Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба мурочиати шахрванд Чураев С.

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии консти­тут­­сионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мувофиқат накар­дани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» ва бекор намудани он»

ш. Душанбе 22 майи соли 2018

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­ку­нанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Ка­рим­зода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мувофиқат накар­дани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» ва бекор намудани он» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Ҷўраев С. бо дархост ба Суди конс­ти­тутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муро­ҷиат намуда, дар он қайд ме­на­мояд, ки бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017 Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Тоҷпромбонк» муфлис эътироф гардида, талаботи амонат­гузо­рони он қонеъ гардонида нашудааст.

Муносибатҳои амонат­гузо­рон ва ташкилоти қарзӣ, яъне бонкро моддаҳои 854-865 ва тартиби барҳамдиҳии шахси ҳуқуқиро моддаҳои 62-68 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва тибқи банди дуюми қисми 1 моддаи 65 кодекси зикршуда ҳангоми барҳам­диҳии ташки­лоти қарзӣ дар навбати аввал талаботи шаҳрвандон – амонат­гузо­рон қонеъ гардонида мешавад.

Кодекси гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, дар банди дуюми қисми 1 моддаи 2 муқаррар намудааст, ки меъёр­ҳои қонунҳои граж­да­ние, ки дигар қонунҳо ва санади дигари қонунӣ дар бар гирифтаанд, бояд ба Кодекси гражданӣ мутобиқ бошанд.

Аммо сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» қонеъ гардонидани тала­боти қарздеҳон-амонат­гузо­ронро дар навбати чорум муқаррар наму­да­аст, ки ин ҳолат ба тала­боти Конститутсия ва моддаҳои 1, 2 ва 65 Кодекси гражданӣ муто­биқат намекунад.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки новобаста аз он ки қисми зиёди молу мулки қарздор – «Тоҷпромбонк» фурўхта шудааст, вале Бонки миллӣ ва намояндаи ў – мудири махсуси «Тоҷпромбонк» талаботи қонунии амонат­гузо­ронро қонеъ наме­гар­донанд.

Тибқи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақи­ман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Консти­тутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Аммо новобаста аз ин, Бонки миллӣ ва мудири махсуси он дар «Тоҷ­промбонк» сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»-ро ба асос гирифта, аввалан ҷиҳати таъмини фоидаи Бонки миллӣ ва Вазорати молия амал карда, талаботи шаҳрвандон-амонат­гузо­ронро қонеъ намегардонанд.

Вазоратҳои молия ва адлия барои аз ҷониби идораҳои нотариалии вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вобаста ба молу мулки Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Тоҷпром­бонк» гуза­ро­нидани ҳамагуна амалиёти нотариалро манъ карда, зиёда аз 110 намуд молу мулки асосии «Тоҷпромбонк»-ро ба ҳабс гузошта, фурўши онҳоро боздоштаанд.

Муроҷиаткунанда иброз медорад, ки мақомоти номбурда ба суди иқти­содӣ супориш додаанд, ки масъа­лаи марбут ба бардоштани манъи амалиёти нотариалиро бо Вазорати молия ҳаллу фасл намояд ва бо ин амали худ онҳо ваколати судиро ба зиммаи худ гирифта, ҳуқуқу ман­фиатҳои консти­тутсионии шаҳрвандон-амонат­гузо­ронро дар хусуси муро­ҷиат намудан ба суд маҳдуд намудаанд.

Ҷўраев С. ҳамчунин қайд менамояд, ки аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ихтилофи қонунҳо то ба имрўз баратараф карда нашу­да­аст ва дар ин бора тавзеҳоти Раиси Кумитаи Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олӣ мисол шуда мета­вонад, ки ў талаботи моддаҳои номбур­даи Кодекси граж­даниро оид ба дар навбати аввал қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон-амонат­гузо­рон дар амал рад намуда­аст. Ҳол он ки муто­биқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» худи қонунгузор – Маҷлиси Олӣ вазифадор аст, ки ихтилофоти қонунҳоро бартараф намояд.

Ҳамзамон номбурда зикр мекунад, ки мақомоти прокуратура низ ба масъалаи ў, аз ҷумла ба таъмини назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳо, бонкҳо, иттиҳо­дияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансаб­дори онҳо эътибор намедиҳад.

