“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори конференсия Раис, судҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, намояндаҳои Вазорати адлия,  Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломаносов  дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.   
Ба кори  семинар Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин саннаи таърихӣ табрику таҳният гуфта,  қайд намуд, ки таъсиси мансаби Президент, ҷашн гирифтан ва таҷлили он заминаи таърихӣ дорад. Дар таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон шахсиятҳои таърихии барҷаставу номбардоре вомехуранд,ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Таъсиси мансаби Президент марҳилаи нави рушди давлатдории кишвари мо мебошад. Дар робита ба ин зикр кардан ба маврид аст, ки аз 193 давлати аъзои СММ зиёда аз 143  дар сохтори давлатдории худ мансаби Президент доранд.
 Сипас академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмудзода Маҳкам, муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М., судяи Суди Олӣ Қамарзода Р., судяи Суди Олии иқтисодӣ Наимзода Б ва дигар шахсони расмӣ вобаста ба мавзӯи семинар баромадҳо намуданд. 
 Дар фарҷом муҳтарам Ашурзода А., бори дигар таҷлили ин иди фахундаву муборакро ба иштирокчиён  самимона  табрик гуфта, ба хонадони онҳо бахту иқболи нек, сулҳу оромӣ ва ба кишвари азизамон  пешравию гулгулшукуфоӣ таманно намуданд.
Yandex.Metrica