9 сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин санаи таърихӣ дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро бо ин ҷашнвораи бузурги миллат – 30-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онро волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик унвон кард, ки бо талошу ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар идомаи чорабинӣ сухани табрикотии муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва судяҳои судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н., Абдураҳимзода Д.Р. ва Шарифзода А.Н. шунида шуд.
Дар чорбини мазкур ҳамчунин якчанд нафар аз кормандони дастгоҳи Суди конститутсинӣ низ баромад намуда ҳозиринро бо ин ҷашни бузург ва муқаддас табрик гуфта, қайд намуданд, ки маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.
Дар хотимаи чорабинӣ ба кормандони дастгоҳ ва ҳайати техникӣ ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар ва иҷрои намунавии вазифаҳои касбӣ, сазовори ҷойи намунавӣ гаштан дар мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдорӣ”-и Раиси шаҳри Душанбе, бо «Ифтихорнома»-и Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани хотимавии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода А.А. ба анҷо расид.