Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 29 – умин солгарди ҷашни «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бах­­­шида ба 29 – умин солгарди  ҷашни  «Рӯзи Конс­титут­сияи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар бар­гузор гардид, ки дар кори он суд­яҳо, хизатчиёни давлатӣ ва дигар кор­мандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок на­муданд.

Каримзода К.М. – муовини Раиси Суди конститутсионӣ маҷлис ва ми­зи му­дав­варро бо  сухани ифтитоҳӣ ҳусни оҳоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ ва давлатӣ табрик гуфта, оид ба нақш ва моҳияти ин санади таърихӣ ибрози андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки 29 сол  муқаддам мардуми шарафманди То­ҷи­кистон ба авзои бени­ҳоят му­рак­каб ва но­ороми  сиёсию ичтимоии мам­ла­кат нигоҳ на­карда, бо дарки баланди  мас­ъулиятшиносӣ ва қарзи  шаҳ­р­вандию ин­сонӣ  муно­сибати худро ба тақ­дири минбаъдаи давлату мил­­лат ва бақои он иб­роз намуда, на­хус­тин Кон­с­титутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро қабул наму­данд.

 Ин сана рӯзи 6 ноябри соли 1994-ум мебошад, ки минбаъд дар таъ­рихи навини дав­­латдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин бо номи «Рӯзи Кон­с­титутсияи Ҷумҳурии То­ҷикистон» сабт гардид.

Ин нахустин чорабинии муҳими сиёсии давлати соҳибистиқлол буд, ки халқи тоҷикро ҷиҳати муайян намудани сарнавишти ояндаи дав­лат ва миллати худ, бунёди давлат ва расидан ба ормонҳои миллӣ  ба ҳам овард ва овоз­диҳии муташакилонаи мардуми кишвар кӯшишҳои бад­хоҳони миллати тоҷикро оид ба пешгирӣ намудан ва халал расонидан ба ин чора­бинии ҳаётан муҳими давлатӣ барбод дод.

            Ин чорабинӣ ба роҳбарияти сиёсии мамлакат қувва ва нерӯи нав бах­шида, онро ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими идораи давлат ва исло­ҳоти он раҳнамун сохт. Дар дили мардуми ҷафокашида орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фар­зандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеаро бо ҳам муттаҳид кард.

Бесабаб  нест, ки    Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмо­­­­малӣ Раҳ­­мон Паёми  соли 2014 худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷи­­­­кистон аз нақ­ши  со­занда ва офарандаи  Консти­тут­сияи  мам­лакат оғоз   намуда, иброз   доштанд,   ки:

«Конститутсия барои аз байн  бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти  давлатӣ  таҳдид   мекард, шароити  зарурии   ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тоза истиқлоли тоҷикон ва аз па­рокандагӣ  раҳоӣ  бахшидани   миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати  расидан ба ваҳдати  миллӣ  таҳкурсии   устувор  гардид ва дар он мар­ҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони дав­латдории  тоҷикон  нақши  тақ­дирсозу  ҳалкунанда   бозид».[1]

             Конститутсия- ин орзуву омоли ҳазорсолаи  гузаштагони халқи  тоҷик дар ро­ҳи  расидан ба ис­тиқ­­­ло­ли­ят комили давлатӣ ва давлатдорӣ,  тавасссути андеша, ар­зиш­­­ҳои  миллӣ ва ар­зишҳои умумипазиру­фта­шу­даи  бай­налмилалӣ  бунёд   наму­дани   давлати  демок­ративу  ҳу­қуқ­бун­­ёд буда, он бо хусусияти соф миллии худ  ифо­даи во­қе­ии  иродаи хал­қи тоҷик ме­бо­шад.  

Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеа ҷа­ҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳо­зира ва оянда масъул ва вази­фадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро бун­­­­­ёди ҷомеаи адолат­парвар  эълон  на­муд.

 Баъдан, кормандони Суд Нурляминзода Г.А. ва Холиқзода Ш. С. оид ба ди­гар ҷанбаҳои таърихию сиёсии Конститутсия ибрози андеша намуда, фарҳанги конс­титутсионӣ ва  ба­ланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқиро дар ҷомеа асоси татбиқи Конс­­титутсия номиданд.

Дар фарҷоми маҷлис ба ду нафар судяи Суди конститутсионӣ ва 4 нафар кор­манди Суди кон­ститустионӣ барои кори пурсамар ва фаъолияти содиқона барои ҳи­мояи таъмини ка­фолатҳои конститутсионии шаҳрвандон, бахшида ба 29 – умин сол­гарди ҷашни «Рӯзи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ифтихорномаи Раиси Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.



[1]Ниг. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷи­кистон. ш.Душанбе, 23 апрели соли 2014. Саҳ.3.

Yandex.Metrica