ОЗОДӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Инсоният дар масири ҳастии худ ҳамвора ҷониби озодӣ майл намуда, онро ҳамчун як рукни асосии ҳаёт ва намоди зиндагӣ маънидод карда, замина гузошт то дар марҳилаи бунёди давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд он ба сифати унсури марказӣ пазируфта шавад. Озодӣ марбут ба ҳолати табиии инсон аст. Яъне, аз диди фалсафӣ муайян намудани ҳудуди татбиқсозии озодӣ ғайриимкон буда, инсон онро дар доираи тафаккури худ анҷом медиҳад, аммо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ озодӣ дар сарҳади мушаххас татбиқ карда мешавад. Пас саволи матраҳ ин аст, ки инсоният дар марҳилаи кунунӣ дунболи кадом навъи озодии худ талош дорад? Магар озодии фалсафӣ ва ҳуқуқӣ ба амнияти давлат, якпорчагии он, нигоҳдошти истиқлоли давлатӣ ва ҳувияти миллӣ таҳдид намуда метавонанд?

Дар марҳилаи кунунӣ муносибатҳо дар ҷомеаи инсонӣ то ҳадде рушд ёфтаанд, ки боис ба эътирофнамоӣ ва дигаргунсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон гардида, низомҳои ҳуқуқиро моил бар он намуда истодаанд то мазмун ва моҳияти худро дигаргун созанд. Аз ҷумла, дар баъзе аз давлатҳои аврупоӣ ҳуқуқ ва озодиҳое мавриди эътирофнамоӣ қарор гирифтаанд, ки ба урфу одат, тарзи зиндагӣ, ахлоқи ҷомеа, манфиатҳои давлат ва низоми ҳуқуқии миллии мо мутобиқат наменамоянд. Дар ин марҳилаи ҳассоси зиндагӣ, ки ҳар як субъекти ҷомеаи башарӣ дунболи мақсад ва ҳадафҳои худ қадам мезанад, олами ҷузъ ба кулл латмаи сахт ворид намуда, боис ба хатарзо гардидани вазъ дар сайёраи замин ва эҳтимолияти такрорёбии ҳодисаҳои талхи таърихро ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле арзишҳову манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва сиёсӣ бологузар мегарданд, пас дар мавриди манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ сухан рондан бамаротиб мушкил мегардад. Зеро, субъектҳои нахустишорашуда озодӣ ва манфиатҳои худро аз будаш зиёд тасаввур намуда, имконияти татбиқ намудани ҳадафҳои миллиро барои давлатҳои ҷудогона, махсусан давлатҳои дар ҳоли рушд қарордошта, намедиҳанд. Аз ин дидгоҳ, бунёд намудани андешаи давлати миллӣ дар замири насли замони муосир таъхирнопазир буда, тақозо менамояд то мақомоти марбут дунболи ин масъала корҳои заруриро ба сомон расонанд. Вале, бунёди андешаи давлати миллӣ бидуни баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ дар замири аҳолӣ имконнопазир мегардад. Аз ин дидгоҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро роҳи асосии расидан ба ҳадафҳои миллӣ маънидод менамоянд, ки инро метавон дар суханрониҳо ва таҷрибаи ироаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ возеҳан мушоҳида намуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар нахустин солҳои ҳазорсолаи нав, аниқтараш 30-юми апрели соли 2001 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда буданд, ки насли ояндаи тоҷик бояд дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ, ҳифзи истиқлолияту якпорчагии давлат тарбия ёфта, номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошанд. Воқеан, дар чунин шакл таҳрезӣ намудани сиёсати давлатӣ роҳи минбаъдаи бунёди давлатдории миллӣ, эҳёи ҳисси ватандўстӣ, ватанпарварӣ ва нигоҳдошти истиқлолияти давлатиро дар замири аҳолӣ бедор намуд. Пешвои муаззами миллат хуб дарк намуда буданд, ки дар даҳсолаи охири садаи сипаришуда, маҳз ҳисси бегонапарастӣ, маърифати пасти даркнамоӣ, муносибати кӯр-кӯрона нисбат ба дин ва мансабталабии афроди манфиатхоҳ боиси бенизомӣ дар ҷомеа гардида буд. Аз ин рӯ, бо мақсади такрор нагардидани ин ҳодисаи талхи таърихӣ талош намуданд, ки насли ояндаи тоҷик дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихор аз гузаштаи худ ба камол расида, таъмини якпорчагии марзу буми давлат ва сулҳу суботи комили онро аз тамоми арзишҳо боло гузоранд. Маҳз бо ҳамин назардошт, пас аз даҳ сол, яъне 24-уми апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «барои пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар, пеш аз ҳама, суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ зарур аст ва аз мову шумо, сарфи назар аз сатҳи мансаб, касбу кор, мансубияти ҳизбӣ, инчунин аз ҳар фарди ватандўсту ватанпарвар, ки дар вуҷуди худ нангу номуси миллӣ дошта, ободии Ватани хешро мехоҳад, тақозо мегардад, ки ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи сиёсии ҷомеаро аз тамоми манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ ва ҳизбӣ боло гузошта, ҳамеша барои ҳифзи онҳо азму талош намояд».

Маълум мешавад, ки таъмин намудани сулҳу субот ва нигоҳдошти Истиқлоли давлатӣ дар заминаи баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарварӣ тайи даҳсолаҳо дар зери таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат қарор дошта, ҳамвора ҷониби он талош намудаанд. Бемуҳобо метавон иброз намуд, ки дар ин роҳи ноҳамвор Пешвои муаззами миллат муваффақ гардида, таҷрибаи инсонмеҳварӣ ва сулҳофариниро дар ҷомеаи муосир гузоштанд.

Бояд иқрор шуд, ки дар садаи бистуяк бо ташаккули илму техника, бамаротиб доман паҳн намудани ҷаҳони сабз (интернет) ва рушди муносибатҳои ҷомеаи инсонӣ дар заминаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар замири насли нав то андозае коҳиш ёфта, барои ба вуҷуд овардани арзишҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқӣ замина фароҳам оварда истодааст. Дар чунин шароит таъмин намудани оромии комил, сулҳи сартосарӣ, нигоҳдошти амнияти давлат, авлавияти татбиқсозии меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ мушкил гардида, ҳувияти ватансозӣ ва бунёди давлати миллиро дар замири аҳолӣ коҳиш медиҳад. Бо ин назардошт, зарурати муайян намудани сарҳади татбиқсозии муносибатҳои нисбатан нав дар ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омада, аз низоми ҳуқуқии давлат тақозо менамояд то тавассути меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳудуди озодии фалсафии инсонро амиқан нишон дода, ин муносибатҳоро ба озодии ҳуқуқӣ мубаддал гардонад. Яъне, озодие, ки сарҳади баамалбарории он тавассути санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки мақомоти қонунбарори давлат ва ё субъекти салоҳиятдор қабул намудааст, яқинан маълум мебошад. Зеро, ҳуқуқ ва озодии инсон ҳаду ҳудуди татбиқсозии худро дорад. Инсон ҳуқуқ ва озодиашро бояд то он ҳудуде ба амал барорад, ки сарҳади ҳуқуқу озодии нафари дигар оғоз меёбад. Дар ҳамин замина, бояд ишора намуд, ки мақомоти қонунбарори кишвар ба самти мазкур, аллакай қадамҳои нахустини худро гузошт ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 далели равшани гуфтаҳои фавқуззикр мебошад. Қонуни мазкур бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мақомоти қонунбарори кишвар пешниҳод шуда, фарогирандаи 5 боб ва 21 модда мебошад. Таҷрибаи ҳуқуқэҷоднамоӣ ва қонунбарорӣ башорат аз он медиҳад, ки қабули чунин навъ санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон равона гардида аст, на танҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ камназир буда, аз ҷониби олимону коршиносони соҳа баҳои баланд дода мешавад. Ҳадафи аслии қонуни ишорашуда, агар аз як тараф тарбияи ватандўстии шаҳрвандон бошад, аз тарафи дигар вогузоштани масъулият бар зиммаи шаҳрвандон дар самти ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедории ҳувияти миллӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва нигоҳдошти истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад. Яъне, ба ҳамин васила мақомоти қонунбарори кишвар масъулияти шаҳрвандонро дар самти нигоҳдошти арзишҳои миллӣ бештар намуда, доираи татбиқсозии муносибатҳои навро, ки имконияти таъсири манфӣ расонидан ба ахлоқи ҷомеа, ҳувияти ватандӯстӣ ва суботи сартосариро доранд, нисбатан маҳдуд намуд. Ба ибораи дигар, озодии фалсафӣ ба озодии ҳуқуқӣ мубаддал гашта, меъёри мушаххаси ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.

