Парчам рамзи тоҷикистони соҳибистиқлол
Имрӯз дар Суди конститутсионӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин рӯзи фархуда табрик намуд ва қайд кард, ки Парчам дар радифи Нишон ва Суруди миллӣ барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол чун рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ эътироф карда шудааст. Рамзҳои давлатӣ таҷассумгари мазмуну моҳияти давлат, таъриху фарҳанги халқ, ҳувияту арзишҳои миллии кишвар мебошанд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф намудааст ва он чун рукни асосии муқаддасоти миллӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.
Парчами миллӣ симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Парчам бо сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задании пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза баҳрӣ ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишонаи қудрату тавоноӣ баҳогузорї мешавад. Тасвири уқоб дар парчам ё ливои Куруши Кабир чун рамзи давлатӣ неруманд ва ливои Коваи оҳангар чун талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо барои озодиву истиқлол мисол мешаванд.
Соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, ва ташаккули давлатдории навин барои таҳияи рамзҳои нави давлатдориро тақозо намуд. Аз ин нигоҳ дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 «… парчам … рамзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорї шуду муқаддасу дахлнопазирии он таҳти ҳимояи қонун қарор дода шуд» (банди 18).
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлоисияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ба ҳамин хотир, минбаъд ҳамасола дар кишвар 24- ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар руҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст.
Вақте ки, парчами давлати соҳибистиқлоли мо дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ бардошта мешавад, моро ҳиссиёти волои ватандӯстӣ фаро мегирад.
Ашурзода А.А., дар интиҳои суханронӣ таваҷҷӯҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба мазмуни фалсафии Парчам ҷалб намуда, қайд кард, ки миллати тоҷик роҳи тӯлонии таърихро тавассути ҷоннисориҳои фарзандони фарзонааш тай намудааст, ки ин маънӣ аз ранги сурхи парчами мо бармеояд, ҷавҳари миллати куҳанбунёди миллати моро озодагӣ, покӣ ва маънавиёт ташкил медиҳад, ки ин ишора ба ранги сафеди парчам аст ва заҳмати созандаву ободкорӣ беҳтарин фазилати мардуми мост, ки ин ишора ба ранги сабзаш мебошад.
Ёдрас гардид, ки соли 2011 баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар пойтахти Ҷумҳурии азизамон – Душанбе қомат афрохт, ки ин нишони арҷгузорӣ ба гузаштаи миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Дар ҷаласаи тантанавї ҳамчунин судяи Суди конститутсионӣ Д. Абдураҳимзода ва ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионӣ Х. Ҳусейнзода дар мавзӯдар мавзӯҳои «Парчами давлтии Тоҷикистон – унсури муқаддасоти миллӣ» ва «Парчам нишони давлатдорӣ ва ифтихори миллати тоҷик» баромад намуданд.
Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода ҷамъбаст намуд.