Ба истифода додани як қатор объектҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар машварати кории назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 майи соли ҷорӣ дар хусуси вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси Суди конститутсионӣ аз 22 июли соли 2021, №26-СК, 23-25 июли соли 2021 ба шаҳри Истаравшан сафари кории Раиси Суди конститутсионӣ, роҳбари гурўҳи корӣ доир гардид.
Дар доираи сафари корӣ ҷиҳати саривақт анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланди омодагӣ, бошукўҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон як қатор иншоотҳои сохтмонашон баитмомрасида ба истифода супорида шуданд, аз ҷумла:
– санаи 24 июли соли ҷорӣ роҳбари гурўҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода маркази савдои “Ваҳдат” ва “Усто Маъбуд” –ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, маркази савдои “Ваҳдат” воқеъ дар ҷамоати деҳоти “Гули сурх” аз ҷониби соҳибкор Азизов Акрам бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона ва мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ иборат мебошад.
Мағозаи хӯроквории “Усто Маъбуд” воқеъ дар деҳаи Ругунди Ҷамоати деҳоти “Сабристон” бошад, аз ҷониби соҳибкорзан Ғаффорова Мавлуда бо харҷи 80 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст;
– дар идомаи сафар аз хоҷагии деҳқонии “Наврӯз-бобо” воқеъ дар деҳаи Ругунди Ҷамоати деҳоти “Сабристон” дидан намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Наврӯз-бобо” соли 2005 таъсис ёфта, дорои 29,5 га замин, аз он 15,6 га заминҳои обӣ ва 13,9 га заминҳои лалмӣ мебошанд. Хоҷагии деҳқонии болозикр дар майдони 7 га токзор, 8 га кишти гандум, 4 га кишти ҷав, 1 га помидор, 1 га пиёз ва 1,5 га беда кишт намуда, шумораи саҳмдорон он 38 нафарро ташкил медиҳад. Мавриди тазаккур аст, ки дар хоҷагии мазкур баъди бунёди токзори нав дар байни токҳо помидор кишт карда шуда, то ба ҳосил даромадани токҳои нав, бо мақсади самаранок истифода кардани замин ҳосили помидор рўёнида мешавад.
Роҳбари гурўҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионӣ аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши помидори навъи “Голландӣ” (таҷрибавӣ) ва кишти картошка дар ин хоҷагӣ дидан намуда, ба масъулини соҳа вобаста ба истифодаи оқилонаи замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои холишуда ва бо дарназардошти иқлими минтақа самаранок истифода бурдани ҳар як порчаи он дастуру супоришҳои мушаххас доданд;
– санаи 24 июли соли ҷорӣ дар майдони “Парчам” – и шаҳри Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ бо иштироки толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, ҷамоату шаҳракҳо, корхонаҳои дӯзандагии шаҳр ва падару модарон баргузор гардид., ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Абдуҷаббор, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ширин Амонзода, ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок ва аз намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ дидан намуда, масъулини соҳаро ҷиҳати ба хонандагон бо сифати хуб ва нархи дастрас пешниҳод намудани либосҳои мактабӣ муваззаф намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарият ба 10 нафар толибилмоне, ки аз оилаҳои камбизоат мебошанд либосҳои мактабӣ тӯҳфа карда шуда, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо бо сипосномаҳои фахрӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва роҳхат ба осоишгоҳи “Зумрад” қадрдонӣ карда шуданд;
– дар доираи сафар 24 июли соли равон бо собиқадорону сокинон ба корҳои мумфаршкунии роҳи маҳаллаи “Исмоили Сомонӣ” ба масофаи 1,2 км оғоз бахшида шуд, ки иқдоми мазкур аз ҷониби шахсони саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида, бо ташаббус ва дастгирии сокинон дар дигар маҳаллаву деҳаҳои шаҳр низ чунин тадбирҳо ба нақша гирифта шудааст;
– инчунин зимни сафар дар Ҷамоати деҳоти “Қалъачаи калон” маркази хизматрасонии “Фатирҳои Гули Сурх” ва ошхонаи “Гули Сурх” мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шарипов Салим бо харҷи 560 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар ин марказ пухтани нонҳои гуногун, фатирҳо, самбӯса ва мурғи танурӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ҳамзамон дар ошхонаи “Гули сурх” ба 17 нафар ятимони кулл ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон Шарипов Салим ва Ҷӯраев Иброҳим дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби роҳбарият туҳфаҳо аз қабили сару либос тақдим карда шуд;
– ҳамзамон дар заминаи дастуру супоришҳои дахлдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти “Сабристон”-и шаҳри Истаравшан собиқадори меҳнат, пиллапарвар Султонова Қамбар ва оилаи камбизоат Гадоев Яқубро аёдат намуданд.
Собиқадори меҳнат Султонова Қамбар 84 сол дошта, аз овони наврасӣ ба пиллапарварӣ машғул мебошад. Аснои суҳбат роҳбари гурўҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат нисбати собиқадорони меҳнат ёдовар гардида, иброз доштанд, ки меҳнатҳои фидокоронаи собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ доимо аз тарафи давлату Ҳукумат қадр карда шуда, кору пайкор ва фаъолияти пурсамари чунин шахсиятҳо намунаи ибрат барои насли ҷавон мебошад ва корномаҳои пирони рузгор заминаи устувор баҳри дар руҳияи ватандустиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад.
Сипас оилаи эҳтиёҷманд Гадоев Яқуб аёдат карда шуда, пас аз шиносоӣ бо вазъи зиндагии ӯ, сӯҳбати самимӣ анҷом дода шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумат баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии эҳтиёҷмандон ва маъюбон пайваста ғамхорӣ намуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ мунтазам тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҳамеша омодаи дастгирӣ мебошад. Ба аёдатшудагон аз номи роҳбарият маводҳои озуқаворӣ расонида шуд.
Умуман, аз ҷониби аҳолии шаҳри Истаравшан бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва меҳнатдўстӣ бо мақсади дар сатҳи муносиб истиқбол намуданиҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону азнавсозии иншооти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва роҳу пулҳо бомаром идома доранд.