрванд муқаррар карда шудааст, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур «ба истиснои ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амали ҳеҷ касро маҳдуд сохтан мумкин нест».

Мутобиқи қисми 2 моддаи номбурда бошад, пешбинӣ гардидааст, ки «риоя накардани шарту тартиби дар қонун муқарраргардидаи маҳдуд сохтани қобилияти амали шаҳрвандон ё ҳуқуқи машғул шудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар боиси беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми дигаре мегардад, ки маҳдудиятҳои дахлдорро муқаррар намудааст».

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ чунин мешуморад, ки ҳуқуқи шахс ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз ҳуқуқи шахс ба меҳнат маншаъ мегирад, ба гурўҳи иқтисодии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон мансуб буда, наметавонад ба ҳеҷ ваҷҳ ва асос маҳдуд карда шавад, ки ба сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии пешгирифтаи давлат асос меёбад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, ки яке аз муҳим-тарин ҳуқуқҳои шахс дар шароити ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ ва эътирофи афзалияти моликияти хусусӣ, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ дар заминаи баробарҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, танҳо дар асоси муқаррароти Конститутсия метавонанд маҳдуд карда шаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 4) ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1) соҳибкориро ҳамчун фаъолияти мустақилонаи ба таваккали худ амалишавандаи шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба сифати соҳибкор бақайдгирифташуда муайян менамояд, ки он барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурўши мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ равона карда шудааст, ки чунин арзёбии фаъолияти соҳибкорӣ ба табиати ҳуқуқию иҷтимоии иқтисоди озоди бозоргонӣ, малакаву маҳорат ва кордонии фардии ҳар шахс мувофиқ мебошад.

Мувофиқи қонунгузорӣ, ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсони дорои қобилияти пурраи амалдошта метавонанд машғул шаванд, то ки онҳо дар бастани аҳдҳо мустақил бошанд, таваккали фаъолиятро дарк намуда, оид ба ўҳдадориҳои худ мустақилона ҷавобгариро ба зимма гирифта тавонанд.

Ҳамчунин, машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ҳукми қонунӣ гирифта, барои машғул шудан ба баъзе намудҳои фаъолият иҷозатномаи мақомоти дахлдори давлатӣ зарур мебошад ва иҷозатнома (литсензия)-ҳуҷҷатест, ки барои амалӣ гардонидани намуди муайяни фаъолият ба муҳлати дар он зикргардида аз тарафи мақоми ваколатдор ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода мешавад.

Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ иброз менамояд, ки сатҳи ташаккули ҷомеа аксаран бо танзими ҳуқуқии дурусту одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, хусусан муносибатҳои меҳнатӣ вобастагӣ дошта, ҳолати қонунгузории миллӣ ва ҳолати воқеии кор дар самти амалишавии ҳуқуқ ба меҳнат на танҳо нишондиҳандаи баланди маърифати фарҳангию маънавии ҷомеа мебошад, балки ин иқдом бевосита ба равандҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлат низ таъсири худро мерасонад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳифзи он, дар муносибатҳои меҳнатӣ манъи ҳама гуна маҳдудиятро муқаррар карда, ҷалб кардани шахсро ба меҳнати маҷбурӣ ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ манъ намудааст.

Дар қисми дуюми Эъломияи Созмони умумиҷаҳонии меҳнат «Дар бораи принисипҳои асосӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат ва механизми амалишавии он», ки 18 июни соли 1998 дар шаҳри Женева аз ҷониби Конфронси генералии Созмони умумиҷаҳонии меҳнат, ки дар як вақт Созмони байналмилалии мазкур мақоми ваколатдори соҳаи қабул ва татбиқи меъёрҳои байналмилалии соҳаи меҳнат маҳсуб меёбад, қабул карда шудааст, муқаррар гардидааст, ки давлатҳои аъзои Созмон, новобаста аз он, ки санадҳои байналмилалии онро дар соҳаи меҳнат ҷонибдорӣ намудаанд ё накардаанд, ўҳдадоранд принсипҳои асосии ин санадҳои байналмилалии ин Созмонро риоя намуда, ҷиҳати татбиқ ва амалишавии онҳо мусоидат намоянд ва яке аз принсипҳои умумиэътирофнамудаи ин санадҳо, ин принсипи манъ будани ҳамагуна табъиз дар соҳаи меҳнат ва касбу кор мебошад.

Тибқи муқаррароти моддаи 23-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 ҳар як инсон ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби озоди касбу кор, шароити одилонаю мусоиди меҳнат ва ҳимоя аз бекориро доро буда, бидуни ягон табъиз, дорои ҳуқуқи пардохти музди баробари меҳнат мебошад.

