ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – 23 ФЕВРАЛ

23 феврали соли 2026 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси Суди конститутсионӣ, судяҳои  Суди конститутсионӣ ва кормандони дастгоҳи суд, иштироки намудаанд.

Ҳамоишро муовини раиси Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Д.Р. ифтитоҳ намуда, зимни баромади худ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, маҳз 23 феврали соли 1993-ро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эълон намуд. Дар ҳамин рӯз аввалин паради низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ин ҷашн барои кишвари мо аз бисёр ҷиҳатҳо аҳаммияти махсус дорад. Бо гузашти солҳо, ин ҷашн анъанаҳои худро пайдо намуда, ба як рамзи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ табдил ёфтааст. Он дар қатори муҳимтарин ва дӯстдоштатарин ҷашнҳои сокинони мамлакатамон қарор гирифтааст.

Зикр гардид, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, миллати мо қаҳрамонони зиёдеро шинохтааст, ки ҷасурона барои ҳифзи марзу буми ин сарзамин ҷангиданд. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тақвияти иқтидори дифоии Артиши миллӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Ҳамон тавре ки Сарвари давлат зикр намуданд: “Ташкили Артиши миллӣ, ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ, талаботи замон ва амри воқеияти таърихӣ буд”.

Дар идомаи ҳамоиш маърӯзаҳо аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд доир ҷанбаҳои муҳимми ҳуқуқиву сиёсӣ ва амниятиву моддии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.