Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№4) 2011

Нашрия аз ҷониби Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкорӣ
ва рушд тавассути Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва
судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон
«Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit
(GIZ) GmbH» (Ҷамъияти олмонии ҳамкории
байналмилалӣ) маблағгузорӣ шудааст.

Нашрия ройгон паҳн карда мешавад.

Издание финансировано Федеральным Министерством по экономическому сотрудничеству и развитию Германии посредством Программы «Поддержка правовых и судебных реформ в государствах Центральной Азии» в Таджикистане «Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH» (Германское общество по международному сотрудничеству).

Издание распространяется бесплатно.

АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№4) 2011


Душанбе – 2011

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Назаров М. Муовини Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади

илмҳои сиёсӣ

Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори

илмҳои ҳуқуқ, профессор

© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2011.

ТАФОҲУМНОМА

дар бораи ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина, ки дар зер Тарафҳо номида мешаванд, принсипҳои истиқлолияти давлатиро ба асос гирифта, масъулияти худро дар бобати ҳифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дарк намуда;

зимни хоҳиши рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи мусоидат ба андешидани чораҳо ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар соҳаи ҳифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

бо итминон ба он ки ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи дар соҳаи ҳифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои халқҳои ҳарду мамлакат мусоидат менамояд; зимни хоҳиши мусоидат кардан ба ҳалли саривақтии масъалаҳои ҳамкории ба ҳамдигар муфид; арзиши олӣ будани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо мутобиқи Тафоҳумномаи мазкур ва қонунгузории миллии давлати худ дар асоси баробарҳуқуқӣ, ба ҳамдигар муфид ва риояи меъёру принсипҳои мақбули умум ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳифз, таъмини волоияту амали бевоситаи Конститутсия, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро сурат медиҳанд.

Моддаи 2

Тарафҳо мавзўъҳои дар моддаи 1 Тафоҳумномаи ҳамкории мазкур дарҷёфтаро дар самтҳои зерин амалӣ менамоянд:

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот оиди конститутсияҳои Тарафҳо,

қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Судҳои конститутсионӣ;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот оиди ташкили фаъолияти

Суд ҳои конститутсионӣ ва мақоми судяҳои Судҳои конститутсионии Тарафҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар соҳаи тартиби интихоб,

таъин кардан ва ҳайати Судҳои конститутсионии Тарафҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот вобаста ба салоҳиятҳои Судҳои

конститутсионии Тарафҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар соҳаи қоида ва принсипҳои

истеҳсолоти судии Судҳои конститутсионии Тарафҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот вобаста ба соҳаи зертобеи ятии парванда ва субъектҳои муроҷиат ба Судҳои конститутсионии Тарафҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот вобаста ба иштирокчиёни

истеҳсолоти судии Судҳои конститутсионии Тарафҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар соҳаи тартиби оғоз кардани истеҳсолоти судии Судҳои конститутсионӣ ва баррасии парванда дар Судҳои конститутсионӣ;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот вобаста ба қабули қарорҳо аз ҷониби Судҳои конститутсионии Тарафҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот вобаста ба фаъолияти ташкилии Судҳои конститутсионии Тарафҳо;

– мубодилаи таҷриба ва иттилоот оид ба кафолатҳои иҷтимоии мустақилияти судяҳои Судҳои конститутсионии Тарафҳо.

Моддаи 3

Тарафҳо мавзўъҳои дар моддаи 2 Тафоҳумномаи ҳамкорӣ дарҷёфтаро дар асоси ризоияти миёни ҳамдигар ба даст омада бо роҳҳои

зерин амалӣ мегарданд:

– ташрифи байниҳамдигарии ҳайатҳои Судҳои конститутсионӣ ҷиҳати шинос шудан ва омўзиши таҷрибаи кор;

– иштирок ва гузаронидани симпозиумҳо, семинарҳо, конфронсҳо, ҷаласаҳои коршиносон ва гурўҳҳои корӣ;

– мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ;

– мубодилаи мутахассисон бо мақсади омўзиши фаъолияти амалии дастгоҳҳои Судҳои конститутсионӣ;

– ҳамкорӣ дар омодасозӣ ва бозомўзонии кадрҳо бо роҳи ташкили коромўзӣ ва истифодаи дигар шаклҳои такмили тахассус.

Тарафҳо метавонанд иловатан шаклҳои дигари ҳамкориро бо ҳам мувофиқа намоянд.

Моддаи 4

Тарафҳо дар рафти амалӣ гардонидани Тафоҳумномаи мазкур талаботи қонунгузории миллиро вобаста ба ҳифзи иттилооти махфӣ ба эътибор мегиранд ва риоя менамоянд.

Моддаи 5

Тарафҳо бо мувофиқаи ҳамдигар метавонанд, ба Тафоҳумномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки зимни Протоколҳои алоҳида тартиб карда мешаванд ва онҳо қисми ҷудонопазири Тафоҳумномаи мазкур буда, тибқи моддаи 7 Тафоҳумномаи мазкур қувваи амал пайдо мекунанд.

Моддаи 6

Баҳсу ихтилофҳое, ки дар мавриди тафсири қоидаҳои Тафоҳумномаи мазкур пеш меоянд, бо роҳи машварату гуфтушунидҳои байниҳамдигарӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.

Моддаи 7

Тафоҳумномаи мазкур аз лаҳзаи имзо қувваи амал пайдо менамояд ва дар давоми 5 сол амал мекунад. Агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо дар давоми шаш моҳи то хатми давраи дахлдори панҷсола дар бораи хоҳиши қатъи амали Тафоҳумнома хаттӣ изҳор нанамоянд, амали Тафоҳумномаи мазкур барои панҷ соли оянда дароз мегардад.

Дар шаҳри Киев «15» декабри соли 2011 дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ ва украинӣ тартиб карда шуд, ки матнҳо баробарасл мебошанд.

____________________________

Аз ҷониби Суди конститутсионии Украина Головин А.С.

_________________________

Аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А.

Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,

академики АИҶТ

МЕХАНИзМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ВА МИЛЛИИ

ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ШИКАНҶА

Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демок ратӣ дар тўли солҳои истиқлолият ба натиҷаҳои муайян ноил шуд, ки онҳо дар беҳтар гардидани фазои демок ра тии мамлакат, ки ба эҳтироми арзиш ҳои олии инсонӣ такя мекунад, инъикос гардидаанд.

Ба чунин дастовардҳо ба боварии комил метавон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи кис тонро дохил намуд, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидааст ва ин падида ба арзишҳои умумибашарӣ ва санадҳои байнал милалӣ, хусусан Эъломияи умумии ҳуқуқи башар такя мекунад.

Риоя ва таъмини ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд на танҳо шарти зарурӣ аз ҷиҳати ахлоқӣ қабулшуда, инчунин барои аз ҷониби онҳо бемамониат баамалбарории ҳуқуқҳои худ низ шарти муҳиммебошад.

Ҳуқуқҳои инсон аз нуқтаи назари вазъи худ ақидаҳои муайяни хусусияти ахлоқидоштаро таҷассум намуда, дар ин маънӣ афкори ҷомеаро, ки барои ноил гардидан ба ормонҳои инсоният равона гардидаанд, ифода менамоянд.

Мустаҳкамнамоии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳои инсон ва шаҳрванд ва ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо – ин шарти зарурии фаъолияти мўътадили низоми сиёсии давлат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун ҷавҳари асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, аз ҳама мақомоти давлатӣ риояи қатъии онҳоро талаб намуданд. Аммо мутаассифона то ба ҳанўз ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амалияи мавҷуда мушоҳида гардида, шаъни Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад.

Яке аз шаклҳои зоҳиршавии поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин истифодаи азобу шиканҷа, дигар намуд муомила ва ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонии таҳқиркунандаи шаъну шарафи шахс мебошад.

Ҳуқуқ ба ҳаёт ва манъи истифодаи шиканҷа ва шаклҳои муносибат ё ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқирку нанда натанҳо дар ҳамаи қарордодҳои асосии умумии вобаста ба ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои зиёди сершумори байналми лалӣ инъикос шудаанд, балки дар қонунгузории миллӣ низ ба таври равшан мушоҳида мешаванд. Вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон солҳои охир ба омили муайянкунандаи обрую нуфузи кишварҳо ва қабулпазирии онҳо ба созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ табдил ёфта истодааст. Нигаронии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилот ҳои байналми лалӣ аз проблемаи шиканҷа баъди овозаҳои зиёд дар воситаҳои ахбори омма дар хусуси худкушии шахсони дастгиршуда дар боздоштгоҳҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва амният шиддат гирифт. Дар натиҷа, ҷомеаи байналмилалӣ тавассути Созмони Миллаи Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байнал милалӣ дар назди Тоҷикистон чандин масъала гузошт, аз ҷумла:

1) Ҳамроҳшавӣ ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудаҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф. Худи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф аз ҷониби Тоҷикистон 27 июли соли 1994 ба тасвиб расида, он барои кишвари мо аз 10 феврали соли 1995 эътибор пайдо намудааст. Мақсади асосии Протоколи иловагӣ – ташкил намудани низоми ягонаи тафтиши муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ ва ҷойҳои нигаҳдо рии дастгиршудагон аз ҷониби ташкилотҳо ва шахсони мустақили алоҳида ва эътироф намудани ваколати Кумитаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид нисбати Тоҷикистон мебошад;

2) Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия оид ба нобудшавии маҷбурӣ. Санади байналмилалии мазкур ҳолатҳои гум шудани маҷбурии шахсонро маҳкум намуда (масалан, шахс аз ҷониби кормандони мақомоти қудрати дастгир карда шуд, вале ба хешовандони ў дар ин бора хабар дода нашуда, умуман ҳуқуқ ва озодиҳои ў риоя нашудаанд), моддаи 43 он пешбинӣ менамояд, ки ҳар кишвари аҳдкунанда ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳуқуқ медиҳад, ки ба муассисаи ислоҳи меҳнатӣ ва ҷойҳои нигаҳдории дастгиршудагон ворид шаванд;

3) Ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳуқуқ дода шавад, ки бе мамоният ба муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ ва ҷойҳои нигаҳдории дастгиршудагон ворид шавад. Дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳо, Кумитаи байнал милалии Салиби Сурх бо роҳбарияти муассисаи ислоҳи меҳнатӣ гуфтушунид бурда, оид ба бар тараф намудани камбудиҳо якҷоя тавассути иҷро намудани лоиҳаҳои грантӣ чораҷўи менамояд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх чандин сол мешавад, ки даъвои ворид шудан ба муасси саҳои ислоҳи меҳнатиро дорад, ки масъа лаи мазкур аз ҷониби гурўҳи корӣ, ки аз ҷониби масъу лини мақомоти дахлдори кишвар созмон дода шудааст, айни ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

Соли 2011, масълаи мазкур боз дар арсаи байналмилалӣ бардошта шуд, ки ин бо пайдо шудани қазияи шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар Шўрои ҳуқуқи инсони Созмони Миллаи Муттаҳид вобаста ба шиканҷа вобаста мебошад, ки дар масъалаи мазкур гуфтушунидҳои идома доранд.

Ин гуфтаҳо шаҳодати онанд, ки масъалаи пешгирии шиканҷа проблемаи муҳим гардида, диққати назари созмонҳои бонуфузи байналми лалиро ба худ ҷалб кардааст.

Ин масъала соли 2011, инчунин ба муҳокимаи ҷаласаҳои 17-ум ва 18-уми Шўрои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, ки моҳҳои июн ва сентябр дар шаҳри Женева баргузор гардиданд, бароварда шуд. Ҳангоми баррасии Шарҳи даврии универ салии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон низ, ки рўзҳои 3-8 октябри соли 2011 дар қароргоҳи Женевагии СММ баргузор гардид, масъалаи истифодаи азобу шиканҷа боз ба сархати рўзнома баромада, эродҳои зиёде аз ҷониби намояндагони кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ садо доданд.