Тибқи моддаи 6 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқти-содӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 давлатҳои ширкаткунандаи Паймон ҳуқуқ ба меҳнатро, ки иборат аз ҳаққи ҳар як инсон барои дарёфти имконияти таъмини зиндагӣ тавассути меҳнате, ў онро озодона интихоб менамояд ва ё озодона ба он розӣ мешавад, эътироф намуда, ҷиҳати таъмини ин ҳуқуқ тадбирҳои лозима меандешанд.

Муқаррароти зикршудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пурра дар моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуда, Конститутсия дар баробари кафолати ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии инсон ва шаҳрванд, тамоми дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро низ кафолат дода, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба меҳнатро ҳамчун вазифаи муҳимтарини ҷомеа эътироф намуда, ҳифзи он, ҳамчунин ҳимоя ва ғамхории нисбати коргарро яке аз вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ менамояд.

Чунончи, дар моддаи 35 Конститутсия омадааст: «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст».

Аз ин рў, тибқи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Муқаррароти меъёрҳои Конститутсия дар Кодекси меҳнати Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, инчунин қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ танзими ҳуқуқии худро ёфтаанд.

Дар асоси моддаи 4 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, давлат ҷиҳати ҳавасмандгардонии шахс баҳри амалӣ намудани ҳуқуқи конститутсионии худ ба меҳнат дар баробари як қатор кафолатҳо, инчунин хизматрасонии ройгонро барои интихоби касб, мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор, ҳимояи судии ҳуқуқи меҳнатӣ ва ёрии тахассусии ҳуқуқӣ ва ҳимоя аз бекорӣ кафолати қонунӣ бахшида, ҷиҳати амалишавии онҳо сиёсати иҷтимоии худро ҳамаҷониба пеш мебарад.

Ҳифзи меҳнат аз ҳуқуқ ба меҳнат сарчашма гирифта, ҳамчун кафолати муҳими амалишавии ҳуқуқи шахс ба меҳнат маҳсуб меёбад. Амалишавии ҳуқуқ ба меҳнат машғул шудан ба фаъолияти гуногун аз ҷониби ҳар як шахс, чунончи тавассути пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вобастагии амиқ дошта, бо ин тарз инсон метавонад талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоию маишии худро қонеъ намояд.

Ҳуқуқи конститутсионии шахс ба меҳнат дар шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ зоҳир гардида, маъмултарини он машғул шудан ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ ба шумор меравад ва давлат бо мақсади аз байн бурдани монеаҳои ҳуқуқӣ ва содда кардани раванди тадбиқи ин кафолати конститутсионӣ, тавассути фаъолияти меъёрэҷодкунӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии локалие, ки аз ҷониби субъектони фаъолияти ҳуқуқэъҷодкунӣ таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд, набояд ҳуқуқу озодиҳои шахсро поймол намуда, бар зарари манфиатҳои инсону шаҳрванд, ки тибқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт арзиши олӣ эътироф карда шудаанд, равона карда шаванд.

Фаъолиquot;; mso-fareast-font-family: яти ҳуқуқэҷодкунӣ худ фаъолияти субъекти ҳуқуқэъҷод- кунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳоиMsoNormal меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, бояд дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсия, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ, ошкорбаёнӣ, илмият, касбият ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ амалӣ карда шавад.

Бо назардошти ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 №25-ро, ки бо фармоиши субъекти ваколатдор тавассути ба амал баровардани фаъолияти ҳуқуқэъҷодкунӣ 25 сентябри соли 2012, таҳти №92 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ҳамчун омили маҳдудкунандаи ҳуқуқи конститутсионии шахс ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ, меҳнат ва интихоби касбу кор арзёбӣ намуда, ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисми якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» номутобиқ мешуморад.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ бинобар ваколатҳои густурдаи аҳамияти давлатию ҷамъиятӣ доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муҳим ва хусусиятнок будани онҳо, инчунин ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-ро мувофиқи мақсад мешуморад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р к а р д:

1. Банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надорад.

2. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар вако-латҳои густурдаи аҳамияти давлатию ҷамъиятӣ доштани фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоот, муҳим ва хусусиятнок будани онҳо, инчунин ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» мувофиқи мақсад мебошад.

3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

ТАЪИНОТҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш.Душанбе 7 январи соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Кари- мов К.М. судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М.-ро оид ба пешниҳоди намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» (минбаъд -Ҷамъияти саҳомӣ) Ҷ.Мунаваров бо пешниҳод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 10 октябри соли 2010 ҶДММ «Шатл»-и ноҳияи Восеъ мувофиқи шартномаи №02 бо борхати №108 аз 10.10.2010 ба Ҷамъияти саҳомӣ ба маблағи умумии 1707321,79 сомонӣ бо назардошти ААИ маҳсулот супоридааст, ки дар ин хусус ордери хароҷоти хазинавии Ҷамъияти саҳомӣ аз 28.10.2010 №2 ба маблағи 1707321,79 сомонӣ, квитансияи даромади хазинавии №5 аз 28.10.2010 ва дигар санадҳои исботкунандаи амалиёти зикршуда мавҷуд мебошанд.

