Ифтитоҳи бинои Гурӯҳи “Гули сурх”-и шуъбаи Раёсати КДАМ (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғд
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан ҳамчунин бинои Гурӯҳи “Гули сурх”-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби кору фаъолият барои кормандони ин соҳа дар шаҳри Истаравшан сохта шудааст.
Фармоишгари бунёди иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, он дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Бинои хизматии Гурӯҳи “Гули сурх”-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғд дар асоси талаботи имрӯза бо таҷҳизоти муосири назоратӣ таъмин мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро барои кору фаъолият ва хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.