8 март – Рўзи Модар

Дар ин рӯзҳои пурнакҳати баҳори ҳуҷастапай, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон иди пуршукуњ ­– Рӯзи Модарро ба тамоми бонувони Тољикистон самимона табрик мегӯем.

Бузургдошти модар ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои бемислу монанди ӯ  қарзи ҳар як фарди  бонангу номус аст. Инсон дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардад, ки агар дуои неки модарро гирад, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми март ҳамчун Рўзи Модар ва рамзи арҷгузорӣ ба мақому мартабаи зан – Модар таҷлил мегардад.

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Тамоми  муввафаќияту музаф­фариятҳо, ҳама эъҷозу парвоз, шоҳкориҳову қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модари мењрубон аст.

         Ҳамду сано ба зан – Модар, ки муҳаббати ў интиҳо надорад  ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ўст.

Рӯзи Модар муборак бошад!

Yandex.Metrica