Боиси ташвиш аст, ки аллакай бо якчанд пар вандаҳои мушаххас Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон истифода шудани шиканҷаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудаанд, ки ин боиси бо ин асос ба Тоҷикистон бозпас надодани ҷино яткорони дар кофтуков қарордошта мегардад.

Аз ин лиҳоз роҳбарияти кишвар пешгирии азобу шиканҷаро ҳамчун муҳимтарин вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисобидааст. Яке аз самтҳои асосии муқовимат бо азобу шиканҷа ин омўзиши мазмуну моҳияти ин падида, тарзу усулҳои пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши чунин ҳодисаҳо, дарки амиқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад. Бо ин мақсад бо бандҳои 12 ва 13 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2011 №13 ҷиҳати ташкил намудани семинарҳои омўзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба масъалаҳои пешгирии азобу шиканҷа гурўҳи махсуси корӣ аз ҳисоби шахсони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуда, Нақша – чорабиниҳо аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Масъалаҳои манъ ва пешгирӣ намудани шиканҷа бо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ танзим мешаванд. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф намуда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалииро ҳамчун қисми таркибии низмои ҳуқуқи ватанӣ пазируфтааст ва меъёри мазкур дар қонуни асосии дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, яъне Конститутсия мустаҳкам гардидааст.

Тоҷикистон дар ин самт дар баробари Эъломияи ҳуқуқи башар (1948), инчунин муҳим тарин санадҳои ҳуқуқии байнал милалиро, ки дорои меъёрҳои зидди шиканҷа мебошанд, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ ҳои фитри ва сиёсӣ ва Протоколи иловагӣ бо ин санад аз соли 1966 (13 ноябри соли 1998), Конвенсияи СММ зидди шиканча ва дигар намуд муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё пастзанан даи шаъну шараф аз 10 декабри соли 1984 (21 июлисоли 1995) ва ғайраҳоро эътироф намудааст.

Кишвари мо баҳри иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии худ доир ба пешгирии азобу шиканҷа пайваста кўшиш менамояд.

Моҳи октябри соли 2011 Ҳисоботи даврии универсалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла оид ба пешгирии азобу шиканҷа дар Кумитаи Созмони Миллаи Муттаҳид муаррифӣ гардид.

Ҳисоботи дуюми миллии Ҷумҳурии Точикис тон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ муқобили шиканҷа ба Кумитаҳои СММ оид ба шиканҷа пешниҳод шуда, муҳокимаи он дар нимаи дуюми соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи санадҳои байналмилалии номбаршуда, аз қабили Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намуд муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё пастзанандаи шаъну шараф, ки характери универсалӣ дорад, ҳар як давлати узв таъмин менамояд, ки тамоми ҳодисаҳои шиканҷа мутобиқи қонунгузории ҷиноии он

ҳамчун ҷиноят арзёбӣ гардида, барои чунин ҷиноятҳо бо дарназардошти вазнин будани онҳо ҷазои муносиб муқаррар менамояд. Инчунин мутобиқ ба санади мазкур ҳар як давлати узв барои пешгирии амалҳои шиканҷа дар тамоми қаламрави дар доираи ҳуқуқи он қарордошта, тадбирҳои самарабахши қонун гузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва ғайра меандешад.

Дар асоси моддаи 7 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ (аз 16 декабри соли 1966) ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахт, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шарафи ў қарор дода шавад. Инчунин тибқи моддаи 8 санади мазкур ҳеҷ кас набояд дар ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шавад. Мутобиқ ба талаботи моддаи 9 санади мазкур иҷозат дода намешавад, ки ҳеҷ кас худсарона ба ҳабс гирифта шуда, дар ҳабс нигоҳ дошта шуда, аз озодӣ, ғайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар шудааст, маҳрум карда шавад. Ба шахси ҳабсшуда сабаби ҳабси ў ва айбе, ки ба ў эълон карда мешавад, хабар дода мешавад. Ҳар касе, ки дар натиҷаи ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан ё дар ҳабс нигоҳ доштан ҷабр дидааст, ба ҷуброне, ки дорои эътибори даъво мебошад, ҳақ дорад.

Дигар меъёри муҳим, ки дар санади мазкур омадааст, ин ба муомилаи инсондўстона ва эҳтироми шарафе, ки хоси шахсияти инсонӣ мебошад, ҳақ доштани ҳамаи ашхоси аз озодӣ маҳрум гардида мебошад (моддаи 10).

Дар ин асно қайд кардан зарур аст, ки Тоҷикистон субъекти мус тақили муносибтаҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, санадҳои номбурдаи байналмилалиро эътироф кардааст ва риояи онро кафолат додааст.

Конститутсияи Тоҷикистон баробари дигар давлатҳои мута маддини ҷаҳон ҷомеаи моро ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳидоят намуда, ҷой ва нақши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар ин ҷомеа ва давлат аввалиндараҷа нишон додаст. Дар қисми 3 моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаштааст, ки: «Дахлнопа зирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Баҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад…». Конститутсия татбиқи шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсониро, ки дар Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамчун таҳқири қадру қимати инсон ва поймол кардани ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии инсони маҳкумшуда арзёбӣ мешавад, манъ менамояд.

Тибқи моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «таҳти азият ё муомилаву ҷазои сахти ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шадид қарор додани инсон манъ карда шудааст». Инчунин, дар моддаи 1 Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқир кунандаи шаъну шараф мафҳуми «шиканҷа» ба маънои зерин омадааст: «ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахсе қасдан ё бо дигар сабаби ба табъйизи дорои ҳама гуна хислат асосёфта дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонда мешавад, то ки аз ў ё аз шахси сеюм маълумот (баёнот) гиранд ё ўро ба иқрор шудан маҷбур созанд, ўро барои амалҳои содирнамудаи ў ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани амали ҷиноӣ ҷазо диҳанд, инчунин ў ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, дар сурате, ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, ё бо шўрангезии онҳо ё бо огоҳии онҳо ё розигии хомўшонаи онон расонида мешавад».

