Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шахрванд Идиев А.


ТАЪИНОТИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқар­рароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мав­­риди амал қарор додани Ко­декси мурофиавии граждании Ҷум­­ҳурии То­ҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе «5» сентябри соли 2016

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Зоирзода Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.Ш. дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раис Каримзода К.М. ва судя Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқар­рароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мав­­риди амал қарор додани Ко­декси мурофиавии граждании Ҷум­­ҳурии То­ҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граж­дании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Идиев Абдусамад бо дархост ба Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў 28 марти соли 2016 ба суди ноҳияи Шоҳмансур бо ариза муроҷиат на­муда, дар он санади Комиссияи тахассусии назди Вазо­рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тонро мавриди баҳс қарор додааст.

Суди ноҳияи Шоҳмансур бо таъиноти худ аз 30 марти соли 2016 аризаи ўро бинобар сабаби риоя нагаштани талаботи Кодекси мурофиа­вии граж­данӣ ҳангоми пешниҳод шуданаш, бе баррасӣ мондааст.

Баъдан, бинобар норозӣ будан бо таъиноти зикршуда ў ба тариқи назоратӣ ба Суди Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон шикоят овардааст. Суди Олӣ низ бо таъиноти худ аз 8 июли соли 2016 шикояти назоратии ўро бино­бар риоя нагардидани талаботи Кодекси мурофиа­вии гражданӣ ҳангоми пешниҳоди шикоят, бе баррасӣ мононда­аст.

Бинобар ин, номбурда поймол шудани ҳуқуқи конститутси­онии худро дар маҳдуд кардани озодии шахсӣ ва кафолати ҳифзи судӣ, яъне дар мухолифати қисми 2 мод­даи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қо­нуни Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мав­­ри­ди амал қарор додани Ко­декси мурофиавии граждании Ҷум­­­ҳу­рии То­ҷикис­тон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граж­дании Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон арзёбӣ менамояд.

Чунончи, тибқи қисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граж­данӣ нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар муҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо шикоят ва эътирози назоратӣ оварда мешавад.

Қисми 2 мод­даи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷи­­­кистон аз 5 январи соли 2008 №341 пешбинӣ менамояд, ки «Амали талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад».

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки бинобар аз ҷониби қонунгузор дода шудани қувваи бозгашт ба қисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граж­данӣ ҳуқуқи ў оид ба овардани шикояти назоратӣ аз болои санадҳои судӣ поймол гарди­дааст.

Аз ин рў, муроҷиаткунанда ба Суди конститутсионӣ муро­ҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии кон­с­титут­сионӣ оғоз карда, мувофиқати қисми 2 мод­даи 4 «Му­қаррароти хо­тимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 5 январи со­ли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мав­­ри­ди амал қарор додани Ко­декси мурофиавии граж­дании Ҷум­­ҳу­рии То­ҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси му­рофиавии граж­дании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро мавриди омўзиш қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Идиев А. агарчи субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб ёбад ҳам, аммо дар дархости номбурда як қатор ҳолатҳое мавҷу­данд, ки онҳо оғоз намудани мурофиаи судии конс­титутсиониро истисно менамоянд.

Аз ҷумла, тибқи сархати сеюми қисми 3 моддаи 34 ва сархати шашуми мод­даи 40 Қону­ни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 №1083 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони воқеӣ дар хусуси ба Конститутсияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муво­фиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳу­қуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақо­моти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба анде­шаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои консти­тут­сиониашон гардидаанд, метаво­нанд ба Суди конститутсионӣ муро­ҷиат намоянд.

Аз маводҳои ба дархост замиманамудаи муроҷиаткунанда бар­ме­ояд, ки меъёрҳои мушаххаси санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қарор­додаи муроҷиат­кунанда дар таъиноти суди ноҳияи Шоҳмансур аз 30 марти соли 2016 ва таъиноти Суди Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2016 нисбат ба ў мавриди татбиқ қарор нагирифтаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ наметавонад меъёрҳои санадҳои меъё­рии ҳуқуқиро, ки нисбат ба муроҷиаткунанда дар пар­вандаи му­шаххас тат­биқ нагаштаанд, мавриди баҳс қарор диҳад, зеро масъалаи мазкур аз доираи салоҳияти он берун мебошад.

Дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба тала­бо­ти мод­­даи 41 Қонуни кон­сти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» ҷавобгў набуда, моҳияти талаби муроҷиат­кунанда нисбат ба мавзўи мавриди баҳс қарордодаи ў дақиқ нишон дода нашудааст.

Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ масъа­лаи дар дархости муроҷиатку­нанда гузошташударо дар парванда аз рўи муро­­­­ҷиати шаҳрванд Санокина Л.Г. дида баромада, бо қарори худ аз 9 июни соли 2009 қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граж­дании Ҷумҳурии То­ҷикистонро ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Консти­тутсияи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мутобиқ арзёбӣ намудааст.

Дар ин маврид, тибқи сархати чоруми моддаи 45 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» яке аз асосҳои рад кардани оғози мурофиаи судӣ – ин аз тарафи Суди конститутсионӣ қаблан баррасӣ шудани масъалаи дар дар­хост зикршуда ва дар ин хусус мавҷуд будани санади судӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии консти­тут­сиониро оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. бинобар ба сало­ҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муво­фиқ набудани дархост, инчунин нисбат ба масъалаи дар дархост гузошташуда қаблан қабул шудани санади дахлдори Суди конститутсионӣ рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқар­рароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мав­­риди амал қарор додани Ко­декси мурофиавии граждании Ҷум­­ҳурии То­ҷикистон» ва қисми 2 мод­даи 365 Кодекси му­рофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мод­даҳои 19, 20 ва 45 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набу­дани баррасии масъалаи дар дархост гузошташуда, аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост, инчу­нин нисбат ба масъалаи дар дархостгузошташуда қаблан қабул шудани санади дахлдори Суди конститутсионӣ рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica