Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости шахрванд Махмудов Р.

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе 29 майи соли 2018

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И., Гулзор М.М. ва Абдураҳимзода Д.Р.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва судяи Суди конститутсионӣ Ҳошимзода Д.Д.-ро аз рўи дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Маҳмудов Р. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки миёни ў ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» (минбаъд – Бонк) шартномаи пасандози бонкӣ баста шудааст. Аммо, Бонк шартҳои онро бе ризоияти ў яктарафа тағйир додааст, ки номбурда бо чунин амал розӣ намебошад.

Ба ғайр аз ин, Бонк ба муроҷиаткунанда ҳамаи маблағи пасандозашро тибқи шартнома дар рўзи баохиррасии он барнагардонида, пешниҳод кардааст, ки ў пасандозашро ҳар моҳ ба миқдори 200 доллари ИМА гирад. Бо ин назардошт, ў пасандозашро метавонад дар муддати 45 моҳ ба даст орад.

Муроҷиаткунанда бо ин шарт розӣ нашуда, тавассути Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъво пешниҳод кардааст. Суд хулосаи Бонки миллии Тоҷикистонро ба асос гирифта, бо қарори худ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»-ро вазифадор намудааст, ки ба ў маблағи пасан­доз ва фоизҳои онро пардохт намояд.

Бонк бо ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ розӣ нашуда, ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ овардааст. Коллегияи зикршудаи судӣ бо қарори кассатсионии худ ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомониро бекор карда, қарори худро бо он асоснок кардааст, ки манфиати пасандозонро на Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон», балки танҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳимоя карда метавонад.

Муроҷиаткунанда ба моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ишора намуда, қайд менамояд, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ буда, мақсади асосии он дар ин самт нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад.

Тибқи моддаи 51 Қонуни зикршуда, баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд ва касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад.

Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки тибқи қонунгузории амалкунанда Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ мебошад, ки баъди таъин ба он тамоми ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ҳуқуқу ваколатҳои пасандоздорон бидуни ризоияти онҳо мегузарад.

Ҳол он, ки тибқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқу озодиҳо фардӣ, универсалӣ ва ҷудонопазир буда, ба худи инсон тааллуқ доранд ва танҳо ў ҳуқуқ дорад, ки онҳоро шахсан амалӣ намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Ҳамин тариқ, ба андешаи муроҷиаткунанда Бонки миллии Тоҷикистон ваколати боздоштани амалишавии ҳуқуқҳои пасандоздорон ва аз худ намудани ҳуқуқҳои онҳоро бе ризоияташон надорад ва ҳолати ба миёномада боиси он гардидааст, ки пасандоздорон наметавонанд мустақилона ҳуқуқи худро дар суд ҳимоя намоянд.

Бинобар ин, Маҳмудов Р. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, талаб намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, му­тобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва дигар маводи ба он замимашударо дида баромада, қайд менамояд, ки шаҳрванд Маҳмудов Р. агарчи субъекти муроҷиат маҳсуб ёбад ва баррасии дархости ў шаклан ба салоҳияти Суди конститутсионӣ дохил шавад ҳам, аммо дар масъалаи мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние ошкор нагардид, ки барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ асос гардад.

Чунончи, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардад.

Дархост ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мувофиқ набуда, дар он моҳияти талаби муроҷиаткунанда мушаххас нишон дода нашудааст ва ҳолату далелҳои овардашуда дар хусуси ба моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани муқаррароти қонуни мавриди баҳс қарордошта асоснок карда нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани муқаррароти моддаҳои қонуни мавриди баҳс қарордодашуда, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост рад менамояд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55, 56 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости шаҳрванд Маҳмудов Р. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011, №722 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 31 ва 47 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар ошкор нагаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсия мувофиқат доштани муқаррароти моддаҳои қонуни мавриди баҳс қарордодашуда, инчунин ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набудани дархост рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.

Yandex.Metrica