Зуҳуроти мазкур дар амалҳои мухталиф зоҳир шуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон хусусиятҳои худро доранд, ки шаклҳои нисбатан паҳншудаи шиканҷа инҳо мебошанд:

– расонидани осебҳои ҷисмонии кунд (бо зарби мушт, лагад, шаппотӣ, чубдасти резинӣ, ба замин афтодан ва ғайра);

– шиканҷа бо роҳи нигаҳ доштан дар ҳолати нобоб (овезон кардан, ҷағонидани пойҳо ва ангуштон, дуру дароз рост монондан, ба зону нишондан, бо як пой истодан ва ғ.);

– сўзонидан бо сигарета, дарзмол, лампаҳои кафшергарӣ, дигар таҷҳизоти тафсон ё оби ҷўш;

– пайваста бо ҷараёни барқ (чун қоида ба воситаи гирифтани

барқ аз розетка, генератори махсуси дастӣ ё муҳаррикдор, дигар таҷҳизоти барқӣ ба амал бароварда, электродҳо ба андомҳои ниҳоии инсон бештар ба кафи даст, кафи пой, панҷаҳои дасту пой, гўшҳо, даҳон, лабҳо ва узвҳои ҷисмонӣ расонида мешавад. дар натиҷа барқ аз байни ду электрод гузашта, боиси пайдоиши дарди ҷонкоҳу азиятовар, кашишхурии мушакҳо, раг кашидани онҳо, нафасгиршавӣ,

беҳушшавӣ ва баъзан боиси марг шуда метавонад); – бўғикунонӣ (асфиксия), ки дар шакли «хушк» (ба сари одам кашидани пакети селофанӣ ё резинӣ, бастани даҳону бинӣ, хафакунонӣ бо ресмон, сим, ноқил ё дигар мавод, маҷбур кардан ба нафас кашидани чангу ғубор, чанги семент, қаланфур ва ғайра) ва шакли «тар» (ба об ё дигар маҳлул ғутонидани сари одам) ба амал бароварда мешавад;

– шикастани устухон, буғумҳои дасту пой, сутунмўҳра ва дигар

узвҳои бадан тавассути зарбарасонӣ бо ашёи вазнин, канда партофтан ё шикастани нохун, дандонҳо ва ғайра;

– расонидани зарбаҳои сўрохкунанда ба воситаи корд ва тир, ба зери нохунҳо халонидани сўзан;

– истифодаи хусусиятҳои кимиёвии намак, қаланфури сўзон, бензин ва ғайра (дар даҳон рехтан ё пушидан дар ҷароҳатҳо);

– зарии шаҳвонӣ, таҷовуз ба номус, истифодаи предметҳои гуногун барои маъюб кунии узвҳои ҷинсӣ;

– ба тариқи ҷарроҳии тиббӣ буридани ангуштон, гўшҳо, дигар андомҳо;

– шиканҷаи фармакологӣ бо истифодаи миқдори зарароварии дорувории мадҳушкунанда ва фалаҷкунанда;

– шароитҳои ногувори нигаҳдорӣ дар ҳабс, масалан дар майдончаи беҳад танг ё камераҳои моломол, дар танҳоӣ, шароитҳои бади санитарӣ нигаҳ доштани шахс, набудани ҳоҷатхона, сари вақт хўрок надодан ё додани обу хўроки сироятшуда, таъсири ҳароратҳои экстремалӣ, надодани имконият ба хилват, маҷбуран луч кунонидан;

– маҳрум кардан аз равшанӣ, шунидани овоз, фаҳмидани вақт, баровардани ҳоҷатҳои физиологӣ, хоби давомнокиаш муътадил, хўрок, об, шустушўй, ҳаракаткунии муътадил, ёрии тиббӣ, алоқа бо наздикон ва олами беруна;

– таҳқир кардан, маҷбур кардан ба иҷрои амалҳои шаъни инсонро пастзананда;

– таҳдиди куштан, зарар расонидан ба аъзои оила, дароз кардани мўҳлати ҳабс, вонамуд кардани қатл;

– таҳдиди ҳуҷуми ҳайвонот, масалан сагҳо, гурбаҳо, калламушҳо ё каждумҳо;

– тарзу усулҳои психологии пахш кардани иродаи шахс аз тариқи маҷбур кардани ў ба хиёнат, бе пушту паноҳ ҳис кардани худ, ба ҳолати дудилагӣ овардани ў, расонидани хабарҳои ба ҳам мухолиф ва ғайра;

– зўроварӣ бар афкору ақидаи шахс, маҷбур кардани ў ба содир кардани кирдорҳои хилофи ақидаи ў (масалан маҷбур кардани мусулмон ба хурдани гушти хук, нўшидани шароб, расониданизарар ба дигарон);

– маҷбур кардани шахс ба мушоҳида кардани шиканҷа ва азобу уқубат нисбати шахсони дигар1.

Таҳлилҳои гузаронидашуда, собит сохтанд, амалҳои мазкур ҳамчун шиканҷа бо он мақсад ба ҷо оварда мешаванд, ки шахси гумонбари дастгиршуда дар бораи шахси сеюми ғоиб маълумот ё баёнот диҳад, ё ин ки ўро маҷбуран иқрор намоянд, ё ин ки бо чунин амал мақсад доранд, ки шахси сеюмро тарсонанд ё ба амале маҷбур созанд ва таҷриба нишон дод, ки чунин кирдор аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, бо огоҳӣ ё ризоияти хомўшонаи онҳо амалӣ карда мешавад.

Дар як вақт таҳлили амалияи мавҷуда нишон медиҳад, ки сабаби асосии роҳ додан ба ин зуҳурот ин:

– паст будани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз ин сабаб ноўҳдабароӣ ҷиҳати исботкунии гуноҳ;

– паст будани саводнокии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо вобаста ба ҷавобгарӣ барои истифодаи шиканҷа ва манъ будани истифодаи он;

1. Халифазода М. Рўзномаи «Инсон ва қонун», 2011, №1.

