Иди байналмилалии Наврӯз

Имрӯз, 20 марти соли 2024 дар Суди конститутсионӣ бахшида ба «Иди байналмилалии Наврӯз» ҳамоиш доир гардид.

Зимни ифтитоҳи он  зикр гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз муҳим­тарин ва арзишмандтарин  ҷашн, ойни бостонӣ ва миллии халқи  тоҷик  аст, ки  бо шарофати  сар­супур­дагии фарзандони баору номуси халқамон аз қаъри асрҳо  то ба замони мо  омода расид.

Худи вожаи «Наврӯз» калимаи мураккаби форсии-да­рӣ бу­да,  калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва  «рӯз»  иборат аст. Дар ин ҳан­гом Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба  рӯзи 31 моҳи фарвардини авестоӣ ва ҳамали аҷамӣ рост меояд.

Дар замони соҳибистиқлолии давлату миллат, тавассути ку­шишу заҳ­матҳои Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон нақш ва мавқеи худро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо дарёфт ва ин љашн ифтихори  миллии мардуми мо гардид.

Аз 30 сентябри соли 2009 то инҷониб Наврӯз мав­қеи бай­нал­ми­лалӣ гирифт ва ба рӯй­хати  мероси фарҳангии ғайримоддии баша­рият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд.

 Бо ҷонибдорӣ  аз  тарафи роҳба­рияти  давлатҳои Эрон, Афғо­нистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 18-юми феврали соли 2010-ум  дар ҷаласаии  64  Маҷмаи Уму­мии  Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаи «Рӯзи бай­налмилали Нав­рӯз»  қабул  шуд, ки дар он 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилали Наврӯз» эълон шуда, таҷлили ҷашни Наврӯз  ба унвони ҷаш­ни  байналмилалӣ  эъти­роф  гардид.

Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст.

  Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба  урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Нав­рӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома»  дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Нав­рӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».

Сипас роҳбарият судяҳо ва тамоми кормандони Суди консти­тутсиониро  бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, ба эшон тан­сиҳатӣ, рӯзгори осудаву нек, сари баланд, рӯйи сурх ва дар фаъолияти касбиашон ба нафъи рушду таҳкими давлату дав­латдорӣ  му­ваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Дар охир кормандони Суд  аз гӯшаи “Ҳафтсин”-и таъсисдодаи бону­вон дидан карда, дар пеши деги “Сумалак”  истода, дар васфи Наврӯз оламафрӯз аз ашъори шои­рони классик ва муосири тоҷик  шеъру ғазал­хонӣ намуданд.