Сиёсати ҷавонон дар замони Истиқлолият
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Имрўз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди љомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зохир мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлоли ба ҷавонон ва ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро 13 майи соли 1992, №562 қабул кардааст.
Қонуни мазкур дар раванди инкишофи замони муосир 15 июли соли 2004, №52 дар таҳрири нав қабул гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», асосхои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иљтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерўи зењнӣ ва маънавии онҳо, муайян мекунад.
Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд дорад ва ин боварии Пешвои миллат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид, ки дар баробари Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан дар вазъияти ноороми кишвар, яъне ҷанги шањрванди 2 феврали соли 1993 нахуст вохўрии худро бо ҷавонон гузаронида буданд. Ин нишонаи ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва боварии комил ба нерўи созандаю бунёдкоронаи ҷавонон буд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ имрўз дар 39 донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат 170 ҳазор донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат бошад 30 ҳазор ҷавонон бо ихтисосҳои замони муосир таҳсил намуда истодаанд.
Тайи солҳои 1997-2015 ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 16 030 нафар донишҷў, аз ин миқдор 9554 духтар ва 6476 писар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат (беимтиҳон) қабул гардиданд. Дар ин муддат зиёда аз 8349 нафар духтару писар (5923 нафар духтар ва 2426 нафар писар) тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм намуда, бо роњхат ба ҷойи истиқомати худ барои кору фаъолият фиристонида шуданд.
Имрўз дастгирии соњибкорони ҷавон њамчун кафолати конститутсионии машғул шудан ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ (моддаи 12 Конститутсия) зери ҳимоя ва дастгирии махсуси давлат қарор дорад.
Тибқи таҳлилҳо дар кишварамон тақрибан 80 дарсади шаҳрвандони ба иқтисодиёт машғулро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷаво-нон аз афзалиятҳои доимии сиёсати давлатӣ шинохта шудааст ва дар суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20 солагии Иҷлосия ХVI Шӯрои Олии Ҷумњурии Тољикистон самти нави сиёсати давлатии «Рӯ ба ҷавонон» муаррифӣ гардид, ки аҳамият ва зарурати дастгирии давлатии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро бори дигар собит намуд.
Њамзамон тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, ки якқатор тағйиру иловаҳо вобаста ба имкониятҳои конститутсионии ҷавонон бахшида шуда буд, барои онҳо ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатиро васеъ намуд.
Махсусан дар тағйиру иловањои 22 майи соли 2016 барои љавонон вобаста ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат имкониятҳои васетар дода шуд, аз ҷумла синни интихоб шудан ба вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, пешнињод ба номзадии Президант ва таъин шудан ба вазифаи судяҳои Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе аз 35 ба 30 поён карда шуд, ки ин барои ҷавонон имконият медиҳад, то онҳо бевосита дар ҳаёти сиёсии кишвар ва идоракунии давлат иштирок намуда аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намоянд.
Пас аз ворид гардидани ин тағйиру иловаҳо иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи тадриљан рў ба афзоиш оварда, барои интихоб ва таъин шудани онҳоро дар се шохаи ҳокимият заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Бинобар он, ки қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст, шаҳрвандони љавони мамлакат минбаъд захираи асосии меҳнатии Точикистонро ташкил хоҳанд дод ва фаъолияти меҳнатии онҳо барои таъминоти иҷтимоии кӯдакон, маъюбон ва калонсолон манбаи асосии маблағ маҳсуб меёбад.
Сиёсати давлатии љавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионї ва истеҳсолї буда, нерӯи меҳнатӣ ва эљодии ҷавононро инъикос менамояд.
Имрўз татбиқи сиёсати давлатии ҳавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатњо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.
Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу вахадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд, ки:
«Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шуда буд.
Эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» ба ҷовонон нерўи тоза ва амалисозии имкониятњои конститутсионии онњоро ќувват бахшида, онњоро вазифадор намуд, ки њар љое, ки бошанд, бояд њисси баланди миллї дошта, бо Ватан, миллат, давлати соњибистиќлоли худ ва забону фарњанги хеш ифтихор намоянд ва барои њимояи онњо омода ва њушёру зирак бошанд.
Дар ин сол варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, шаъну шарафи Ватани азизамонро баланд бардоштанд, ки ин дастовардҳои онҳо туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон буд.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда карда шуд.
Ҳамаи иқдомҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва илмомўзии ҷавонон равона гардида, барои мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз самҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида шароити хуби рушду инкишоф фароњам оварда шудааст.
Вобаста ба ин, дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастї мебошад».
Пас ҷавононро зарур аст, ки аз шароити фароњамовардаи давлату Њукумат ва имкониятњои конститутсионии худ босамар ва оќилона истифода намуда, ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъи мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд ва бањри ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоем ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузорем.
Барои пиёдасозии мақсади дар назди худ гузоштаи халқи тоҷик, дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ саҳми сазовори худро гузошта, дар назди наслҳои оянда уҳдадории худро, ки барои онҳо ҳаёти бошарафона, рушди иҷтимоӣ ва давлати аз нигоҳи сиёсӣ босуботро мерос гузоштан, иҷро намоем.
Ҳусейнзода Хусрав,
ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон