ПАЁМ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Таърихи 6 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Раис, муовини Раис, судяҳо ва хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А. ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки 23 декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва он ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар ҷойгоҳи хоссаро касб намудааст. Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашмаи худро аз моддаи 55 Конститутсияи кишвар гирифта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ хусусияти доимӣ касб намуда, тавассути он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар муайян карда мешавад.

Сипас, муовини Раиси Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Каримзода К.М. ба сухан баромада, доир ба мазмун ва моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳим, ба мисли фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар маҷмуъ барои рушди устувори кишвар дастуру супоришҳои мушаххасу зарурӣ дода шуд. Чунин дастуру супоришҳо ва талаботи Паёми Президент бояд аз ҷониби субъектони ваколатдор сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гарданд. Зеро амалӣ гаштани онҳо боиси афзудан ва боло рафтани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як шахс, дар маҷмуъ халқи Тоҷикистон мегардад. Аз ин лиҳоз, мову Шумо вазифадорем, ки Паёми Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамои кору фаъолияти худ қарор дода, нуктаҳои асосии онро саривақт ва бо дасту дилу нияти пок иҷро намоем.

Баъдан, ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сафарзода Н.Ф. доир ба паҳлуҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар кард. Мавсуф қайд намуд, ки соли 2022 вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мураккаб гардида, барои рушди иқтисодии давлатҳо, таъмини сулҳу суботи комили онҳо ва беҳтар гардонидани вазъи зиндагии аҳолиашон мушкилоти ҷиддиро рӯйи кор овард, вале бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки ин мушкилиҳоро пушти сар намуда, дар тамоми самтҳо ба муваффақиятҳои назаррас мушарраф гардем. Дар баробари дуруст ба роҳ мондани сиёсати дохилӣ, мо тавонистем, ки дар самти тадбиқи сиёсати хориҷии худ низ ба музаффариятҳои шоён ноил гардем. Махсусан, аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ҷонибдорӣ намудани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон намудани 21 март ҳамчун рўзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки имрўз нуфуз ва манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафтаву ташаббусҳои онро ҷомеаи байналмилалӣ пуштибонӣ менамоянд. Ин мояи ифтихор ва шарафмандии ҳар фарди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва ватанпарастии аҳолӣ андешаҳои судманд манзур карда шуданд.

Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ин қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки аз ҷиҳати техникаи ҳуқуқӣ дуруст омода карда шудаанд. Ин масъала аз кормандони Суди конститутсионӣ тақозо менамояд то ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии воридшударо дуруст омўхта, мутобиқат доштан ё надоштани онро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқ намоянд. Инчунин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дуруст тайёр кардан ва интихоб намудани кадрҳои мақомоти судӣ дастурҳои судманд дода шуд, ки он метавонад дар ташаккули ҳокимияти судии кишвар нақши босазо гузоранд.

Дар интиҳо, Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А. бори дигар таъқид намуд, ки корманди Суди конститутсионӣ бояд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори ҳаррўзаи худ қарор диҳанд ва дар рушди ҳокимияти судии кишвар саҳми арзишманди худро гузоранд.