Муроҷиаткунанда ҳолатҳои зикршударо боиси вайрон шудани ҳуқу­қу манфиатҳои конститутсионии ў ва ҳазорҳо шаҳрвандон-амонат­гузо­рон ҳисобида, қайд менамояд, ки тибқи моддаи 19 Конститутсия ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Бинобар ин, шаҳрванд Ҷўраев С. ба Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон муроҷиат намуда, талаб намудааст, ки дар асоси дархос­ти ў мурофиаи судии кон­сти­тут­сионӣ оғоз карда шуда, сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» бинобар ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ва Кодекси гражданӣ мувофиқат накарданаш бекор карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар ма­води ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки шаҳрванд Ҷўраев С. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ва баррасии дархости ў шаклан ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил шавад ҳам, аммо дар масъалаи мутобиқати сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии таш­килот­ҳои қарзӣ» ба Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон номуайяние ошкор нагардид, ки барои бар­расии парванда дар Суди конститутсионӣ асос гардад.

Чунончӣ, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститут­сио­нии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди консти­­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад.

Мавҷуд набудани номуайянӣ дар масъалаи мавриди баҳс қарордодаи муроҷиаткунанда дар он ифода меёбад, ки муқаррароти сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии таш­килот­ҳои қарзӣ» ба моддаҳои дахлдори Конститутсия алоқа­ман­­дии бевоситаи мавзўӣ ва мазмунӣ надорад. Аз ин рў, ин ҳолат ман­тиқан намета­вонад боиси таҳлили муқои­савии конститутсионӣ-ҳуқу­қии меъёрҳои баҳсӣ гардад.

Ҳамчунин, баррасии масъалаи дар муроҷиат овардаи шаҳрванд Ҷўраев С. дар қисмати номутобиқатии сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» ба банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражданӣ ба сало­ҳияти Суди конститут­сионӣ мансуб нест. Зеро, тибқи моддаи 89 Консти­тут­­сияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ва моддаи 34 Қонуни конститут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон», Суди конститутсионӣ на масъа­ла­и ба ҳам мувофиқ будан ё набудани кодексу қонунҳо, балки дар асоси дар­хости субъектҳои ҳуқуқ масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиқат дош­та­ни қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқу­қиро баррасӣ менамояд.

Дар сурати ҷой доштани ихтилофоти ҳуқуқӣ байни кодекс ва қонун тартиби ҳалли ин масъаларо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муайян намудааст.

Дархост ба талаботи моддаи 41 Қонуни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­си­онии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» низ мувофиқ набуда, моҳияти талаби муроҷиат­кунанда мушаххас нишон дода нашудааст, зеро талаб ва далелҳои овардашуда дар хусуси ба моддаи дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқат надоштани муқаррароти қонуspan style=quot;, serif;quot;Times New Roman Tjquot;,serif; mso-ansi-language: TG;quot;, serif;ни мавриди баҳсқа­рордода, асоснок карда нашудааст.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз наму­да­ни мурофиаи судии кон­сти­­­тут­­сиониро оид ба дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Кон­ститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мувофиқат накар­дани сархати сеюми қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъа­лаи ба Конститутсия мувофиқат дош­тани муқаррароти қону­ни мав­риди баҳс қарордодашуда, ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набу­дани масъалаи муайян намудани мутобиқати байни муқаррароти зикр­шудаи Кодекси гражданӣ ва қонун, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост рад менамояд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ зимни омўзиши дархост носаҳеҳӣ ва гуногун­фаҳ­мии муқаррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси граж­даниро дар иртибот бо қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» аз ҷониби шаҳр­вандон-пасандозгузорон муайян намуд, ки ин ҳолат дар таҷриба барои ба таври дахл­дор амалӣ шудани ҳимояи ҳуқуқу ман­фиат­ҳои конститут­сио­нии шахс ба моликият монеа гардидааст.

Бинобар ин, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки муқаррароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражда­нӣ ва қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ»-ро бо дарнарзардошти таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу ман­фиат­ҳои конститут­сионии шаҳрвандон-пасандоз­гу­зорон ба моликият мавриди таҷдиди назар қарор диҳад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Кон­сти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди консти­тут­сио­нии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз на­мудани мурофиаи судии консти­тут­сионӣ аз рўи дархости дархости шаҳрванд Ҷўраев С. «Дар хусуси ба Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мувофиқат накар­дани сархати сеюми, қисми 1, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъа­лаи ба Консти­тутсия мувофиқат дош­тани муқаррароти қону­ни мавриди баҳс қарордо­дашуда, ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набу­дани масъалаи муайян намудани мутобиқати байни муқаррароти зикршудаи Кодекси гражданӣ ва қонун, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни консти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ набудани дархост рад карда шавад.

2. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқар­рароти банди дуюми қисми 1 моддаи 65 Кодекси гражда­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 1 моддаи 35 Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон «Дар бораи барҳам­диҳии ташкилот­ҳои қарзӣ»-ро бо дарнарзардошти таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳонӣ ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу ман­фиат­ҳои конститут­сионии шаҳрвандон-пасандоз­гу­зорон ба моликият мавриди таҷдиди назар қарор диҳад.

3. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди консти­тутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica