Сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода аз ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳр дидан намуданд.
Дар баробари ҳамарӯза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти сатҳи мухталиф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшани бостонӣ низ бо ҷалби маблағҳои давлатӣ, саҳми соҳибкорони саховатпеша ва фаъолияти ҳамшарикии сокинони эҳсонкор бунёду навсозии куллии иншооти соҳаи саноату сохтмон, маъмурию иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангию варзишӣ бомаром идома дорад.
Дар ин раванд 11 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан ва роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” боздид намуданд.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, бинои муосири маъмурӣ аз таҳхона ва ду ошёнаи барҳаво, толори маҷлис ва инфрасохторҳои дигари асосию ёридиҳанда иборат буда, бо роҳи ҳамкории шарикона, хайру сахои сокинони 17 деҳаи ҷамоат бо харҷи маблағи наздики як миллион сомонӣ қомат афрохта истодааст.
Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” 26 нафар мутахассисони соҳа бо кори муваққатӣ фаро гирифта шуда, сохтмончиён саъю кушиш доранд, ки бинои маъмуриро мутобиқи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ дар арафаи таҷлили Наврузи байналмилалӣ мавриди истифода қарор диҳанд.
Зимни боздид ба масъулини соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин, дар идоами сафар корӣ раиси шаҳри Истаравшан ва роҳбари гурӯҳи корӣ дар ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Бунёдкор” – и Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ бо сарфи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ба таври зебою муосир бунёд гардидааст. Дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмон, барқу ташноб ва дигар маводи бунёдӣ ҷой дода шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани маркази мазкур панҷ нафар ашхоси бешуғл бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин гардидаанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар соли бузургдошти ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо иқдом ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан зиёда аз 500 иншооти сатҳи мухталиф бунёду навсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд ва бо ин васила ҳазорҳо нафар қувваи қобили меҳнат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.