ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Суди конститут­сионӣ аз 6 то 9 январи соли 2020 ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафари корӣ, намояндагони Суди конститутсионӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти давлатии шаҳри Истаравшан бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, коллективҳои меҳнатии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти «Гули сурх», «Зарҳалол», «Пошкент», «Сабристон», «Чорбоғ», «Қалачаи калон», «Ҷавкандак», «Нофароҷ», «Ниҷонӣ» ва «Қалъаи баланд» дар сатҳи баланди омодагӣ вохўриҳо анҷом дода шуд.

Гуруҳи корӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар толорҳои маҷлисгоҳ ва марказҳои фарҳангии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва беморхонаи шаҳрӣ, дар маҷмӯъ ёздаҳ вохўрӣ анҷом дод, ки дар  онҳо беш аз ду ҳазор нафар фаъолони ҷомеа  бо ҳисси баланди ватандўстиву хештан­шиносӣ иштирок намуданд.

Дар рафти суҳбату вохўриҳо аъзои гуруҳи корӣ ба ҳозирин мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба парлумони кишвар, ки баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ҳифзи суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ, рушди муназзами соҳаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, иҷрои барномаву стратегияҳои мухталиф, амалишавии бомароми ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, инчунин таҳкими муносибатҳои байналмилалии кишвар равона гардидааст, фаҳмонда доданд.

Дар хусуси рушди муназзами соҳаҳои иқтисодии мамлакат ва афзудани маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, қайд гардид, ки рушди соҳаҳои иқтисодии мамлакат зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд ва ҳамин аст, ки соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд.

Қайд карда шуд, ки татбиқи бомароми вазифаҳои дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёна­муҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» пешбинишуда, ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишвар мусоидат намуданд.

Зимни вохўриҳо ҳамчунин зикр гардид,  ки соли 2019 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалии мамлакат рўйдодҳои муҳим ба вуқўъ пайвастанд,  ки нишонаи пойдории ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсию иқтисодӣ, қонунияти конститутсионӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ дар давлат ба шумор мераванд.

Таъкид карда шуд, ки ба кор шурўъ кардани чархи дуюми Нерўгоҳи барқии обии «Роғун» ба муносибати таҷлили Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 2019, ба зинаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардидани давлати мо мебошад. Бо ифтитоҳи чархи дуюми ин иншооти аср, орзуву ормонҳои деринаи миллати тоҷик амалӣ гардида, эътимоду боварии мардум ба ояндаи дурахшони мамлакат қавитар гардид.

Ҳангоми вохўриҳо оид ба аҳамияти муҳим доштани ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, ки он метавонад барои рушди маҳалҳои аҳолинишин, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намояд, инчунин вобаста ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 ва дигар иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат, ки ба рушди соҳаҳои маорифу, тандурустӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунанд, андешаронӣ карда шуд.

Ба иштироккунандагон аҳамияти муҳими чорабиниҳои сиёсие, ки соли 2020 дар саросари кишвар бургузор мегарданд, фаҳмонида шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки аз ҷумла дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳо бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намоянд ва саҳми босазои худро дар таҳкими заминаҳои демократӣ ва таҳкими ваҳдати миллию суботи сиёсии кишвар гузоранд.

Ҳамчунин зимни сафари корӣ оид ба дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба даст омада, ибрози назар карда шуда, аз шаҳрвандон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки барои анҷом додани корҳои ободонию тозагии маҳалли зист, кўчаю роҳҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз мунтазам тадбирҳои заруриро роҳандозӣ созанд.

Зимни вохўриҳо аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда, ки дар асоси онҳо мақсадҳои стратегии пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар амалӣ мегар­данд, дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ рўи кор меоянд, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад ва ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ бомаром амалӣ мешаванд, дучанд фаъолият намуда, бо масъулияти баланд ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демокра­тиамон саҳмгузор бошанд. 

Ҳангоми вохўриҳо ба саволҳои ширкаткунандагони он посух дода шуда, диқ­қати онҳо ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва  фарҳан­гӣ, инчунин пояҳои ҳуқуқии Тоҷикистони демокра­тиву ҳуқуқ­бунёд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар як муддати кўтоҳ ба давлати рушдёбанда дар ҳамаи соҳаҳо мубаддал гардида, дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи намоёну назаррасро сазовор гардидааст, ҷалб карда шуд.

 Иштироккунандагони вохўриҳо ҳангоми баромадҳои хеш бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ арзу сипос ва минатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат барои хизматҳои арзандаю  қаҳрамононаашон дар пойдор намудани сулҳу  субот ва ваҳдати миллӣ, ба як мулки ободу зебо мубаддал  гардонидани кишвар, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ва афзудани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ иброз доштанд.

Ҳамчунин, иштирокдорони вохўриҳо зикр намуданд, ки бо ҳисси балан­ди ватандўстиву хештан­шиносӣ ва меҳнати софдилона саҳми арзан­даи худро дар рушди кишвар мегузоранд ва баҳри тарѓибу ташвиқи минбаъдаи ҳадаф­ҳои дар Паём гузошташуда байни ёру дўстон, хешу ақрабо ва ҳамсояву ҳамдеҳагони худ фаъолона иштирок менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истарав­шан низ бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадаф­ҳои Паём ба аҳолӣ омодагии хуб дида, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ҳадафҳои дар Паём гузошташу­даро, таҳия ва тасдиқ намуда, дар ҳудуди шаҳр шиору овезаҳо дар ин мавзўъ насб гардиданд.

Yandex.Metrica