Бо ин амалиёти тиҷоратӣ дар ҳисобварақаи Ҷамъияти саҳомӣ 260438,92 сомонӣ аз ҳисоби пешпардохти ААИ маблағ ба вуҷуд омад.

Баъдан, дар асоси шартномаи №5 аз 01.11.2010 ҶДММ «Шатл»-и ноҳияи Восеъ боз ба Ҷамъияти саҳомӣ ба маблағи 498174,69 сомонӣ бо назардошти ААИ маҳсулот супорида шудааст, ки ин амалиёт низ дар асоси талаботи қонунгузорӣ содир шуда, ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунанда, аз ҷумла ҳисобнома-фактура аз рўйи ААИ ва аксизҳо №0000023 ба маблағи 75992,75 сомонӣ ААИ, силсилаи ВВ №168528 аз 03.12.2010 ба маблағи 23029,45 сомонӣ ААИ мавҷуд мебошанд.

Дар натиҷаи ин амалиётҳо дар ҳисобварақаи Ҷамъияти саҳомӣ иловатан 99023 сомонӣ аз ҳисоби пешпардохти ААИ маблағ пайдо шуд. Яъне аз ҳисоби пешпардохти ААИ (260438,92 +75992,75+ 23029,45= 359462) мақомоти андоз дар назди Ҷамъияти саҳомӣ ҳамагӣ 359462 сомонӣ қарздор мемонад.

Санаи 31 октябри соли 2011 баъди дастрас намудани нусхаи санади муқоисавии байни нозироти андоз ва Ҷамъияти саҳомӣ аз 1 ноябри соли 2011, ба Ҷамъияти саҳомӣ маълум гардид, ки аз ҷониби Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе маблағи 359461 сомонӣ ғайриқонунӣ ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда аз ҳисобварақаҳои Ҷамъияти саҳомӣ хориҷ карда шудааст. Яъне, мувофиқи маълумотномаи дар санади муқоисавӣ дарҷ ёфта, дар рўзи тартиб дода шудани он Ҷамъияти саҳомӣ дар назди мақомоти андоз аз ААИ 280793,65 сомонӣ гўё қарздор мебошад, ки аз ин маблағ 79392,45 сомониашро ҷарима барои сари вақт пардохт нашудани ААИ ташкил медиҳад.

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки оид ба ин қазия ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, ки Кумитаи андоз бо мактуби худ аз 18 ноябри соли 2011 №6032/5-1 ҷавоб додааст, ки мутобиқи талаботи сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳури Тоҷикистон ва банди 2 Фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.02.2011 №57 «Оиди андозсупорандагони бемасъулият» ҳама гуна амалиёти анҷомдодаи андозсупорандагон бо шахсе, ки ҳамчун андозсупорандаи бемасъулият эълон шудааст, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳангоми баҳисобгирии ААИ аз рўйи хариди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) пардохтшуда, ҳангоми пешниҳоди эъломияҳо ба инобат гирифта намешавад.

Аз ин лиҳоз, аз тарафи Шўъбаи ташкили андозбандии субъектҳои соҳибкории миёнасупорандагон ААИ-и Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе маблағи 359461 сомонӣ ААИ аз ҳисобварақаи ҶСПМ ТР «ДЗХ Помир» хориҷ карда шудааст.

Ҷамъияти саҳомӣ бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки даъвои вай 8 феврали соли 2012 бо парвандаи №2-472/2011 2-43/12 қонеъ карда шуда, Фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2011 №159 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2011№57» дар қисми аз ҳисобварақаи Ҷамъияти саҳомӣ хориҷ намудани 359 461 сомонӣ беэътибор дониста шуд.

Ҳалномаи мазкур дар зинаи апеллятсионӣ бекор шуда, айни ҳол баррасии парванда идома дорад.

Ба андешаи Мунаваров Ҷ. муқаррароти сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо волоияти Конститутсия, эътибори ҳуқуқӣ надоштани санадҳои ҳуқуқии хилофи Конститутсия буда, қисми таркибии низоми ҷумҳуриро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ кафолат дода шудааст, мухолифат дорад.

Аз ин рў, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш менамояд, ки дар асоси пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, муто- биқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки муроҷиати пешниҳоднамудаи Мунаваров Ҷ. аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ нест, зеро тибқи талаботи қисми дуюми моддаи 40 Қонуни конститутсионии зикршуда, шахсони дар зербандҳои 6) ва 7) моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинишуда, яъне шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат менамоянд на бо пешниҳод.

Баъдан, муроҷиаткунанда дар пешниҳоди худ муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда бошад ҳам, аммо дар асл банди якуми қисми 60 моддаи 34, сархати панҷуми банди якуми қисми 60 моддаи 34 ва банди сеюми қисми 60 моддаи 34-ро таҳлил карда, ба моддаҳои зикргардидаи Конститутсия мухолиф ҳисоб намудааст.

Ҳамин тариқ, дар пешниҳоди гузоштаи муроҷиаткунанда, яъне муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ ва гузаронидани санҷиши конститутсионӣ асос гардад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пеш- ниҳоди Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун мутобиқ набудани муроҷиат ба талаботи моддаи 40-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Джураев Н.Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 7 январи соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдул- лоев А.А. ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости шаҳрванд Джураев Н. Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Джураев Низомхон Ҳайдарович ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамоянд, ки дар истеҳсолоти Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ў бо моддаҳои 289 қисми 3, 291 қисми 2, 292 қисми 2 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №2054 оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Парвандаи ҷиноятии мазкур қисми дар истеҳсолоти алоҳида ҷудокардашудаи парвандаи ҷиноятии №1752 нисбати Одилов Д., Ҷураев Ф. ва дигарон буда, нисбати он ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009 қабулгардида ва аз 1 феврали соли 2010 эътибори қонунӣ пайдокарда мавҷуд мебошад.

Бо парвандаи ҷиноятии №1752 аз 28 июни соли 2007 ба ў ғоибона айб эълон карда шуда, худи ҳамон рўз бо розигии прокурори вилояти Суғд нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ пешбинӣ шуда, кофтуков эълон карда шудааст.

9 апрели соли 2012 баъди ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шудани ў, парвандаи ҷиноятиаш аз ҷониби Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бедор карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Баъдан, муроҷиаткунанда ва адвокати ў қайд менамоянд, ки зимни гузаронидани тафтиши пешакӣ аз рўйи парвандаи ҷиноятии нисбати ў дар истеҳсолоти алоҳида ҷудокардашуда ҳолатҳои нав ошкор гардиданд, ки қаблан онҳо мавриди тафтиш ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ қарор нагирифта буданд.

Ба ғайр аз ин, ў ҳамчун айбдоршаванда бо хулосаҳои ташхисҳо аз рўйи парвандаи ҷиноятии №1752 гузаронидашуда розӣ нест ва таъин намудани экспертизаи иловагиро дархост намудааст, ки тибқи хулосаи экспертизаи комиссионии судии молшиносӣ аз 24 майи соли 2012 дар асоси дархости ў гузаронидашуда, бе баҳс ҳолатҳои нав муайян карда шудаанд.

Аммо баъди ду моҳ, яъне 20 июни соли 2012 қарори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар хусуси таъин намудани экспертизаи комиссионии судии молшиносӣ аз 17 апрели соли 2012 аз ҷониби муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қисми 1 моддаҳои 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуд.

Муроҷиаткунанда Джураев Н.Х. ва намояндаи ваколатдори ў бо қарори мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ нашуда, тибқи муқаррароти моддаи 124 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои он ба суд шикоят оварданд.

Бо қарори суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 2 октябри соли 2012, ки он низ ба муқаррароти қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, шикояти онҳо дар бораи бекор кардани қарори прокурор бенатиҷа гузошта шуд.

Ба андешаи онҳо, қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он:

«Ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда оид ба парвандаи ҷиноятӣ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳангоми пеш- бурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳолатҳои муқарраршуда ва ҳам баҳодиҳии ҳуқуқии онҳо ҳатмӣ мебошад», ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва мурофиавии ўро ҳамчун айбдоршаванда дар хусуси пешниҳод намудани далел, ҳимоя намудан аз таъқиби ҷиноӣ ва принсипи баробарии тарафҳо поймол менамояд. Зеро тибқи талаботи қисми 3 моддаи 47 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айборшаванда ҳуқуқ дорад, ки манфиатҳои қонунии худро бо тамоми восита ва усулҳое, ки хилофи қонун ва Кодекси мазкур нестанд, ҳифз кунад ва барои омодагӣ ба ҳимоя ба таври кофӣ вақт ва имконият дошта бошад.

Инчунин муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки муқаррароти моддаи 47 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи қисми якуми моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд гунаҳгор дониста намешавад» пешбинӣ гардида, он ба муқаррароти қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дорад.

Бо ин назардошт, Джураев Н.Ҳ. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии То­ҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки номбурда агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости гузоштаи ў, яъне оид ба мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ ва гузаронидани санҷиши конститутсионӣ асос гардад.

Яъне муқаррароти моддаҳои 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои маҳдудкунанда ё манъкунандаи кафолати ҳифзи судии шаҳрвандон ва инкори муқар- рароти қисми якуми моддаи 20 Конститутсия набуда, онҳо садди роҳи ба амал баровардани кафолати конститутсионии ҳифзи судӣ ва татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба баррасии парвандаи онҳо аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта шуда наметавонанд.

Ҳамчунин меъёрҳои зикршуда барои татбиқи қисми якуми моддаи 20 Конститутсия дар хусуси он, ки фақат ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд шаҳрвандро гунаҳгор ҳисоб менамояд, монеае пешбинӣ накардаанд.

Муроҷиаткунанда, инчунин дар чӣ зоҳир гаштани номутобиқатии моддаҳои зикршудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятиро ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсия бо далелҳои зарурӣ мушаххас асоснок накардааст.

Ғайр аз ин, моддаи 47 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазъи ҳуқуқии айбдоршаванда, яъне ҳуқуқу ўҳдадориҳои ўро ҳамчун иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ танзим менамояд, аз 7 қисм ва қисмҳои он аз сархатҳо иборат мебошад. Муроҷиаткунанда бе мушаххас намудани предмети баҳс тамоми матни моддаи 47 Кодекси зикршударо мавриди баҳс қарор додааст.

Аз ин рў, дархост ва маводҳои ба он замимагашта аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаҳои 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», махсусан, бандҳои 5 ва 7 қисми сеюми моддаи мазкур мувофиқ нестанд.

Суди конститутсионӣ нисбати таъкиди муроҷиаткунанда дар хусуси номутобиқ будани қисми 1 моддаи 89 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 47 Кодекси зикршуда қайд менамояд, ки баррасии номутобиқатии байни қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ маҳсуб нест, зеро Суди конститутсионӣ тибқи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсия муайян менамояд.

Бартараф намудани мухолифати байни санадҳои ҳуқуқӣ ба салоҳияти мақомоти онро қабулнамуда, дар ҳолати мазкур ба салоҳи- яти мақомоти қонунгузор маҳсуб мебошад.

Суди конститутсионӣ, инчунин таъкид менамояд, ки ягон моддаи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми 1 моддаи 89 Кодекси мазкур набояд бар зарари принсипи тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи кор пешбининамудаи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда шавад. Дар акси ҳол, иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд, ки чунин амалҳои мақомоти ваколатдорро тибқи тартиби муқарраркардашуда мавриди баҳс қарор диҳанд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дар- хости шаҳрванд Джураев Н. Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон», бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи қонун эътироф намудани ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадҳои вобаста ба ҳукми Суди мазкур, қатъ намудани парванда ва бегуноҳ эътироф намудани ў»

ш. Душанбе 24 январи соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ- Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судӣ гузориши судя Зоиров Ш.Ю.-ро оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи қонун эътироф намудани ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадҳои вобаста ба ҳукми Суди мазкур, қатъ намудани парванда ва бегуноҳ эътироф намудани ў» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Саидов И.М. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Суди ноҳияи Фархор бо ҳукми худ аз 27 июли соли 2011 ўро барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба муҳлати як солу шаш моҳ аз озодӣ, инчунин аз ҳуқуқи кор кардан дар соҳаи тандурустӣ ба мўҳлати ду сол маҳрум сохтааст.

Ў аз ҳукми нисбати ў баровардаи Суди ноҳияи Фархор розӣ на- шуда, онро ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ба тариқи кассатсионӣ шикоят намудааст, ки коллегияи мазкур бо таъиноти худ аз 7 сентябри соли 2011 ҳукми Суди ноҳияи Фархорро бетағйир ва шикояти кассатсиониашро қисман қаноатбахш намуда, бо дастрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2011 «Дар бораи авф» ўро аз ҷазои асосӣ, иловагӣ ва аз ҳабс фавран озод намудааст.

Бо ҳукм ва таъиноти судӣ розӣ нашуда, ў онҳоро ба марҳилаи назоратии Суди вилояти Хатлон ба тариқи назоратӣ шикоят овардааст, ки бо қарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 шикояти назоратиаш беқаноат мононда шудааст.

Шикояти такрории ў ба унвони раиси Суди вилояти Хатлон, инчунин шикояти назоратии ў ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқан бо мактуби ҷавобӣ аз 24 августи соли 2012, №1031 ва бо қарори судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2012 рад карда шудаанд.

Бо ин назардошт, номбурда аз Суди конститутсионӣ хоҳиш наму- дааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, таъиноти коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон аз 7 сентябри соли 2011, қарори судяи Суди вилояти Хатлон аз 14 майи соли 2012 ва қарори судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2012 хилофи қонун эътироф карда, ў бегуноҳ эълон карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Саидов И.М. агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо талаби дар дархост пешниҳоднамудаи ў ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил намешавад ва мавзўи баррасии он низ нест.

Тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда муайян намудани қонунӣ, асоснокӣ ва дурустии санадҳои татбиқи ҳуқуқ қабулнамудаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, аз ҷумла амал, беамалӣ ва қонуншиканӣ аз тарафи онҳо, бекор намудани (беэътибор донистан) санадҳои судӣ ва санадҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, назорат аз болои қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судӣ, ки тибқи онҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вайрон карда шудаанд, инчунин барқарор намудани зарари расонидашуда мувофиқан ба салоҳиятҳои судҳои умумӣ ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Бинобар ин, оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани дархости мазкур рад карда мешавад.

Саидов И.М. метавонад дар сурати норозӣ будан аз санадҳои зикршудаи судӣ, онҳоро бори дигар дар судҳои умумӣ мавриди баҳс қарор диҳад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи қонун эътироф намудани ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадҳои вобаста ба ҳукми Суди мазкур, қатъ намудани парванда ва бегуноҳ эътироф намудани ў», бинобар тобеи Суди конститутсионӣ набудани дархости мазкур рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Маводи пешниҳодшуда ва боҷи давлатӣ, ки бо расиди №0180442 аз 24 декабри соли 2012 ба маблағи 40 сомонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба муроҷиаткунанда баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 4 марти соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Зоиров Ш.Ю ва Каримов К.М.-ро оид ба дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри Қайроққум Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки Ҷамъияти зикршуда дар асоси шартномаи хариду фурўш аз 25 декабри соли 2006 иншооти боғчаи бачагонаи «Дилноз»-ро, ки дар шаҳри Қайроққум воқеъ мебошад, ба шабакаҳои барқии Ленинобод фурўхтааст.

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Суди иқтисодии вилояти Суғд бо аризаи даъвогӣ ба манфиати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бекор кардани шартномаи хариду фурўши боғчаи бачагонаи «Дилноз» аз 25 декабри соли 2006 ба ҷавобгарии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва ҳамҷавобгарии шабакаҳои барқии Ленинобод муроҷиат намуда, беэътибор донистани шартномаи хариду фурўш ва ба ҳолати аввала овардани тарафҳоро талаб намудааст.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 21 майи соли 2012 бо парвандаи № 2-183/2012 аризаи даъвогӣ қонеъ карда шуда, шартномаи хариду фурўши боғчаи мазкур беэътибор дониста шуда, тарафҳо ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Коллегияи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 16 августи соли 2012 ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғдро бетағйир монондааст.

Иншооти баҳсӣ, яъне боғчаи бачагонаи «Дилноз» тибқи санадҳои судӣ гўё моликияти давлатӣ буда, он ба амволи соҳаи иҷтимоӣ дохил мешавад ва бинобар ба моликияти ҷумҳуриявӣ тааллуқ доштанаш фуруши он манъ мебошад, ки ин ҳолат бо ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ нашудааст.

Дар асл, боғчаи мазкур аз ҳисоби фоидаи коллективи меҳнатии Комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум сохта шуда, зимни ғайри- давлатикунонии корхона, он ҳамчун воҳиди алоҳидаи корхона, яъне моликияти соҳаи иҷтимоӣ ба коллективи меҳнатии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ройгон дода шудааст.

Санади қабул ва супоридани боғчаи бачагонаи зикршуда барои 320 ҷой, ки сохтмончии он Комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум мебошад, бе баҳс буда, бо қарори Кумитаи иҷроияи шурои депутатҳои халқи шаҳри Қайроққум аз 29 декабри соли 1989 №372 ва дигарҳо тасдиқ мешавад.

Ҳолатҳои бо қарори Кумитаи иҷроияи шўрои депутатҳои халқи шаҳри Қайроққум аз 27 декабри соли 1991 №482 ба ҷамъияти саҳомӣ табдил додани Комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум, баъдан хариду фурўш, нархгузории моликият, пардохти ҳиссаи саҳмияҳо, мактубҳои вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2012 № 13-1860 оид ба соҳибмулки иншооти иҷтимоӣ будани Ҷамъият, прокурори вилояти Суғд аз 3 июли соли 2012 № 7/358-12(3) ба инобат гирифта нашудаанд.

Чунончи, аз мактуби прокурори вилояти Суғд аз 3 июли соли 2012 бармеояд, ки баъди бастани шартномаи хариду фурўши иншооти зикршуда ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ҳамчун соҳибмулк маҳсуб ёфта, ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволи харидааш, аз он ҷумла объектҳои соҳаи иҷтимоиро доро мебошад.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки дар вақти табдили корхонаи истеҳсолӣ ба ҷамъияти саҳомӣ, саҳми Кумитаи идораи амволи давлатӣ 30% ва саҳми коллективи меҳнатӣ 70 %-ро ташкил додааст. Саҳми коллективи меҳнатӣ аз ҷониби коллективи меҳнатӣ дар муддати як сол харидорӣ карда шуда, маблағҳои аз ҳисоби фурўши саҳмияҳо ба даст омада, p class=quot;Times New Roman Tjтибқи қонунгузории ҷорӣ ба буҷети давлат гузаронида шуданд. Дар айни ҳол ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» 9,3 фоизро ташкил медиҳад.

Азбаски иншооти баҳси моликияти коллективи меҳнатии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» мебошад ва он ҳангоми ғайридавлатикунонии Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофии Қайроққум ройгон дода шудааст, Ҷамъият бо истифода аз ҳуқуқҳои моликии худ иншооти баҳсиро ба фурўш баровардааст ва чунин аҳд 25 декабри соли 2006 баста шудааст.

Бо ин назардошт, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. агарчи субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ ба шумор равад ҳам, аммо дар дархости ў вобастагии мавзўӣ оид ба номутобиқатии миёни моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад, ки он боиси оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро талаб намояд.

Зеро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ дар заминаи баробарии молумулкӣ ва мустақилияти субъектони он асос ёфта, дар баробари муносибатҳои гражданӣ, муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ, инчунин тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари ашёӣ ва муносибатҳои дигари молу мулкиро танзим намуда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошад.

Давлат, инчунин ҳуқуқи моликиятро ҳамчун категорияи муҳими иқтисодию ҳуқуқӣ ва асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф ва кафолат дода, бо чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ онро аз тасарруфи ғайриқонунӣ ва дахолати беасос ҳифз менамояд, ки ин ба моддаҳои 12 ва 32 Конститутсия мувофиқ мебошад.

Дар дархост асосноккунии мушаххаси талаби муроҷиаткунанда оид ба ғайриконститутсионӣ будани санади меъёрии мавриди баҳс қа- роргирифта дида намешавад ва талаби ў дар бораи номутобиқатии моддаҳои зикршудаи Кодекси гражданӣ ба моддаи 32 Конститутсия бо далелҳо ва асосҳои зарурӣ ба таври возеҳу равшан ифода нашудааст. Аз дархост муайян нест, ки номутобиқатии моддаҳои мавриди баҳс қароргирифтаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модаи 32 Конститутсия дар чӣ ифода меёбад, ки онҳо боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии муроҷиаткунанда гардида бошанд.

Бо ин ҳолат, дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.

Аз тарафи дигар, Суди конститутсионӣ на қонунӣ ва асоснокии амалҳои шахсони мансабдори давлатӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ қабулнамудаи онҳо, балки мушаххасан мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия баррасӣ менамояд.

Баррасии масъалаҳои дар дархост пешниҳодшуда ба салоҳияти судҳои иқтисодӣ маҳсуб меёбанд, ки муроҷиаткунанда метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ онҳоро дар судҳои мазкур мавриди баҳс қарор диҳад.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ бинобар набудани сабаб ва асосҳои кофӣ, аз рўи дархости мазкур оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 40, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавзўи баррасии Суди конститутсионӣ набуданаш рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

НАВИДҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Н А В И Д Ҳ О И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲКАМ МАҲМУДОВ БО УНВОНИ ФАХРИИ «ДОКТОРИ ҲУҚУҚ»-И ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ «ЛА-САПИЕНСА» ВА МЕДАЛИ ФАХРИИ НОМИИ ШАҲРДОРИИ РИМИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД

19-20 апрели соли 2013 дар асоси даъвати расмии Донишгоҳи шаҳри Рим «Ла-Сапиенса» ва шаҳрдории Рими Ҷумҳурии Италия сафари кории Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳмудов М.А. ба шаҳри Рим ҷиҳати иштирок дар XXXIII-умин Семинари байналмилалӣ доир гардид.

Дар оғози чорабинии сатҳи байналмилалии мазкур, ки дар он намояндагони давлатҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба нақши ҳуқуқи римӣ дар ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқи хусусӣ, хусусан ҳуқуқи граждании муосир ибрози андеша намуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳмудов М.А.барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ байни олимону ҳуқуқшиносони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Италия ва ташаккули ҳуқуқи римӣ дар низоми ҳуқуқи хусусии муосир, бо унвони фахрии «Доктори ҳуқуқ»-и, ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарини Ҷумҳурии Италия – Донишгоҳи давлатии «Ла-Сапинса», ки ҳанўз соли 1303 таъсис дода шуда, маркази бузурги илмӣ ба шумор меравад, сазовор гардонида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби шаҳрдории Рими Ҷумҳурии Италия Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. бо медали фахрии номӣ, мукофотонида шуд.

Донишгоҳи давлатии «Ла-Сапиенса», донишгоҳи машҳуртарини Ҷумҳурии Италия ба шумор рафта, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. аз аввалин шахсиятҳое мебошад, ки дар байни олимони ҳуқуқшиноси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо унвони фахрии «Доктори ҳуқуқ» сафароз гардонида шуд.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. аз зумраи олимони ҳуқуқшиносе мебошад, ки муаллифи зиёда аз 50 китоб ва 300 асарҳои илмию оммавӣ буда, беш аз бист адад мақолаҳои илмии ў бо забони италиявӣ тарҷума карда шуда, хонандагони зиёдеро пайдо намудааст.

Ҳамзамон, дар рафти сафари кории мазкур инчунин, вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Италия доир гардида, дар он оид ба масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионии ду кишвар иброи андеша карда шуда, тарафҳо ҷонибдории худро барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Аз 29 январ то 3 феврали соли 2013 дар асоси даъвати Директори кули Барномаи ҳамкорӣ оид ба адолати байналмилалӣ сафари кории судя – котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов К.М. ва роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимов Д.Д. ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Дастгирӣ бо мақсади ташаккули самти мустаҳкамнамоии меъёрҳои ҳуқуқ: нақши низоми адлияи франсавӣ, аврупоӣ ва субъектони ҳуқуқ» ба шаҳри Париж доир гардид.

Дар кори чорабинии сатҳи байналмилалии мазкур, ҳамчунин намоядагони мақомоти судӣ, адлия ва дигар мақомоти гуногуни давлатии зиёда аз понздаҳ кишвари ҷаҳон ва намояндагони масъули мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.

Зимни сафари мазкур ҳамчунин вохўрии намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони масъули Сенати Ҷумҳурии Фаронса, Шўрои конститутсионӣ, Суди кассатсионӣ, Шўрои далватӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Фаронса доир гардид, ки дар он масъалаи марбут ба густариши фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ баррасӣ карда шуда, ҷонибҳо дар хусуси мавқеъ ва нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози андеша намуданд.

Аз 6 то 13 феврали соли 2013 дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ин мақомоти назорати конститутсионӣ ва густариши ҳамкориҳои тарафайн, сафари кори кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатов Ҷ., Мусоев Р., Исмоилов П., Сангова Г. ва Гулов П. ба Суди конститутсионии Туркия доир гардид.

Зимни сафари кории мазкур, ҳайати Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Дастгоҳи Суди конститутсионии Туркия, аз ҷумла шуъбаи экспертизаи ҳуқуқӣ, шуъбаи қабули арзу шикоятҳо, шуъбаи робитаҳои беруна ва дигар сохторҳои он аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари мазкур Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Ҳошим Қлич ҳайати Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, оид ба робитаҳои мутақобилан судманди тарафайн ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд кард, ки сафари мазкур низ дар навбати худ баҳри баланд бардоштани ҳамкориҳои дуҷонибаи судҳои конститутсионии кишварҳои ба ҳамдўст такони ҷиддӣ медиҳад.

Сафари мазкур дар сатҳи омодагии хуб доир гардида, барои баланд бардоштани таҷрибаи кори кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ низ мусоидат менамояд.

28 марти соли 2013 таҳти раисии Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудов дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парванда оид ба дархости шаҳрванд Тураев Мулоҳасан Мирзоевич «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2009, №25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мутахассисону коршиносони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Суди конститутсионӣ вобаста ба банди 4 Қоидаҳои зикршуда, ки тибқи он «Шахсони вазифадор ва хизматчиёни Идораи патентӣ дар давоми се сол пас аз озод шуданашон аз Идораи патентӣ, ҳуқуқ надоранд, ки аз аттестатсия гузашта», дар Феҳрист ҳамчун намояндагони патентӣ ба қайд гирифта шаванд, қайд намуд, ки кафолати давлатии фаъолияти озоди соҳибкорӣ муҳимтарин дастоварди сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Чунин кафолат аз шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтани иқтисодиёти Тоҷикистон, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ маншаъ гирифта, бе амалӣ намудани он бунёди ҷомеаи воқеан иҷтимоӣ ва иқтисоди бозоргонии дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ рақобатпазир ғайриимкон мебошад.

Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ифодаи озод будани соҳибкорӣ буда, яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва муҳими иқтисодии инсон ва шаҳрванд, инчунин унсури асосии принсипи конститутсионии озодии иқтисодӣ ва аз ҳама муҳимаш имконият ва василаи тадбиқи ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба меҳнат маҳсуб меёбад.

Вобаста ба ин, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд метавонад танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо маҳдуд карда шавад.

Бо дарназардошти ин, Суди конститутсионӣ банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» номутобиқ ҳисоб намуд.

Мундариҷа

Сотиволдиев Р.Ш. Модели аврупоии тафтиши судии
конститутсионӣ 5

Исмоилов П. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ 19

Сафаров Д. Иштирокчиёни мурофиаи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон 27

Қарорҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) оид ба дархости шаҳрванд Тураев М.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 4 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2009, № 25 ва тағйири ба он аз 25 сентябри соли 2012, №92 воридкардашуда ба қисми дуюми моддаи 12 ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 марти соли 2013 34

Таъинотҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 январи соли 2013 47

2) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Джураев Н.Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ў – адвокат Воҳидова Ф.М. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 47 ва қисми 1 моддаи 89 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 январи соли 2013 51

3) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Саидов И.М. «Дар бораи хилофи қонун эътироф намудани ҳукми Суди ноҳияи Фархор аз 27 июли соли 2011, дигар санадҳои вобаста ба ҳукми Суди мазкур, қатъ намудани парванда ва бегуноҳ эътироф намудани ў» аз 24 январи соли 2013 56

4) дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» Абдуллоев А.П. «Оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 236-238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 марти соли 2013 59

Навидҳои Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 65

Yandex.Metrica