– талаб кардани натиҷаи кор (результат) аз рўи принсипи нақшавӣ (мис: ин моҳ бояд 20 ҷинояти….. ошкор карда шавад).

Аз сабаби ғайриинсонӣ будани амали мазкур, шиканҷа ҳамчун муносибати бераҳмонаи шид дат ноки барқасдона ва пастзанандаи эътибор бояд пурра аз фаъолияти шахси мансаб доре, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ кор мебарад, хориҷ гардад.

Ҳама ҳаракатҳои бо шиканҷа алоқамандбу даро қонуни ҷиноятӣ ҳамчун ҷиноят эътироф мекунад. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис тон бо як қатор меъёрҳои худ истифодаи азобу шиканҷаро манъ намуда, барои содиркунии онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқарар намудааст.

Чунончи, мувофиқи моддаи 354 Кодекси ҷиноятӣ (аз соли 1998) бо роҳи таҳдид, иръоб (шантаж) ё кирдорҳои дигари ғайриқонунӣ гумонбар шуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабр дида ё шоҳидро ба додани нишондод маҷбур намудан, инчунин коршиносро барои пешниҳоди хулоса маҷбур кардан аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ мегуза ронад ё адолати судиро татбиқ менамояд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан (моддаи 358 Кодекси ҷиноятӣ) низ ҳамчун яке аз навъҳои шиканҷа эътироф мешавад. Амалияи то мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳ доштани шахсони дар муассисаҳои экспертизаи судӣ – психиатрӣ гирифтори бемории рўҳӣ эътирофшуда низ бояд ҳамчун намуди шиканҷа баррасӣ шавад. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 апрели соли 2010) низ истифодаи зуроварӣ ва шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа, аз ҷумла шахсони дар амалиё ти тафтишоти иштирокунанда манъ намуда (моддаи 171), далел ҳои дар натиҷаи истифодаи шиканҷа ва зуроварӣ ҷамъоварда шударо бе эътибор эълон менамояд (моддаи 88).

Инчунин чораҳои муҳими манъ ва пешгирӣ намудани шиканҷа дар қисми 2 моддаи 12 Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъ мурӣ (2008) пешбинӣ шудааст, ки тибқи он ҳангоми татбиқи ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи ҳуқуқвай ронкунии маъмурӣ ба шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқии содирна мудаи ҳуқуқвай ронкунии маъмурӣ ранҷу озори ҷисмонию рўҳӣ додан, тарсонидан, ҳама гуна табъиз ё таҳқири шаъну эътибори шахси воқеӣ ва ё расонидани зарар ба эътибори кории шахси ҳуқуқии вайронкардаи ҳуқуқи маъмурӣ манъ аст.

Дар моддаи 10 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (6 августи соли 2001) омадааст, ки маҳкум шударо азобу шиканҷа додан ё нисбат ба ў муносибати бераҳмона ва ё ғайриинсонӣ кардан ё шаъну эътибори ўро паст задан, таҳти тадқиқоти тиббӣ ё дигар тадқиқоти илмӣ, ки метавонад ҳаёт ва саломатии ўро таҳти хатар гузорад, ҳатто бо розигии ў қарор додан қатъиян манъ аст.

Бо мақсади муайян кардани тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳдоштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ва муайян карда ни кафолати ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи тар тиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» амал мекунад, ки мутобиқи моддаи 3 он дар ҳабс нигоҳ доштани гумон баршуда, айбдорша ванда ва судшаванда набояд ба мақсадҳои расонидани азобу шиканҷа ва ё зарари ҷисмониву маънавӣ истифода карда шавад.

Асосҳои овардашуда далели онанд, ки дар Тоҷикистон амали мазкур ҳамчун кирдори ғайриқонунӣ маҳкум карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда барои содир намудани он ҷавобгарӣ пешбинӣ намудаанд.

Сафаров Б.А. – Мудири кафедраи ҳуқуқи

инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ номзади

илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

ҶАВОБГАРИИ КОНСТИТУТСИОНЇ ДАР

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ГУЗОРИШИ МАСЪАЛА

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ яке аз институтҳои асосӣ ва муҳимтарини ҳама низомҳои ҳуқуқӣ ва механизми зарурии амали ҳуқуқ ба шумор меравад. Аз ин хотир, масоили ҷавобгарии ҳуқуқӣ яке аз ҷойҳои марказиро ҳам дар назарияи ҳуқуқ ба таври умумӣ ва ҳам дар соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ ишғол менамояд. Ин масъала вақтҳои охир дар назарияи ҳуқуқи конститутсионӣ низ мавқеи назаррасро соҳиб шуда истодааст. Ҳолати мазкур ба он вобаста аст, ки таи ду даҳсолаи охир соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ, махсусан қонунгузорӣ дар ин соҳа бинобар сабабҳои ба ҳамаи мо маълум бениҳоят васеъ шуд. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки акнун предмети танзими

ҳуқуқи конститутсионӣ ба шумор мераванд, нисбат ба солҳои гузашта ба таври назаррас зиёд шуданд. Аз ин рў, масъалаи таъмини амалишавии меъёрҳои ин соҳа бо чораҳои худи он, яъне масъалаи рўи кор омадани ҷавобгарии конститутсионӣ ба миён омада аст. Вобас та ба ин, таҷрибаи давлатӣ-ҳуқуқии нав дар назди илми ҳуқуқи конститутсионӣ вазифаи нави таҳлил ва коркарди ҷавобгарии конститутсиониро мегузорад. Эълон кардани соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди он боиси рўи кор омадани муносибатҳои зиёди ҳуқуқи конститутсионӣ гардид, ба монанди ташкил намудани мақомоти муҳимтарини давлатӣ дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, пеша намудани самти инкишофи давлативу ҷамъиятӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу давлати ҳуқуқӣ, ба таври васеъ паҳн шудани падидаҳои нави сиёсӣ ва ҳуқуқиву давлатӣ дар маҷмўъ

