ШИНОСОИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ БА МУНОСИТАБИ 35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ МУХТАЛИФИ ШАҲРИ ИСТАРВАШАН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо вазъи соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои мухталифи шаҳр шинос  шуданд. Ҳамзамон ҳайати гурӯҳ корӣ ба ҷамоатҳои деҳот сафарбар гардида, пас аз шиносоӣ бо раванди бунёди объектҳои ҷашнӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ, бо сокинон ва фаъолони шаҳр мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд.

Дар ҷараёни суҳбату мулоқотҳо масъулин оид ба моҳияти нуктаҳои асосии паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотӣ дар ин самт, истифодаи сарфакоронаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, ба роҳ мондани кишти зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти картошка, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, бунёди инфрасохторҳои муҳими иҷтимоӣ, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар ҷамоатҳои деҳот суханронӣ намуда, ба кормандони соҳаҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои мушаххас дода, масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф гардиданд.

Yandex.Metrica