ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТИСОНӢ ДАР МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
26 августи соли 2022 Раиси Суди конститутсионӣ А. Ашурзода ва роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионӣ А. Гулзода дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳаввули падидаи назорати конститутсионӣ дар шароити дигаргунсозии ҷомеа ва давлат» иштирок ва Раиси Суди конститутсионӣ дар мавзўи «Адолати судии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» баромад намуд.
Дар кори ин чорабинии сатњи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Шӯрои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо доир гардид, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои Ўзбекистон, Қирғизистон ва Комиссияи Венетсияи Шўрои Аврупо, намояндагони ҳокимияти судии Қазоқистон, олимони соҳаи ҳуқуқ ва дигарон иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо мавзўҳои мухталифи марбут ба конститутсионализм, нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, нақши адолати судии конститутсионӣ дар амалишавии арзишҳои конститутсионӣ, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демократия, таҷрибаи назорати судии конститутсионӣ дар давлатҳои мухталиф ва дигар мавзўҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокимаҳои доманадор қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, тибқи барномаи таҳиянамудаи Шўрои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои илмӣ-амалии Академияи ҳуқуқшиносии Авруосиё ба номи Д.А. Қунаев ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ иштирок намуданд.
Мизи мудаввари Академияи ҳуқуқшиносии Авруосиё ба номи Д.А. Қунаев дар мавзӯи «Конститутсия — асоси рушди Қазоқистони нав» 25 августи соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин олимону ҳуқуқшиносон иштирок намуда, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бахши пленарии он бо сухани табрикотӣ баромад намуд.
Дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон: таърих ва воқеияти нави сиёсӣ» 27 август баргузор гардид, ки дар кори он низ раисон ва намояндагони мақомоти назорати конститутсионии давлатњои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин олимону ҳуқуқшиносон иштирок намуданд. Раиси Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ифтитоҳии ин чорабинӣ бо сухани табрикотӣ баромад намуд.
Дар ҷамъбасти конференсияи мазкур ба Раисони судҳои конститутсионии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон медали Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ тақдим гардид.
Дар маҷмўъ чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, барои муаррифӣ намудани таҷрибаи назорати судии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии мақомоти назорати конститутсионӣ заминаи мусоид фароҳам овард.