тақозои онро доранд, ки механизми амалишавии пурраҳокимиятии халқ таъмин гардад. Яке аз чунин механизмҳо ин институти ҷавобгарии конститутсионӣ ба шумор меравад. Дар шароити муосир чунин намуди ҷавобгарӣ аҳамияти муҳимро касб менамояд. Ин намуди махсуси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мебошад. Мазмун, мўҳтаво ва махсусияти он ба мавқеъ ва нақши худи ҳуқуқи конститутсионӣ дар низоми ҳуқуқи миллӣ вобастагӣ дорад. Яке аз хусусиятҳои хоси ҷавобгарии конститутсионӣ ин характери сиёсӣ доштани он ба шумор меравад. Ин бо он маънидод мегардад, ки муносибатҳои ҳуқуқи конститутсионӣ бо чунин падидаҳои иҷтимоӣ, ба монанди ҳокимият, халқ, давлат, миллат ва сиёсат зич алоқамандӣ дорад. Ҷавобгарии конститутсионӣ ин намуди махсуси ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Он дар шакли пешбинӣ намудани оқибати номусоид аз ҷониби меъёрҳои Конститутсия ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ нисбати субъектони ҳуқуқи конститутсионӣ барои вайрон кардани меъёрҳои он зоҳир меёбад ва бо мақсади ҳимояи Конститутсия татбиқ мегардад. Ба сифати ҷавобгарииконститутсионӣ фақат он чораҳоеро эътироф намудан мумкин аст, ки бевосита аз Конститутсия ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ бармеоянд ва барои вайрон кардани муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ пешбинӣ шудаанд. Мақсади ҷавобгарии конститутсионӣ ин таъмини конститут-ионализм, волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи меъёрҳои он, ҳимояи он, барқарор намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва қонунияти конститутсионӣ ба шумор меравад.

Ба сифати объекти ҳуқуқвайронкунии конститутсионӣ муносибатҳои аз ҷониби конститутсия муҳофизатшаванда баромад мекунанд, ки онҳо дар маҷмўъ арзишҳои олии ҷамъиятиву давлатӣ ҳисоб мешаванд. Ба монанди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳокимияти халқӣ, соҳибихтиёрӣ, ба амалбарории ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он, гуногунандешии идеологӣ ва сиёсӣ ва м.и. Дар маҷмўъ ба сифати объекти ҳуқуқвайронкунии конститутсионӣ қонунияти конститутсионӣ ва тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ чун қисми таркибии сохтори конститутсионӣ баромад мекунад. Дар зери мафҳуми ҳуқуқвайронкунии конститутсионӣ тамоми кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) дар назар дошта мешаванд, ки модели дахлдори конститутсионии рафторро вайрон мекунанд, маҳдудиятҳои конститутсиониро истисно мекунанд ва ё ба асосҳои бунёдӣ ва мазмуни Конститутсия таҷовуз мекунанд.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ якчанд намуди кирдори зиддиҳуқуқиро дар соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ ҷудо мекунанд. С.А. Авакьян 3 намуди онро пешниҳод мекунад:

1. Татбиқ накардани меъёри конститутсионӣ-ҳуқуқӣ;

2. Татбиқи нодуруст ва ё ғайридахлдори меъёри конститутсионӣҳуқуқӣ;

3. Вайрон кардани бевоситаи чунин меъёрҳо1.

Дигар муаллифон бошанд, бар он ақидаанд, ки ҷавобгарии конститутсионӣ танҳо дар сурати мавҷудияти ҳуқуқвайронкунии конс титутсионӣ сар мезанад. Дар ин ҷо сухан дар бораи вайронкунии бевоситаи манъкуниҳои конститутсионӣ, иҷро накардани функсияҳо ва ўҳдадориҳои конститутсионӣ, ки бар дўши мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдори онҳо вогузошта шудааст, меравад.

Вобаста ба ин, Н.М. Колосова чунин асосҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии конститутсиониро ҷудо менамояд:

– вайрон кардани бевоситаи меъёри Конститутсия, дигар сарчашмаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ;

– иҷро накардани ўҳдадориҳои конститутсионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдори онҳо;

– иҷроиши ғайридахлдори онҳо;

– вайрон кардани принсипҳои конститутсионӣ2.

Барои эътироф шудани ҷавобгарии конститутсионӣ ҳамчун ҷавобгарии мустақили ҳуқуқӣ бояд маосили мубрами ин падида тадқиқ ва таҳлил шаванд. Ба монанди, нишонаҳои фарқкунандаи ҷавобгарии конститутсионӣ; санксияҳои конситутсионӣ; табиати ҳуқуқии ҷавобгарии конститутсионӣ, масоили назарияи ҷавобгарии конститутсионӣ; субъектони он; механизмҳои судӣ ва ғайрисудии татбиқи ҷавобгарии конститутсионӣ ва м.и. Олимоне, ки ин падидаро мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор додаанд, ҷавобгарии конститутсиониро ба ду намуд ҷудо мекунанд: позитивӣ (перспективӣ) ва негативӣ (ретроспективӣ)1. Намуди якум, яъне ҷавобгарии конститутсионии позитивӣ гуфта, олимон ўҳдадории ба зиммаи субъекти ҳуқуқи конститутсионӣ вогузоштаро дар назар доранд, ки оид ба иҷроиши дахлдори он субъект дар назди давлат ҷавобгар аст.

1. Авакьян, С. А. Актуальные проблемы конституционно-правовой ответственности /С. А. Авакьян.//Конституционно-правовая ответственность. -М. : Издво Московского университета, 2001. – С. 9 – 32

2. Колосова Н.М. Конституционная ответственность – самостоятельный вид юридической ответственности // Государство и право. – 1997. – № 2. С. 90.

Ҷавобгарии конститутсионии негативӣ бошад, барои иҷро накардани ўҳдадориҳои конститутсионӣ ва вайрон кардани қонунгузорӣ ба вуҷуд меояд. Аммо мо то он андозае, ки ба масъалаи тадқиқшаванда шинос шудем, ба чунин таснифбандӣ розӣ

шуда наметавонем. Ба гумони мо иҷроиши дахлдори ўҳдадориҳои конститутсионӣ аз ҷониби субъектон ин ҷавобгарӣ ба шумор намеравад. Шояд чунин номгузорӣ аз мавҷуд набудани калимаи ивазкунандаи «ҷавобгарӣ (ответственность)» дар забони русӣ истифода мешавад. Дар забони тоҷикӣ бошад, онро бо калимаи «масъулият» ном бурдан мумкин аст, ки ҷавобгариро ба маънои том надошта, балки масъулияти шахси мансабдори давлатиро барои иҷрои дахлдори функсияҳои ба зиммааш гузоштаро медиҳад.

Аз ин лиҳоз, ба фикри мо ҷавобгарии конститутсиониро фақат ба маънои негативӣ ва ё ретроспективӣ фаҳмидан дуруст аст. Яъне асоси ҷавобгарии конститутсионӣ фақат ҳуқуқвайронкунии конститутсионӣ шуда метавонад. Агар ақидаи он олимонеро, ки ҷавобгарии конститутсиониро дар намуди позитивӣ шарҳ медиҳанд, дастгирӣ кунем, пас хулоса бароварда мешавад, ки ҳамаи субъектони ҳуқуқи

конститутсионӣ ҳама вақт ҷавобгарии конститутсиониро амалӣ гардонида истодаанд. Бинобар ин, нисбати ин паҳлуи масъала истифода калимаи масъулияти конститутсиониро ба мақсад мувофиқмешуморем.

Масъалаи дигаре, ки ҳангоми таҳлили ҷавобгарии конститутсионӣ

пеш меояд, ин мавҷудияти санксияҳои конститутсионӣ мебошад.

Санксия ин унсури ҳатмии ҳама намуди ҷавобгариҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷавобгарии конститутсионӣ ба шумор меравад. Дар зери мафҳуми санксияи конститутсионӣ он чораи маҷбуркунии давлатӣ фаҳмида мешавад, ки боиси ба вуҷуд омадани оқибати номусоид ба ҳуқуқвайронкунанда барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии конститутсионӣ мегардад.

1. Ниг. Авакьян, С. А. Актуальные проблемы конституционно-правовой ответственности /С. А. Авакьян.//Конституционно-правовая ответственность. -М.:

Изд-во Московского университета, 2001. – С. 9 – 32; Колосова Н.М. Конституционная ответственность – самостоятельный вид юридической ответственно

сти // Государство и право. – 1997. – № 2. С. 90. Несмеянова С.Э. К вопросу о конституционной ответственности.//Конституционное и муниципальное право, 2002. №4. С. 21. Авакьян С.А. Государственно-правовая ответственность.//

Советское государство и право, 1975. № 10. С. 22.

Ҳангоми таҳлили қонунгузории конститутсионии ҷумҳурӣ дар ин самт, яъне мавҷудияти санксияи конститутсионӣ, ба хулосае омадем, ки дар маҷмўъ чунин чораҳои маъмули ҷавобгарии конститутсиониро ҷудо намудан мумкин аст:

– Пароканда кардани маҷлиси маҳаллии вакилони халқ пеш аз мўҳлат, ки дар м.80 Конститутсия ва м.16 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешбинӣ шудааст. Қонунгузор якчанд асоси татбиқи чораи таъсиррасонии конститутсиониро пешбинӣ намудааст. Асоси якуми татбиқи чораи

ҷавобгарӣ ин мунтазам, яъне дар давоми як сол зиёда аз як маротиба иҷро накардани талаботи Конститутсия ва қонунҳои ҶТ, асоси дуюм агар маҷлиси вакилони халқи аз нав интихобшуда дар давоми як моҳи баъди ифтитоҳи иҷлосияи якумаш мақомоти худро ташкил карда натавонад, асоси дигар баргузор нашудани иҷлосия дар давоми ду моҳ, бинобар ҳозир нашудани шумораи зарурии ва килон мебошад;

– Бекор намудани дахлнопазирӣ ё маҳрум намудани дахлнопа зирии узви Мачлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намондагон, ки м.51 Конститутсия муқаррар намудааст. Инчунин чораи дигари таъсиррасонии конститутсионӣ, яъне бекор кардани дахлнопазирии судя ро низ номбар намудан мумкин аст;

– Пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намондагон (м.51 Конститутсия ва м.4 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон»); – Пеш аз мўҳлат аз мансаб сабукдуш намудани аъзоёни Ҳукумат бо сабабҳои ғайридахлдор иҷро намудани вазифаҳои конститутсионӣ, машғул шудан ба фаъолияте, ки ба мансаби ишғолкардаи ў мувофиқ нест ва м.и.; – Маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ. М.29 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ» чунин асоси маҳрум кардани шахсро аз шаҳрвандӣ пешбинӣ кардааст – агар шаҳрванд дар мамлакати хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ, хадамоти амният, полис, мақомоти адлия ва мақомоти дигари ҳокимият ва идораи давлатӣ гузарад; агар дар хориҷа доимӣ зиндагӣ кунаду дар давоми 5 сол бе сабабҳои узрнок ба қайди консулӣ наистода бошад. – Бекор кардани қарори қабул шудан ба шаҳрвандии ҶТ. – Манъ кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ. М.8 Конститутсия ва м. 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»; – Бекор кардани санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ғайриконститутсионӣ эътироф намудани он аз ҷониби Суди конститутсионӣ ва м.и. Агар чораҳои таъсирррасонии номбурдаро таҳлил намоем, онҳо дорои ҳамаи нишонаҳои хоси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мебошанд. Аммо онҳоро бинобар хусусиятиҳои хосашон дар доираи чор намуди ҷавобгарии ҳуқуқии анъанавӣ – интизомӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ баррасӣ намудан мушкил аст. Масалан, ҳангоми таҳлил ва муайян намудани табиати ҳуқуқии чораҳои таъсиррасонии аз шаҳрвандӣ маҳрум кардан, маҳрум намудани дахлнопазирии шахси мансабдори давлатӣ, аз мансаб барканор намудани шахси мансабдори олии давлат (падидаи импичмент) ва монанди ин душвориҳои зиёд пеш меояд.

