Пешгирии вируси норасоии масунияти одам
10 июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намяндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони дастгоҳи Суд хониши идоравӣ баргзор гардид.
Чорабиниро судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ифтитоҳ намуд ва суханро ба ноамояндагони Вазорат дод.
Солиев Алиҳон, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории БПНМ» дар мавзўи «Пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» бо иштирокчиён лексия суҳбат гузаронид.
Алиљон Солиев қайд намуд, ки мубориза бар зидди паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, ҳифзи ҳуқуқҳои одамони ба ин вирус сироятёфта ва ба табобати ройгон фаро гирифтани онҳо дар меҳвари табдирҳо ҷиҳати сиҳатии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки вируси норасоии масунияти одамро ба оилаи вирусони иртиҷоӣ, ҷинси лентивирусҳо дохил мекунанд. Номи лентивирусҳо аз мазмуни калимаи лотинии Ленте-сустӣ асос ёфтааст, ки чунин номгузорӣ яке аз хусусияҳтои ин гурӯҳи вирусҳоро инъикос мекунад, аз ҷумла-суръати суст ва нобаробарии инкишофёбии раванди сироятшавӣ дар макроорганизм мебошад. Барои лентивирусҳо давраи дурударози ниҳонӣ хос буда, аз ҳама вируси омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ, бартарафсозӣ ва муқовимат намудан бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам як қатор Барнома, Қарору Қонун ва асноди муҳимро ба тасвиб расондааст, ки барои сади роҳи чунин зуҳуроти номатлуби даврро гирифтан айни мудаост.
Роҳҳои гузариш ВНМО чунинанд:
1) тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сузандоруҳо, хунгузаронӣ, таҷҳизотҳои тиббии тамизношуда);
2) алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола);
3) аз модар ба кудак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ);
Нишонаҳои гирифтор шудан ба Вируси норасоии масунияти одам
Марҳилаи ноаёнӣ – аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад. Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус дар хун ҳангоми ташхиси лабаратори муайян карда намешавад.
Давраи инкубатсионӣ аз 2 то 10 сол бе ягон аломатҳои клиникӣ давом меёбад, то пайдоиши Бемории пайдошудаи норасоии масуният.
Пешгирии Вируси норасоии масунияти одам
Чорабинаҳо оид ба кам кардани хатари сироятёбӣ аз ВНМО.
Риоя намудани тарзи ҳаёти солим.
Истифодаи таҷҳизотҳои тиббии яккарата.
Доштани танҳо як ҳамхоба ва истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона.
Муоинаи ҳатмии шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ, маҳбас, баргашта, нашъамандони инекқионӣ.
Муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ.
Агар зани ҳомила гирифтори ВНМО бошад, ҳатман муолиҷаи зидди ретровируси гирад. Занҳое, ки табобати зидиретровирусиро гирифтаанд, ҳангоми таваллуд хавфи сироятёбии тифл то 2% мебошанд.
Роҳҳои табобати ин беморӣ
Дар айни замон доруҳое, ки барои боздоштани афзоиши сирояти ВНМО дар бадан равона карда шудаанд, мавҷуданд. Ин муолиҷаро –меноманд. Яъне, одами ВНМО— мусбат ҳангоми сари вақт сар кардани таъиноти зиддиретровирусӣ метавонад умри дароз ва пурбаҳо ба сар барад.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки барои ошкор намудан ва сироят кардани вируси норасоии масунияти одам Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро пешбини намудааст.
Дар интињо қайд гардид, ки ҳар як нафар бояд нисбати вируси норасоии масунияти одам эҳтиёткор бошад, сари вақт барои муқовимат ва пешгирӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ муроҷиат намояд, зеро ин беморӣ оқибатҳои хуб надорад. Дар муқобили паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванд бояд масъулиятшинос бошад, то ки барои наслҳои оянда ҷомеаи солиму орӣ аз ҳар гуна бемориҳоро боқӣ гузорем.
Сипас сухан ба Саймуддинов Турашоҳ, муовини директори муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофлактика» дода шуд, ки ў дар мавзўи «Фаъолияти мақомоти давлатӣ дар шароити сирояти коронавируси COVID-19, дигар ҳолатҳои буҳронӣ» бо хизматчиёни давдлатии дастгоҳи суди Конститутсионӣ лексия – суҳбат гузаронид.