РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба муносибати 35-солагии Истиќлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ идома доранд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан рафти корҳои ободониву созандагиро аз назар гузаронида, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба истифода додани бинои нави коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, ки бо тарҳи замонавӣ сохта шуда истодааст, ба масъулон супоришҳои қатъӣ дод.

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП–52, Раиси Суди конститутсионӣ ба ҳайси  сарпарасти литсейи касби техникии шаҳри Истаравшан вобаст шудааст. Ҳамзамон, рафти корҳои сохтмонӣ ва таъминот бо лавозимоти хониш дар литсей мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Ҳамчунин, дар радифи назорати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳри Истаравшан аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ Ашурзода Абдулҳафиз қабули сайёри шаҳрвандон анҷом дода шуд.  

Сокинони шаҳру деҳоти Истаравшан зимни қабули шахсӣ оид ба масъалаҳои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои молиявӣ, ҳалли баҳсҳои оилавӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, мусоидат ҷиҳати таъмин намудан бо об ва ғайра муроҷиат намуданд.

Аз тарафи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат ва дархосту шикоятхои шаҳрвандон қабул гардида, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.