Ҷавобгарии конститутсионӣ ду ҷанбаи асосӣ дорад – ҳимоявӣ (барқароркунӣ) ва ҷазодиҳӣ (ҷаримавӣ). Масалан, ғайриконститутсионӣ эътироф намудан ва бекор кардани санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ асосан ба мақсади бартараф намудани хатогиҳо дар ҳуқуқэҷодкунӣ татбиқ гардида, табиати ҳуқуқии он ҷанбаи ҳимоявӣ, барқарор на мудани тартиботи конститутсиониро дорад. Маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва бекор намудани дахлнопазирӣ бошад, характери ҷазодиҳиро дорад.

Бояд қайд намуд, ки чораҳои номбурда фақат чораҳои маъмули ҷавобгарии конститутсионӣ мебошанд ва ба ақидаи мо барои боз ҳам мустаҳкам намудани принсипи конститутсионализм ва пурраҳокимиятии халқ, инчунин идоракунии маҳдуд бояд дигар намудҳои чораи ҷавобгарии конститутсионӣ низ рўи кор оянд.

Ин дар навбати худ барои рўи кор омадани падидаи назорати самаранок аз болои ҳокимияти давлатӣ муосидат намуда, принсипи пурраҳокимиятии халқро, ки Конститутсия муқаррар намудааст, таъмин менамояд.

Куканов С. – ёрдамчии судяи Суди

конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИБ КАФИЛИ ТАЪМИНИ

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи нави тараққиёти худ қарор дорад. Самти муҳимтарини тараққиёт демократикунонии дастгоҳи идоракунӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Мақсади ниҳоии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Рўйдоди воқеан сарнавиштсоз, ки 6 ноябри соли 1994 ба ву қўъомад, дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тўли 18 сол халқи мо аз рўи меъёрҳову арзишҳои он кору зиндагӣ карда истодаанд.

Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҳар як халқу миллат ҳамон Конститутсияеро дорад, ки ба он сазовор аст». Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳоибузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори

таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар зери мафҳуми «конститутсия» асосан дар илми ҳуқуқ сарқонуни давлат фаҳмида мешавад. Гарчанде давлат ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозирааш зиёда аз 200 сол умр дорад, ки бори аввал дар Иёлоти

Муттаҳидаи Амрико соли 1787 қабул шуда, то ҳол амал мекунад.

Дар ин муддат аз 10 ҳазор тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, аз тарафи Конгресс танҳо 40-тоаш баррасӣ шуда, 27-тои он қабул карда шуданд. Баъдан дар давлати Фаронса соли 1791 низ конститутсия қабул гардид.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, сосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ ва

таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқўъ пайвастанд. Кафолати ҳуқуқу озодиҳо дар Сарқонун дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Масалан, дар қисми 2 моддаи 5 Конститутсия муқаррар шудааст, ки: «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Қисми 1 моддаи 14 Конститутсия низ муқаррар менамояд, ки:«ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».

Чунин кафолати ҳифз ва амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, инкишофи худро дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онҳо муайян мегардад.

Масалан, тартиби иҷрои ҳуқуқи инсон ба меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва ғайра дар кодекси меҳнат, қонунҳо дар бораи маориф, тандурустӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дахлдори соҳаҳои мазкур нишон дода шудаанд. Дар сурати иҷро нашудани ҳуқуқу озодиҳои инсон қонунҳо ҷавобгарӣ ва татбиқи ҷазоро муайян мекунанд, ки ин кафолати ҳифз гардидани онҳо мебошад.

Тавре аз мазмуни моддаи 14 Конститутсия бармеояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон на танҳо бо қонунҳои миллӣ, инчунин ба воситаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешавад.

Муқаррароти дигари Конститутсия ин бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст, ки пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад.

Дар Конститутсия пешбинӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мазмуни онро дорад, ки онҳо ўҳдадории ҳуқуқии ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ҳамаи кормандони мақомоти давлатӣ мебошанд ва ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд риояи ин ҳуқуқу озодиҳоро таъмин намоянд.

Инчунин, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ доранд ва онҳо мустақиман амал мекунанд. Шахс ва шаҳрванд Конститутсияро ба роҳбарӣ гирифта, метавонад ҳуқуқу озодиҳои худро амалӣ намояд ё дар ҳолати вайрон кардани онҳо ба меъёрҳои

Конс титутсия такя намуда, онҳоро ҳифз кунад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ ва риоя нашаванд, онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин карда мешаванд. Таъмин, риоя ва бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифз намудани онҳо маънои онро надорад, ки дар ҳеҷ як маврид онҳо маҳдуд карда намешаванд. Конститутсия ва қонунҳо ҳолатҳои истисноиеро пешбинӣ ва муайян кардаанд, ки дар сурати мавҷудияти онҳо давлат метавонад ҳуқуқу озодиҳои шахсони алоҳида ё гурўҳи шаҳрвандонро маҳдуд намояд. Масалан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои зерини истисноиро муайян кардааст, ки дар сурати мавҷудияти онҳо маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон иҷозат дода мешавад: бо

мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон; бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ; бо мақсади ҳимояи сохти конститутсонӣ; бо мақсади ҳимояи тамомияти арзии ҷумҳурӣ. Дар Конститутсия омадааст, ки маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳо танҳо дар ҳолати мавҷуд будани ҳолати зикршуда раво дониста мешавад. Ин маънои онро дорад, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъ ёрии ҳуқуқии мақомоти давлатӣ наметавонанд ягон асоси иловагии дигареро барои маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои кишварро муайян намуда, силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муҳайё намуда, таъмини онҳоро кафолат додааст, ки онҳо ҳам ба талаботҳои меъёрҳои умумибашарӣ ва ҳам ба шароити воқеии кишвари мо ҷавобгў мебошад, ки чунин дурнамо ташкили ҳаёти одамонро дар ҳазорсолаи нав пешбинӣ мекунад.

Yandex.Metrica