Озодии фалсафӣ сарҳади давлатеро мемонад, ки ҳудуди он мавриди муҳофизат қарор надошта, дилхоҳ субъект имконияти ворид шудан ба онро дорад. Аммо, озодии ҳуқуқӣ монанд ба сарҳади давлатест, ки ҳудуди онро қувваҳои мусаллаҳ бо мақсади нигоҳдошти тамомияти арзиву ҳудудӣ, таъмини амният, ҳифзи арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо тамоми ҳастӣ муҳофизат ва ҳифз менамоянд. Бояд хуб дарк намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ қабул намудани ҳама гуна арзишҳо, ки тавассути фарҳанг, тамаддун ва сиёсати баъзе аз давлатҳову ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи инсонӣ роҳ меёбанд, ғайриимкон ва мантиқан ғайри қобили қабул мебошад. Зеро, дар пасманзари ҳар як арзиши таблиғшаванда, ки ба арзишҳои миллӣ бархўрд доранд, як арзиши миллӣ нобуд гардида, имконияти ба вуҷуд овардани холигии ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро дар давлат дорад. Аз ин рӯ, озодии фалсафӣ, ки хусусияти мутлақ дошта, дар тафаккури аҳолии сайёра бо ба вуҷуд омадани низоми сиёсии демократӣ бештар ҷой гирифт ва боиси таблиғу ташфиқи арзишҳои ғайриахлоқӣ дар ҷомеа гардида истодааст, бояд дар доираи меъёри ҳуқуқӣ мавриди танзим қарор дода шавад. Дар чунин ҳолат имконият фароҳам меояд, ки давлат баҳри расидан ба ҳадафҳои миллии худ ва нигоҳдошти Истиқлоли давлатӣ қадамҳои устувор ниҳода, ба бунёди ҷомеа дастёб гардад, ки асоси онро афзалияти меъёрҳои ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти гуфтаҳои болозикр метавон чунин хулосабарорӣ намуд:

– Раванди ҷаҳонишавӣ ва ташаккули илму техника, ки дар ду садаи сипаришуда бо суръати баланд инкишоф ёфта истодаанд, агар аз як тараф фаъолияти корӣ ва муоширати инсонро ба маротиб сабук намуда бошанд, аз тарафи дигар муносибатҳои ғайриахлоқӣ ва зиддифарҳангиро рўйи кор оварда, як навъ мушкилотро барои нигоҳдошти Истиқлоли давлатӣ ва суботи комил ба вуҷуд овардаанд. Равандҳои ишорашуда, ки ба озодӣ ва ҳуқуқи шахс бартарият медиҳанд, боис бар он гардидаанд, ки дар муҳити илми ҳуқуқи инсон наслҳои нав рӯйи кор оянд. Вале, на ҳамаи ин ҳуқуқу озодӣ ба ҳадафҳои давлатсозӣ ва бунёди ҷомеаи инсонӣ созгор мебошанд. Аз ин нигоҳ, низоми ҳуқуқии миллии мо бояд дар заминаи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва манфиатҳои миллӣ бунёд карда шавад.

– Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ қадамҳои устувор ниҳода, газандёбии таърих, фарҳанг ва манфиатҳои миллиро дар раванди ҷаҳонишавӣ мавриди ҳифз қарор дода истодааст. Аммо, аз нигоҳи мо бунёди давлати миллӣ бидуни баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ғайриимкон мебошад. Бо ин мақсад, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» саривақтӣ буда, заминаи воқеиро дар самти бедории ҳувияти миллӣ ба вуҷуд меорад.

– Озодии фалсафӣ, ки дар заминаи низоми сиёсии демократӣ бештар рушд намуда, зеҳну ақли ҷомеаи инсониро ба худ ҷалб намудааст, дар ҳолатҳои зарурӣ бояд ба озодии ҳуқуқӣ табдил дода шавад. Зеро, мутлақият додан ба озодии инсон боиси ба вуҷуд омадани арзишҳои ғайриинсонӣ гардида, имконияти таъсири манфӣ расонидан ба истиқлоли давлатӣ ва ахлоқи ҷомеаро дорад. Аз ин нигоҳ, ҳангоми муайян намудани сарҳади озодии инсон, он набояд ҳамчун поймолсозии озодии ў баҳогузорӣ карда шавад.

– Аз мазмун ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ бар меояд, ки манфиатҳо ба се гурӯҳ ҷудо шудаанд: манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат. Аз нигоҳи мо, дар сурати ба ҳам тавъам гардидани ҳар се гурӯҳи манфиатҳо имконияти воқеӣ фароҳам меояд то Истиқлоли давлатӣ нигоҳ дошта шуда, ҳадафҳои миллӣ татбиқ карда шаванд ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи муқаррарнамудаи қонун амалӣ гарданд.      

Yandex.Metrica