ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД

Рӯзҳои 25-26 майи соли 2023 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз Абду ва судяи Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Тамоюли рушди моделҳои падидаи шикояти конститутсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд.

Дар кори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаб­буси  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва Комиссияи Венетсиягии Шӯрои Аврупо баргузор гардид, раисон ва намоян­дагони мақомоти назорати конститутсионии Ӯзбекистон, Қазо­қис­тон, Қирғизистон, Франсия, Австрия, Босния ва Герсоговина, президент ва коршиносони Комиссияи Венетсиягии Шӯрои Авру­по, олимон ва намоян­дагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок ва дар мавзӯҳои мубрами таҳкими кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон, падидаҳои назорати конститутсионӣ ва шикояти конститутсионӣ дар давлат­ҳои Осиёи марказӣ ва Аврупо  баромад намуданд.

Дар Конференсияи байналмилалӣ Раиси Суди конститутси­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Падидаи шикояти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назария ва амалия» баромад кард. Инчунин, пешбурди кори бахши чоруми Конференсия аз тарафи ҳайати Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд.

Баъди анҷоми кори Конференсияи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ дар ҳузури иштирокчиёни чорабинӣ аз тарафи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум байни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

  Чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, таҳлили амиқи таклифу пешниҳодҳои аз ҷониби  маърӯзачиён ироагардида ва шиносоӣ бо таҷрибаи мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои  иштирокчии чорабинӣ барои таҳкими минбаъдаи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои умумидавлатӣ мусоидат хоҳад намуд.    

Yandex.Metrica