Вохўрии намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Комиссияи Венетсиягии Шўрои Аврупо

8 апрели соли 2021 вохӯрии маҷозии намояндагони Суди конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон бо намояндагони Комиссияи Венетсиягии Шӯрои Аврупо баргузор гардид.

Вохӯрии мазкур дар доираи «Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи марказӣ барои солҳои 2020-2023», бо ташаббуси Комиссияи Венетсиягии Шӯрои Аврупо ҷињати тањияи нақшаи корӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.

Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба амалӣ намудани Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи марказӣ суханронӣ намуданд.

Аз Суди конститутсио­нии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вохурӣ Ҷамшедзода Ҷ.Н. – судяи  Суди конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон ва Раҷабекова М.Х. – мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ иштирок намуданд.

Ҷамшедзода Ҷ.Н. бо маърӯза баромад намуда, пешнињод намуд, ки дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба фаъолияти самараноки мақомот ва муассисаҳои давлатӣ», бо назардошти  стандартњои байналмилалӣ аз ҷумла Аврупоӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шаванд: такмили ихтисоси кормандони мақомоти  судӣ дар доираи барномаҳои таълимии Комиссияи Венетсиягӣ; мубодилаи таҷриба оид ба баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳои конститутсионии кишварҳои Аврупо вобаста ба пандемияи COVID-19; таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба паҳншавии босуръати бемории сироятӣ ва ғ.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён таъкид доштанд, ки муносибатҳои минбаъдаро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва арзишҳои умумибашарӣ густариш хоҳанд дод.

Yandex.Metrica