НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Имрӯз, 23 июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони: “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон”  баргузор гардид.

Дар кори он мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи Шоназаров Содиқ,   судяи  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Рошиддин, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе – Диноршоҳ Азиз, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарифзода Фарангис, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Имомов Ҳумоюн, намояндагони Суди Олии иқтисодӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳову кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.  

Семинарро Ашурзода А.–  Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ  намуд ва ҳозиринро ба ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфта,  иброз дошт, ки  пойдориву таҳкими Вадати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Раиси Суди конститутсионӣ таъкид намуд, ки маҳз, меҳру муҳаббати самимии Пешвои муаззами миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати фарҳангсолори мо боис шуд, ки Тоҷикистони азизи мо ба Ваҳдати миллӣ,  ҳамчун арзиши муқаддаси инсонӣ ноил гардид.

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳисси ватандӯстиву худогоҳии халқи Тоҷикистон боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгаштро касб намудааст.

Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта,  давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш бурда истодааст.

Самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Раҳоӣ бахшидани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Шоназаров С.А. мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  зикр карданд,  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсию ҳамгироии ҷомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақил, такмили заминаҳои ҳуқуқии кишвар ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ саҳми беандоза дошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Шоназаров С. иброз дошт, ки пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло гардида, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати кутоҳтарин рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар таъмин гардид.

Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  ёдрас шуд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштанд, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созанд.

Дар фарҷоми суханрониашон мавсуф қайд намуд, ки халқи тамаддунофар ва меҳнаткаши тоҷик барои  устувор нигоҳ доштани  Ваҳдати  бадастомада, ки хеле бо нархи гарон ба даст омадааст, бояд тамоми неру ва маҳорати худро дар радифи меҳнатҳои шабонарӯзии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба харҷ диҳад.

Дар кори семинар ҳамчунин  судяҳои Суди конститутсионӣ   Ҷамшедзода Ҷ.Н., Қувватзода Ф., судяи Суди Олӣ Қамарзода Р.,    профессор  Диноршоҳ А.М.,  Шарифзода Фарангис – намояндаи  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомов Ҳ.Ш. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва  Нурляминзода Г.А. – сар­дори Раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди консти­тутсионӣ оид ба ҷанбаҳои мухталифи Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсиву ҳуқуқӣ бо маърӯзаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ баромад карданд.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз кори ҳамоиши илмӣ-амалӣ натиҷагирӣ намуда, Раиси Суди конститутсионӣ онро ҷамъбаст намуд.  

Yandex.Metrica