Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи он бахшида ба – Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории миллӣ” маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Маҷлисро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки ҳамасола 6 ноябр ҳамчун санаи таърихб дар саросари кишвар бо шукӯҳу шањомати хоса таҷлил карда мешавад. Зеро 27 сол муқаддам халқи Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоли давлати худро қабул намуда, оромонҳои гузаштагони худро амалӣ намуданд.
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навин беҳамто буда, он ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз таҳассумгари ғояҳо ва арзишҳои миллии мо мебошад.
Ин санад барои эҳёи таъриху маданияти миллати тоҷик нақши муҳим гузошт. Руҳияи идонаю ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия шањодат медиҳад.
Бисту ҳафт соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки он ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Ин санади ояндасоз барои фаъолияти бузурги созандагию бунёдкорӣ шароит муҳайё карда, Ватани моро ба шоњроњи бузурги дигаргунињои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳидоят менамояд.
Боварӣ изҳор карда шуд, ки Конститутсия солиёни зиёд барои давлату миллати азизамон хизмат намуда, чун рамзи озодиву соњибихтиёрӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ, ободию созандагӣ, худогоҳиву ватандустӣ пойдору ҷовидон хоҳад монд.
Сипас судяҳо ва кормандони дастгоҳи Судро табрик намуда, барои онҳо хонаободиву сарбаландӣ ва ба кишвари азизамон тинҷиву оромӣ ва фазои сулҳу беғубор таманно намуд.
Баъдан судяҳои Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н. дар мавзӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили рушди босуръати кишвар” ва судя Абдураҳимзода Д.Р. баромад намуда, оид ба санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат будани Конститутсия ибрози назар намуда, қабули онро ифодаи дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрўву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат менамояд.