ИШТИРОК ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май дави миллӣ гузаронида мешавад.
19 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» баргузор гардид. Дар дави миллӣ дар Душанбе шаҳрвандони касбу кори гуногун, кормандони вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дигар иштирок намуданд, ки дар баробари онҳо суяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ низ фаъолона иштирок намуданд.