Иди байналмилалии Наврӯз (дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир гардид)
Имрӯз, 20 марти соли 2021 дар Суди конститутсионӣ бахшида, ба «Иди байналмилалии Наврӯз» ҳамоиш доир гардид.
Ашурзода А.А.-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Наврӯзи оламафрӯз муҳимтарин ва арзишмандтарин ҷашн, ойни бостонӣ ва миллии халқи тоҷик аст, ки бо шарофати сарсупурдагии фарзандони баору номуси халқамон аз қаъри асрҳо то ба замони мо омода расид.
Дар замони соҳибистиқлолии давлату миллат, тавассути кушишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи худро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо дарёфт.
Чуноне ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд: «Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».
Ин ҷашн ифтихори миллии мардуми мо гардид.
Аз 30 сентябри соли 2009 то инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст.
Бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 18-юми феврали соли 2010-ум дар ҷаласаии 64 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи байналмилали Наврӯз» қабул шуд, ки дар он 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилали Наврӯз» эълон шуд.
Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Наврӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд.
Умари Хайём дар «Наврӯзнома» дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Сипас судяҳо ва тамоми кормандони Суди конститутсиониро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, ба эшон тансиҳатӣ, рӯзгори осудаву нек, сари баланд, рӯйи сурх ва дар фаъолияти касбиашон муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.
Дар охир кормандони Суд дар васфи Наврӯзи оламафрӯз аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик шеъру ғазалхонӣ намуданд.