Иди байналмилалии Наврӯз
Имрӯз, 20 марти соли 2024 дар Суди конститутсионӣ бахшида ба «Иди байналмилалии Наврӯз» ҳамоиш доир гардид.
Зимни ифтитоҳи он зикр гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз муҳимтарин ва арзишмандтарин ҷашн, ойни бостонӣ ва миллии халқи тоҷик аст, ки бо шарофати сарсупурдагии фарзандони баору номуси халқамон аз қаъри асрҳо то ба замони мо омода расид.
Худи вожаи «Наврӯз» калимаи мураккаби форсии-дарӣ буда, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Дар ин ҳангом Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31 моҳи фарвардини авестоӣ ва ҳамали аҷамӣ рост меояд.
Дар замони соҳибистиқлолии давлату миллат, тавассути кушишу заҳматҳои Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи худро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо дарёфт ва ин љашн ифтихори миллии мардуми мо гардид.
Аз 30 сентябри соли 2009 то инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд.
Бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 18-юми феврали соли 2010-ум дар ҷаласаии 64 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи байналмилали Наврӯз» қабул шуд, ки дар он 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилали Наврӯз» эълон шуда, таҷлили ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.
Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст.
Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Наврӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд.
Умари Хайём дар «Наврӯзнома» дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Сипас роҳбарият судяҳо ва тамоми кормандони Суди конститутсиониро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, ба эшон тансиҳатӣ, рӯзгори осудаву нек, сари баланд, рӯйи сурх ва дар фаъолияти касбиашон ба нафъи рушду таҳкими давлату давлатдорӣ муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Дар охир кормандони Суд аз гӯшаи “Ҳафтсин”-и таъсисдодаи бонувон дидан карда, дар пеши деги “Сумалак” истода, дар васфи Наврӯз оламафрӯз аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик шеъру ғазалхонӣ намуданд.